×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
22:55:29 (GMT +5), chorshanba, 5 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - fevral 2020

Хабари мухтасар дар бораи маҷлиси умумии дуюми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

28 феврали соли 2020 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади дуюми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорат ва идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд. Маҷлисро Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бурд.

Дар ҷамъомади умумӣ аз ҷониби аъзои Сенат чандин ҳуҷҷати қонунгузорӣ ва масъалаҳои муҳиме, ки ба идомати муттасили ислоҳот дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, суду ҳуқуқ, мустаҳкамсозии институти маҳалла ва оила, ҳимояи ҳуқуқи кӯдак иртибот доштанд, муҳокима гардиданд.

Кори ҷамъомади умумиро аз тариқи веб-сайт дар низоми онлайн ва саҳифаҳои расмии Сенати Олий Маҷлис дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида намудан мумкин буд.

Аъзои Сенат корро аз муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар таҳрири нав шурӯъ намуданд.

Таъкид ёфт, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Муроҷиатномаи худ ба парлумон 24 январи соли ҷорӣ ногузирии гузоштани боз як қадамро дар ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон, такомули қонунгузориро дар бораи шаҳрвандӣ ва қабул намудани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар заминаи ҳалли мушкилоти ҳамватанонамон бинобар қонун, ки солҳои зиёд дар мамлакат иқомат намуда, ҳанӯз соҳиби мақоми шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нагаштаанд, таъкид намуда буд. Пешниҳод шуда буд, ки шахсоне, ки ба ҷумҳурӣ то соли 1995 омада ва то ҳанӯз дар мамлакат зиндагӣ мекунанд, ба таври автоматӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон гарданд. Ин мушкили ҳаётан муҳими қариб 50 ҳазор ҳамватанон аст.

Таъкид ёфт, ки таҳрири ҷории қонун 28 сол пеш қабул гардида ва қариб тамоми меъёрҳои он куҳна шудаанд ва ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нестанд. Қонун минбаъд соддасозии тартиби маъмуриро дар ҷанбаи шаҳрвандӣ, ташаккули пойгоҳи қонунгузории самараноки мустақим, мустаҳкамсозии механизмҳои ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро зимни касб ва қатъсозии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ менамояд.

Дар бораи меъёрҳои нави қонун ҳарф зада, таъкид гардид, ки дар он мақом, вазифаҳои асосӣ ва ваколатҳои Комиссияи оиди масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷой дода шудааст. Ғайр аз ин тартиби муайянсозии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбати кӯдакон аз рӯи таваллуд ё худ аз рӯи шаҳрвандии падару модар мушаххас гаштааст. Механизмҳои ҳамкории электронии байниидоравӣ зимни баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ гардидааст.

Нотиқон таъкид карданд, ки қабул гардидани қонун ба унификатсияи қонунгузорӣ ва амалиёти корбасти ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур, таъмини ҳимояи муътамади ҳуқуқ ва озодии инсон мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон дастгирӣ гардид.

Пас аз он аъзои палатаи болоии парлумон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ба рӯихатгирии аҳолӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қонун аз ҷониби Кумитаи давлатии статистика ба хотири иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 феврали соли 2019 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи соли 2022 баргузор намудани ба рӯихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таҳия гаштааст.

Нотиқон таъкид карданд, ки мақсади қонун танзими муносибот дар соҳаи рӯихатгирии аҳолӣ ба шумор меравад. Ба рӯихатгирии аҳолӣ ҷамъоварии маълумоти боваринок ва объективӣ дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Даврабандӣ, муштаракот ва ҳамзамонӣ, ҷиҳати индивидуалии барӯихатгирӣ (ном ба ном), махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳои шахсӣ, марказонии идораи барӯихатгирии аҳолӣ принсипҳои асосии барӯихатгирии аҳолӣ ба шумор мераванд.

Қонун чунин вазифаҳои асосии барӯихатгирии аҳолиро, мисли васеъ намудани пойгоҳи маълумотҳо аз рӯи баҳогузории тағйирот дар сохтори аҳолӣ, вазъияти демографӣ бо мақсади таҳияи чорабиниҳо доир ба мустаҳкамсозии тандурустии аҳолӣ, беҳсозии шароити занон ва кӯдакон, мадад ба хонаводаҳо, омодасозии башоратҳои дарозмуддат, миёна ва кӯтоҳмуддат ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ҷойгирсозӣ ва истифодаи захираҳои меҳнат, татбиқи ҳисоби ҷорӣ, ҳисобу китоб ва пешгӯии миқдор ва таркиби аҳолӣ дар давраи байни барӯихатгириҳои аҳолӣ, баргузории тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ муқаррар месозад.

