×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
00:00:51 (GMT +5), juma, 15 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


1 - noyabr 2019

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати андозу буҷа ва андозаҳои барои соли 2020-ум пешбинишуда баррасӣ гардиданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31 октябри соли 2019 бахшида ба баррасии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати андозу буҷа, иҷрои Буҷаи давлатӣ, ки ба охири сол пешбинӣ шудааст, инчунин мавриди муҳокимаи параметрҳо барои соли 2020-ум ҷамъомад баргузор намуд.

Хотиррасон бояд кард, ки 22 августи соли 2018 Президент Шавкат Мирзиёев ба қарор «Дар бораи чораҳо оид ба таъмин кардани шаффофияти маълумотҳои буҷа ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҷараёни буҷа» имзо гузошт.

Ба мақсади минбаъд баланд бардоштани рӯшодии маълумотҳо дар бораи буҷа мувофиқи қарор тартиби нави муқаррар намудани назорати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ бобати ташаккул додан ва харҷи маблағҳои буҷа муайян шудааст. Низоми мазкур пешбинӣ менамояд, ки аз соли 2020-ум сар карда Буҷаи давлатӣ дар намуди қонун қабул ва аз ҷониби намояндагони халқӣ ба назорат гирифта мешавад. Дар лоиҳаи қонун дар бораи буҷа, ки ба парлумон ворид карда мешавад ва буҷанома ҳолати буҷаи мамлакат мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ кушод пешниҳод шудааст.

Ҳуҷҷатҳои меъёрии ба буҷаи ҷумҳуриявӣ марбут аз ҷониби Олий Маҷлис, буҷаҳои маҳаллӣ – Шӯрои маҳаллии намояндагони халқ қабул карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, хароҷот на аз рӯйи соҳаҳо, балки дар қисмати вазорат ва идораҳо тасдиқ мегардад. Баробари баланд бардоштани мустақилии идораҳо, масъулияти онҳо барои самарабахшии хароҷот пурзӯр гардонда мешавад.

Боз як хусусияти ҷорӣ намудани низом самти зина ба зина даст кашидан аз сиёсати марказонидашудаи буҷа мебошад. Инак, барои мустаҳкам кардани даромади буҷаҳои маҳаллӣ ба онҳо аз қайди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ боҷҳо дода мешаванд. Маблағ аз андози аксизӣ барои маҳсулоти алкоголӣ ва расондани хидмати алоқаи мобилӣ байни минтақаҳо боназардошти миқдори аҳолии онҳо тақсим карда хоҳанд шуд. Маблағ аз андоз барои арзиши иловагӣ ва андози даромади шахсони юридикии аз нишондиҳандаҳои прогнозӣ зиёдатӣ пурра дар ихтиёри минтақаҳо мемонанд.

Аз соли 2020-ум маблағ аз даромади иловагии буҷаҳои маҳаллӣ барои самтҳое, ки Шӯроҳои маҳаллӣ маъқул донистаанд, ҷудо карда мешаванд. Танҳо хароҷоти таъхирнопазир аз ҷониби ҳокимиятҳое, ки онҳо бояд дар оянда дар назди Шӯроҳо дар бораи харҷи мақсадноки ин маблағҳо ҳисобот диҳанд, тасдиқ карда хоҳанд шуд.

Дар ҷамъомад нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии иқтисодиёти мамлакат, андозаҳои прогнозӣ барои соли оянда, омилҳои дохилӣ ва беруние, ки ба иқтисодиёт таъсир расонда метавонанд, ҳамаҷониба таҳлил гардиданд.

Бинобар арзёбии коршиносони байналхалқӣ, аз ҷумла фонди байналхалқии асъор соли ҷорӣ афзоиши маҳсулоти умумии ҷаҳонӣ 3 фоизро ташкил медиҳад, ки аз пешбинишуда 1 фоиз паст мебошад. Суръати афзоиши иқтисодӣ дар мамлакатҳое, ки шарикони асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд, низ коҳиш меёбад. Дар бозори ҷаҳонӣ рақобат пурзӯр гардида, байни баъзе мамлакатҳо «ҷангҳои тиҷоратӣ» идома доранд. Омилҳои мазкур ба иқтисодиёти мамлакатамон таъсир накарда намемонад.

