×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:32:45 (GMT +5), chorshanba, 5 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


7 - fevral 2020

Хилват бихоҳу дар анҷуман бош...

Ба муносибати солгарди зодрӯзи Мир Алишери Навоӣ

Ғояҳои олии ватанпарварӣ, тарбияву ташаккули инсони комил, адолатпарварию додгустарии иҷтимоӣ, фарохдиливу саховатпешагӣ муҳтавои осори Низомиддин Мир Алишери Навоиро ташкил медиҳад. Мутафаккир тӯли кору фаъолияти худ дар роҳи ривоҷу равнақи Ватан, ҷорикунии адолати иҷтимоӣ, накӯкориву саховатмандӣ дар ҷомеа саъю кӯшиши зиёд ба харҷ додааст.

Алишер Навоӣ замоне умр ба сар бурдааст, ки таълимоти тасаввуф, тариқатҳои гуногун мавқеи устувор доштанд. Бинобар гуфти ҳакимон тасаввуф илмест, ки тавассути он солики ба роҳи тариқат дохилшуда манзилҳои нафсониро паси сар намуда, аз тамоми хоҳишу лаззоти дунёвӣ даст мекашад ва дар роҳи расидан ба Ҳақ аз алоиқи дунё дур мешавад. Алишери Навоӣ низ чун пешвову устоди худ Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ пайраву мӯътақиди тариқати нақшбандия ба шумор мерафт. Дар назари Навоӣ тасаввуф ин натанҳо зӯҳду тақвову тоат аст, балки моҳиятан маърифати Ҳақ субҳона ва таъоло, худшиносиву худогоҳист. Зӯҳду тақво ва тоати рӯякӣ на беш аз риёкорӣ аст. Барои тақвияти фикри хеш шоир байти зеринро меорад:

Тасаввуф эмас, зӯҳду тақвою тоат,

Ки андар риё йӯл топар бетаваққуф.

Яъне, тасаввуф зӯҳду тақвою тоат нест, агар ин аст, ба он риё роҳ хоҳад ёфт.

Маърифатуллоҳ шинохтану донистани зоти поки Ҳақ субҳона ва таъоло тавассути донишҳои ҳиссӣ, рӯҳӣ ва қалбист. Дониши қалбиро донишмандон илми ботинӣ низ гуфтаанд, ки он хоси пирони тасаввуф мебошад. Тасаввуф аз назари мутафаккир парҳезгориву тақвои бо нияти холис амалигашта, на амали баҳри фиреби мардум иҷрошуда мебошад. Мақсади асосии пайрави роҳи тариқат – расидан ба васли Ҳақ, маҳвсозии вуҷуди хеш дар вуҷуди Офаридгор аст, мегӯяд шоир ва барои исботи фикри худ байти зерро меорад:

Қилиб Ҳақ вужудида маҳв ӯз вужудин,

Навоий, муни бил тариқи тасаввуф.

Яъне, вуҷуди худро дар вуҷуди Ҳақ маҳв намудан, ин аст, эй Навоӣ тариқи тасаввуф.

Аллома дар зиндагӣ ва эҷодиёти худ ба чор рукни асосии тариқати нақшбандия – «Ҳуш дар дам», «Назар дар қадам», «Сафар дар ватан» ва «Хилват дар анҷуман» риоя кардаасту асарҳои безаволашро такя ба ин рукнҳо эҷод кардааст. Дар ин ҷо андаке тавзеҳот додан ба чор рукни болоӣ мувофиқи матлаб мебуд: «Ҳуш дар дам» – яъне ҳангоми нафас кашидану баровардан ва ҳатто байни ҳамин ду ҳолат ҳамеша ҳушёру огоҳ будан, «Назар дар қадам» – он аст, ки пайрави тариқат чашми зоҳири худро аз қадами хеш ва чашми ботинро аз мушоҳидаи Ҳақ субҳона ва таъоло нагирад, «Сафар дар ватан» – он аст, ки солик (пайрави тариқат) дар боли тафаккуру тахайюл, яъне фикран тамоми гетиро давр зада барояд. Яъне, дар ҷойи худ нишаста фикран сафари дунё кардан.

Дар ин бора пиру муршиди тариқати нақшбандия Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрори Валӣ чунин гуфтааст:

Ё раб, чи хуш аст бе даҳон хандидан,

Бе воситаи чашм ҷаҳонро дидан.

Биншину сафар бикун, бағоят хуб аст,

Бе заҳмати по гирди ҷаҳон гардидан.

