×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:30:45 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - yanvar 2020

Хабари мухтасар дар бораи ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

21 январи соли 2020 дар Тошканд ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар он аъзои ҳукумат, роҳбарони мақомоти марказӣ, намояндагони васоити ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Ҷамъомадро Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Н. Исмоилов ҳусни оғоз бахшид.

Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.

Депутатҳо ва сенаторон дар ҷамъомад котиботи муваққатиро барои ҷаласаи муштарак ва гурӯҳи назоратӣ оид ба истифодаи системаи электронӣ интихоб ва рӯзномаи онро тасдиқ карданд.

Дар ҷамъомади муштарак Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ кард.

Роҳбари давлати мо эътиборро ба вазифаҳои афзалиятноки татбиқи дигаргунсозиҳои сохторӣ дар иқтисодиёт, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ, рушди минбаъдаи кишвари мо ҷалб кард. Вай дар ин самт пешниҳодҳои муҳимро пеш гузошта, доир ба вазифаҳои муҳиме, ки барои татбиқи онҳо дар назди ҳайати нави тасдиқшудаи ҳукумат қарор доранд, истода гузашт.

Зарурати ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои судманди байни шохаҳои қонунгузорӣ ва иҷроия, минбаъд баланд бардоштани ҳисоботи роҳбарони мақомоти иҷроия ба палатаҳои Олий Маҷлис таъкид гардид.

Сипас, номзадии Сарвазир, инчунин барномаи фаъолияти Девони Вазирон барои ояндаи наздик ва дарозмуддат баррасӣ шуд.

Тибқи моддаи 98-уми Конститутсияи кишвари мо номзади Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ҳизби сиёсие, ки шумораи зиёдтари ҷойҳоро дар Палатаи қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овардааст, ё якчанд ҳизбҳои сиёсӣ, ки шумораи зиёдтарини баробари ҷойҳоро ба даст овардаанд, пешниҳод карда мешавад.

Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дар интихобот 53 ҷой гирифт. Дар ҷамъомади Шӯрои сиёсии ҳизб, ки ба қарибӣ баргузор гардид, номзадии мансаби Сарвазир баррасӣ ва ба Президент пешниҳод карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев номзадии Абдулла Ариповро ба Олий Маҷлис ба мансаби Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кард.

Дар ҷамъомади муштарак Абдулла Арипов оид ба барномаи ҳаракати Девони Вазирон барои давраи наздик ва дарозмуддат баромад кард.

Маърӯзачиён, ки дар маҷлис баромад карданд, самтҳои афзалиятноки дар маърӯзаи Президенти мамлакат баёнгардидаро изҳор намуда, номзадии ба вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳодшударо тасдиқ карданд.

Палатаҳои Олий Маҷлис дар бораи тасдиқи Абдулла Арипов ба вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор қабул карданд.

Бо ҳамин ҷамъомади муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро ба анҷом расонд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 1002