Президент зарурати ба ҳисоб гирифтани ин таваккалҳоро ҳангоми муайян намудани пешгӯйиҳои макроиқтисодӣ ва параметрҳои Буҷаи давлатӣ таъкид намуд.

– Барои вусъат додани соҳаҳои иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар тӯли 2 соли охир тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуданд. Аммо кадом соҳа аз ин шароитҳо истифода бурда, маҳсулнокии меҳнатро баланд бардошт, рақобатпазирии маҳсулот ва афзун гардондани ҳиссаи молҳои тайёрро дар сохтори содирот таъмин намуд? Мутаассифона, мо наметавонем бигӯем, ки ягон соҳа аъло кор кард ва натиҷаи баланд нишон дод, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад изҳор гардид, ки мушкилоти низомнок дар соҳаҳои иқтисодиёт ва аз 16 фоиз паст нашудани дараҷаи инфлятсия ба қобилияти пардохтии аҳолӣ таъсири ногувор мерасонад.

– Вазифаи асосии мо бо фароҳам овардани ҷойҳои муносиби корӣ зиёд гардондани даромади шаҳрвандон мебошад. Дар маҳалҳо одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол зиёданд. Онҳо мехоҳанд даромад ба даст оранд, баҳри беҳтар гардондани шароити зиндагӣ меҳнат кунанд. Барои ин мо бояд ҳаҷми истеҳсолотро зиёд гардонда, афзоиши иқтисодиро таъмин намуда, қобилияти пардохти аҳолиро баланд бардорем ва талаботи устуворро дар бозор ташаккул диҳем, – қайд намуд сарвари давлатамон.

Масалан, дар натиҷаи татбиқи беш аз 100 лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, тайёри гӯшту шир, шарбат ва нӯшокиҳои ташнагишикан талаботи истемолиро таъмин намуда, инфлятсиаро мӯътадил гардондан мумкин, таъкид гардид дар ҷамъомад.

Супурда шуд, ки бинобар ба дараҷаи назаррас дар соли 2020-ум вусъат додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, гӯшт, орд ва қаннодӣ, либос, пойафзор, воситаҳои электротехникӣ ва дорувор маҷмӯи чораҳо таҳия карда шаванд.

Омили навбатие, ки ба инфлятсия таъсир мерасонад, арзиши баланди маҳсулот мебошад. Ба ин муносибат дар назди шахсони масъул бинобар таҳлил намудани арзиши аслии маҳсулот дар тамоми корхонаҳо бо ҳиссаи давлатӣ, навсозӣ ва вусъат додани иқтидор, инчунин ҳангоми зарурат ба сектори хусусӣ додани онҳо вазифаҳо гузошта шуданд.

Қайд гардид, ки натиҷаи татбиқи 153 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ дар соли оянда на барои баҳрабардории истеҳсолот, балки саҳми онҳо дар маҳсулоти умумии дохилӣ ва таъмини шуғл гардад.

Факти бо иқтидори пурра кор накардани 23 корхонаи тӯли солҳои охир ташкилшуда, дар мӯҳлат татбиқ нагардидани баъзе лоиҳаҳои ба нақша гирифташуда зери танқид гирифта шуд.

Ба Девони Вазирон вазифаи таъсис додани комиссияи доимии корӣ, ки барои ташаккул додани лоиҳаҳои сармоягузорӣ масъул мебошанд, гузошта шуд, ки онҳо ба афзоиши иқтисодӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, афзун гардондани мадохилот ба буҷа мусоидат менамоянд. Инчунин ба ҳукумат супурда шуд, ки чунин лоиҳа ва нишондиҳандаҳои истеҳсолиро мунтазам муҳокима намояд.

Дар ҷамъомад сохтори содирот, конъюктураи бозорҳои хориҷӣ ва мавқеи корхонаҳои ватанӣ дар онҳо таҳлил гардиданд.

