×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:27:30 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


21 - yanvar 2020

Хабари мухтасар дар бораи ҷамъомади якуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар Тошканд 20 январи соли 2020 ҷамъомади якуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.

Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Дар ҷамъомад роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.

Мувофиқи Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси Комиссияи марказии интихоботӣ М.Абдусаломов ҷамъомадро кушода эълон кард.

Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.

Дар ҷаъомад таъкид гардид, ки ташаккул додани Сенат дар асоси тамоюлҳои демократии рӯшод ва транспарентӣ, мувофиқати пурра ба талаботи қонунгузории миллии интихоботӣ гузашт.

Дар ҷамъомадҳои муштараки депутатҳои Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои маҳаллӣ оид ба интихоби аъзои Сенат 84 сенатор интихоб гардид. 13 нафар аъзои Сенат аз ҷониби Президенти мамлакатамон таъин шуданд.

Қайд гардид, ки Сенат аз сафи шаҳрвандони соҳибобрӯ, ки дар соҳаи илм, санъат, адабиёт, истеҳсолот ва дигар соҳаҳои фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ таҷрибаи ғанӣ ва хидматҳои алоҳида доранд, ташаккул ёфт.

Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.

Сарвари давлатамон аъзои таркиби нави Сенатро бо он ки онҳо ба чунин мақоми баланд сазовор шуданд, самимона муборакбод намуд.

Президент дар бораи масъалаҳое, ки дар назди Палатаи болоии парлумони мамлакат қарор доранд, сухан ронда, таъкид намуд, ки Сенат бояд нақшаи фаъолияташро бо назардошти мушкилоти ҳудудӣ таҳия намуда, ҳамкориро бо шӯроҳои маҳаллӣ пурзӯр гардонда, корро оид ба расондани ёрии амалӣ ва услубӣ дар фаъолияти онҳо ҷоннок гардонад.

Қайд гардид, ки дар маркази эътибори сенаторон бояд ҳамеша масъалаҳои марбут ба баррасии лоиҳаи Буҷаи давлатӣ ва амалӣ гардондани назорати парлумонии иҷрои он, баррасии мунтазами ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, ҳокимон дар бораи дар мамлакат татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёс, инчунин масъалаҳои ҷавонон ва таълим қарор гиранд.

Инчунин таъкид гардид, ки Палатаи болоии Олий Маҷлис бояд дар ҷараёни дар мамлакат созмон додани муборизаи пуршиддат бар зидди коррупсия ва умуман ҷинояткорӣ ва барвақт пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, пурзӯр гардондани назорати кори мақомоти давлатӣ дар соҳаи баланд бардоштани нақши занон дар ҷамъият бояд фаъол бошанд. Баланд бардоштани имиҷи Ӯзбекистон, рушди равобити байналхалқӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ инчунин аз вазифаҳои муҳими Сенат боқӣ мемонанд.

Иштирокдорони ҷамъомад масъалаҳои ба ташкили фаъолияти Палатаи болоии Олий Маҷлис алоқамандро баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мувофиқи моддаи 93-юми Конститутсияи мамлакат ба вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлис ва муовинони ӯ номзадҳоро пешниҳод намуд.

Аъзои палатаҳо бо роҳи овоздиҳии пӯшида ба вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоеваро интихоб намуданд.

Ба вазифаи муовини аввали Раиси Сенат бо роҳи овоздиҳии пӯшида Содиқ Сафоев интихоб гардид.

Мувофиқи моддаи 86-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз муовинони Раиси Сенат намояндаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мебошад. Мувофиқи меъёри мазкур ба вазифаи муовини Раиси Сенат бо роҳи овоздиҳии пӯшида Муса Ерниязов интихоб гардид.

Ба вазифаи муовини Раиси Сенат бо роҳи овоздиҳии пӯшида Зайниддин Низомхӯҷаев интихоб гардид.

Дар рафти ҷамъомад аз ҷониби сенаторон кумитаҳои Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналхалқӣ, равобити иқтисоди хориҷӣ, сармояҳои хориҷӣ ва сайёҳӣ, оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ, оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бар зидди коррупсия, оид ба масъалаҳои мудофиа ва бехатарӣ, оид ба масъалаҳои илм, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ, оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиш, оид ба масъалаҳои аграрӣ, хоҷагии об ва экология, инчунин Комиссияи оид ба регламент ва этика таъсис дода шуданд.

Раисон, муовинони раисон ва аъзои ҳар як кумита ва комиссия интихоб шуданд.

Аз рӯи тамоми масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.

Изҳороти Сарвазир дар бораи ба истеъфо рафтани Девони Вазирон дар назди Олий Маҷлиси навинтихобшуда шунида шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

Бо ҳамин ҷамъомади якуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро ба охир расонд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 917