×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:07:15 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


21 - yanvar 2020

Маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади нахустини Сенати Олий Маҷлис

Муҳтарам аъзои Сенат!

Дӯстони азиз!

Шуморо бо ғалаба дар интихобот ва дарёфти мақоми баланди сенаторӣ самимона, аз таҳти дил муборакбод менамоям.

Аз имконияти имрӯза истифода бурда, мехоҳам аз номи ҳамаамон ба ҳайати собиқи Палатаи болоии Олий Маҷлис миннатдорӣ баён кунам.

Бешубҳа, шумо хуб дарк менамоед, ки аъзои мақомоти олии ҳокимияти намояндагӣ будан нафақат шарафи бузург, балки масъулияти бузург ҳам мебошад.

Сенатор – ин пеш аз ҳама шахсиятест, ки сазовори эътимоди халқ ва давлат шудааст, дорои донишҳои амиқ, таҷрибаи ғании ҳаётӣ мебошад, фидокорона кор мекунад, ташаббускор аст, тақдири худро ба тақдири халқаш алоқаманд медонад. Дар шахси шумо мо маҳз шахсиятҳоеро мебинем, ки барояшон манфиати Ватан аз ҳама воло аст.

Бояд қайд кард, ки ҳайати нави Сенат дараҷаи комилан баланди касбӣ дорад. Аз миқдори умумии сенаторон 20 нафар иқтисоддон, 19 нафар муҳандис, 13 нафар омӯзгор, 7 нафар ҳуқуқшинос, 6 нафар кормандони соҳаи тиб, 50 нафар агроном, 4 нафар журналист, ҳамчунин 12 нафар намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Он чиз ба таъкид кардан арзанда аст, ки дар байни онҳо 16 нафар доктор ва 12 нафар номзадҳои илм ҳастанд. Дар ин маврид 25 фоизи аъзои Сенат занон мебошанд, ки бозгӯи муносибат ва анъанаҳои нав дар ташкил кардани фаъолияти палатаи болоӣ аст.

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомади умумӣ!

Се соли охир, ҳангоме ки Ӯзбекистони азизи мо ба даврони нави рушди худ дохил шуд, барои Сенат низ давраи дигаргуниҳои куллӣ гардид. Сенат тақрибан 230 қонунро баррасӣ намуд, ки тӯли се соли охир 190 адади онҳо маъқул дониста шуданд, ин шаҳодати кори васеъмиқёс аст. Бояд гуфт, ки тағйироти мусбат нафақат ба миқдор, балки ба сифати қонунҳо ҳам дахл карданд.

Вобаста ба ин мехоҳам ташаббусҳои муҳимеро, ки кумитаҳои Сенат пешниҳод намуданду онҳо сабаби ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои рӯзмарра гардиданд, қайд намоям. Чунончи, пешниҳодҳои Кумитаи оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии бозори суғурта нигаронида шудаанд, дар як қатор қарорҳои муҳим бобати такмил додани соҳа инъикоси худро пайдо карданд.

Бо назардошти таклифҳои ҷомеаи васеъ аз ҷониби Кумитаи оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиш ташаббусҳои муҳим пешниҳод шуданд. Ҳоли ҳозир дар пояи қарорҳои қабулгардида корҳои амалӣ бинобар ба танзим овардани тӯйҳо ва дигар маъракаҳои оилавӣ татбиқ мешаванд. Аз ҳама муҳимаш ташаббуси мазкур аз ҷониби ҷамъияти мо дастгирӣ карда мешавад.

Ғайр аз ин дар Сенат таҷрибаи шунидани маълумоти вазирони корҳои дохилӣ ва корҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Бобати ташкил кардани назорати парлумонӣ ҷорӣ гардидани тартиби шунидани ҳисоботи ҳокимони вилоятҳо дар ҷамъомадҳои умумии Сенатро метавон комёбии азим ҳисобид.

Ҳамчунон дар Сенат 25 гурӯҳи байнипорлумонӣ ва 2 комиссиякор мебаранд, ки инъикоскунандаи вусъатёбии ҳамкориҳои байналхалқии байнипорлумонӣ буда, ба эҳтиром ва эътимоди тарафайн такя мекунанд.

Сенаторони муҳтарам!

Фикр мекунам, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Палатаи болоӣ моро лозим аст вазифаҳои муҳими зеринро дар пешомади наздиктарин ва дарозмуҳлат ҳаллу фасл намоем.

Якум, моро лозим аст, ки низоми самарабахши ҳаллу фасли мушкилоти ташвишовари аҳолиро созмон диҳем.

Се сол муқаддам таҷрибаи аз ҷониби сенаторон омӯхтани ҳолати корҳо дар минтақаҳо бо сафар дар ҷойҳо ва минбаъд баррасии мушкилоти ошкоршуда дар Шӯроҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шуда буд. Вале ҳоло наметавон гуфт, ки аз ин кор натиҷаҳои чашмдошт ба даст омаданд. Дар маҳалҳо бисёр мушкилоти ҳаллу фаслнашуда боқӣ мондаанд. Чунончи, дар соҳаи сохтмони роҳ: аз 184 ҳазор километр роҳҳои автомобилгарди мавҷуда 70 ҳазор километр, яъне 38 фоизи онҳо ба таҷдиду тармим эҳтиёҷ доранд.

