×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
15:33:12 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - fevral 2020

Мақсади асосии мо — хушнудӣ бахшидан ба ҳаёти халқ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 феврали соли 2020 бо корҳои созандагӣ ва лоиҳаҳои бузурги шаҳри Тошканд шинос шуд.

Роҳбари давлатамон аввал манзилҳои бисёрошёнаеро, ки дар маҳаллаи Авайхони ноҳияи Мирзо Улуғбек бунёд меёбанд, аз назар гузаронд.

Тибқи нақша дар ин ҷо сохтани 17 манзили бисёрошёнаи иборат аз 1 ҳазору 120 хонадон пешбинӣ шудааст. Дар айни замон, сохтмони 5 хона ба итмом расонида шуда, корҳои ороиши дохилӣ идома доранд.

Президентамон ба яке аз хонаҳо ташриф оварда, ба технологияи сохтмон ва самаранокии энергетикии масолеҳи истифодашуда шинос шуд.

Деворҳои берунии хонаҳо бо масолеҳи базалтӣ пӯшонда шудааст, ки талафоти гармиро кам мекунад ва иқлимро дар хонаҳо таъмин менамояд. Боз як ҷиҳати самаранокаш он аст, ки масолеҳ комилан маҳаллӣ кунонида шудааст.

Роҳбари давлатамон оид ба вусъат додани истифодаи масолеҳи ватанӣ, арзон кардани арзиши хонаҳо, ба оилаҳои камбизоат ҷудо намудани онҳо супориш дод. Аҳамияти дастгирӣ намудани оилаҳои камдаромад тавассути дароз кардани мӯҳлати пардохти қарз ва пешниҳоди манзил ба иҷора таъкид гардид.

— Сокинони шаҳрҳо аз сифати хидматрасонии коммуналӣ норозӣ ҳастанд. Дар соҳаи истифодабарии биноҳо ташкилотҳои касбӣ, кормандони ботаҷриба намерасанд. Объектҳои нав ба инфрасохтори кӯҳна пайваст мешаванд. Мавзеъҳои яклухт аз неругоҳҳои дурдаст гарм карда мешаванд. Агар корҳо оқилона ба анҷом расонда шаванд, пардохтҳои коммуналиро то 50 фоиз арзон кардан мумкин, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Оиди бунёди неругоҳи мустақили гармидиҳӣ дар мавзеи нав, ташкил кардани ширкати замонавии истифодабарӣ ва хидматрасонӣ ба биноҳо супоришот дода шуданд.

Дар ҳудуди маҳалла бунёди якчанд хонаи 9, 16-ошёна ва як хонаи 25-ошёна ба нақша гирифта шудааст. Дар лоиҳа илова ба талаботи замонавӣ арзишҳои миллӣ ва шароити баргузории маросимҳои гуногун ба назар гирифта шудааст. Моҳи сентябри соли 2020 ба истифода супурда шудани ҳамаи хонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, бунёд намудани мактаб, кӯдакистон, майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бачаҳо, ҷойҳои зиёди бисёрошёнаи истгоҳи мошинҳо ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯз дар натиҷаи истифодаи самарабахши имкониятҳои саноатӣ, транзитӣ-логистикӣ ва инфрасохтори Тошканд барои истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд пайваста кор бурда мешавад. Технопарк, ки бо мақсади истифодаи самарабахши қаламрави васеъ ва биноҳои Заводи механикии Тошканд бунёд ёфтааст, яке аз чунин минтақаҳои саноатӣ мебошад. Роҳбари давлат 28 июни соли гузашта ба ин ҷо ташриф оварда, бо тақдимоти лоиҳаҳо шинос шуд.

Дар технопарк дар тӯли солҳои 2020-2021 ба истифода супурда шудани 15 корхонаи арзиши умумиашон зиёда аз 393 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Онҳо мошинҳои ҷомашӯӣ, оташдонҳо, яхдон ва сармодонҳо, кондитсионерҳои саноатӣ, лифтҳо ва эскалаторҳо ва дигар маҳсулоти барқӣ истеҳсол мекунанд.

Технопарк дорои инфрасохтори зарурии муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Барои қулайии соҳибкорон маркази логистикӣ таъсис дода мешавад. Сатҳи маҳаллисозии маҳсулоти истеҳсолшуда дар сатҳи 35-40 фоиз дар назар аст. Соле ба роҳ мондани содирот ба маблағи 186 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Президент бо фаъолияти нахустин корхонаи дар ҳудуди Технопарк оид ба истеҳсоли ҳисобкунакҳои электронии газ баҳрабардоригардида шинос шуда, ҳамчунин намунаҳои маҳсулотро аз назар гузаронд.

