×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
00:17:41 (GMT +5), payshanba, 6 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


25 - fevral 2020

Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон ва Ҷумҳурии Куриё баррасӣ шуданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 феврали соли 2020 бахшида ба баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо Ҷопон ва Ҷумҳурии Куриё ҷамъомад баргузор намуд.

Бояд қайд кард, ки ин ду кишвар на танҳо дар Осиё, балки дар тамоми ҷаҳон хусусан дар соҳаи технологияҳои баланд пешрафта маҳсуб меёбанд ва имкониятҳои васеи сармоягузорӣ доранд.

Ба туфайли иродаи сиёсӣ ва музокироти мунтазам дар сатҳи олӣ муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва ин давлатҳо ба дараҷаи шарики стратегӣ бардошта, дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ алоқаҳои зич ба роҳ монда шуданд.

Соли 2019 ташрифҳои судманд ба амал омаданд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи навро боз кард. Ҳамин тавр, 18-21 апрел Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин ба кишвари мо ташриф овард ва рӯзҳои 17-20 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷопон ташриф овард. Бинобар натиҷаи мулоқоту музокирот як қатор санадҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, созишнома дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки нишондодҳои тиҷорати муштарак ва сармоягузорӣ бо ин кишварҳо мунтазам меафзоянд. Соли гузашта табодули мол байни Ӯзбекистон ва Ҷопон аз 400 миллион доллар гузашт. Имрӯз дар ҷумҳурӣ тақрибан 30 корхона бо иштироки сармояи мамлакати тулӯи Офтоб фаъолият доранд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи саривақтӣ ва босифати созишномаҳо ва коркарди пешниҳодҳои нав оид ба амиқсозии ҳамкориҳои сармоягузорӣ зоҳир карда мешавад.

Зикр гардид, ки якҷоя бо шарикони ҷопонӣ 48 лоиҳа дар ҳаҷми 6,6 миллиард доллар дар чунин соҳаҳо, ба монанди геология, кимиё ва нафту кимиё, бахши бонку молия, тандурустӣ ва таълим татбиқ мешаванд.

Аз ҷумла, лоиҳаҳои сохтмони комплекси меҳмонхонаҳо бо гурӯҳи ширкатҳои HIS, тавсеаи иқтидорҳои истеҳсолии КМ ҶММ «СамАвто» бо «Isuzu» ва «Itochu», сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар НБО-и Навоӣ (Навоӣ-3) якҷоя бо Агентии оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ва бисёр дигарон бомуваффақият татбиқ мешаванд.

Дар вохӯрӣ зарурати ҷоннок намудани ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Ҷопон тавассути ташкили чорабиниҳои мухталифи дуҷониба, аз ҷумла сафари мутақобилаи доираҳои тиҷоратии ду кишвар ва таҳияи лоиҳаҳои нави муштарак қайд шуд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Куриё низ рушди намоёнро нишон медиҳанд. Ҳамин тавр, бинобар ҷамъбасти соли 2019 мумилоти дуҷонибаи мол нисбат ба соли 2018 27 фоиз, аз ҷумла содирот – 30,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Танҳо соли гузашта дар Ӯзбекистон 198 корхона бо иштироки сармояи Куриё таъсис дода шуда, шумораи умумии онҳо аз 800 адад гузаштааст.

Зикр гардид, ки лоиҳаи сохтмони маркази тиббии бисёрсоҳаи бачагона дар Тошканд бо шарикони куриёӣ бомуваффақият татбиқ карда мешавад. Корҳо оид ба созмон додани кластери инноватсионии илмию истеҳсолии дорусозии «Tashkent Farma Park» дар ноҳияи Қибрайи пойтахт оғоз ёфт. Татбиқи ин лоиҳа, аз ҷумла ташкили Донишгоҳи техникии дорусозиро бо як маркази илмӣ, лаборатория, вивария, маркази фармакопеӣ, инчунин минтақаи саноатӣ барои истеҳсоли доруворӣ, маснуоти таъиноти тиббӣ ва таҷҳизоти тиббӣ пешбинӣ менамояд.

Соҳаҳои ояндадори ҳамкорӣ соҳаҳои кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, нигаҳдории тандурустӣ, саноати сабук, кимиё, электротехникӣ, дорусозӣ ва заргарӣ, таълим ва инноватсияро дар бар мегиранд.

Бо кӯмаки техникии Агентии оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Куриё (KOICA) дар соли 2019 оид ба ду лоиҳаи грантӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва стандартикунонӣ ба маблағи 13 миллион доллар корҳо ба анҷом расиданд, 6 лоиҳа ба маблағи 29,6 миллион доллар дар марҳилаи татбиқшавист. Татбиқи 10 лоиҳаи дигар бо арзиши 72,2 миллион доллар дар солҳои 2020-2022 баррасӣ мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо Эксимбонки Ҷумҳурии Куриё барои маблағгузорӣ ва ҳаммаблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маблағи 2 миллиард доллар ҷалб карда шуд ва 14 лоиҳаи муҳими стратегӣ татбиқ шуданд. Татбиқи 6 лоиҳа ба маблағи умумии 608 миллион доллар оғоз ёфт.

Умуман, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ созмон додани 40 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, ба 4,1 миллиард доллар афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва 1,14 миллиард доллар зиёд гардондани ҳаҷми содиротро пешбинӣ менамояд.

Президент Шавкат Мирзиёев зарурати иҷрои пурра ва босифати чорабиниҳоро, ки тибқи нақшаҳои «харитаҳои роҳ» барои соли 2020 муайян шудааст, таъкид намуд.

Оид ба масъалаҳои баррасишуда ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор шунида шуда, чорабиниҳо ва вазифаҳои мушаххас муайян шуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 905