Танзими давлатӣ дар соҳаи барӯихатгирии аҳолӣ аз ҷониби Девони Вазирон, Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамдастӣ дар ҷиҳати баргузор намудани барӯихатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мақомоти давлатии махсуси ваколатдор дар соҳаи барӯихатгирии аҳолӣ – Кумитаи давлатӣ оид ба статистика ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба амал оварда мешавад.

Ғайр аз ин ваколати онҳо дар соҳаи мазкур ошкор карда мешавад. Ба ғайр аз ин дар барӯихатгирии аҳолӣ иштироки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти худидораи шаҳрвандон ва ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва ҳамчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои респондентҳо ва шахсони дастандаркори барӯихатгирӣ пешбинӣ мегардад.

Сенаторон таъкид намуданд, ки қабул гардидани қонун барои минбаъд таъмин намудани ба вуҷуд овардани доираҳои ҳуқуқии нарм ва шаффофи ҷавобгӯи стандартҳои байналхалқӣ мусоидат менамояд, ки муносибатро дар соҳаи барӯихатгирии аҳолӣ ва татбиқи чандин вазифаи муҳими бонизом ва маҷмӯъӣ танзим менамояд. Баҳогузории тағйироти ҷаҳонии гузашта дар сохтори аҳолӣ, васеъ намудани пойгоҳи маълумот барои таҳияи сиёсати демографӣ, чорабиниҳо дар ҷиҳати мустаҳкамсозии саломатии мардум, беҳсозии вазъи занон ва кӯдакон ва ҳамчунин ташаккул ва мониторинги Мақсадҳои миллии рушди устувор аз ҷумлаи онҳост. Қонун аз ҷониби сенаторон тасдиқ гардид.

Пас аз он сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи метрология»-ро дар таҳрири нав баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қонун аз ҷониби Девони Вазирон бо мақсади ба талаботи ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ мутобиқсозии қонунгузорӣ дар соҳаи метрология ва таносуби тартиботи қонун бо меъёрҳои қонунгузории миллии давлатҳои иштирокдори байниҳукуматии «Муоҳида дар бораи баргузор намудани сиёсати ҳамоҳанг дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва сертификатсия» ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои байнидавлатии асосбунёд дар соҳаи таъмини ягонагии ченакҳо таҳия гаштааст.

Барои таъмини шарҳи яклухти моддаҳои минбаъдаи Қонуни ҷории «Дар бораи метрология» мафҳумҳои асосӣ бо чунин истилоҳҳо мисли «хидмати давлатии метрологӣ», «мушоҳидаи метрологӣ», «нишондодҳои дақиқ» пурра гардонда мешаванд. Бинобар ворид намудани истилоҳҳои мазкур мушаххассозии истилоҳҳои «озмоиши василаҳои ченак» ва «хидмати метрологӣ» тағйир дода мешаванд.

Ғайр аз ин воҳидҳое муайян карда мешаванд, ки дар соҳаи таъмини ченаки ягона, аз он ҷумла ҳуқуқи ба амал овардани назорати метрологии хидмати давлатии метрологӣ, хидматҳои метрологии мақомоти идораи давлатӣ ва хидматҳои метрологии шахсони ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Ғайр аз ин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хидматҳои метрологӣ аз рӯи моддаҳои алоҳида ҷойгир карда мешаванд.

Қонун рӯихати намудҳои ҳуҷҷатҳои меъёриро ҷойгир менамояд, ки ба таъмини ягонагии ченак, мисли усули санҷиши василаи ченак, андозаи василаи ченак, иҷрои ченкунӣ, усули аттестатсияи воситаи озмоиш ҷойгир менамояд.

Сенаторон таъкид карданд, ки қабул гардидани қонун ба баланд гардидани самаранокии татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҷиҳати таъмини ягонагии ченак, ки ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нигаронда шудааст, ҷамъият ва давлат, бо роҳи бартарафсозии зуҳур ва истифодаи амалии натиҷаҳои нодурусти ченак мусоидат менамояд.

Қонунро сенаторон тасдиқ намуданд.

Пас аз он сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи арбитражи тиҷорати байналхалқӣ» баррасӣ намуданд. Зимни муҳокимаи қонун таъкид гардид, ки имрӯз дар шароити босуръати ҷаҳонисозии иқтисодиёт инкишофи алоқаҳои байнихоҷагӣ, байнидавлатӣ ва унификатсияи қонунгузорӣ дар дараҷаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ арбитражи байналхалқӣ, ки яке аз унсурҳои асосии муносибати бозаргонӣ мисли алтернатив, шакли ғайрисудии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ ба шумор мераванд, чӣ дар дараҷаи миллӣ ва чӣ дар дараҷаи байналхалқӣ аҳамияти муҳимро молик мегарданд.