Ин корхона, ки аз ҳисоби 50 миллион доллар сармоя ташкил шудааст, қодир аст, дар як сол 3 миллион ҳисобкунак тавлид кунад. Ҳисобкунакҳои «боақл» бо слот барои сим-корт муҷаҳҳаз шудаанд ва дар тартиби вақти воқеӣ ба сервери марказӣ маълумотро дар бораи истеъмоли газ интиқол медиҳанд. Системаи биллинг, ки бо истифодаи чунин ҳисобкунакҳо ҷорӣ карда мешавад, омили инсониро коҳиш медиҳад.

Чунин ҳисобкунакҳо аз ҷиҳати бехатарии техникӣ қулай мебошанд. Онҳо бо клапани пӯшида муҷаҳҳаз шудаанд, ин имкон медиҳад, ки интиқоли газ дар ҳолати беиҷозат ба дастгоҳи ҳисобкунак ва ё дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодда қатъ карда шавад. Ҳамин тариқ, пешгирии пайдоиши заҳролудшавӣ аз сӯхтор ва газ дар хонаҳо ва биноҳо пешгирӣ карда мешавад.

Имрӯзҳо дар мамлакати мо ба 3,5 миллион ҳисобкунакҳои электронии газӣ эҳтиёҷ ҳаст. Корхона ният дорад, ки ин талаботро дар як соли фаъолият пӯшонад ва аз соли оянда ба маблағи 7,7 миллион доллар маҳсулот содир кунад. Барои ин бо шарики итолиёвӣ — ширкати «Petro Fiorentini» созишнома ба имзо расидааст.

Роҳбари давлат қайд кард, ки корхона набояд танҳо бо фурӯши ҳисобкунакҳо маҳдуд шавад, балки тамоми ҷараёнро аз насби онҳо то таъмир фаро гирад.

— Пеш аз оғоз намудани истеҳсолот, бояд дар бораи стандартҳо фикр кард. Стандарт ҳам хадамоти баландихтисос ва ҳам содирот лозим аст. Мутаассифона, дар ин масъала мо аз ҷаҳон хеле қафо мондаем. Дар маҳалҳо шумораи кофии кадрҳо вуҷуд надорад, ки корҳоро мувофиқи стандарт таъмин намояд. Аз ин рӯ, бояд дар корхонаҳои саноатӣ, чун омода кардани мутахассисони соҳаи хидматрасонии хусусӣ ба роҳ монда шавад, — гуфт Президент.

Дар корхона маркази хидматрасонӣ низ ба кор шурӯъ кард. Вай мустақиман бо корхона ва ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудгазтаъминот» кор хоҳад кард. Ҳоло ҶС “Ҳудудгазтаъминот” насб кардани 3 миллиону 480 ҳазор ҳисобкунакҳоро ба нақша гирифтааст. Ба ташкили ин кор 15 филиали маркази хизматрасонии технопарк дар маҳалҳо кӯмак хоҳад кард. То имрӯз дар ин филиалҳо 150 мутахассис фаъолият мекунанд. Як коргар дар як рӯз дуруст насб кардани 30 ҳисобкунаки газро тафтиш мекунад ва ба онҳо мӯҳлати кафолат медиҳад.

Дар шӯъбаи алоқаи маркази хизматрасонӣ дархостҳои муштариён қабул карда мешаванд. Як оператор дар як рӯз то 60 занг қабул мекунад. Бо шарофати маҳсулоти барномавии дар маркази хидматгузорӣ коркардашуда «Texnosoft» миқдор ва дуруст насб кардани ҳисобкунакҳоро назорат мекунад. «Texnosoft» байни мутахассисон дархостро барои ворид намудани мӯҳлати кафолат барои ҳисобкунакҳо паҳн мекунад ва агар дар ҳисобкунакҳои насбшуда ягон камбудӣ ошкор шуда бошад, он ба фармоишгар хидмат мерасонад.

Президент қайд кард, ки корхона барои сифати ҳисобкунакҳои истеҳсолшуда масъул аст, маркази хизматрасонӣ бояд алоқаи байни ҶС «Ҳудудгазтаъминот» ва муштариро таъмин кунад.

Сарвари давлат бо лоиҳаҳое, ки дар Технопарк татбиқ карда мешаванд ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба нақша гирифташуда шинос шуд.

Шавкат Мирзиёев ба Маркази маънавият ва маърифати назди Вазорати мудофиаи ноҳияи Яшнобод ташриф овард.

Бинои Маркази маънавият ва маърифати назди Вазорати мудофиаи ноҳияи Яшнобод соли 1980 сохта шудааст. Дар ин ҷо ансамбли Қувваҳои Мусаллаҳ, оркестри марказии ҳарбӣ, театри давлатии ҳарбии «Тӯрон», маркази корхонаи дӯзандагӣ, маҳфилҳои бачагон фаъолият мекунанд. Аммо имкониятҳо пурра истифода намешуданд.

