×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

+998 71-233-80-98


Elektron-pochta: info@mfa.uz


Konsullik-huquqiy departanmenti

+998 71-236-27-07 (viza masalalari)

+998 71-233-36-03, +998 71-233-67-23 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

+998 71-236-37-54 (pasport bo‘limi)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
22:47:39 (GMT +5), chorshanba, 5 - avgust 2020
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


18 - yanvar 2020

Президенти Ӯзбекистон ҳайати Бонки умумиҷаҳониро пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 январи соли 2020 ҳайати вакилони Бонки умумиҷаҳониро таҳти роҳбарии ноиб-президент Сирил Мюллер қабул кард.

Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар миқёси ҷаҳон институти пешрави молиявӣ буда, шарики стратегии мамлакатамон дар татбиқи барномаи нави дигаргунсозиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Коршиносони бонк дар коркарди таклиф ва пеш бурдани ислоҳоти самарабахш дар соҳаҳои бонку молия ва андоз, кишоварзӣ ва хоҷагии об, геология, таълим, такмил додани иқлими сармоягузорӣ ва муҳити корчаллонӣ, дигар самтҳои устувори Ӯзбекистон фаъол иштирок менамоянд.

Алҳол арзиши лоиҳаҳои татбиқшуда ва ҷории Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон 5,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта бонк лоиҳаҳои нави пешомаднокро ба маблағи то 1 миллиард доллар маъқул донист. Савдоҳои музояда оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқии офтобӣ дар вилояти Навоӣ, инчунин тақдимоти «Платформаи мамлакат» дар шаҳри Вашингтон бомуваффақият гузаронда шуданд.

Сарвари давлатамон алоҳида таъкид намуд, ки ҳамаи ин комёбиҳо натиҷаи ҳамкории наздик, мулоқоти рӯшод ва конструктивии байни Ӯзбекистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ мебошад.

Дар навбати худ Сирил Мюллер саломи самимии президенти Гурӯҳи бонки умумиҷаҳонӣ Дэвид Мэлпассро расонда, изҳори бовар намуд, ки бонк барномаи ислоҳоти дар Ӯзбекистон татбиқшавандаро пурра дастгирӣ менамояд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳим ва самтҳои пешомадноки ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Ба масъалаҳои васеъ гардондани кӯмак дар пеш бурдани ислоҳот дар соҳаҳои асосӣ, аз он ҷумла кишоварзӣ, энергетика, нафту газ, сектори нақлиёт ва дигар самтҳо, инчунин дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи мубориза бо қашшоқӣ эътибори алоҳида дода шуд.

Бинобар коркарди стратегияи нави дарозмуҳлати шарикии Ӯзбекистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ қарордод шуд.


ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 1057