Боназардошти ин ногузирии қонуни мазкур бо якчанд омил асос меёбад. Танзими ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати тартиби ташкил ва қатъ намудани фаъолияти судҳои арбитражии тиҷоратии байналхалқӣ, муайянсозии принсипҳои асосии фаъолияти онҳо, таъмини ҳимояи бовариноки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии сармоягузорони хориҷӣ ва ҳамчунин ширкатҳои миллӣ дар муносибати онҳо бо шарикони хориҷӣ аз ҷумлаи инҳо мебошанд.

Аммо, тавре ки сенаторон таъкид намуданд, дар он чандин камбудии консептуалӣ вуҷуд дорад. Ҳамин тариқ, дар моддаи сеюми қонун агарчи соҳаи корбасти он муайян гаштааст, мафҳум ва принсипҳои арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ эзоҳ нагаштааст.

Ғайр аз ин ба ҷойи баёни муфассали ҷанбаҳои истифодаи қонун дар моддаи 6 баҳсҳое ном бурда мешаванд, ки метавонанд дар арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ барои ҳалли баҳсҳо пешниҳод гарданд. Бино ба фикри сенаторон, дар меъёри мазкур мавзӯи баҳс ба таври бояду шояд ифшо нагаштааст, ки он метавонад аз ҷониби арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ баррасӣ гардад. Бинобар ин ва камбудиҳои дигари қонун ногузирии ҷиддан таҷдиди назар намудани он таъкид ёфт. Қонун аз ҷониби сенаторон баргардонда шуд.

Пас аз он сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррарсозии Рӯзи кормандони низоми маҳалла»-ро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қонун ба хотири иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 феврали соли 2020 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар ҷамъият, дастгирии минбаъдаи институти маҳалла ва ҳамчунин ба дараҷаи нав бардоштани низоми кор бо оила ва занон» таҳия гаштааст.

Қонун 22 мартро Рӯзи кормандони низоми маҳалла муқаррар намуд. Нотиқон таъкид карданд, ки нақши институти маҳалла дар таъмини волоияти қонун, солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар ҷамъият беназир аст. Фаъолияти кормандони низоми маҳалла дар ҷамъият барои минбаъд баланд бардоштани мақоми ин институти нодир, ки бо таърихи ғании Ӯзбекистон робитаи ногусастанӣ дорад, аҳамияти муҳимро молик аст. Қонунро сенаторон дастгирӣ намуданд.

Пас аз он аъзои палатаи болоӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар муқаррар намудани кафолати иловагии ҳуқуқи кӯдак» муҳокима намуданд.

Таъкид ёфт, ки қонун аз ҷониби Маркази миллии ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хотири иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 апрели соли 2019 «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба минбаъд пурзур намудани кафолати ҳуқуқи кӯдак» таҳия гаштааст ва барои танзими муносибат дар соҳаи татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт нигаронда шудааст.

Дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ» пешбинӣ мегардад. Ҳамин тариқ, ба Кодекси оила иловаҳое дохил мегарданд, ки касби ҳуқуқи ҳар як кӯдакро барои изҳори фикри худ ҳангоми ҳалли ҳар гуна масъала дар оила, ки ба манфиати вай иртибот дорад ва ҳамчунин шунидани ӯ зимни ҳаллу фасли ҳар гуна қазияи марбути суд ва ё маъмурӣ пешбинӣ менамояд.

Ҳамзамон мақомот ва шахсони мансабдоре, ки ваколати қабул намудани қарорро ҳангоми ҳалли масъалаҳое, ки марбути манфиати кӯдак мебошанд, доранд, бояд фикри кӯдакро новобаста аз синни ӯ баррасӣ намоянд ва бинобар назардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдак қарор қабул кунанд. Зимни дар алоҳидагӣ зиндагӣ намудани падару модар ва кӯдак мақомоти шофеъ ва ҳомӣ ва ҳамчунин кӯдаке, ки ба синни 14 расидааст, ҳуқуқ доранд, ки дар бораи рӯёндани алимент барои парвариши кӯдакони ноболиғ ҳамзамон аз падар ва модар тақозои қонунӣ дошта бошанд.

Инчунин ба Қонун «Дар бораи кафолати ҳуқуқи кӯдак» тағйирот ва иловаҳое дохил карда мешаванд, ки бинобар онҳо зимни поймол гардидани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз он ҷумла зимни ба ҷо наовардани вазифаҳои худ аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ё худ шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, бинобар парвариш, тарбия ва таълими кӯдак, ё худ зимни аз ҳуқуқи падару модарӣ сӯиистифода намудан кӯдак ҳуқуқ дорад, мустақилан барои ҳимоя ба мақомоти шафеъ ва ҳомӣ ва ҳамчунин дигар мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Ба сарфи назар намудани баррасии чунин муроҷиат бо сабаби пурра ба синни балоғат нарасидани кӯдак роҳ дода намешавад.

