×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
06:48:27 (GMT +5), dushanba, 10 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


8 - mart 2020

Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи занони маҳкумшуда, ки ҷазоро дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ мегузаронанд, ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон»

Ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон, дар доираи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба омурзиши гурӯҳи занони маҳкумшуда, ки ҷазоро дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ мегузаронанд, аз ҷумлаи аъзои Комиссияи оид ба масъалаҳои омурзиши назди Президент ва намояндагони дигар идораҳои масъул гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки омӯхтани парвандаҳои шахсии маҳкумшудагон ва бо онҳо баргузор кардани суҳбатҳои рӯ ба рӯро аз тариқи сафари бевосита ба ҷойи воқеа таъмин карданд.

Бинобар натиҷаи корҳои амалишуда роҳбари давлат таклифи комиссияро дар бораи омурзидани гурӯҳи занони маҳкумшуда, ки қонунро вайрон кардаанд, вале мухолифи қонун будани кирдори худро дарк намуда, аз амали худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, маъқул дониста, ба Фармон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи занони маҳкумшуда, ки ҷазоро дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ мегузаронанд, ба муносибати Рӯзи байналхалқии занон» имзо гузошт.

Мувофиқи фармон 83 зане, ки муҳлати ҷазоро мегузаранд, омурзида шуданд.

Аз ҷумлаи омурзидашудагон 12 нафар аз гузаштани ҷазо куллан, 29 нафар шартан – пеш аз муҳлат озод карда мешаванд, ҷазое, ки нисбат ба 17 нафар муайян шудааст, ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда мешавад, хулоса, аз муассисаҳои иҷрои ҷазо 58 нафар зан озод карда мешаванд. Ғайр аз ин нисбати 25 нафар занони маҳкумшуда муҳлати ҷазои таъиншуда ихтисор карда мешавад.

Аз ҷумлаи омурзидашудагон 7 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мебошанд.

Амали мазкур зуҳуроти амалии сифатҳои неки хоси халқи мо, аз ҷумла эҳтиром ба занон, муносибати боэҳтиромона нисбат ба онҳо, кушодадилӣ, меҳру мурувват, инсонпарварӣ ва ҳусни илтифот ба шумор меравад.

Дар доираи татбиқсозии фармон ба вазорату идораҳои масъул супурда шуд, ки ба занони омурзидашуда баҳри бозгашташон ба оилаҳо ва назди қарибон, обсозиши иҷтимоӣ, ҷалбкунӣ ба меҳнати фоиданок, дастгирӣ кардани тарзи солими ҳаёт ва мақоми сазовори худро дар ҷамъият дарёфтанашон кӯмак расонанд.


ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 1013