Президент таъкид кард, ки бинои марказро реконструксия карда, аз он мақсаднок истифода бурда, дар асоси шарикии давлатию хусусӣ масканҳои фароғатӣ ташкил кард. Дар ин ҷо консертҳо, чорабиниҳои идона баргузор мешаванд. Атроф обод гардонда шуда, бо иштироки соҳибкорон нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд.

Сарвари давлатамон инчунин ба маҷмӯаи варзишии «Авиасозлар» ташриф овард. Оид ба обод гардондани ҳудуд, қулайиҳо фароҳам овардан ба дӯстдорони варзиш супоришот дод.

Дар мамлакати мо барои рушди соҳибкорӣ ва омодагии касбии шаҳрвандони бекор шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Фаъолияти моно-маркази «Ишга марҳамат», ки моҳи сентябри соли 2019 дар ноҳияи Яшнобод кушода шудааст, низ ба ин самт нигаронида шудааст. Дар ин ҷо 22 коргар дар соҳаҳои сохтмон, хидматрасонии маишӣ, техника ва муҳандисӣ таҳсил мекунанд. Дастгоҳҳои зарурӣ, муляж ва воситаҳои дигари омодагии касбӣ насб карда шудааст. Марказ дар як сол метавонад 5,6 ҳазор нафар одамонро таълим диҳад.

Ташрифоварандагон метавонанд дар муассиса оид ба масъалаҳои шуғл маслиҳат гиранд. Ба бекорон ҷойҳои холии кор пешниҳод карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, тибқи квота ба кор қабул карда мешаванд.

Онҳое, ки мехоҳанд бо фаъолияте, ки тахассуси касбиро талаб мекунанд, шуғл варзанд, ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Барои онҳое, ки нияти дар хориҷа кор кардан доранд, забонҳои хориҷӣ омӯзонда мешавад.

Марказ курсҳои кӯтоҳмӯҳлатро бо забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, чинӣ ва русӣ пешниҳод менамояд. Ҳамкорӣ бо як қатор мактабҳои олии хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар 5 моҳи охир зиёда аз 550 шаҳрванд ба марказ муроҷиат кардаанд. Инҳо асосан занону ҷавонон мебошанд. 267 шаҳрвандоне, ки омӯзишро хатм намудаанд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Президент Шавкат Мирзиёев бо шароити дар ин ҷо муҳайёгардида шинос шуд, бо устодони касбомӯзӣ ва ҷавонон суҳбат кард.

Зикр шуд, ки чунин марказҳо барои зуд азхуд намудани касбҳои талабшаванда хеле муҳим мебошанд ва зарурати ташкили чунин муассисаҳо дар ҳар як ноҳияи Тошканд ва дигар маҳалҳо дар заминаи коллеҷҳои холӣ ва дигар биноҳо қайд карда шавад.

Бинобар ба мактабҳои олии махсус вобаста кардани курсҳои касбӣ, ҷалби омӯзгорони баландихтисос, инчунин ташкили курсҳои шабона супоришот дода шуданд.

Президент Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ноҳия, раисони маҳаллаҳо, соҳибкорон, намояндагони мактабҳо ва муассисаҳои тандурустии ноҳияи Яшнобод мулоқот намуд.

Президент дар бобати ба ҳудуди ободу осоиштаи намунавӣ табдил додан, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор, барҳам задани қашшоқӣ, боло бурдани сифати таълим, тарғиби тарзи солими ҳаёт, таъмин намудани осоиштагӣ чандин ташаббусро баён намуд, супоришҳо дод.

– Ман омадам, ки бо шумо, дар байни мардум, бо онҳое, ки ислоҳотро ба амал татбиқ менамоянд, суҳбат намоям, мушкилот ва масъалаҳои мавҷудро ошкоро муҳокима намоям. Барои ҳамин ҳам суханони тайёркардаро нагуфта, бештар савол диҳед, пешниҳодоти худро баён кунед, ки ман аз ин хурсанд мегардам, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар 58 маҳаллаи ноҳия 240 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ менамояд, 8300 шаҳрванд бекор, 10 ҳазор нафар бо мақсади кор пайдо кардан ба мамлакатҳои хориҷӣ рафтааст. Пас, ба беш аз 18 ҳазор аҳолии Яшнобод ҷойи кори муносиб зарур аст.

Роҳбари давлат барои пеш гирифтани бекорӣ, бо мақсади барҳам задани қашшоқӣ дар бобати таҳия намудани «Харитаи роҳ» супориш дод.

– Мушкили як нафар бандаро сабук намудан ба Худованд ҳам форам аст. Инсони камбағал низ фарзанд дорад, аз ҳаёт умед дорад. Солҳои сол дар ин бобат ҳарф назадем, пинҳон намудем. Акнун ба он барҳам диҳем. Камбағалиро аз байн барем, – гуфт роҳбари давлат.

