×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
00:05:57 (GMT +5), payshanba, 6 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - fevral 2020

Ҳар як давлат, ҳар як миллат пеш аз ҳама бо нерӯи зеҳнӣ ва маънавияти баландаш тавоност

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған 19-20 феврали соли 2020 бо боздид дар ин кишвар шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 20 феврал дар Анқара бо роҳбарони ширкату бонкҳои пешрави Туркия вохӯрд. Дар чорабинӣ роҳбарони Иттифоқи палатаҳои савдо ва биржаҳои молии Туркия, Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия, минтақаҳои саноатии «Гебзе», бонки «Зираат», аз қабили ширкатҳои «Зорлу холдинг», «Жошкуноз холдинг», «Экзачибаши», «Байкар», «Дунягоз», «Канимед саглик», «Бау глобал» ва «Хавелсан» иштирок карданд.

Тағйиротҳое, ки дар Ӯзбекистон дар самти фароҳам овардани муҳити мусоиди тиҷорат, шароит ва имкониятҳое, ки барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, рағбати соҳибкорони туркиро ба мамлакати мо афзун мекунад. Аз ҷумла, дар солҳои охир ҳаҷми тиҷорати дуҷониба беш аз ду маротиба афзудааст. Шумораи корхонаҳои муштарак қариб ҳазор адад зиёд шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ афзудааст.

Имрӯз ширкатҳои туркӣ дар Ӯзбекистон дар чунин соҳаҳо, ба монанди сохтмон, энергетика, кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият нишон медиҳанд. Омили муҳимтарини шарикии самарабахш эътибори доимӣ додан ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва хурд мебошад.

Ҳамин тавр, дар соли 2019 бо иштироки ширкати туркии «Calik Enerji» таҷҳизоти дувуми буғугазии неругоҳи барқии гармидиҳии Навоӣ ба кор дароварда шуд.

Аз соли 1993 дар мамлакати мо намояндагии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ фаъолият нишон медиҳад, ки дар татбиқи як қатор лоиҳаҳо оид ба таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, тиҷорати хурд ва миёна фаъолона иштирок кардааст.

Ширкатҳои туркӣ, ки ба Ӯзбекистон тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи тиб, маориф ва муҳандисӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифат таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва ба кишварҳои сеюм содир кардани онҳоро ба нақша гирифтааст.

Роҳбари давлати мо қайд кард, ки дар Ӯзбекистон муҳити тиҷорат тағйир ёфт, расмиятпарастӣ решакан карда шуд, дарҳо барои сармоягузорон боз шуданд, ба фаъолияти озоди онҳо кафолат дода мешавад. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон, чун дар Туркия барои сармоягузорон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

— Ӯзбекистон мисли пешина нест. Имрӯз, ширкате, ки ба кишвари мо ворид мешавад, албатта нафъ хоҳад дид. Ман инро кафолат медиҳам. Барои ин шароити зарурии ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ фароҳам оварда мешавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Соли гузашта, қонун дар бораи сармояҳо қабул шуд, ки бо он минбаъд дар Ӯзбекистон тамоми ҳуқуқҳои сармоягузорон ҳимоя карда мешавад.

Президент қайд кард, ки минбаъд бо соҳибкорони туркӣ муколамаи доимӣ ба роҳ монда мешавад ва дар Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ 5 корманд танҳо ба сармоягузорӣ шуғл меварзад, соҳибкорони туркиро ба фаъол будан даъват намуд.

Дар вохӯрӣ аҳамияти татбиқи ҳамаҷонибаи қарордодҳо ва созишномаҳои баимзорасида, фаъол пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, инноватсия, энергетика, рушди инфрасохтор, нақлиёт, туризм, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо қайд гардид.

Намояндагони доираҳои тиҷоратии Туркия қайд карданд, ки соли гузашта онҳо ба Ӯзбекистон ташриф оварданд ва шоҳиди дигаргуниҳои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, «тафаккури ислоҳот» дар мардум шуданд. Онҳо хоҳиши ба бозори Ӯзбекистон ворид шудан ва татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки истиқболнокро иброз доштанд.

Баробари ин бо «Ronesans Holding» дар бораи сармоягузории бевосита ба модернизатсия ва рушди ҶС «Узметкомбинат» ба маблағи 630 миллион евро, комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ ба маблағи 4,1 миллиард доллар, инчунин татбиқи лоиҳаҳои нав оид ба сохтмони беморхонаҳо ва марказҳои савдо ба маблағи тақрибан 3 миллиард доллар созишнома ба даст омад.