Ғайр аз ин, Қонун «Дар бораи муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ» бо моддаҳое пурра карда мешаванд, ки бинобар онҳо шахсони ноболиғ ҳуқуқи мустақилан муроҷиат намуданро оид ба масъалаҳои риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ё худ ба шахсони соҳибмансаб бинобар тартибе, ки қонуни мазкур муқаррар намудааст, ба даст меоранд.

Тағйирот ва иловаҳои мазкур ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ низ дохил карда мешаванд, ки бинобар онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои аз ҷониби қонун ҳимояшавандаи ноболиғон, яъне шаҳрвандони аз синни 14 то 18 ва ҳамчунин шаҳрвандоне, ки ақлан маҳдуд шумурда мешаванд, дар суд аз ҷониби падару модар, падару модари хонда ё худ шафеъҳо ҳимоя карда мешаванд. Аммо ин ҳуқуқи иштироки ноболиғон ва шаҳрвандонро, ки ақлан маҳдуданд, дар чунин корҳо маҳрум намесозад.

Сенаторон таъкид карданд, ки қонун ба таъмини кафолати ҳуқуқи кӯдакон мусоидат менамояд, ки дар Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ гаштааст. Қонунро сенаторон тасдиқ намуданд.

Пас аз он сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар такомули тартиби коргузорӣ дар суд» баррасӣ намуданд.

Таъкид ёфт, ки бинобар ин қонун ба қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи судҳо», «Дар бораи пойгоҳи қарордодиву ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои хоҷагидорӣ», Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии шаҳрвандӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ ва Кодекс дар бораи корбасти суди маъмурӣ тағйирот ва иловаҳо дохил карда мешаванд.

Вуҷуд доштани меъёр дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи судҳо» дар бораи он, ки тақсим намудани парванда байни судяҳо ба ваколати раиси суди байниноҳиявӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дохил гардида, ҳамчунин ташаккул додани ҳайатҳои суд барои баррасии парванда дар маҷлисҳои коллегияҳои судҳои марбути Суди олӣ марбути ваколати раисони коллегияҳои суд мебошад, ки ин имконоти ба амал татбиқ намудани тартиби тақсимоти автоматии парвандаро дар судҳо бо истифода аз низоми электронӣ бе дахолати одам ба вуҷуд меорад.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи пойгоҳи қарордодиву ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои соҳибкорӣ» тағйирот дохил карда мешавад, ки ин имкон медиҳад, ки низоъҳои байни воҳидҳои хоҷагидориро зуд ҳал намояд. Инчунин аз 1 феврали соли 2020 ба вуҷуд овардани имконот барои шахсони ҳуқуқӣ фиристодани аризаи даъво ба шахси ҷавобгар ва суди иқтисодӣ ва илова намудани шакли электронӣ ба он аз тариқи кабинети шахсии андоздиҳанда пешбинӣ мегардад.

Бинобар ин ба моддаи 150 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон илова дохил карда мешавад, ки имконоти ба ҷавобгар ва шахсони сеюм фиристодани аризаи даъво ва ба он илова намудани шакли электрониро пешбинӣ менамояд.

Ҳамзамон андоздиҳандаи даъвогар пеш аз пешкаш намудани даъво ба суд имкони фиристодани нусхаи аризаи даъво ва иловаи онро ба андоздиҳанда – ҷавобгар ва шахсони сеюм аз тариқи кабинети шахсии андоздиҳанда ва ҳамчунин аз тариқи низоми хабарии маълумот сарпур менамояд, ки фиристодани онро собит мекунад, ба даст меорад. Қонун аз ҷониби сенаторон тасдиқ гардид.

Баъд аз он аҳли парлумон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки қонун аз ҷониби Девони Вазирон, Бонки марказӣ, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисобу китоб, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хотири иҷрои чандин ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, таъмини суботнокӣ дар ҷамъият ва амиқсозии ислоҳот нигаронда шудааст, таҳия гаштааст.

Дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба чор қонун, ду кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иловаи №1 ба қарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон №222-II аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи Номгӯйи намудҳои фаъолияте, ки барои иҷрои онҳо литсензия талаб карда мешавад» пешбинӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ бо меъёрҳое пурра карда мешавад, ки муқаррар сохтани ҷавобгарии маъмуриро барои поймол сохтани тартиби баргузор намудани тӯй, тантанаҳои оилавӣ, таомулҳои таъзия ва маросимҳо пешбинӣ менамояд.

