×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:00:21 (GMT +5), shanba, 8 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


21 - yanvar 2020

Хабари мухтасар дар бораи ҷамъомади якуми Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

20 январи соли 2020 дар Тошканд ҷамъомади якуми Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал омад.

Дар он аъзои ҳукумати мамлакат, роҳбарони идораҳои марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.

Ҷамъомадро раиси Комиссияи марказии интихобот М.Абдусаломов кушод.

Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.

Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок ва нутқ эрод кард.

Котибияти муваққатии ҷамъомади якум, комиссияи ҳисоб ва гурӯҳи муваққатӣ оид ба назорати истифодаи низоми электронии ҳисоби овозҳо интихоб шуда, рӯзнома тасдиқ гардид. Раиси Комиссияи марказии интихобот дар бораи натиҷаҳои интихобот ба Палатаи қонунгузорӣ ахборот дод.

Чи хеле ки маълум аст, 22 декабри соли 2019 дар мамлакатамон интихоботи парлумонӣ ба амал омад. Интихобот дар асоси талаботи қонунгузорӣ, мувофиқи андозаҳои байналхалқии интихоботӣ, дар дараҷаи баланди ташкилӣ ва шароити рақобати воқеии ҳизбҳои сиёсӣ гузаштанд. Интихоботи индафъаина таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав», мувофиқи Кодекси нави интихобот ташкил карда шуданд.

Дар кодекси интихоботӣ ҳуқуқ ва кафолати иштирокдорони ҷараёни интихоботӣ, яъне интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ, комиссияҳои интихоботӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ ва нозирон васеъ гардонда шудааст. Бо роҳи ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии иттилоотӣ низоми идоракунии ҷараёни интихоботӣ ба роҳ монда шуд. Тамоми зинаҳои тайёрӣ ва баргузор намудани интихобот дар асоси тамоюлҳои рӯшодӣ, ошкоро ва шаффофият амалӣ шуданд.

825 нафар нозирони байналхалқӣ аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз қариб 50 давлат, ки дар интихобот бевосита иштирок намудаанд, инчунин 1155 намояндагони ВАО-и бонуфузи ватанӣ ва хориҷӣ таъкид намуданд, ки интихобот дар рӯҳи рӯшод, ошкороӣ, мувофиқати пурра ба андозаҳои умумэътирофшудаи байналхалқӣ гузаштанд.

Умуман интихобот бори дигар ҳамҷиҳатии халқамонро дар роҳи бунёди давлати демократии ҳуқуқӣ ва ташаккул додани ҷамъияти пурзӯри шаҳрвандӣ, минбаъд баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ, муваффақ гардидан ба мақсадҳои баланди дар наздамон гузошташуда нишон дод.

Мувофиқи Регламенти Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ба вазифаи Спикери палатаи поёнӣ интихоб намудани номзад Шӯрои намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ таъсис дода шуд. Бинобар пешниҳоди Шӯрои мазкур депутатҳо бо роҳи овоздиҳии пӯшида Нурдинҷон Исмоиловро Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб намуданд.

Сипас раисӣ дар ҷамъомад ба Спикер гузашт. Нурдинҷон Исмоилов баённомаҳои таъсисиро дар бораи таъсис додани фраксия, ки ба котибияти ҷамъомад аз роҳбарони панҷ ҳизби сиёсӣ расидааст, хонда дод. Сипас фраксияи ҳизбҳои сиёсӣ дар Палатаи қонунгузорӣ ба қайд гирифта шуданд.

Депутатҳо ба вазифаи нави таъсисёфтаи муовини якуми Спикери Палатаи қонунгузорӣ депутат Акмал Саидовро, ба вазифаҳои муовинони Спикер – роҳбари фраксияи Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералию демократии Ӯзбекистон Актам Ҳаитов, роҳбари фраксияи Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров, роҳбари фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» Наримон Умаров, роҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ва роҳбари фраксияи Ҳизби экологии Ӯзбекистон Борий Алихоновро интихоб карданд.

Мувофиқи Қонун «Дар бораи Регламенти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қарори умумӣ, ки аз ҷониби фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ қабул шудааст, вазифаи раисони кумитаҳо бо назардошти ба кадом ҳизб тааллуқ доштани депутатҳо ва дар интихобот соҳиби чанд ҷой гардидани ҳизбҳо муайян карда мешаванд. Ба ин муносибат депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ дар бораи тақсимоти вазифаҳои раисони кумитаҳои палатаи поёнӣ байни фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ қарор қабул намуд.

Депутатҳо инчунин раисони кумитаҳои палатаи поёнии парлумонро интихоб намуданд.

Сипас мувофиқи моддаи 98-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муроҷиати Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз зиммаи худ соқит намудани ваколат дар назди Олий Маҷлиси навинтихобшуда ба эътибор гирифта шуд ва қарори дахлдори Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид.

Бо ҳамин ҷамъомади якуми Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро анҷом дод.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 986