Таъкид гардид, ки газ, тилло, нуқра, мис, руҳ, полиэтилен ва дигар ашёҳо то ҳол беш аз 50 фоизи содироти мамлакатро ташкил медиҳанд. Кор бинобар роҳандозии истеҳсолот ва содирот дар соҳаҳо, ки ашёи хоми арзон доранд, ба дараҷаи бояду шояд намебошанд. Масалан, маҳсулоти чарму пойафзори мамлакатамон иқтидори камаш ба 1,5 миллиард доллар содир намуданро дорад, аммо дар айни ҳол ин нишондиҳанда то 200 миллион доллар намерасад.

Ба зиммаи Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ, ассотсиатсияи «Ӯзчармсаноат» вазифаи ду баробар зиёд гардондани содирот бо роҳандозии азнавкоркарди амиқи ашёи хом ва вусъат додани истеҳсоли пойафзори занона ва сумкаҳо, асбобу анҷоми варзишӣ ва дигар намудҳои молҳои тайёри чарму галантерӣ гузошта шудааст.

Содироти маҳсулоти бофандагӣ дар тӯли ду соли охир ду баробар зиёд гардида, ба 1,6 миллиард доллар расид, аммо қариб ними ин ҳаҷмро калоба ташкил медиҳад. Ба ин муносибат ба Вазорати иқтисодиёт ва саноат, ассотсиатсияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат» бинобар афзун гардондани ҳиссаи маҳсулоти тайёр дар содирот супориш дода шуд.

Бозори ҷаҳонии маҳсулоти меваву сабзавот имрӯз 205 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳиссаи мамлакатамон дар ин бозор ба як фоиз ҳам намерасад. Ба зиммаи Вазорати кишоварзӣ ва ширкати «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» гузошта шуд, ки зироатро дар 55 ноҳияи барои меваву сабзавот махсусонидашуда оқилона ҷойгир намояд, ба воситаи ташкил кардани занҷири содиротӣ – «рӯёндан-харид-нигоҳ доштан/ азнавкоркард-содирот» зина ба зина ҳаҷми содиротро то панҷ миллиард доллар расонад.

Молҳои мошинсозӣ ва электротехника арзиши баланди иловагӣ дошта, талаб низ ба онҳо доимӣ мебошад. Аммо корхонаҳои ватании соҳаҳои мазкур аз ин имконият пурра истифода намебаранд. Ба ин муносибат ба шахсони масъул бинобар ривоҷ додани савдо бо мамлакатҳои ҳамсоя ва ду-се баробар зиёд гардондани содирот супоришот дода шуд.

Фаъолона ворид шудани сармоя ва афзоиши таъмини молиявиро дар се соли охир зикр намуда, роҳбари давлат ишора кард, ки эътибори алоҳида ба самаранокии истифодаи ҳар як доллари ҷалбшаванда нигаронда шавад.

– Бигузор роҳбарон бечунучаро бифаҳмонанд: бидуни ҳисоби дақиқ, асосноксозии техникиву иқтисодии мушаххас ягон лоиҳа барои таъмини молиявӣ иҷозат намегирад, – гуфт Президент.

Бо роҳбарии Сарвазир зарурати созмон додани комиссия оид ба назорати натиҷабахшии лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ татбиқ мегарданд ва ҳамчунин шунидани ҳисоботи масъулони ин идора таъкид ёфт.

Ислоҳоте, ки бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев дар ҷанбаи андоз ба амал татбиқ мегардад, дар бобати воридот натиҷаҳои мусбӣ нишон медиҳад, ки он аз ҷониби институтҳои молиявии байналхалқӣ низ собит мегардад. Ҳамин тариқ, теъдоди андоздиҳандагон барои арзиши изофа 12 баробар, андоздиҳандагон аз даромад 6,5 баробар зиёд гардид. Дар натиҷаи ба таври назаррас коҳиш ёфтани бори андоз ба музди меҳнат, пардозандагони андози даромад 700 ҳазор, ҳаҷми воридот аз он 2 баробар зиёд гардид.