Агар дар бораи соҳаи коммуналӣ сухан ронем, мебинем, ки дар ин ҷо низ мушкилот зиёданд, онҳо аксаран боиси норозигии шаҳрвандон мегарданд. Чунончи, 25 фоизи 633 дегхонаҳои мавҷуда, ҳамчунин 75 фоизи 4 ҳазор километр шабакаҳои таъминоти гармӣ корношоям мебошанд.

Таъминот бо оби ошомидании марказонидашуда дар мамлакат танҳо 68 фоизро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Сурхондарё ва Хоразм ин нишондиҳанда 60 фоиз аст.

Агар дар бораи соҳаи шаҳрсозӣ сухан ронем, бояд гуфт, ки аз 1200 нуқтаи аҳолинишини мамлакат танҳо 232 ададашон, ё худ 19 фоиз дурнамои генералӣ доранд. Низоми нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ боз ба 13 ҳазор шифокорони амалиёти умумӣ ва мутахассисони соҳаҳои алоҳида эҳтиёҷ дорад.

Дар соли хониши 2019-2020-ум ба мактабҳои таълими ҳамагонӣ беш аз 2700 кадрҳои педагогӣ намерасанд, муҷаҳҳазии мактабҳо бо таҷҳизоти зарурӣ 79 фоизро ташкил медиҳад. Баробари ин дар 3 ҳазор мактаб оби ошомиданӣ кашонда оварда мешавад, дар 261 мактаб умуман таъминоти об мавҷуд нест.

Дараҷаи бекорӣ дар байни аҳолии дорои қобилияти корӣ 8,9 фоиз, дар байни занон 12,5 фоизро ташкил медиҳад. Барои бо кор таъмин кардани ҷавонон дар мамлакат 2400 бозори ҷойҳои корӣ гузаронида шуданд. Бо вуҷуди ин, танҳо қисми ками ҷавононе, ки дар ҷустуҷӯи кор мебошанд, бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Бешубҳа, аз ҳеҷ кас пӯшида нест, ки чунин мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ барои он зиёд аст, ки тӯли солҳои дароз бо мардум мулоқотҳои бевосита гузаронида нашуданд, бобати ҳамаҷониба омӯхтан ва ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷиддӣ чорае андешида нашуд. Фикр мекунам, ба ҳамаи шумо хуб маълум аст, ки бинобар масъалаҳои мазкур мо як қатор барномаҳои муҳим қабул кардем ва дар асоси онҳо корҳои васеъмиқёсро амалӣ менамоем. Барои куллан аз байн бардоштани мушкилоти зикршуда, бешубҳа, вақт, маблағҳои зиёд ва имкониятҳои зарурӣ лозим мебошанд. Тавре ки шумо медонед, алҳол фаъолияти мақомоти иҷроия дар марказ ва маҳалҳо куллан ба ҳаллу фасли маҳз масъалаҳои номбурда нигаронида шудаанд.

Хуб мебуд, агар сенаторони мо ташаббускорӣ зоҳир кунанд ва дар ин бобат таклифҳои дахлдор пешниҳод намоянд. Ба ҳар як кумитаи Сенат лозим аст, ки нақшаи фаъолияти худро бо назардошти мушкилоти ҳудудҳо ва минтақаҳои мамлакат ташаккул диҳад.

Аз ҷониби Сенат татбиқ намудани мониторинги комёбиҳои индикаторҳо, ки Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид муайян кардааст, бахусус муҳим мебошад. Зеро ҳаллу фасли тамоми мушкилоти дар боло зикршуда бо муваффақияти ин ҳадафҳои асосӣ бевосита алоқаманд мебошанд.

Ҳамзамон бинобар натиҷаи омӯхтани ҳолати корҳо дар маҳалҳо бояд ҷамъомадҳои сайёри Шӯро ва кумитаҳои Сенат бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо гузаронида шаванд. Ин таҷриба имкон медиҳад мушкилоти ҷиддии аҳолӣ зуд ҳаллу фасл гарданд.

Дуюм, давраи кунунии ислоҳот дар назди Ҳукумат, тамоми вазорат ва идораҳо ва ҳокимиятҳо талаботи қатъӣ мегузорад. Онҳо дар қонун, фармон ва қарорҳои Президент, барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ инъикос ёфтаанд.

Бинобар ҳамин ҳам роҳбарони вазорату идораҳо бояд зуд-зуд ба минтақаҳо сафар кунанд ва баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳалҳо чораҳои дахлдор андешанд. Вале иҷрои онҳоро кӣ таъмин мекунад? Бешубҳа, ташаббус бояд, пеш аз ҳама аз ҷониби сенаторон, ки халқ ба онҳо эътимод зоҳир кардааст, сар занад ва онҳо бояд ин масъулиятро ба зиммаи худ бигиранд.