Барои ин фикре пешниҳод гардид, ки пеш аз ҳама ҷавононро соҳиби ягон касб намудан, афзудани ҷойҳои нави корӣ, барои аҳолии бекори ноҳияи Яшнобод дар шакли моно-марказ хидматгузории «Ба кор марҳамат»-ро ташкил намуда, мувофиқи матлаб мегардад, ки чунин марказҳо дар тамоми ноҳияҳо кушода шаванд. Дар ин бора ба ҳокимони ноҳияҳо, роҳбарони дигар ташкилотҳои алоқадор супориш ҳам дод. Дар онҳо дар вақти кӯтоҳ ба басти шабона гузарондани як қисми синфхонаҳои таълимии коллеҷҳо, дар онҳо ҷорӣ намудани курсҳои таълимии касбу ҳунар барои ҷавонони маҳалла дар назар дошта мешавад.

Роҳбари давлат дар бораи самаранокии кори ҷавонони соҳиби касбу ҳунар, нафъи онҳо ба хонавода ва иқтисодиёт сухан ба миён овард. Тавре ки таъкид гардид, дар ривоҷ додани саноат аз қувваи ҷавонон истифода бояд кард. Барои ин тақозо мегардад, ки онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ муомила карда тавонанд. Дар чунин сурат маоши онҳо низ меафзояд.

Дар ҳоле ки роҳбари давлат дар бобати тарғиб намудани тарзи солими ҳаёт фикрҳои муҳимро баён менамуд, зикр кард, ки боз як мушкили дигар ба меъёри ғизохӯрии солим риоя накардани аҳолӣ мебошад.

Ба собиқадорон, шифокорони поликлиникаҳои оилавӣ дар маҳаллаҳо ба таври васеъ бурдани корҳои тарғибот вазифа супурда шуд. Бештар пиёда гаштан тавсия гардид. Дар ин бобат ҷорӣ намудани таҷрибаи ноҳияи Яшнобод ба миён гузошта шуд.

Дар ҷамъомад дар бобати ислоҳоти зиндае, ки дар маҳалла ва низоми оила аз он ҷумла дар бобати фаъолияти Вазорати маҳалла ва дастгирии оила, ки ба тозагӣ ташкил ёфтааст, сухан рафт. Таъкид шуд, ки дар пешгирии содир намудани ҷиноёт дар маҳалла, ба бекорӣ ва қашшоқӣ барҳам додан нақши маҳалла муҳим мебошад.

– Заминаи калони сиёсати Президент ин низоми маҳалла аст. Аз ин боис раисҳои маҳалла ва инспекторони профилактикаро ба ҷамъомадҳо даъват намекунем, агар зарур бошад, дар маҳалла маҷлис барпо мегардад, – гуфт роҳбари давлат.

Дар ҳоле ки дар бораи низоъҳои оила, пурзӯр намудани мубориза бар зидди талоқ сухан меравад, минбаъд барои ҷудо шудани зану шавҳар бояд иҷозати Вазорати маҳалла ва дастгирии оила гирифта шавад. Дар ин бобат дар бораи ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дохил намудани тағйирот супориш дода шуд.

Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомад дар мисоли ноҳияи Яшнобод дар бобати дохил намудани тағйирот ба низоми роҳбарии давлат фикр баён намуд. Инчунин дар бобати коҳиш додани қашшоқӣ низ ноҳияи Боёвути вилояти Сирдарё ва ноҳияи Яшнободи пойтахт намуна бояд гарданд.

Дар ин замина эътибори асосӣ ба кор бо оилаҳои камтаъмин, ҳаллу фасли мушкилоти занон, таъмин бо ҷойи кор, мустаҳкам намудани муҳити солим дар маҳаллаҳо нигаронда мешавад.

– Замоне расид, ки ба одами коргар эътибори ҷамъият бояд нигаронда шавад. Осудагиро қадр намуда, поку ҳалол зиндагӣ кунем, албатта натиҷа ба даст меояд. Ба фардои худ бефарқ набошем. Яшнобод муносиб ба номи худ шукуфон гардида, дар бобати ташкил намудани кор дар низоми поён бояд намуна гардад, – гуфт Президент.

Имрӯз Тошканд аз рӯи мақоми пойтахт муносиб ривоҷ меёбад. Ислоҳот дар ҳаёти мардуми мо инъикос меёбад. Ҳамзамон бо ин болида будани рӯҳияи мардум ҳамоҳанг мебошад. Пешрафт идома хоҳад ёфт. Бешубҳа, супоришот, тавсияҳо, ташаббусҳои роҳбари давлати мо дар ин самт дастуруламали муҳиме хоҳанд буд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 797