×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
11:23:10 (GMT +5), yakshanba, 29 - mart 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


8 - mart 2020

Дар бораи мукофотонӣ бо ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба мақсади арҷгузорӣ ба занон, баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа, дастгирӣ намудани орзуву омоли неки онҳо, сазоворона рағбатноксозии духтароне, ки бо қобилият ва фаъолияти намунавиашон ба ҷавонон ибрат буда, иқтидор ва имкониятҳои худро дар соҳаву ҷанбаҳои мухталиф татбиқ менамоянд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокиву ташаббускорӣ зоҳир мекунанд:

1. Пешниҳоди Комиссияи оид ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия дар бораи ба духтарони соҳибистеъдод аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои ахлоқи олӣ, қобилияти нодир, ҷасорату ташаббускорӣ, комёбиҳо дар хониш, ҳамчунин дастовардҳои махсус дар соҳаҳои таълим, илм, адабиёт, санъат, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ додани Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия мувофиқи рӯйхати иловагӣ маъқул дониста шавад.

2. Ба барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия дипломҳо ва нишони сарисинагӣ дар вазъи тантанавӣ, ки вобаста ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занон – 8 март баргузор мегарданд, супурда шаванд.

3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба ҳар кадом барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия додани мукофоти пулиро дар ҳаҷми 50 каратаи миқдори ҳисобу китоби пойгоҳӣ таъмин намояд.

4. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки фаъолияти намунавӣ, қобилияти нодир ва дастовардҳои барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияро васеъ равшан намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Қудбиев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев

Шаҳри Тошканд,

4 марти соли 2020

* * *

Замима
ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
№ҚП-4626 аз «4» марти соли 2020

Рӯйхати барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия

Ибрагимова Назокат Мухтаровна – магистранти курси 1-уми Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон

Нуратдинова Динара Елубай қизи – донишҷӯйи курси 2-юми Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус

Абдумуминова Нигора Ихтиёровна – донишҷӯйи курси 4-уми Донишкадаи мошинсозии Андиҷон

Нуъмонова Зулфира Иқболҷон қизи – донишҷӯйи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд (вилояти Андиҷон)

Раҷабова Нилуфар Комилҷоновна – донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (вилояти Бухоро)

Холиқова Нозима Нематиллоевна – докторанти асосии Донишгоҳи давлатии Бухоро

Ибрагимова Вазира Ҳусан қизи – редактори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Маърифат ва ҳикмат »-и Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон (вилояти Ҷиззах)

Илҳомова Севара Даврон қизи – донишҷӯйи курси 3-юми Донишкадаи политехникии Ҷиззах

Норчаева Мадина Норчаевна – донишҷӯйи курси 2-юми Донишкадаи миллии бадеӣ ва ороиши ба номи Камолиддин Беҳзод (вилояти Қашқадарё)

Олимҷонова Бегоим Мансур қизи – толибаи синфи 11-уми мактаби таълими миёнаи умумии рақами 42-юми ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё

Омонбоева Мерей Эрали қизи – донишҷӯйи курси 4-уми Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ

Сапарова Ситора Шайдулло қизи – толибаи синфи 11-уми мактаби таълими миёнаи умумии рақами 5-уми ноҳияи Хатирчии вилояти Навоӣ

Азимова Дилафрӯз Аламхон қизи – донишҷӯйи курси 4-уми Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд (вилояти Намангон)

Тоҷибоева Олимахон Икромҷон қизи – толибаи синфи 9-уми мактаб-интернати махсуси таълими умумии рақами 9-уми ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон

Мусулмонова Камола Ҳусниддин қизи – магистранти курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Усмонова Нуриниссо Олимовна – донишҷӯйи курси 1-уми Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Муҳамадиева Ситора Шуҳратҷон қизи – толибаи синфи 9-уми мактаби миёнаи таълими умумии рақами 4-уми ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарё

Саматова Шаҳноза Ортиқбой қизи – донишҷӯйи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд (вилояти Сирдарё)

Абдураззоқова Рухшона Илҳомҷон қизи – толибаи синфи 8-уми мактаб-интернати махсуси миёнаи таълими умумии рақами 4-уми шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё

Кайимова Сабина Олимовна – роҳбари маҳфили Маркази маърифатӣ оид ба таълими шаҳрвандони Афғонистон (вилояти Сурхондарё)

Болтаева Моҳира Матёқуб қизи – донишҷӯйи курси 1-уми Донишкадаи тиббии педиатрии Тошканд (вилояти Тошканд)

Ҷалолова Моҳинур Зиёвуддин қизи – толибаи синфи 11-уми Мактаби махсуси бадеии ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бенков (вилояти Тошканд)

Ҳабибуллоева Нозима Ҳайрулло қизи – магистранти курси 1-уми Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд (вилояти Фарғона)

Ҳомидова Насиба Юнусҷон қизи – магистранти курси 1-уми бахши фарғонагии Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд

Алимова Маҳлиё Маҳмуд қизи – донишҷӯйи курси 6-уми бахши урганҷии Академияи тиббии Тошканд (вилояти Хоразм)

Шарипбаева Назокат Қуролтой қизи – донишҷӯйи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон (вилояти Хоразм)

Дзивинская Юлия Станиславовна – толибилми курси 3-юми Коллеҷи тиббии рақами 2-юми ҷумҳурӣ (шаҳри Тошканд)

Тоғаймуродова Шаҳноза Шуҳрат қизи – толибаи синфи 11-уми мактаби махсуси таълими умумии рақами 300-уми ноҳияи Сергилии шаҳри Тошканд



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 193