Аз ин нуқтаи назар Сенат бояд ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, ҳокимонро оид ба иҷрои чораҳои пешбинишуда мунтазам баррасӣ ва муҳокима кунанд. Вале бояд ҳаргиз ба ҳисобот барои ҳисобот роҳ дода нашавад. Пас аз муҳокимаи онҳо бояд тағйироти мушаххас дар соҳаҳо ё худ минтақаҳо ба амал оянд.

Фикр мекунам, замоне фаро расид, ки Сенат бояд қарорҳои қатъӣ қабул кунад ва дар назди Ҳукумат масъалаи ба вазифаи ишғолкардаи худ мувофиқат кардани роҳбаронеро гузорад, ки фаъолияташон бино бар натиҷаи назорати парлумонӣ ғайриқаноатбахш эътироф гардидаанд.

Мувофиқи қонунгузории дарамал Сенат бино бар натиҷаи назорати парлумонӣ ҳатто метавонад ба истеъфо баромадани узви Ҳукуматро ба баррасии Президент пешниҳод намояд.

Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам ба шумо, сенаторони муҳтарам муроҷиат намоям: ман тайёрам тамоми таклифҳои асосноки шуморо баррасӣ кунам.

Сеюм, масъалаҳои ҷавонон ва таълим бояд мунтазам дар мадди назари Сенат қарор дошта бошанд.

Ба ин муносибат мехоҳам бори дигар суханони маърифатпарвари бузург Абдулло Авлониро хотиррасон намоям: «Таълиму тарбия барои мо ин масъалаи ҳаёту мамот мебошад, бахту саодати мо, худи ҳаёт ва тақдири мо аз ҳаллу фасли он вобаста аст». Ин ҳикмат имрӯз низ беш аз пеш рӯзмарра мебошад.

Ҷавонони мо, фарзандони мо бояд амиқ дарк намоянд, ки ворисони кистанд. Ҳамзамон насли наврас бояд идрок намояд, ки дар пояи ислоҳоти кунунӣ меҳнати бузурги созандагии халқи мо нуҳуфтааст.

Дар вохӯрие, ки ба қарибӣ бо ҷавонон ба амал омад, мо мақсадҳои бузургро пешбинӣ кардем, то ки дар сиёсати давлатии ҷавонон ба гардиши куллӣ муваффақ гардем. Ба ин муносибат мувофиқи мақсад мебуд, агар Сенат назорати ҳаллу фасли вазифаҳои зерин, аз ҷумла дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, бо кор таъмин кардан, фароҳам овардани шароит барои аз худ кардани дониш ва касбҳо, ба ҳаёт татбиқ намудани имконият ва қобилияти онҳоро ба зиммаи худ бигирад. Баробари ин Сенатро лозим аст, ки ба таъмин гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо, тайёр кардани духтарон ба ҳаёти оилавӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои маданият ва санъат эътибори доимӣ диҳад. Ба роҳбарони масъул зарур аст, ки бинобар корҳои татбиқшуда оид ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷавонон дар назди Сенат, ки вай дар асоси онҳо чораҳои дахлдор меандешад, ҳисобот диҳанд.

Чаҳорум, ба Сенат ҳамчун палатаи намояндагии минтақаҳо зарур аст, ки барои баррасии лоиҳаи Буҷаи давлатӣ ва иҷрои он назорати парлумонӣ муқаррар намояд.

Буҷаи давлатиро барои соли 2020-ум мо бори аввал ҳамчун қонун тасдиқ кардем. Минбаъд ин ба амалиёт табдил меёбад. Мувофиқи Сарқонун қабул кардани буҷа ва назорати иҷрои он ваколати муштараки ҳар ду Палатаи Олий Маҷлис мебошад. Вале дар қонунгузорӣ татбиқ намудани назорати иҷрои буҷа танҳо ба зиммаи Палатаи қонунгузорӣ гузошта шудааст.

Омӯхтани хароҷоти маблағҳое, ки барои вазорату идораҳо, бахусус барои минтақаҳо ҷудо карда мешаванд, низ бояд аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Сенат бошад. Ба ин муносибат ба қонун таҳрирҳои дахлдор ворид кардан мувофиқи мақсад аст.

Тавре ки ба шумо маълум мебошад, дар Палатаи қонунгузорӣ Раёсати Буҷаи давлатӣ таъсис дода шуд. Дар муддати кӯтоҳ аллакай натиҷаҳои аввалини мусбат дастрас гардиданд. Бо мақсади ҷорӣ намудани чунин амалиёт дар Палатаи болоӣ низ таъсис додани сохтори дахлдорро дар Сенат пешниҳод мекунам. Муътақидам, ки вай, агар бо обуранг гӯем, мададгори асосии сенаторон бобати татбиқсозии назорати ташаккулдиҳии Буҷаи давлатӣ ва иҷрои он бо назардошти манфиати минтақаҳо хоҳад шуд.

