×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:49:57 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


28 - fevral 2020

Бобати аз тариқи рушди соҳибкорӣ ва таълими касбӣ коҳиш додани нодорӣ чораҳо мушаххас гардиданд

27 феврали соли 2020 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба чораҳое, ки аз тариқи рушди соҳибкорӣ ба коҳиш додани камбағалӣ нигаронида шудаанд, машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Тавре ки маълум аст дар ҳама кишварҳо табақаи камтаъмини аҳолӣ мавҷуданд. Дар Ӯзбекистон низ як қисми муайяни одамон норасоии маблағро эҳсос мекунанд.

Барои баланд бардоштани некӯҳолии халқи мо барномаҳои зиёд, аз ҷумла «Ҳар кадом оила – соҳибкор», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Обод қишлоқ», «Обод маҳалла», бинобар рушди хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ қабул гардидаанд. Тӯли ду соли охир дар доираи рушди барномаи соҳибкории оилавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ тақрибан 10 триллион сӯм вомҳои имтиёзнок ҷудо карда шуданд. Ин ба таъмин кардани аҳолӣ бо шуғл, бо манбаъҳои даромад барои оилаҳо мусоидат намуд.

Солҳои дароз дар мамлакати мо нодорӣ мавзӯи пӯшида буд. Роҳбари давлат 24 январи соли равон дар Муроҷиатномааш ба Олий Маҷлис дар ин мавзӯъ ошкоро сухан гуфт ва бори аввал вазифаҳои аввалиндараҷаи коҳиш додани камбағалиро муайян сохт.

Дар машварати видеоселекторӣ масъалаҳои мунтазам ба роҳ мондани кор дар самти мазкур баррасӣ шуданд.

– Бинобар ҳисобу китобҳои пешакӣ 12-15 фоиз, ё худ 4-5 миллион сокинони кишвари мо дар вазъи камбағалӣ қарор доранд. Ин маънои онро дорад, ки даромади ҳаррӯзаи онҳо аз 10-13 ҳазор сӯм зиёд нест. Ё худ, барои мисол метавон гуфт, ки оила шояд ҳам мошин ва ҳам чорво дошта бошад, вале, мабодо, касе бемор шавад, на камтар аз 70 фоизи даромади оила барои табобати ӯ харҷ мегардад. Оё чунин оиларо метавон хонаводаи таъмин номид? Маро, ҳамчун Президент, ҳар рӯз як масъала ба ташвиш меоварад: оё мардуми мо барои таъминоти ҳаётиашон, аз ҷумла хӯрокворӣ, табобат, таълим ва сару либоси кӯдаконашон маблағи зарурӣ доранд? – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба мақсади самарабахш татбиқ намудани чораҳои оид ба дастгирии оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор ва камтаъмин, васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба соҳибкорӣ мувофиқи Фармони Президент аз 18 феврали соли 2020-ум Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила таъсис дода шуд. Дар соҳаи мазкур низоми уфуқии ҷорӣ намудани мансабҳои вазифавии масъули рушди соҳибкорӣ ва коҳиш додани нодорӣ дар сатҳи маҳаллаҳо, ноҳияҳо (шаҳрҳо), вилоятҳо ва ҷумҳурӣ муқаррар гардид.

Баробари ин ба қарибӣ дар сохтори ҳукумат котибияти махсус ташкил гардид ва вазифаи муовини Сарвазир оид ба масъалаҳои молиявиву иқтисодӣ ва коҳиш додани камбағалӣ ҷорӣ карда шуд.

– Коҳиш додани камбағалӣ маънои баланд бардоштани миқдори музди меҳнат ё худ кӯмакпулиҳо, оммавӣ пешниҳод кардани вомҳоро надорад. Пеш аз ҳама, бояд ба аҳолӣ касбҳо омӯзонида шаванд, саводнокии молиявиашон зиёд карда шавад, мардум ба соҳибкорӣ ҷалб карда шаванд, инфрасохтор, сифати таълим ва табобат беҳтар бошад, низоми мақсадноки додани кӯмакпулиҳо ҷорӣ гардад, – таъкид кард роҳбари давлат.

Бо ин мақсадҳо якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ стратегияи миёна ва дарозмуҳлати мубориза бо камбағалӣ коркард мешавад.