Иловаҳои дохилнамуда инчунин ба татбиқи ваколатҳои Палатаи ҳисобу китоб дар бобати ба тартиби муқарраргардида ҷалб намудан ба ҷавобгарии маъмурӣ шахсонеро, ки тартиби буҷа ва сметаву штатро вайрон намудаанд, тартиб додани баёнот дар бораи поймолсозии маъмурӣ ва ба суди маъмурӣ фиристодани онҳоро, ки аз ҷониби шахсони соҳибмансаби мақомоти Назорати давлатии молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиб додааст, нигаронда шудааст.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» илова ва тағйироте дохил карда мешавад, ки имкон надоштани узвияти шахсони соҳибмансаби Палатаи ҳисобу китоби Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳизбҳои сиёсӣ пешбинӣ менамояд.

Бо мақсади афзоиши ҳаҷми хидматрасонии хурди молиявӣ, қонеъ намудани талаби рӯзафзуни аҳолӣ ва воҳидҳои соҳибкорӣ ба хидматрасонии хурди молиявӣ ва ҳамчунин беҳсозии қудрати пардохт ва пурзӯрсозии ҳимояи иҷтимоии онҳо аз тариқи қонун ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъмини молиявии хурд», ки муқаррарсозии миқдори хидматгузории молиявии хурд ба ҳадди мутлақ аз он ҷумла додани микрокредит ба қарзгиранда барои роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ ба андозаи мутлақ, ки на бештар аз 300 миллион сӯмро ташкил менамояд, тағйирот дохил карда мешавад.

Бо мақсади татбиқи вазифаҳо ва ваколатҳои Палатаи ҳисобу китоб, ки Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Палатаи ҳисобу китоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон» пешбинӣ менамояд, ба Кодекси буҷа тағйирот ва иловаҳои дахлдор дохил карда мешаванд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» бо меъёрҳое пурра карда мешавад, ки татбиқи ваколатҳои раиси Палатаи ҳисобу китобро дар бобати иштирок дар маҷлисҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вогузоштани масъалаҳо барои баррасии ӯ ва баёни фикр дар заминаи масъалаи баррасишаванда муайян месозад. Қонрун аз ҷониби сенаторон тасдиқ гардид.

Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ратификатсияи Оинномаи конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналхалқии шахсӣ (Гаага, 31 октябри соли 1951)» баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки қонун аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хотири иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳия гардида, барои ҳамдастии зина ба зинаи унификатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии шахсӣ нигаронда шудааст.

Таъкид гардид, ки аъзои Конференсияи Гаага оид ба ҳуқуқи байналхалқии шахсӣ давлатҳое мебошанд, ки дар як ва ё бештар аз он сессияҳои конференсия иштирок намуда, Оинномаи онро қабул кардаанд. Узвияти Ӯзбекистон дар Конференсияи Гаага имкони таъмин намудани иштироки мамлакатро дар тартиби унификатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии оила ва шахсӣ, рушди минбаъдаи низоми ҳуқуқӣ боназардошти стандартҳои ҷаҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони давлат дар хориҷ аз он медиҳад.

Ғайр аз ин, мамлакати мо метавонад дар муайян намудани барномаи кории Конференсияи Гаага бо роҳи дохил шудан ба Шӯрои он иштирок намояд, дар гуфтугӯҳо дар бобати конвенсияҳои нав, ки дар ҷараёни баррасӣ аз ҷониби Конференсияи Гаага қарор дорад ва инчунин манфиатҳои худро дар арсаи байналхалқӣ пеш бурдан ширкат намояд.

Таъкид гардид, ки қонун ба минбаъд амиқсозии интегратсияи мамлакат ба ҷомеаи байналхалқӣ мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон тасдиқ гардид.

Пас аз он аъзои Сенат масъалаи тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба солимгардонии муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар ҷамъият, дастгирии минбаъдаи институти маҳалла ва ҳамчунин ба дараҷаи нав бардоштани низоми кор бо оила ва занон»-ро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бинобар моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсинии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар ваколати палатаи болоии парлумон тасдиқ намудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсис ва бекор намудани вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идораи давлатӣ дохил мегардад.

Чун фармони мазкур таъсис додани Вазорат оид ба дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамчунин зершуъбаҳои онро дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ноҳияҳо пешбинӣ менамояд, он мавзӯи баррасии аҳли парлумон гардид.

Таъкид ёфт, ки ҳуҷҷати мазкур барои минбаъд амиқсозии ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ нигаронда шуда, ба мустаҳкамсозии институти маҳалла ва оила мусоидат менамояд. Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.