Панҷум, дар ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарра дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа бояд идораи пурсиши парлумонӣ самарабахш истифода бурда шавад.

Агар дар солҳои 2010-2014 аз ҷониби Сенат танҳо 3 пурсиши парлумонӣ фиристода шуда бошад, тӯли панҷ соли охир 26 пурсиши парлумонӣ ва зиёда аз 700 пурсиши сенаторӣ равона гардиданд. Фикр мекунам, минбаъд низ ҳангоми ташаккул додани пурсишҳои парлумонӣ омӯхтани мушкилоти рӯзмарра, ки дар маҳалҳо – вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо мавҷуданд, васеъ ба роҳ монда шаванд, дуруст мебуд. Дар назди мо бинобар баланд бардоштани сифат ва натиҷанокии пурсишҳои сенаторон корҳои зиёд истодаанд. Мутаассифона, алҳол ҳодисаҳое мушоҳида мегарданд, ки мақомоти идораҳои давлатӣ пурсишҳои сенаторонро беҷавоб мегузоранд.

Мехоҳам таъкид кунам, ки ба сартобӣ аз пурсиши сенатор ҳамчун ба сартобӣ аз талаботи халқ баҳо дода мешавад. Барои он ки минбаъд ба чунин муносибат роҳ дода нашавад, пурсиши сенаторӣ бояд бо назардошти манфиати минтақаҳо тартиб дода, маълумот оид ба натиҷаи баррасии он дар ҷамъомади кумитаҳо ва ҷамъомадҳои умумии Сенат муҳокима карда шаванд.

Шашум, бояд ҳамкории тарафайни Сенат бо Шӯроҳои маҳаллӣ, ҳамчунин расондани кӯмакҳои амаливу услубӣ ба фаъолияти онҳо пурзӯр карда шаванд.

Мутаассифона, алҳол Палатаи болоӣ дар соҳаи мазкур фаъолнокӣ зоҳир намекунад. Ҳамзамон Шӯроҳои маҳаллӣ амалан аз ваколатҳои худ барои ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи минтақаҳо истифода намебаранд.

Дар давраи сипаришуда, бахусус се соли охир, барои пурзӯр кардани ваколатҳои назоратии Шӯроҳои маҳаллӣ асосҳои ҳуқуқӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, ҳисоботдиҳии ҳокимон, муовинони онҳо, роҳбарони шуъбаву зершуъбаҳои ҳудудии прокуратура, адлия, корҳои дохилӣ, соҳаҳои молия ва андоз, низоми нигаҳдории тандурустӣ ҷорӣ карда шуд.

Бо вуҷуди он ки ба Шӯроҳои маҳаллӣ аз ҷониби қонунгузорӣ имкониятҳои васеъ пешниҳод гардиданд, дар амал натиҷаи кори онҳо ба чашм намерасад. Сабаби ин он мебошад, ки ҳамкории самарабахши тарафайни байни кумитаҳои Сенат ва Шӯроҳои маҳаллӣ вуҷуд надорад.

Барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯроҳо ман, пеш аз ҳама, ба шумо, сенаторони муҳтарам умед мебандам. Бояд низоми наве созмон дода шавад, ки ба Шӯроҳои маҳаллӣ вобаста кардани он сенаторонро пешбинӣ менамояд, ки дар Палатаи болоӣ мунтазам кор мекунанд. Ин тавсия аз ҷониби намояндагони созмонҳои байналхалқие, ки дар интихоботи гузашта ба сифати нозир иштирок доштанд, пешниҳод гардид.

Фикр мекунам, агар ба шарофати он фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ куллан беҳтар шавад, чунин кор аз ҷониби халқи мо низ дастгирӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, ба ақидаи ман, дар ҳар кадом Шӯрои маҳаллӣ ташкил кардани кабинети Сенатор мувофиқи мақсад мебошад. Баробари ин Раиси Сенатро лозим аст, ки бо ҷалби тамоми аъзои Палатаи болоӣ дар минтақаҳо таълими амалии депутатҳои Шӯроҳои маҳаллиро мунтазам ташкил кунад.

Сенат бояд якҷо бо Академияи идораи давлатӣ низоми куллан нави таълим – мактаби сенаторонро ташаккул диҳад. Зеро ҳар қадар ҳайати депутатӣ дар маҳалҳо пурқувват бошад, Сенат низ ҳамон қадр пурқувват мегардад.

Ман ҳамаи шумо, сенаторони муҳтарамро ҳамчун одамони фидокору ташаббускори дорои таҷрибаи бузурги ҳаётӣ, дар ҷамъият соҳибобрӯ медонам, шумо моҳияти мушкилотро дар маҳалҳо ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро дақиқ дарк менамоед. Мехостам, ки шумо бо корҳои амалии худ дар таърихи мамлакатамон нақши назаррас гузоред.

Фикр мекунам, минбаъд такрор кардани он, ки ҳокимияти иҷроия бад кор мекунад, бас аст. Фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияро кӣ бояд назорат кунад? Бешубҳа, пеш аз ҳама, сенаторон.