«Хилват дар анҷуман» – ҷисман дар байни ҷамоат ва фикран дар ёди Ҳақ субҳона ва таъоло будан аст. Аз Ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд қаддасасу сирраҳу тавзеҳи ин рукнро пурсиданд. Ҳазрат дар ҷавоб гуфт: «Шарҳи хилват дар анҷуман он аст, ки ба зоҳир бо халқ ва дар ботин бо Ҳақ будан аст». Барои тақвияти фикри хеш Ҳазрати Баҳоуддин байти зеринро овардааст:

Аз дарун ошнову в-аз берун бегонаваш,

Инчунин зеборавиш кам мебувад андар ҷаҳон.

Яъне ботинан бо Ҳақ дар иртибот бошу ба зоҳир дар ҷамоат бош, ки роҳе зеботар аз ин вуҷуд надорад.

Дар тасаввуф хилват яке аз масоили муҳимтарини тариқат дар роҳи расидан ба ҳақиқат мебошад. Зеро дар танҳоӣ, дар хилвату узлат аз ҷомеа, пайрави тариқат бештар оиди васли Аллоҳ фикр мекунад. Фикран ва ҷисман ӯ ба Офаридгор қаробат пайдо мекунад. Солик роҳи қаробатро ба Ҳақ интихоб карда, бо вуҷуди дар анҷуман – байни ҷомеа будан, қалбан ва фикран дар хилват ба ёди Ҳақ буда метавонад.

Алишери Навоӣ рукни мазкурро мазмуни нав бахшида, таъкид мекунад, ки шахси ба сӯйи камолот сайъкунанда дар зоҳир ҳарчанд бо мардум дар ҷомеа арзи вуҷуд менамояд, ботинан бо ёди Ҳақ субҳона ва таъоло мебошад. Яъне ҷӯяндаи ҳақиқат бо хоҳиши расидан ба дидори Парвардигори худ мебошад, гӯён барои исботи фикри худ байти зеринро меорад:

Мусофир бӯл, аммо Ватан ичра бӯл,

Тила хилвату анжуман ичра бӯл.

Мазмуни байт:

Мусофир шав, валек дар Ватан бош,

Толиби хилват бошу дар анҷуман бош.

Дар ҳама замону даврон мутафаккирону донишмандон ҷавонмардӣ, саховат, меҳру мурувват, ҳалоливу покӣ, хоксориву накӯкориро аз сифатҳои асосии инсони комил ҳисобидаанд. Бинобар фаҳмиши Навоӣ, агар инсон чизи дӯстдоштаву писандидаашро барои дигарон раво бинад, нишонаи меҳру шафқат ва мурувват аст, некии худро ба мардум миннат накардан нишонаи футувват, яъне ҷавонмардӣ мебошад. Барои тасдиқи фикри худ шоир байти зеринро меорад:

Мурувват барча бермишдир, емиш йӯқ,

Футувват барча қилмишдир, демак йӯқ.

Мазмуни байт:

Мурувват ҳама додан аст, хӯрдан нест,

Футувват ҳама кирдор аст, гуфтор нест.

Аз нигоҳи мутафаккир тамаъкорӣ иллатест, ки сабабгори пасттинатӣ, дурӯғгӯйӣ, қаллобӣ, ҷаҳолату разолат, ба ботлоқи қашшоқиву муфлисӣ фурӯ рафтани инсон аст:

Дилни хор айлаган тамаъ билғил,

Доим азза ман қаноат билғил.

Мазмуни байт:

Тамаъ дилро бисозад хор доим,

Қаноатро бидон аз ҳар чӣ авло.

Ҳамин маъниро шоири форс-тоҷик Абӯшакури Балхӣ чунин баён карда буд:

Сари тамаъ бибур, гар марди мардӣ,

Ки тамаъ орад ба рӯйи мард зардӣ.

Ба қавли шоир инсофу диёнат, ҳалолкорӣ ва меҳру шафқат калидест ба олами камолоти маънавӣ. Бинобар фикри мутафаккир, ободиву равнақи Ватан, ояндаи дурахшони он, маъмуриву фаровонии ҳаёти мардум ба худшиносиву ташаккули инсони комил, инкишофи илму маърифат, хоксориву фурӯтании аъзои ҷомеа вобаста аст ва барои тасдиқи фикраш байти зеринро меорад:

Киши айбинг деса, дам урмағилки,

ул эрур эзгу,

Чу кӯзгу тира бӯлди,

ӯзга айбинг зоҳир айларму?

Мазмуни байт:

Гӯяд касе айби ту,

сар макаш к-ин накӯст,

Чу оина тира гашт,

магар намояд айби дигари ту?

Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки мавзӯи ташаккулу тарбияи инсони комил, фазилатҳои неки инсонӣ сар то пойи эҷодиёти шоирро фаро гирифтааст.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 1199