Дар машварат зарурияти аввалиндараҷаи таҳлили шароит ва вазъиятҳои воқеӣ дар қисмати ҳар кадом маҳалла, ноҳия, шаҳр ва вилоят таъкид шуд. Самти аввалини кор ҷамъоварии маълумот дар бораи вазъияти воқеӣ оид ба нодорӣ, яъне миқдори оилаҳои даромадашон паст, дуюм тартиб додани харитае мебошад, ки имконият, захираҳои табиӣ ва заминӣ, иқтидорҳои инфрасохтории ноҳияву шаҳрҳоро инъикос мекунанд.

– Моро лозим аст, ки баҳри кори одамон, сарватманд шудан, сазоворона зиндагӣ кардани онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам оварем, — гуфт Президент.

Таъкид шуд, ки дар шафати нуқтаҳои сераҳолӣ, дар ҷойҳое, ки соҳибкорӣ хуб инкишоф ёфтааст, дар пойгоҳи заминҳои холӣ ва барои кишоварзӣ пешбининашуда минтақаҳои кӯчаки саноатӣ ташкил карда шаванд. Барои фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ ба маъмурияти минтақаҳои кӯчаки саноатӣ аз буҷа 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Қитъаҳои замини минтақаҳо ба соҳибкорон мувофиқи арзиши бозаргонӣ бо ҳуқуқи соҳибӣ шудан фурӯхта мешаванд. Агар ин таҷриба худро сафед кунад, дар нимсолаи дуюм барилова 150 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.

Ба Вазорати иқтисодиёт ва саноат супурда шуд, ки якҷо бо ҳокимон қитъаҳои холии заминро барои минтақаҳои нави кӯчаки саноатӣ муайян кунад ва онҳоро бо инфрасохтор таъмин намояд.

Бобати ба аҳолии камтаъмин пешниҳод намудани заминҳое, ки аз муомилот бароварда шудаанд ва дар онҳо сохтану кофтани чоҳҳои артезианӣ супоришҳо дода шуданд.

Аз тариқи ба аҳолӣ омӯзонидани соҳибкорӣ, ташаккул додани касбомӯзӣ коҳиш додани камбағалӣ масъалаи муҳимтарин ба шумор меравад.

Ҳоли ҳозир дар мамлакат расман қариб 1,4 миллион нафар занону ҷавонони бекор мавҷуданд. Дар байни занон сатҳи бекорӣ 13, дар байни ҷавонон 15 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Андиҷон, Қашқадарё ва Тошканд баландтар мебошанд.

Баробари ин алҳол норасоии кадрҳо эҳсос мегардад: соҳаи сохтмон ба 104 ҳазор мутахассис, соҳаи коммуналӣ ба 71 ҳазор, соҳаи хидматрасонӣ ба 68 ҳазор, саноати сабук ба 46 ҳазор кадр эҳтиёҷ доранд.

Дар машварат таъкид шуд, ки барои таъмин сохтани талабот бо кадрҳои баландихтисос, бо кор таъмин кардани аҳолӣ бояд дар ҳар кадом минтақа барои бекорон курсҳои соҳибкорӣ ташкил карда шаванд.

Баъди анҷоми таълим аз ҷониби Оҷонсии оид ба рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ озмун эълон ва ба лоиҳаи беҳтарин дар ҳаҷми 20 миллион сӯм грант ҷудо карда мешавад. Ҳокимон низ барои лоиҳаҳои пешомадноки соҳибкорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ грантҳо ҷудо мекунанд.

Барои занони танҳо ва серфарзанд, дигар бекороне, ки хоҳиши азхуд кардани ҳунару касбро доранд, курсҳои таълими касбӣ оид ба дӯзандагӣ, таомпазӣ, сартарошӣ ташкил карда мешаванд. Барои ин дар бинои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ё худ иншооти дигар ҷой ҷудо карда, онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Ба Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила супурда шуд, ки барномаи таълими касбиро дар марказҳои маҳалла кор карда барояд ва рӯихати хоҳишмандонро ташаккул диҳад.

Корҳои вобаста ба ташкил намудани марказҳои таълими касбӣ танқид карда шуданд. Чунончи, дар 11 ноҳияи Қароқалпоқистон, 9 ноҳияи вилояти Бухоро, 3 ноҳияи вилояти Тошканд, 7 ноҳияи Сурхондарё ва 5 ноҳияи вилояти Ҷиззах ягонто чунин муассиса вуҷуд надорад.