Пас аз он сенаторон масъалаи фиристодани дархости парлумониро ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳолати баргузор намудани муоинаи тиббии комиссияи экспертии тиббиву меҳнатии шаҳрвандон ва муқаррар намудани ногироӣ баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳимояи иҷтимоии аниқи шахсони ногиро ба сифати яке аз самтҳои бартариноки сиёсати давлат муайян карда шудааст. Ҳамин тариқ бо мақсади ташаккул додани сиёсати ягонаи мадади тиббиву иҷтимоӣ, ки ба минбаъд такмил додани хидмати мазкур нигаронда шудааст, дар назди Вазорати тандурустӣ Агентии хидмати тиббиву иҷтимоӣ таъсис ёфтааст.

Дар қатори кори ҷорӣ камбудӣ ва мушкилоте боқӣ мемонад, ки ҳалли худро интизор аст.

Аз он ҷумла, аз ҷониби ниҳодҳои марбут механизми қаблан ифшо намудан ва бартарафсозии ногироӣ, кӯмаки тиббиву иҷтимоӣ ба ногироён роҳандозӣ нагаштааст. Дар натиҷаи ин ба асоси низомнок кор оид ба амиқсозии муоинаи тиббии шаҳрвандон роҳандозӣ нагаштааст, ки дар натиҷа шахсони ногиро дар се соли охир 9 фоиз зиёд гаштааст.

Вуҷуд надоштани стратегияи давраҳои кӯтоҳмуддат, миёна ва дарозмуддат дар бобати профилактикаи ногироӣ, реабилитатсияи тиббиву иҷтимоӣ ва касбии шахсони имконияташон маҳдуд ба ташаккул додани низоми тиббиву иҷтимоии дастгирии ногироён мамониат менамояд.

Бинобар ин фиристодани дархости парлумонӣ ногузир гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.

Пас аз он аъзои Сенат маълумоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ҳолати огоҳӣ ва профилактикаи поймолсозии қонун аз рӯи натиҷаи соли 2019 шуниданд.

Таъкид шуд, ки соли 2019 ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон корҳои муайянро дар заминаи огоҳсозӣ ва профилактикаи поймолсозии ҳуқуқ анҷом додааст. Ба туфайли чорабиниҳо соли гузашта ба коҳиш ёфтани теъдоди ҷиноят ба 3139 ё худ 10,5 фоиз ноил гаштааст. Дар 33,7 фоиз ё худ 3074 маҳаллаи ҷумҳурӣ ягон ҷиноят содир нагаштааст. Ҳолатҳои содир намудани ҷиноят байни ноболиғон (830/656) ва занон (3378/2705) кам гаштааст.

Дар натиҷаи чорабиниҳои босамар, ки мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ба амал овардааст, қариб 4,5 ҳазор ҷиноят фош гардидааст, ки бо нашъамандӣ, коррупсия ва ҷинояти молики хусусияти иқтисодӣ алоқаманданд.

Ҳамзамон омӯзиш нишон дод, ки дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ камбудиҳои муайян вуҷуд доранд, масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли худро мунтазир буда, имконоти корбурднашуда низ вуҷуд дорад.

Ҳамин тариқ, кор дар бобати аниқсозӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву маишии аҳолӣ дар дараҷаи бояду шояд ташкил нагаштааст, дар бисёр ҳолатҳо низоъҳои оилавӣ берун аз эътибори фаъолони маҳаллаҳо ва инспекторони профилактика мондаанд, ки дар натиҷа ба ҷиноёти сахттар бурда мерасонад.

Ғайр аз ин, сарфи назар аз он ки Қонун «Дар бораи ҳимояи занон аз таъзиқ ва зӯроварӣ», ки 2 сентябри соли 2019 қабул гаштааст, фармони марбути ВКД дар ин самт фақат 3 феврали соли 2020 қабул гаштааст. Ҳамзамон ордери ҳимоя фақат ба се нафар занон дода шудааст, ки зери зӯроварӣ қарор гирифтаанд. Бар замми ин 70, ё худ 49,2 фоизи 142 куштор, ки соли 2019 ба қайд гирифта шудааст, дар натиҷаи баҳси байни зану шавҳар содир гаштааст.

Агарчи имкони сари вақт андешидани чораҳои огоҳӣ вуҷуд дошт, ба ин эътибори кофии инспекторони профилактика, ҳокимони марбут, роҳбарон секторҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти худидораи шаҳрвандон нигаронда нашудааст.

Дар натиҷаи он, ки мушкилоти занони дар шароити вазнин зиндагикунанда ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтаанд, 5032 зан ҷиноят содир кардаанд. Ин нишондод хусусан дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд ва Фарғона баланд аст.

Бо вуҷуди он, ки дар солҳои 2012-2019 шумораи ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон шаш маротиба (574/94) кам шудааст, дар ин давра афзоиши ҷиноятҳои марбут ба савдои кӯдакон зиёд шудааст.

