×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:38:43 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


15 - fevral 2020

Оид ба ташкили самарабахши кластерҳои меваю сабзавот вазифаҳо муайян шудаанд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 феврали соли 2020 оид ба масъалаҳои ташкили самарабахши фаъолияти кластерҳои меваю сабзавот, такмил додани фаъолияти кластерҳои пахтакорӣ, зина ба зина даст кашидан аз низоми тайёркунии пахта ва ғалла барои эҳтиёҷоти давлатӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Кишоварзӣ барои рушди иқтисодиёт, таъмини шуғл ва афзоиши даромади аҳолӣ соҳаи бениҳоят муҳим мебошад. Вобаста ба ин, оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ тибқи талаботи имрӯз, дар асоси муносибати стратегӣ чораҳо андешида мешаванд.

Бо Фармони сарвари давлат аз 23 октябри соли 2019 Стратегияи рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 қабул шуда буд. Самтҳои мушаххаси трансформатсияи соҳаи кишоварзӣ дар Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис муайян шуданд.

То соли 2025 ба 100 миллиард доллар расондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, ҳаҷми содирот ба 30 миллиард доллар — ба нақша гирифта шудааст. Барои ноил шудан ба ин нишондиҳандаҳо дар соҳаи кишоварзӣ захираву имкониятҳои калон мавҷуданд.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани содироти меваю сабзавот, робитаи байни истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон дар боғдорӣ ва ангурпарварӣ системаи кластер ҷорӣ карда мешавад. Тамоми шароити зарурии ташкилӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори сарвари давлат аз 11 декабри соли 2019 муҳайё карда шудааст.

Дар видеоконфронс вазифаҳои устувор оид ба ташкили самараноки кори кластерҳои меваю сабзавот ва ангурпарварӣ баррасӣ шуданд.

Қайд гардид, ки танзими дурусти муносибатҳои шартномавӣ дар соҳа, муайянсозии мушаххаси ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти тайёркунандагон, азнавкоркунандагон ва содиркунандагони маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Оид ба ҷойгиркунии зироатҳои ба содирот нигаронидашуда дар асоси пешниҳоди кластерҳо, таъмини онҳо бо тухмии зарурӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ супоришот дода шуданд. Муайян карда шуд, ки муовинони якуми ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо барои ташкили самараноки фаъолияти кластер дар маҳалҳо шахсан масъул мебошанд.

Барои таъмин намудани кластерҳои меваю сабзавот бо маблағҳои гардон ва маблағгузории саривақтии лоиҳаҳои онҳо яке аз муовинони роҳбарони Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ масъул хоҳад гардид.

– Ҳадафи асосии ташкили кластерҳо зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад. Барои ин бошад, бояд бозорҳои навро ҷустуҷӯ кард. Бе бозор содирот ҳам намешавад ва низоми кластер кор нахоҳад кард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки пайваста талаботро дар хориҷи кишвар омӯзем, аз имконот самаранок истифода барем ва афзоиши устувори содиротро таъмин намоем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба ширкати «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» супурда шуд, ки бо ҳар як содироти созмондодашаванда дар алоҳидагӣ кор кунад, шартномаҳои содиротиро амиқ таҳлил намояд ва ба имзо расондани созишномаҳои иловагӣ бо назардошти ҷудо гардидани маблағҳои гардон кӯмак расонад.

Дар ҷамъомад ҳокимони вилоятҳо дар бораи нақшаҳои кор оиди ташкили кластерҳои меваю сабзавот, парвариш ва азнавкоркарди маҳсулоти дар бозор серхаридор, афзоиши содирот ва васеъ кардани ҷуғрофияи он ҳисобот доданд.

Инчунин масоили такмил додани кластерҳои пахтакорӣ, зина ба зина даст кашидан аз низоми тайёркунии пахта ва ғалла барои эҳтиёҷоти давлатӣ баррасӣ шуданд.

Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис зарурати зина ба зина гузаштан ба системаи хариди пахта ва ғалларо дар асоси тамоюлҳои бозор таъкид намуд.

Ҳамчун қадами аввал дар ин самт, нархи нони қолабӣ, орд, гандум, тухмии пахта ва равғани пахта озод гардонда шуд. Ба туфайли омодагии дақиқ ҷаҳиши якбораи нархҳо рух надод.

Бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба бекор кардани фармоиши давлатӣ ба пахта ва ғалла чораҳои дахлдор таҳия шуданд.

– Имсол мо дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти калонро оғоз менамоем. Ҳокимон бояд ин масъаларо муфассалан омӯзанд. Акнун ба қафо роҳ нест. Агар мо соҳаи кишоварзиро либерализатсия накунем, манфиатдориро баланд набардорем, пас мо ба рушди иқтисодӣ ва самаранокӣ ноил нахоҳем шуд, — гуфт Президент.

Дар ҷамъомад масъалаҳои баланд бардоштани натиҷабахшӣ ва дастгирии молиявии кластер аз ҳар ҷиҳат баррасӣ гардид.