Дар идомаи ин ислоҳот аз 1 октябри соли ҷорӣ ставкаи ААИ аз 20 то 15 фоиз кам карда шуда, чандин имтиёз бекор карда шуда буд. Аз 1 январи соли 2020 ставкаи пардохти ягонаи иҷтимоӣ, ки аз корхонаҳои молики саҳми давлатӣ рӯёнда мешавад, аз 25 то 12 фоиз кам карда шуд. Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо дар соли оянда дар ихтиёри пардозандагони андоз 12,8 триллион сӯм боқӣ мемонад.

Президент ба Кумитаи давлатии андоз ва Кумитаи давлатии гумрук супориш дод, ки даромадро ба буҷа дар ҳаҷми барои соли 2020 пешгӯишаванда таъмин намоянд. Ба ногузирии беҳсозии маъмуриятдории андоз аз тариқи васеъ татбиқ намудани чунин технологияи пешқадам мисли ҳисоб-фактураи электронӣ, тамғазании замонавӣ, мошинҳои кассаи онлайн ишора гардид. Дастурот доир ба ташкил намудани низоми идораи вертикалӣ дар мақомоти гумрук, баҳогузории дақиқи мулки воридгардида, истифодаи васеи таҳлили таваккул ва дигар усулҳои замонавӣ ва инчунин пурзӯрсозии назорати дохилӣ дода шуд.

Роҳбари давлат ногузирии эътибори махсусро ба масъалаи коҳиши бори андоз таъкид кард, зеро ки он ба иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ дорад.

Дар ҷамъомад қисми харҷшавандаи буҷа барои соли 2020 низ ҳамаҷониба муҳокима гардид.

Пешбинӣ гаштааст, ки соли оянда аз Буҷаи давлатӣ зиёд намудани таъмини молиявии соҳаи иҷтимоӣ дар назар дошта шавад. Ҳамин тариқ, харҷ барои низоми тандурустӣ 18 фоиз, соҳаи таълим 10 фоиз, инкишофи илм 47 фоиз дар муқоиса бо нишондодҳои соли ҷорӣ зиёд мегарданд. Гузашта аз ин татбиқи қариб сад барномаи рақамӣ доир ба дастгирии соҳаҳои таълим, тиббиёт, соҳибкорӣ, инкишофи кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтор ва дигар самтҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз 1,3 баробар бештар ҷудо намудани маблағ барои таъмини аҳолӣ бо доруворӣ, 3 баробар бештар барои барномаи варзиши бачагона, 4 баробар бештар барои барномаи корҳои кашшофии геологӣ ба нақша даромадааст.

Эътибори махсус ба татбиқи технологияи сарфакунандаи об дар пахтакорӣ ва боғдорӣ, хариди техникаи кишоварзӣ нигаронда мешавад.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки зимни харҷи маблағи буҷа самти бартаринок бояд риоя намудани тартиби молиявиву буҷа бояд гардад. Дар ин маврид маҳаки асосӣ натиҷагирӣ аз ҳар як сӯм бояд гардад, ки барои иқтисодиёт равона карда мешавад. Ба Вазорати молия ва Палатаи ҳисоб муайян намудани нишондодҳои мақсадноки барномаҳои аз ҳисоби буҷа таъминшаванда ва таҳияи тартиби баҳогузории иҷрои онҳо супурда шуд.

Таъкид ёфт, ки бо мақсади таъмини молиявии мустақили ҳокимиятҳо мақомоти ҳудудии молиявӣ бояд пурра ба сохтори мақомоти давлатии маҳалҳо гузаронда шаванд.

Инчунин вазифаҳо оид ба таҳияи барномаи сесолаи харҷҳои сармоягузорӣ барои соҳаҳои роҳи автомобил, обёрӣ, мелиоратсия ва ғайра муайян карда шуданд.

Ногузирии ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис гузоштани лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷаи давлатӣ барои соли 2020» бо назардошти тамоми эрод ва хулосаҳо таъкид гардид.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 107