×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:46:59 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


18 - fevral 2020

Тартиби додани литсензия ва рухсатномаҳо куллан такмил дода мешавад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 феврали соли 2020 бахшида ба вазифаҳои афзалиятноки куллан такмил додани литсензия ва рухсатномаҳо дар соҳаи соҳибкорӣ ҷамъомад доир намуд.

Роҳбари давлатамон дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис оид ба пурра дида баромадан ва беҳтар гардондани тартиби иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Вақт коҳиш додани намудҳои литсензия ва иҷозатномаҳоро дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, содда кардани тартиби додани онҳо, инчунин коркарди механизмҳои шаффофи мониторинги иҷрои қоидаҳои дахлдорро тақозо мекунад.

Бо ин мақсад, гурӯҳи махсуси корӣ иборат аз намояндагони Вазорати адлия, Палатаи савдо ва саноат ва бизнес-Омбудсман таъсис дода шудааст.

Дар ҷамъомад Президент Шавкат Мирзиёев самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳи кории мазкурро муайян кард.

Зарурати аз намудҳои фаъолияти литсензионӣ хориҷ намудани пеш аз ҳама он намудҳое, ки ба саломатии инсон ва ба ҷомеа зиён намерасонанд, зикр гардид. Масалан, фаъолият оид ба таҳсил гирифтан дар марказҳои таълимӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хатарнок набошанд ҳам, дар айни ҳол гирифтани иҷозатнома ҳатмӣ мебошад.

Баробари ин, баъзе шартҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаҳои дахлдор рақобатро маҳдуд мекунанд. Аз ҷумла, бюрои ягонаи вомӣ бо паҳн кардани маълумот дар бораи таърихи вом машғул аст ва талаботи имрӯз муқарраргардида ба ворид шудани иштирокчиёни нав ба ин бозор имкон намегузорад. Ҳамин тавр, барои кушодани бюрои қарз шумо бояд ҳадди ақалл розигии 10 бонки тиҷоратро гиред. Аз 30 бонки мавҷуда 26-тоаш муассисони бюрои ягонаи вомӣ мебошанд. Ҳатто агар 4 бонки боқимонда барои ташкили бюрои нав розӣ шаванд ҳам, ташаббускор иҷозатнома гирифта наметавонад.

Дар маҷлис зарурати татбиқи васеи усулҳои муқобили танзими фаъолияти соҳибкорӣ қайд шуд.

Дар таҷрибаи хориҷӣ чунин усулҳои муқобили литсензиядиҳӣ ба монанди хабардор кардан, суғуртаи масъулият, худтанзимкунӣ, танзими техникӣ мавҷуд мебошанд. Масалан, дар кишвари мо соҳибкор барои ба манзили ғайриистиқоматӣ интиқол додани бинои истиқоматӣ бояд иҷозати алоҳида гирад. Ҳол он ки ба шуъбаҳои давлатӣ дар ин бора хабар додан кифоя аст.

Ба ҳамин тарз, барои субъектҳои соҳаҳои риэлторӣ, аудиторӣ, идоракунии судӣ ва дигар фаъолиятҳо суғуртаи масъулият ё худтанзимкуниро ҷорӣ кардан мумкин.

Ба ин муносибат ба вазоратҳои адлия, оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва Агентии идоракунии активҳои давлатӣ супурда шуд, ки дар давоми ду моҳ усулҳои муқобили танзими фаъолияти соҳибкориро ҷорӣ кунанд.

Роҳбари давлат инчунин зарурати аз нав дида баромадани тартиб ва мӯҳлати додани литсензия ва иҷозатномаҳоро қайд кард.

Ба Вазорати адлия супурда шуд, ки дар муддати як моҳ шартҳои додани литсензия ва иҷозатномаҳо, миқдори пардохтҳоро омӯхта, шартҳои онҳоро дақиқ муайян намояд.

Ба ғайр аз ин, ҳолатҳои ҷудогонае ҳастанд, ки соҳибкор ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани иҷозатнома муддати тӯлонӣ ҷамъ меорад, аммо дар натиҷа бо сабабҳои ночиз баррасии ариза рад карда мешавад.

Дар ҷамъомад Шавкат Мирзиёев зарурати ба раванди иҷозатномадиҳӣ пурра ҷорӣ намудани технологияҳои замонавиро қайд кард.

То ҳол 79 фоизи литсензияҳо ва 80 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар шакли коғаз дода мешаванд. Соли 2014 маҷмӯи низоми иттилоотии “Литсензия” ба истифода дода шуд, аммо дар айни замон ин портал ба дараҷаи бояду шояд фаъолият нишон намедиҳад. Соли гузашта беш аз 4 ҳазор литсензия бе риояи тамоюли «равзанаи ягона» дода шудааст.

Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Вазорати адлия супориш дода шуд, ки то 1 августи соли ҷорӣ системаи ягонаи электронии пурра автоматиконидашударо, ки тамоми равандҳои марбут ба литсензиядиҳиро дар бар мегирад, ба кор дарорад.

Роҳбари давлат инчунин зарурати ҷорӣ кардани низоми нави шаффофи мониторинги пас аз иҷозатномадиҳиро зикр намуд. Масалан, мақомоти назорати оташнишонӣ бояд фаъолияти субъектҳои ба насби таҷҳизоти оташнишонӣ машғулро назорат кунанд, аммо дар амал чунин система вуҷуд надорад.

Зарурати ба роҳ мондани низоми автоматиконидашудаи таҳлили хавфҳо ва назорати фосилавӣ бинобар тамоми намудҳои фаъолият, ки бояд литсензия гиранд, қайд шуд.

Президент таъкид намуд, ки ҷорӣ намудани системаи назорати ҷамъиятӣ барои пешгирии коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои мухталиф дар ин соҳа тақозо мегардад.

Шахсони масъул дар бораи корҳое, ки дар самтҳои мазкур амалӣ мегарданд, ҳисобот дода, инчунин дар қисмати соҳаҳо дар бораи намудҳои литсензия ва иҷозатномаҳое, ки бекор карданашон мувофиқи мақсад мебошанд, маълумот доданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 874