Агар Шӯроҳои маҳаллӣ беш аз пеш фаъол бошанд, Сенат низ самарабахштар кор мекунад.

Таъмин кардани фаъолияти самарабахши мақомоти иҷроия дар маҳалҳо низ аз сенаторони мо вобаста мебошад.

Сенаторон ҳисоботи роҳбарони маҳаллиро мешунаванд, масъалаҳои ҳаллу фаслашон дар сатҳи ҷумҳуриявиро барои баррасӣ ба Сенат пешбарӣ менамоянд. Барои самарабахш ба роҳ мондани ин фаъолият ва баланд бардоштани сифати кори Шӯроҳои маҳаллӣ дар ҳар кадоми онҳо таъсис додани котибияти доимоамалкунандаро пешниҳод мекунам.

Ҳамзамон, шумо ба ин чӣ нуқтаи назар доред, агар бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ ба Шӯроҳо дар бораи мувофиқат кардани роҳбарони сохторҳои ҳудудии вазорату идораҳо ба вазифаҳояшон ҳуқуқи таклифгузорӣ дода шавад?

Тавре ки маълум аст, мувофиқи Қонун «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ба Олий Маҷлис ҳуқуқ дода шудааст, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда қарори Шӯроҳоро, ки ба қонунгузорӣ мувофиқат намекунанд, бекор кунад. Вале то имрӯз механизми татбиқсозии ин меъёр коркард нашудааст.

Бо назардошти он ки Сенат палатаи намояндагии минтақавӣ ба шумор меравад, фикр мекунам дуруст мебуд ба Сенат ваколати бекор кардани қарорҳои зидди қонунгузории шӯроҳо дода шавад.

Ҳафтум, бояд нақши Сенат бобати дар ҷамъият ташаккул додани муҳити муборизаи беамон бо тамаъгарӣ пурзӯр карда шавад.

Алҳол ҷиноятҳои тамаъгарии хидматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори ҳатто дараҷаи болоӣ фош карда мешаванд. Маълумот дар ин бора зуд-зуд дар расонаҳои ахбори оммавӣ интишор меёбанд. Он санад касро ба ташвиш меоварад, ки баъзе мансабдорони ба зиммаашон тақдири ин ё он минтақа гузошташуда, ҷиноятҳои коррупсионӣ содир мекунанд, ришва мегиранд.

Масъалаи роҳ надодан ба фаъолияти зиддиқонунии роҳбарони маҳаллӣ бояд мунтазам дар мадди назари сенаторони минтақа бошад. Хулоса, ҳар кадом сенатор бояд пешоҳанги мубориза ба муқобили тамаъгарӣ гардад. Ҳангоме ки санадҳои манфӣ ошкор мешаванду боиси акси садои зиёди ҷамъият мегарданд, аъзои Сенат бояд мунтазири ҷамъомадҳои умумӣ нашуда, соати таъҷилии шуниданро ба роҳ монанд ва аз шахсони масъул шарҳу эзоҳ талаб кунанд.

Ҳаштум, кор оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии саривақтии ҳуқуқвайронкунӣ низ бояд мунтазам дар маркази эътибори Сенат қарор дошта бошад.

Солҳои охир мо бинобар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ як қатор чораҳо андешидем. Вале дар соҳаи мазкур ҳанӯз мушкилоти зиёд мавҷуданд, ки ҳаллу фасли худро интизоранд. Соли гузашта зиёда аз 47 ҳазор шахс ҷиноят содир кардаанд, 12 ҳазор, ё худ 25 фоизи онҳо ҷавонон мебошанд.

Дар вилоятҳои Қашқадарё, Хоразм ва шаҳри Тошканд ин нишондиҳанда 39 фоиз, дар вилоятҳои Андиҷон ва Намангон 38 фоизро ташкил дод. Мутаассифона, на дар вилояти Қашқадарё, на дар Андиҷону на дар Намангон ва на дар шаҳри Тошканд бинобар чунин ҳолати ташвишовар ҷамъомади сайёри Сенат гузаронида нашуд, масъалаи мазкур ҷиддан муҳокима нагардид. Ҳама мушоҳидони бетараф шуданд.

Шумо гӯед, ки чунин ҳолат ба чӣ оварда мерасонад?

Бояд лоқайдиву бепарвоӣ аз байн равад. Ҳар як масъалаеро, ки ҳаллу фасли худро тақозо менамояд, бояд сенаторони нави мо таъҷилан муҳокима кунанд ва чораҳои зарурӣ қабул намоянд.

Ғайр аз ин миқдори ҷиноятҳои вобаста ба безоригӣ ва қаллобӣ меафзояд. Вобаста ба ин сенаторонро зарур аст, ки бинобар кори идораҳои маҳаллии мубориза бо ҷинояткорӣ назорати доимиро муқаррар кунанд.

