×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
15:43:58 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - fevral 2020

Лоиҳаҳои нави бинокорӣ ва иҷтимоӣ тақдим гардиданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19-20 феврали соли 2020 ба Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда буд.

21 феврал, рӯзи дигар пас аз анҷоми босамар ва пуршиддати ғанӣ аз рӯйдодҳои ташриф роҳбари давлат, мисли пешин, фаъолона ба кори минбаъда пардохт. Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва бинокорӣ шинос гардид, ки соли ҷорӣ ба амал татбиқ намудани онҳо дар Тошканд дар назар дошта шудааст.

Бо ташаббуси Президент кори муттасил дар заминаи ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои аҳолӣ, даст ёфтан ба қаноатмандии одамон аз ҳаёти худ, баланд бардоштани сифати хидмати тиббӣ ва таълим ба амал оварда мешавад.

Барои дар соли 2020 дар Тошканд татбиқ намудани лоиҳаҳои доманфарохи бунёдкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз он ҷумла, дар ҳудуди маҳаллаҳои Маҷнунтол, Бектемир, Олтин топган, Бинокор, дар кӯчаҳои Ҳусайн Бойқаро ва Зироати ноҳияи Бектемир гузоштани қариб 18 ҳазор метри тӯлонӣ қубури об ба реҷа дароварда шудааст. Дар натиҷа дастрасӣ ба таъминоти оби мутамарказро беш аз 6800 сокини маҳалҳо ба даст меоранд, дараҷаи баҳрабардории аҳолии пойтахт бо оби таъминоти мутамарказ ба сад фоиз мерасад.

Инчунин афзоиши иқтидорҳои иншоотҳои полоиши оби «Бозсув» ва Солор дар як шабонарӯз ба 200 ҳазор метри мукааб мерасад.

Ҳоло ҳозир дар 1564 бинои бисёрҳуҷраи пойтахт 5001 лифт вуҷуд дорад. Аз он 3343 лифт муддати кори худро тамом кардааст. Дар чор соли охир 572 лифт иваз карда шудааст.

Бинобар супориши Президент дар ҷараёни боздид аз ноҳияи Учтеппа, барои соли 2020 нав намудани 697 лифт ба нақша гирифта шудааст. Дар чунин суръат пайдо намудани кор, яъне соле иваз намудани 700 лифт, дар панҷ соли наздик тамоми лифтҳои биноҳои бисёрошёнаи пойтахт иваз карда мешаванд.

Ҳамзамон зимни ободонии ҳудудҳои назди иморатҳои бисёрҳуҷра ба вуҷуд овардани сад майдончаи бачагона, ду истгоҳи мошин, бо бетон пӯшондани 100 ҳазор метри мукааб роҳи пиёдагард, таъмири 10 ҳазор метри тӯлонӣ шабакаи ирригатсия ба нақша даромадааст. Барои ин аз буҷаи маҳаллӣ 20,8 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

Инчунин барномаи рушди низоми чароғон намудани кӯчаҳо ва азнавсозии автотехникаи коммуналии Тошканд ба амал татбиқ мегардад. 1,047 ҳазор метри мураббаъ роҳ таъмир карда мешавад.

Соли ҷорӣ сохтмони кӯдакистонҳои нав дар ноҳияҳои Бектемир, Олмазор, Шайхонтаҳур ва Яшнобод ба нақша гирифта шудааст. Инчунин бунёд намудани мактабҳои нав дар ноҳияҳои Бектемир ва Яшнобод, беморхонаи бисёрсоҳа дар Сергелӣ, поликлиникаҳои оилавӣ дар Чилонзор ва Яшнобод, ҳамчунин марказҳои маданият дар ноҳияҳои Сергелӣ ва Олмазор ба реҷа гирифта шудааст.

Ба Президент бобати ин лоиҳаҳо маълумоти муфассал дода шуд.

Роҳбари давлат ба самаранокӣ ва аҳамияти иҷтимоии онҳо эътибори алоҳида дод. Дар бобати таъмини иҷрои корҳои банақшагирифташуда дар муддати муайянгардида супоришҳо дод.

Ба роҳбари давлат дар бораи ҷараёни тайёрӣ ба иштироки варзишгаронамон дар Бозиҳои олимпии тобистонаи XXXII ва Паролимпии XVI соли 2020 дар Токио маълумоти муфассал дода шуд.

Аз он ҷумла, маҷмӯи либоси махсус барои ҳайати варзишии Ӯзбекистон намоиш дода шуд, ки дар Олимпиада иштирок менамояд.

Қаблан озмун барои ба вуҷуд овардани эскизи либоси варзишӣ ва ҷиҳозҳо барои иштирокдорони олимпиада эълон гардида буд, ки рамзҳои миллӣ ҳамоҳангона шомили онҳо гардида бошанд. Дар озмун ороишгарони корхонаҳо, ороишгарони ҳаваскор ва касбие, ки дар асоси хусусӣ кор мекунанд, иштирок намуданд. Ҳайати ҳакам тамоми эскизҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуд.

Роҳбари давлат тавсияҳои худро оид ба ороиши либоси варзишӣ барои варзишгарон ва либосҳо барои мухлисони варзиш баён намуд ва ҳамчунин дар назди шахсони масъул дар бобати тайёрии ҷиддӣ ба Олимпиадаи ояндаи Токио вазифаҳои мушаххас гузошт.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 852