Дар мулоқот масоили таҳкими минбаъдаи робитаҳо миёни вазорату ширкатҳои ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба тавсеаи маҳсулот ва хидматрасонӣ, ташкили клиникаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ лоиҳаҳои мушаххас баррасӣ шуданд. Президент ин нақшаҳоро тасдиқ кард ва ба шахсони масъул супориш дод, ки ҳарчи зудтар ба корҳои амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо бидуни монеаҳои бюрократӣ шурӯъ кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Анқара дар маросими ифтитоҳи Китобхонаи миллии Президенти Ҷумҳурии Туркия иштирок кард.

Ин маҷмӯа, ки бо ибтикори роҳбари кишвар Реҷеп Таййип Эрдоған бунёд ёфтааст, ба ғайр аз қароргоҳи Президент, муассисаҳои давлатӣ, толори конгресс, маркази фарҳангӣ, масҷид ва Китобхонаи халқиро фаро гирифтааст. Аз рӯи андозаи фонди китоб (4 миллион нашри чопӣ ва зиёда аз 120 миллион файлҳои электронӣ) ва дараҷаи муҷаҳҳазӣ китобхона дар ҷаҳон яке аз пешқадамтарин ба ҳисоб меравад. Аҳамияти ин иншоотро ҷойгиршавии он дар назди Қасри Президент нишон медиҳад.

Лоиҳаи китобхона ва маҷмӯа, ки аз ҷониби муҳандиси турк Шафик Бирке коркард шудааст, услубҳои миллӣ ва замонавии меъмориро ба таври ҳамаҷониба муҷассам гардондааст. Ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар чанд кишвар, Китобхонаи президентии ИМА ва китобхонаҳои миллии Бритониёи Кабир ва Фаронса омӯхта шудааст.

Сохтмони китобхона соли 2015 оғоз ёфтааст. Қисмати асосии бино, ки 125 ҳазор метри мураббаъро дарбар мегирад, аз 11 ошёна, гунбази калони марказӣ ва фойе, толори мутолиа ва толорҳои бисёрсоҳавӣ, лабораторияи тармими дастнависҳои қадимӣ, маҷмӯи бойгонӣ, майдонҳои намоишӣ, утоқҳои бачагонаи аудио ва видео, фондҳои нигаҳдории нашрияҳо, инчунин қаҳвахона ва тарабхонаҳо иборат мебошанд.

Ин муассисаи маърифатӣ дорои имкониятҳои навтарини техникӣ ва хидматрасонии китобхона дар шакли нав мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи китобхона қариб ду ҳазор меҳмон аз саросари ҷаҳон — олимон, нависандагон, намояндагони соҳаи маориф ва фарҳанг, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Шавкат Мирзиёев ягона меҳмони сатҳи олӣ буд, ки Президенти Туркия даъват кардааст.

Ва ин тасодуфӣ нест, зеро роҳбари давлати мо бо муҳаббаташ ба китобҳо, эътибори махсус доданаш ба тарғиби китобхонӣ шинохта шудааст. Шавкат Мирзиёев дар мавриди таҳсил, таълим ва тарбияи ҷавонон як қатор ташаббусҳои байналмилалиро ба миён гузошт. Боз як нишонаи аҳамияти баланд додан ба маърифат дар Ӯзбекистон Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон шудани соли ҷорӣ гардид.

Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ кард.

Роҳбари давлати мо барои даъват ба ин рӯйдоди муҳим ва тантанавӣ изҳори сипос карда, мардуми бародари Туркияро бо ифтитоҳи китобхонаи нав табрик гуфт.

— Ҳар як давлат ва ҳар як миллат дар ҷаҳон, пеш аз ҳама бо нерӯи зеҳнии худ, маънавияти баландаш тавоност. Ва манбаи ин қудрати мағлубнашаванда китобҳо ва китобхонаҳо – кашфи бузурги инсоният мебошанд, — гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.

Халқҳои ӯзбеку туркро решаҳои муштараки таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ бо ҳам мепайвандад. Мероси Имом Бухорӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддин Румӣ, Юнус Эмро, Алишер Навоӣ дар болоравии миллии халқҳои мо нақши муҳим доштанд. Қозизода Румӣ дар Самарқанд дарс гуфтааст, Алӣ Кушчӣ умри боқимондаашро дар Истамбул гузарондааст. Дар Туркия ниёгони ҷадиди мо Абдурауф Фитрат, Муҳаммадшариф Сӯфизода, Саид Аҳрорӣ ва дигарон таҳсил кардаанд.