Маълум аст, ки тӯли 3 соли охир зиёда аз 4 ҳазор шахсе, ки аз кирдорашон таҳтидилона таассуф хӯрдаанд ва қатъиян ислоҳ шудаанд, авф гардида, ба оилаҳои худ баргаштанд. Фикр мекунам, сенаторон дар кори минбаъд ҷойи худро дарёфтани ин одамон низ саҳми худро мегузоранд.

Агар мо шахсони авфшударо ба мутобиқшавӣ ба ҷамъият дастгирӣ накунем, самараи ҳақиқии фармонҳоямон дар бораи авф чӣ гуна хоҳад буд?

Нӯҳум, Сенатро зарур аст, ки кори худро нисбати назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷамъият нигаронида шудааст, пурзӯр намояд.

Дар доираи барномаи давлатие, ки ба дастгирии занону духтарон ва оила нигаронида шудааст, як қатор чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд. Таъмини бо шуғл фарогирии занон, хусусан духтарони ҷавон ва омӯзонидани онҳо ба касбу ҳунарҳои замонавӣ вазифаи якуминдараҷаи роҳбарони ҳамаи дараҷаҳо ҳисобида шуд.

Бобати ташкил ва назорати ана ҳамин вазифаҳо Кумитаи занону духтарон ва масъалаҳои баробарии гендерии Сенат фаъолият дорад. Кумитаи мазкур дар оянда низ бояд иҷрои вазифаҳоро доир ба таъмини баробарии гендерӣ, дастгирии манзилноки занону духтароне, ки гирифтори вазъияти ноҳинҷори иҷтимоӣ шудаанд, мунтазам мавриди омӯзиш қарор диҳад. Бояд ҳисоботи роҳбарони масъули идораҳоро доир ба натиҷаи он шунида, ба афзудани самарадории кору фаъолияти онҳо кӯмак расонад.

Албатта, дар Сенат дар ин самт каму беш корҳо анҷом дода мешаванд. Вале таассуф, ки дар шӯроҳои маҳаллӣ доир ба ин масъала қариб ки муҳокимаҳои ҷолиб сурат намегиранд.

Дар мақомоти иҷро, вазорату идораҳо доир ба таъмини гендерӣ, бовар карда супурдани вазифаҳои масъул ба апаву хоҳарони муҳтарамамон бояд бисёр корҳоро анҷом диҳем. Зеро занони мо аз он ки мушкилоти зиндагиро нисбати дигарон амиқтар медонанд, фидокору масъулиятшинос ва меҳнатдӯстанд ба ҳама намуна шуда метавонанд.

Даҳум, бояд корҳое, ки доир ба таъмини ошкороии фаъолияти Сенат анҷом дода мешаванд, пурзӯр гардонида шаванд.

Бояд гуфт, ки дар ин маврид палатаи болоиамон бо аҳли ҷомеа, хусусан, расонаҳои ахбори оммавӣ ҳамкории зич дорад. Дар фаъолияти Сенат технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ васеъ ҷорӣ гардид, веб-портали махсуси палатаи болоӣ офарида шуд.

Вақтҳои охир амалиёти маҷлисҳои Сенатро тавассути эфири «зинда» намоиш додан ба омили муҳими ташаккул додани парлумони халқӣ ва воситаи самарабахши дар назди халқ ҳисоботдиҳӣ табдил меёбад. Корҳоро дар ин самт бояд пайгирона идома дод. Ҳамчунин, фикр мекунам, ки амалиёти мусбати Сенатро дар фаъолияти шӯроҳои маҳаллӣ низ ҷорӣ кардан натиҷаи матлуб медиҳад.

Вазифаи зарурии навбатӣ аз мустаҳкам кардани ҳамкории палатаҳои парламент дар ҷараёни эҷодкории қонун иборат мебошад.

Дар ин бобат таваҷҷуҳи шуморо ба як масъалаи муҳим ҷалб кардан мехоҳам.

Бо оғоз аз ташкилшавии парламенти дупалатагӣ то имрӯз ҳамагӣ 9 қонун аз ҷониби Сенат рад карда шудааст. Ин нишондод танҳо 1,5 фоизи ҳамаи қонунҳоеро, ки бо оғоз аз соли 2005 то имрӯз ба тасвиб расидаанд, ташкил мекунад. Қайд кардан мехоҳам, ки нишондоди мазкур дар аксари давлатҳои ривоҷёфта аз ин чанд баробар баланд аст.

Мо аз ҷониби Сенат рад шудани қонунро ҳолати манфӣ не, балки ба ҳайси ҷараёни демократии ба қабул кардани қонунҳои босифат нигарондашуда бояд баҳо диҳем.

Боз як масъалаи муҳим – аз болои иҷрои қонунҳо амалӣ кардани назорати парламент ваколати конститутсиявии Сенат ба шумор меравад.

Дар баъзе ҳолатҳо набудани механизми амалисозии қонунҳо боиси пурра кор накардани онҳо мегардад. Хусусан, ин гуна механизм дар ҳуҷҷатҳои зерқонун дар назар дошта шуда бошад ҳам, дар онҳо ҳолатҳои байни ҳамдигар мувофиқат накардан мавҷуд аст.

