×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
22:43:52 (GMT +5), shanba, 6 - iyun 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


9 - mart 2020

Дар бобати лоиҳаҳои сармоягузорӣ супоришҳо дода шуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 марти соли 2020 бахшида ба муҳокимаи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар шаҳри Тошканд ба амал бояд татбиқ гарданд, ҷамъомад баргузор намуд.

Солҳои 2020-2022 ба пойтахт ба қимати умумии 9 миллиарду 884 миллион доллар ба амал татбиқ намудани 762 лоиҳаи сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст. 122-тои онҳо дар доираи барномаи давлатӣ, 640-тоаш бинобар барномаи сармоягузории ҳудудӣ ба амал татбиқ мегарданд.

Хусусан дар соҳаи саноат ба амал татбиқ намудани 242 лоиҳа ба миқдори 1 миллиарду 590 миллион доллар, дар самти хидматрасонӣ 337 лоиҳа ба қимати 4 миллиарду 966 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки аз рӯйи сохтмони иморатҳои иқоматии замонавӣ 183 объект ба қимати 3 миллиарду 328 миллион доллар ба амал татбиқ гардад.

Дар ҷамъомад тақдимоти лоиҳаҳои истиқболноки ноҳияҳо баргузор гардид.

Лоиҳаҳои минтақаи хурди саноатии «Сергели» индустриал парк» ба қимати умумии 350 миллион доллар, лоиҳаи Технопарки ноҳияи Яшнобод ба қимати умумии 418 миллион доллар аз муҳимтарини онҳо мебошанд.

Маркази соҳибкории Тошканд, ки дар ҳудуди минтақаи хурди саноатии Яккасарой ташкил мегардад, бинои иқоматии замонавии «Юнусобод сити», марказҳои шодӣ ва соҳибкорӣ низ барои рушди шаҳр мусоидат менамоянд.

– Мақсад аз сармоягузорӣ ва содирот ҷойи кор ва даромади иловагӣ мебошад. Дар Тошканд дар ин замина захираҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳанӯз аз нимаи он ҳам истифода набурдаем. Аз ин рӯ, дар ҳар як ноҳия корхонаҳои хурд ва миёнаро омӯхта, домани истеҳсол ва имконоти содиротро васеъ намуда, барои мардумамон манбаъҳои кафолатноки даромадро бояд ба вуҷуд оварем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Маълум гардид, ки соли 2020 дар маҷмӯъ дар натиҷаи азхуд намудани сармоя ба миқдори 4,8 миллиард доллар беш аз 400 лоиҳа ба истифодабарӣ супурда шудааст. Дар доираи онҳо ба вуҷуд овардани 32050 ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин соли ҷорӣ содир намудани маҳсулот ба миқдори 710,5 миллион доллар дар назар дошта шудааст. Қариб 674 миллион доллари онро маҳсулоти саноатӣ, 36,5 миллион долларро меваву сабзавот ташкил менамояд.

– Ноҳияи Олтиариқ ба миқдори 120 миллион доллар маҳсулот содир менамояд. Онҳо мисли Тошканд объектҳои саноатӣ ва коммуникатсия надоранд. Дар пойтахт инфрасохтори ногузир мавҷуд аст. Замони он ки ҳокимон зербиноҳоро тоза намоянд, гузашт. Ҳоло акнун роҳбарони ноҳияҳо соҳибкориро ривоҷ дода, соҳибкоронро бо маблағи гарданда таъмин намуда, дар бобати содироташон кӯмак расонда, бо онҳо як ба як бояд кор кунанд. То ки шумо тағйир наёбед, вазъият тағйир намеёбад, – таъкид намуд Президент.

Сармоя ҷалб намуда, агар зарур гардад, барои идораи хориҷӣ вогузошта, роҳандозии самтҳои нави саноат супоришҳо дод.


ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 532