Илова бар ин, мушкилот бо кор бо ҷавонон ҳанӯз ҳам боқӣ мемонанд, ки аз чор як ҳиссаи ҷиноятҳои дар соли 2019 содиршуда дар ҷумҳурӣ ба ҳиссаи онҳо (11787) рост меояд.

Зимни муҳокима сенаторон барои бартараф кардани камбудиҳои дар фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ муайяншуда пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, зарурияти таҳти назорати қатъӣ гирфтани мубодилаи ҳаррӯзаи маълумот байни нозирони профилактика ва ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳалла, инчунин тақвияти кор дар самти мониторинг ва таҳлили сабабҳои содир шудани ҷиноят зикр шудааст.

Зарурати истифодаи таҷрибаи мусбати як қатор ҳудуҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, консепсияи «ҳудуди намунавӣ»-и Андиҷон бинобар пешгирии ҷинояткорӣ, таҷрибаи кор бо занони дар Бухоро ба даст омада, усулҳои кор бо ҷавонони вилояти Фарғона таъкид карда шуд.

Оид ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.

Сенаторон инчунин иттилоотро дар бораи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2019 шуниданд.

Қайд карда шуд, ки вазорат оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои сиёсати хориҷӣ як қатор корҳоро анҷом додааст. Бо иштироки бевосита ва фаъоли вазорат дар соли 2019 20 сафари сарвари давлат, сарони давлатҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналмилалӣ ташкил карда шудааст. Бинобар натиҷаҳои ташрифот ва чорабиниҳо дар сатҳи олӣ ҳукумати Ӯзбекистон 138 «харитаи роҳҳо» -ро оид ба вусъат додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналмилалӣ қабул кард.

Бо мақсади рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд, аз ҷумла Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ. Бо иштироки намояндагони дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷа бизнес-форумҳои сармоягузорӣ баргузор гардиданд, боздидҳои сармоягузорони эҳтимолии хориҷӣ сурат гирифт.

Барои такмил додани асосҳои қонунгузории фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвар дар доираи чорабиниҳои дуҷониба 122 шартномаи байналмилалӣ ба имзо расида, 28 санади бисёрҷонибаи байналмилалӣ ба тасвиб расидааст.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар фаъолияти вазорат як қатор мушкилот ва норасоиҳо вуҷуд дорад. Ҳамин тавр, самаранокии фаъолияти иттилоотӣ ва таҳлилии вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон паст боқӣ мемонад. Теъдоди ками манбаъҳои боэътимоди маълумот, омодасозии маълумот, ки асосан ба маълумоти маъмул асос ёфтааст, боиси норасоии ташаббусҳо ва пешниҳодҳои дахлдори сиёсӣ мегардад.

Маърӯзачиён инчунин сатҳи пасти самаранокии дипломатияи иқтисодиро қайд карданд. Тибқи ҳисоботи вазорат, намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа беш аз 1200 форуми соҳибкорӣ, беш аз 3700 сафари муштарак баргузор кардаанд. Аммо онҳо қариб ки натиҷаҳои амалӣ надоранд, дар баъзе ҳолатҳо, чорабиниҳо ғайрирасмӣ баргузор мегарданд.

Ҳанӯз ҳам муносибати рӯякӣ дар таҳияи нақшаҳои мушаххас барои ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ мавҷуд аст. Дар натиҷаи он, ташкилотҳои дахлдор ба пешниҳодҳои ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ посух намедиҳанд, равобити бозгашт вуҷуд надоранд, мӯҳлати баррасии лоиҳаҳо ба таъхир гузошта мешаванд. Масъалаи ҳамоҳангсозии ҳамкории байниидоравӣ то ҳол пурра ҳал нашудааст. Дар сатҳи системавӣ кор оид ба тайёр кардани занон ба вазифаҳои баланди дипломатӣ анҷом дода нашудааст.

Вобаста ба ин, сенаторон як қатор тавсияҳоро оид ба беҳтар кардани фаъолияти вазорат баён карданд. Аз ҷумла, зарурати андешидани чораҳои мушаххаси амалиётӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иттилоотию таҳлилии Вазорати корҳои хориҷӣ ва корҳои сохтории ин сохтор қайд карда шуд. Масъулияти шахсии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷии қаламрави ҷумҳурӣ нишон дода шудааст. Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул карда шуд.

Сипас, сенаторҳо натиҷаи пурсиши парлумониро баррасӣ карданд, ки қаблан ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои мубрами ба ҷомеа мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонон, ки аз ҷониби волидони худ беназорат мондаанд ва дар хонаҳои хайрия тарбия карда шудаанд, ирсол карда шудааст, баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки бо назардошти посух ба дархости парлумон, кумитаи дахлдори Сенат қайд кард, ки дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар “харитаи роҳ” оид ба пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоии ятимон ва кӯдаконе, ки аз парастории волидон маҳруманд, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 феврали соли 2019 тасдиқ шудааст, вазифаҳое муайян шудааст, ки бояд дар солҳои 2019-2023 анҷом дода шаванд.