Ба вазоратҳои адлия ва хоҷагии қишлоқ ба тартиб овардани кори кластер ва ҳамзамон мушаххассозии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо супурда шуд.

Бояд таъкид кард, ки низоми ҷории рӯёндани пахта дар байни фермерон ва кластерҳо боиси бисёр масъалаҳои молики хусусияти молиявӣ мегардад. Он, аз як ҷониб, норасоии маблағ барои азнавкоркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр бошад, аз ҷониби дигар имконоти ҳисобу китобро бо хоҷагиҳои фермерӣ барои ашёи хоми таҳиянамуда маҳдуд мегардонад.

Бинобар ин ногузирии такомули низоми таъмини молиявии кластерҳо, татбиқ намудани бо кредит таъмин намудани истеҳсолот ва азнавкоркарди маҳсулотро дар кластерҳо чун намуди алоҳидаи фаъолият таъкид гардид.

Муайян карда шуд, ки дар маҳалҳое, ки кластерҳои пахтаву бофандагӣ ташкил нагаштааст, кооператсияи фермерӣ дар пойгоҳи корхонаҳои пахтатозакунӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Барои мисол, чунин таҷриба дар Туркия нафъ бахшид. Махсусияти муҳими ин низом дар он аст, ки фермерҳо нафақат дар фурӯши ашёи хоми пахта манфиатдор мегарданд, балки аз маҳсулоте низ, ки аз азнавкоркарди он (нах, тухмӣ, кунҷола, шелуха) ба даст меояд, манфиатдоранд.

Гузашта аз ин рақобат байни истеҳсолгарони пахта ташаккул меёбад. Аз рақобати байни кластер ва кооперативҳо фермерон, яъне деҳқонон – соҳибони замин нафъ мебинанд.

Бекор намудани фармоиши давлатӣ ҳангоми таҳияи пахта ва ғалладона ба решакан намудани мусобиқа барои иҷрои нақша бурда мерасонад. Минбаъд ҳокимон якҷоя бо шӯроҳои депутатҳои халқ иҷрои босамари заминҳои кишт ва дуруст ҷойгир намудани полизро назорат хоҳанд кард. Онҳо низ барои беҳсозии инфрасохтори хоҷагии қишлоқ, таъмири шабакаҳои обёрӣ, татбиқи технологияи сарфакунандаи об, оқилона истифода намудани маблағ ва субсиде, ки барои ин мақсадҳо ҷудо мегарданд, масъул хоҳанд буд. Чорабиниҳоро дар заминаи мадад ба деҳқонон дар ҷиҳати хидматрасонӣ, мубориза бар зидди зараркунандаҳо, баланд бардоштани дараҷаи механизатсияи ҷамъоварии пахта меандешанд.

Дар ҷамъомади видеоселектор инчунин ба масъалаи ба вуҷуд овардани захираи ғалладона эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Таъкид гардид, ки гузариш аз фурӯши ҳатмии ғалладона барои зарурати давлат ба низоми захираи давлатӣ такмил дода шуда, ба фермерон ҳуқуқи озод фурӯхтани ғалладона пешкаш мегардад. Азбаски масъалаи мазкур бо бехатарии озуқаворӣ алоқаманд аст, сарфи назар намудани фурӯши ҳатмии ғалладона ба давлат ба нақша гирифта шудааст, ки он дар ду марҳала татбиқ гардад.

Соли ҷорӣ ҳаҷми хариди ғалладона барои эҳтиёҷи давлат кам карда мешавад, яъне дар ихтиёри фермерҳо барилова беш аз 1 миллион тонна ғалладона боқӣ мемонад. Аз соли 2021 бошад, нақшаи фурӯши ғалладона ба давлат пурра бекор карда шуда, маҳсулот бо нархи бозорӣ фурӯхта мешавад.

Президент ба аҳамияти ин бозсозиҳо ишора намуд ва супоришҳои дахлдор дод.

Дар ҷараёни муколама бо роҳбарони кластер тавассути видеоконфронс ба масъалаи рушди парвариши лимӯ диққати махсус дода шуд. Роҳбари давлат қайд кард, ки ин соҳа даромаднок аст ва оид ба ташкили лимонария дар минтақаҳо тавсияҳо дод. Муайян карда шуд, ки барои ин мақсадҳо аз ҷониби бонки саҳҳомию тиҷоратии «Туронбонк» 100 миллион доллар вом ҷудо карда хоҳад шуд.

Ба масъалаҳои ҷудо намудани замин эътибори алоҳида нигаронда шуд. Ба ногузирии решакан намудани ҳолатҳои ғайриқонунии азхуд намудани заминҳои обёришаванда, истифодаи ҳар як ваҷаб замин ба манфиати мардум ишора гардид. Бинобар ин вазифаҳо доир ба пурзӯр намудани масъулияти шахсони соҳибвазифа дар маҳалҳо муайян карда шуд.

Роҳбарони соҳа, минтақаҳо ва ҷанбаъҳо дар бораи масъалаҳое, ки дар ҷамъомад муҳокима гардиданд, маълумот пешниҳод намуданд.


ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 1751