Мувофиқати фаъолияти эҷодкории меъёрҳои мақомот ва созмонҳои давлатӣ вазифаи бевоситаи Вазорати адлия ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар фаъолияти Вазорати адлия дар ин бобат бояд дар маркази назорати парламент бошад.

Чи хеле ки маълум аст, бо мақсади бо маводҳои ахбориву таҳлилии сифатнок таъмин кардани фаъолияти парламент Институти мушкилоти қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои парламент созмон ёфта буд. Бо назардошти талаботи ислоҳот фаъолияти институти мазкурро боз ҳам пурзӯр намуда, онро ба ёрирасони воқеии депутат ва сенаторон бояд табдил диҳем. Хусусан, бинобар баргузор кардани муҳокимаи пурҷӯшу хурӯши лоиҳаҳои қонун ва арзёбии таъсиргузории қонунҳои дар амалиёт қабулшуда баланд бардоштани самаранокии фаъолияти институтро тақозо дорад. Аз ин рӯ, масъалаи куллан такмил додани фаъолияти институти мазкурро дида баромадани парламент ба мақсад мувофиқ аст.

Боз як масъалаи муҳим – барои ривоҷ додани муносибатҳо бо мамлакатҳои хориҷӣ нақши палатаи болоиро боз ҳам пурзӯр кардан лозим аст.

Баланд бардоштани обрӯву эътибори Ӯзбекистон, ривоҷ додани робитаҳои байналхалқӣ ва ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ вазифаи муҳими Сенат мебошад. Бо мақсади дар ин бобат баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Сенат таҳияи нақшаҳоро бахшида ба ҳар сол, бинобар мавзӯъҳои муҳим гузарондани конфронсҳои байналхалқӣ, вохӯрӣ ва форумҳо ва дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ амалӣ кардан лозим. Масалан, амиқсозии ислоҳоти демократӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, такмил додани низоми суду ҳуқуқ, ҷалб кардани сармояҳои хориҷӣ ва васеъ муҳокима кардани масъалаҳои дигари зарурӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Сенат бинобар масъалаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ҳар сол барномаҳо қабул карда, иҷрои онро ба назорати қатъӣ гирад, ин амалиёти хуб мешуд. Бо ин ҳадаф ба тасвиб расондани Консепсияи дипломатияи парламентро бояд тезонд.

Дар баробари ин, ҳамкорӣ бо Иттифоқи байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парламенти Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар асоси нақшаҳои кории дақиқ ва дарозмуддат идома додан лозим. Ба ғайр аз ин, дар доираи Ассамблеяи парлумони Давлатҳои туркзабон, ки аъзо шудани Олий Маҷлис интизор меравад ва сохторҳои байналхалқии дигари парламент низ ҳамкориро пурзӯр кардан лозим.

Дар ин бобат таваҷҷуҳатонро ба як масъала нигарондан мехоҳам.

Маълум аст, ки вазифаи таъин кардани сафирони Ӯзбекистон дар мамлакатҳои хориҷӣ вазифаи Сенат буда, дар ин ҷараён барномаҳои ҳаракати онҳо шунида мешавад. Мутаассифона, бо ин ҳамкории Сенат ва сафирон ба охир мерасад. Ба фикрам, барои татбиқи вазифаҳои Сенат дар соҳаи ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ дар палатаи болоӣ мо бояд амалиёти шунидани ҳисоботи сафирони Ӯзбекистонро дар давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монем.

Сенаторони муҳтарам!

Акнун мувофиқи рӯзномаи ҷамъомади имрӯза мо бояд, аввало, масъалаи интихоби Раиси Сенат ва муовинҳои ӯро дида бароем.

Маълум аст, мувофиқи моддаи 93-юми Сарқонуни мо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим гардидани номзад ба Раиси Сенат муайян шудааст. Дар асоси ҳамин меъёр, бо бисёриҳо, аз ҷумла, бо сенаторҳои ботаҷриба маслиҳат карда, амиқ андешида, ман мехоҳам, ки ба вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлис номзадии сенатор Танзила Камаловна Норбоеваро пешниҳод кунам.

Танзила Камаловна 30 сол боз дар вазифаҳои гуногуни масъулиятноки роҳбарӣ самаранок меҳнат мекунад. Солҳои 1995-2010 дар Девони Вазирон бо масъалаҳои модару кӯдак, ҳифзи тандурустӣ, муҳофизати иҷтимоӣ машғул шудааст. Солҳои 2010-2016 дар вазифаи раиси Шӯрои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, солҳои 2016-2019 ба ҳайси муовини Сарвазир – раиси Кумитаи занону духтарони Ӯзбекистон самаранок меҳнат кард. Шаш моҳи охир ба сифати раиси Сенат корҳои калонро иҷро кард.