Муҳимияти ҷалби фаъоли созмонҳои ғайридавлатӣ ба ташкил кардани марказҳои тайёркунии касбӣ таъкид шуд, супурда шуд, ки дар байни созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ барои барномаи беҳтарини таълимӣ озмун эълон гардад ва барои ғолибони он аз Хазинаи кӯмакрасонии шуғл грантҳо ҷудо карда шаванд.

Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шуд, ки дар ҳар минтақа марказҳои алоҳидаи «Ишга марҳамат» ва тайёркунии касбиро ташкил кунад, ба бекорон нафақат дониш ва саводи касбӣ, балки, дар зарурат, забонҳои хориҷиро низ омӯзонад.

Муайян карда шуд, ки 70 фоизи маблағҳои оид ба барномаҳои соҳибкории оилавӣ ба лоиҳаҳои тиҷорати хурду миёна, ки ташкил кардани ҷойҳои кориро барои камтаъминҳо пешбинӣ менамояд, равона карда мешаванд. Баробари ин ба корхонаҳое, ки одамони камдаромадро ба кор қабул мекунанд, бинобар гирифтани вомҳои бонкӣ сабукиҳо пешниҳод карда мешаванд.

Соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аллакай самти махсуси тиҷорат гардидааст. Вобаста ба ин зарурияти созмон додани замимаҳои интерактивии мобилӣ ва навигаторҳои тиҷоратӣ барои машғулият таъкид гардид.

Ба Палатаи савдову саноат, Оҷонсии оид ба рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ супурда шуд, ки якҷо бо бонкҳои тиҷоратӣ лоиҳаҳои тиҷоратиеро, ки барои табақаҳои васеи аҳолӣ фаҳмо мебошанд, кор карда бароянд. Лоиҳаҳои мазкур бояд дорои қарорҳои тайёр бошанд, дар онҳо аллакай хароҷот ва даромадҳое, ки барои иқтидорҳои истеҳсолӣ заруранд, рӯихати ҳаҷми маҳсулот ва масъалаҳои дигар ҳисобу китоб карда шуда бошанд.

Зарурияти пешбурди васеи лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар ҷараёни мулоқот дар маҳалҳо, аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид шуд.

Бобати зиёд кардани миқдори марказҳои тиҷоративу дилхушкунӣ ва нуқтаҳои сайёри савдо, аз байн бардоштани монеаҳои иловагӣ бинобар чунин фаъолият таклифҳо пешниҳод гардиданд.

Ба Оҷонсии оид ба рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, Омбудсмани тиҷоратӣ, Палатаи савдову саноат ва қабулхонаҳои Сарвазир супурда шуд, ки бояд дар байни давлат ва тиҷорат вазифаи «пул»-ро иҷро кунанд, ба татбиқ гардидани ташаббусҳои соҳибкорӣ ҳамаҷониба кӯмак расонанд.

Аз 1 марти соли равон низоми рейтингии баҳогузорӣ ба фаъолияти мақомоти маҷмӯи иқтисодӣ ва Индекси рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо ҷорӣ карда мешавад. Аз тариқи пурсишҳои ошкоро ва пӯшидаи байни аҳолӣ муносибати одамон ба ташкилотҳои маҷмӯи иқтисодӣ омӯхта мешаванд. Бинобар пурсишҳо фаъолияти роҳбарони маҷмӯи иқтисодии минтақаҳо бо натиҷаҳои «намунавӣ», «хуб», «қаноатбахш» ва «ғайриқаноатбахш» баҳогузорӣ хоҳанд шуд. Онҳое, ки соҳиби рейтинги мусбат шудаанд, рағбатнок карда ва онҳое, ки сазовори рейтинги манфӣ гардидаанд, ҷазо дода мешаванд. Натиҷаҳои баҳогузорӣ соле ду бор дар ҷамъомадҳои палатаҳои Олий Маҷлис, Шӯроҳои депутатҳои халқии вилоятҳо ва ҳукумат баррасӣ мегарданд.

Бинобар масъалаҳое, ки дар ҷамъомади видеоселекторӣ муҳокима гардиданд, маълумоти шахсони масъул шунида ва чораҳои дахлдор муайян карда шуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 828