×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:38:44 (GMT +5), chorshanba, 5 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


3 - mart 2020

Президенти Ӯзбекистон ҳайати ҶМЧ-ро пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 марти соли 2020 ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо сарварии узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, роҳбари Идораи Комиссияи оид ба корҳои хориҷӣ Ян Сзечи, ки бо сафари корӣ ба кишвари мо омада буд, қабул кард.

Тавре ки роҳбари давлати мо таъкид сохт, алҳол Ӯзбекистон ва Чинро муносибатҳои дӯстона ва шарикии бисёрҷанбаи стратегӣ мустаҳкам пайванд менамоянд.

Вохӯриҳои мунтазами сарони ду мамлакат имкон доданд ҳамкориҳои дуҷониба ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуда, бо мазмуну муҳтавои мушаххас саршор гарданд.

Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак афзоиши муттасили ҳаҷми мубодилаи тарафайни мол мушоҳида мегардад. Дар Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои машҳур ва идораҳои молиявии Чин лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ татбиқ мешаванд. Табодули маданиву башардӯстӣ тавсиа меёбанд.

Меҳмони олиқадр барои пазироии гарм миннатдории самимӣ баён карда, номаи шахсии Раиси ҶМЧ Си Сзинпинро, ки ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ирсол намудааст, супурд. Дар нома қаноатмандии амиқ нисбати дараҷаи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, ки тӯли солҳои охир ба даст омадаанд, зикр мегардад, ҳамчунин барои дастгирӣ дар мубориза бо намуди нави коронавируси паҳншуда миннатдорӣ изҳор карда мешавад.

Дар мулоқот масъалаҳои рӯзмарраи шарикии бисёрҷанбаи ӯзбекистониву чиноӣ баррасӣ шуданд.

Ба зарурияти идома додани тайёрии муштарак ва татбиқ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, кимиё, ҷанбаҳои бофандагӣ, аграрӣ ва соҳаҳои дигари иқтисодиёт, доир ба бозсозии инфрасохтор дар Ӯзбекистон эътибори махсус дода шуд.

Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ, амиқсозии мулоқоти судманд дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, СҲШ ва сохторҳои дигар, ҳамчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи пешбурди ташаббуси «Як минтақа, як роҳ» мубодилаи афкор ба миён омад.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 953