Танзила Камаловна аз кадрҳои роҳбари бомалакаест, ки дар идоракунӣ, корҳои ҷамоатӣ таҷрибаи калон дорад, гӯем, муболиға нахоҳад шуд.

Сенаторони муҳтарам!

Бидуни шубҳа, имрӯз ин номзадро ба пуррагӣ дастгирӣ карда, эҳтироми худро зоҳир кардани ҳамаи шумо ба Танзила Камаловна боварӣ ва ғайрати бузург мебахшад.

Муҳтарама Танзила Камаловна, ба Шумо дар фаъолияти масъулиятнокатон омадҳои нав ва зафарҳои калон мехоҳам.

Акнун дар бораи номзадҳо ба вазифаи муовини Раиси Сенат сухан мекарда бошем, ман ба ин вазифаҳо номзадҳои зеринро тавсия мекунам.

Ба вазифаи муовини аввали Раиси Сенат номзадии Содиқ Солеҳович Сафоевро тавсия мекунам.

Вай қариб сӣ сол аст, ки дар соҳаи масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷӣ фаъолияти муваффақиятнок анҷом медиҳад. Солҳои гуногун ба вазифаи Вазири корҳои хориҷӣ, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Олмон ва ИМА кор кардааст. Солҳои 2005-2016 раиси Кумитаи масъалаҳои сиёсати хориҷии Сенати Олий Маҷлис, аз соли 2016 инҷониб дар вазифаи муовини аввали раиси Сенат фаъолият дорад.

Содиқ Солеҳовичро ҳамаи шумо ба сифати дипломати моҳир, арбоби ҷамъиятии дар майдони байналхалқӣ эътирофшуда хуб медонед. Мехоҳам, ки ин роҳбар ҳам вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо муносиб адо кунад.

Ба вазифаи муовини Раиси Сенат номзадии сенатор Муса Тажетдинович Ерниязовро тавсия мекунам.

Ин инсони олиҷаноб, оқсақоли мо фаъолияти худро аз соҳаи сохтмон шурӯъ карда, баъдтар дар вазифаи муовини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон хизмат кардааст. Ба ҳурмат ва эҳтироми баланди халқи қароқалпоқ сазовор гардида, аз соли 2002 ба сифати Раиси Жӯқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҳамзамон муовини Раиси Сенати Олий Маҷлис фаъолият дорад.

Ҳамаи шумо хабар доред, ки соли гузашта барои баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии мамлакати мо, фидокорӣ дар ҷараёни ислоҳот, фаъолияти ибратнок ба Муса Тажетдинович унвони баланди Қаҳрамони Ӯзбекистон дода шуд.

Боварӣ дорам, ки бо ин инсони пурдида, роҳбари таҷрибанок ва ташаббускор, одами хоксор ва меҳнаткаш сенаторон самаранок кор мекунанд.

Ба вазифаи муовини Раиси Сенат номзадии сенатор Зайниддин Маҳаматович Низамходжаевро тавсия мекунам.

Ба фикрам, доктори илмҳои тиб, профессор, Қаҳрамони Ӯзбекистон Зайниддин Маҳаматовичро ҳамаи дар ин толор нишастагон хуб мешиносанд. Солҳои зиёд дар роҳи рушди соҳаҳои сиҳативу саломатӣ, илм, таълим, маданият ва варзиши халқи мо корҳои калонро анҷом медиҳад. Ин кас дар панҷ соли охир ба сифати раиси кумитаи дахлдори Олий Маҷлис фаъол кор кард.

Боварӣ дорам, ки Зайниддин Маҳаматович дар вазифаи нави масъулиятнок дар ҳамкории наздик бо шумо муваффақиятнок фаъолият нишон медиҳад.

Муҳтарам аъзои Сенат!

Албатта, вазифаҳое, ки ҳозир гуфта шуданд, аз ҳамаи сенаторон масъулияти баланд, ташаббус ва фидокориро талаб мекунанд. Боварӣ дорам, ки самаранок амалишавии вазифаҳои мазкур дар бобати дар оянда ба палатаи касбӣ табдил додани Сенат қадами муҳими аввал мегардад.

Имрӯз халқи бисёрмиллати мо аз мо раҳбарон, аввало, аз депутат ва сенаторҳои нав интихобшуда корҳои амалии ба минбаъд озод, обод ва фаровон кардани ҳаётамон нигарондашударо интизор аст. Ҳамаи мо дар назди интихобкунандагон, дар назди ҳамватанонамон ба боварии баланде, ки нисбати мо зоҳир карданд, аз ҳар ҷиҳат бояд муносиб бошем.

Ман боварӣ дорам, ки агар ҳар рӯз, ҳар соат дар назди виҷдони худ ҳисобот дода, ҳалолу покиза гардида, бо назардошти манфиати халқу Ватан кор кунем, халқ ҳам, Худо ҳам аз мо розӣ мешавад.

Дар роҳи чунин мақсади бузург ба ҳамаи шумо сиҳативу саломатӣ, нерӯву ғайрат ва омад мехоҳам.

Барои эътиборатон ташаккур!



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 970