Имрӯз дар Истамбул Донишгоҳи ба номи Абӯ Райҳон Берунӣ фаъолият мекунад. Давр фондҳои китоби Туркия зиёда аз 100 дастнависҳои Алишер Навоӣ нигоҳ доша мешавад.

Президент Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки дар Ӯзбекистон мактабҳои замонавӣ ва марказҳои илмию таълимӣ кушода мешаванд.

Марказҳои байналмилалии илмиву таҳқиқотии Имом Бухорӣ дар Самарқанд ва Имом Тирмизӣ дар Сурхондарё таъсис ёфта, мактабҳои ҳадис, калом, ақида, тасаввуф ва фиқҳ фаъолият мекунанд. Дар Тошканд Маркази тамаддуни исломӣ сохта мешавад, ки дар он мероси маънавии бисёрасрина намоён карда шуда, таҳқиқоти бунёдӣ анҷом дода мешавад.

Соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ба муносибати зодрӯзи мутафаккирони бузург Абдухолиқ Ғиждувонӣ ва Баҳоуддин Нақшбанд чорабиниҳо баргузор мешаванд ва 145-умин солгарди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ таҷлил карда мешаванд. Баргузории як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ба муносибати пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Бухоро ва пойтахти фарҳангии ҷаҳони туркӣ эълон шудан Хива ба назар гирифта шудааст.

Роҳбари давлати мо донишмандони турк, адабиётшиносон ва диншиносонро барои иштирок дар ин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ даъват кард. Вай инчунин қайд кард, ки дар Ӯзбекистон зиёда аз 100 ҳазор нусхаҳои нодир нигоҳ дошта мешаванд, ки аксарашон муҳаққиқони худро интизоранд.

Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба Президенти Ӯзбекистон ва занаш барои иштирок дар ин чорабинии муҳим изҳори сипос кард.

— Ӯзбекистон барои мо ватани олимоне мебошад, ки тасаввуротии фарҳангиамонро ташаккул додааст, манбаи муҳимтарини ҳаётиест, ки илм, ирфон ва дунёи маънавиамонро таъмин намудааст, — гуфт роҳбари Туркия. — Дар тӯли асрҳо байни Тошканду Анқара, Самарқанд ва Конё, Бухоро ва Бурса, Хива ва Эдирне фазои ягонаи илмӣ вуҷуд дошт ва якҷоя ғанӣ гардодна шуданд. Имрӯз, Китобхонаи халқии худро якҷоя бо Ҷаноби Олӣ боз карда, мо бори дигар ба ҷаҳон муштаракоти фарҳангиамонро намоиш медиҳем.

Шавкат Мирзиёев ба китобхона нусхаи дар ҷаҳон нодири Қуръони Усмониро, ки аз ҷониби хаттотони ӯзбек нусхабардорӣ шудааст, нусхаҳои факсимилии асарҳои «Маснавӣ»-и Ҷалолиддин Румӣ ва «Таърихи касалиҳо»-и Абу Бакр ар-Розӣ, китоб-албоми «Нусхаҳои тасвирии асарҳои Алишер Навоӣ аз китобхонаҳои Истамбул», инчунин китоби “Ӯлмас Кӯнгул» — маҷмӯаи шеърҳои ба забони ӯзбекӣ тарҷумашудаи Юнус Эмроро туҳфа кард.

Ғайр аз ин, ба Китобхонаи миллии Президенти Ҷумҳурии Туркия зиёда аз 350 китоби мавзӯъҳояшон гуногун туҳфа карда шуданд.

Сарони давлатҳо ҳамроҳи ҳамсаронашон бо фаъолияти Китобхонаи миллии Президенти Ҷумҳурии Туркия шинос шуданд. Президент Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш аввалин меҳмонони ифтихории ин маҷмӯаи зебо гаштанд.

Намоишгоҳи китобҳои нодир баргузор гардид. Президенти Туркия яке аз китобҳои нодирро ба сарвари давлати мо туҳфа кард. Роҳбарони давлатҳо бо намоишгоҳи китобҳои аз Ӯзбекистон овардашуда низ шинос шуданд.

Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Туркия ба поён расид. Ин боздид, ки барои шакли нави муколамаи ӯзбекистониву туркӣ дар сатҳи олӣ заминаи муҳим гузошт, дурнамои муҳими ҳамкориҳои байни кишварҳои моро муайян кард. Вохӯриҳо ва музокирот, ҳуҷҷатҳои имзошуда ва созишномаҳои ба дастомада ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ду кишвар ва дӯстии халқҳои бародар мусоидат мекунанд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 854