Илова бар ин, қарори Девони Вазирон аз 30 сентябри соли 2019 қоидаҳои дахлдорро барои интихоби номзадҳо (шаҳрвандоне), ки ятимон ва кӯдакони бепарасторро дар оилаҳо ва тарбияи волидони парасторро қабул кардаанд, тасдиқ кард. 43 нафар роҳбарон ва 413 муаллимони хонаҳои «Меҳрибонлик» ва шаҳракҳои кӯдакон аз аттестатсия гузаронида шуданд.

Аммо дар ин самт як қатор норасоиҳо мавҷуд буданд. Хусусан, ҳуқуқҳои бачаҳои ятим ва кӯдакони бепарастор барои гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳимояи судӣ ба таври кофӣ таъмин нашудааст. Ҷойгиркунии кӯдакон ба хонаҳои «Меҳрубонӣ» дар ихтиёри танҳо ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳоро боқӣ мемонад, ки муносибати субъективӣ дар ҳалли тақдири онҳо омили асосӣ боқӣ мемонад. Ва ин дар бисёр ҳолатҳо ба сарпарастӣ ё фарзандхонии ятимон ва кӯдакони аз парастории волидон маҳрумшуда таъсири манфӣ мерасонад.

Сенаторон ин ва дигар мушкилотро баррасӣ намуда, оид ба баланд бардоштани самаранокии кор дар ин самт як қатор таклифу тавсияҳо доданд. Пеш аз ҳама, зарурати таҳкими заминаи қонунгузорӣ, аз ҷумла, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии ятимон ва кӯдакони бепарастор» қайд шудааст. Ҳамзамон, муайян кардани тартиб ва шаклҳои ҷойгиркунии чунин кӯдакон дар муассисаҳои оилавӣ ва кӯдакон муҳим аст.

Ғайр аз ин, зарурати ташаккули заминаи ҳуқуқии ҷойгиркунии чунин кӯдакон дар муассисаҳои ғайриҳукуматии оилавӣ, ки дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ташкил карда мешаванд, таъкид карда шуд. Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул карда шуд.

Сипас, сенаторҳо натиҷаи пурсиши парлумониро дар бораи ҳолати иҷрои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти давлатии гумрук ва омӯзиши фаъолияти дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар вилояти Тошкандро баррасӣ карданд.

Қайд карда шуд, ки тибқи посух ба дархости Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6 феврали соли 2020 масъалаҳои дар дархости парлумонӣ бардошташуда якҷо бо вазорату идораҳои масъул ба таври ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.

Барои рафъи мушкилот ва камбудиҳои оид ба таъмини иҷрои пурраи масъалаҳои дар дархости парлумонӣ ҷойдошта, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар ин самт ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Бюрои иҷрои маҷбурӣ ва дигар мақомоти давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шуданд.

Аммо, дар баробари корҳое, ки дар натиҷаи он иҷро нагардидани дархости парлумонӣ, баъзе проблемаҳои системавӣ дар ин соҳа боқӣ мондаанд. Хусусан, механизми пешгирии ҷамъшавии нақлиёти автомобилӣ дар атрофи постгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати роҳ таҳия карда нашудааст.

Дар маҷлис оид ба рафъи ин ва дигар норасоиҳо тавсияҳо садо доданд. Аз ҷумла, зарурати таҳияи нақшаи чорабиниҳо то 15 апрели соли 2020, ки ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракат дар қаламрави назди постгоҳҳои гумрукӣ нигаронида шудааст, қайд карда шуд. Дар мӯҳлати се моҳ андешидани чораҳо оид ба ташкили нуқтаҳои мубодилаи асъори шабонарӯзӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадии кишвар ва анҷом додани амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ қайд гардид. Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул карда шуд.

Аъзои Сенати Олий Маҷлис масъалаи интихоби муовини Вакили Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсман) — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаконро баррасӣ карданд. Аз рӯи натиҷаи баррасӣ қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.

Сенаторон инчунин масъалаи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ карданд, ки тибқи он қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул шуд.

Дар рафти ҷамъомади дуюми умумии Сенати Олий Маҷлис 18 масъала, аз ҷумла 9 қонун баррасӣ шуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки сенаторон онро қабул карданд, ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҷамъият ва баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар мамлакат татбиқ карда мешаванд, инчунин ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ нигаронида шудаанд.

Ҳамин тавр, ҷамъомади дуюми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба поён расид.


Хидмати ахбори
Сенати Олий Маҷлиси
Ҷумҳурии Ӯзбекистон



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 743