×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:57:03 (GMT +5), payshanba, 14 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


2 - noyabr 2019

Президенти Ӯзбекистон сарони ҳайатҳоеро, ки дар ҷамъомади Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои мамлакатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок доранд, қабул намуд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 ноябри соли 2019 Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лӣ Кэсян, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадқалий Абилғазиев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас, муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро, ки ба мамлакатамон барои иштирок дар ҷамъомади Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай омадаанд, қабул намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэсянро, ки ба мамлакатамон бо боздиди расмӣ, инчунин барои иштирок дар кори ҷамъомади ҳаждаҳуми Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлатамон меҳмонро гарму ҷӯшон хайрамақдам гуфта, аз рушди муттасили муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин қаноатмандии амиқ изҳор намуд.

Ли Кэсян, дар навбати худ, ба Президенти Ӯзбекистон барои меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ изҳор карда, салом ва беҳтарин таманнои Раиси ҶМЧ Си Сзинпинро расонд.

Дар рафти вохӯрӣ алоҳида таъкид гардид, ки музокироти самарабахши сарони ду давлат барои вусъат додани мулоқоти сиёсӣ ва амиқ гардондани ҳамкории сернақшаи амалӣ дар тамоми соҳаҳо заминаи мустаҳкам фароҳам овард.

Зарурати татбиқи бечунучарои қарордодҳои дар дараҷаи баланд бадастомада ва созишномаҳои баимзорасида, таъмин кардани афзоиши муназзами тиҷорати дуҷониба, якҷоя пеш бурдани лоиҳаҳои устувор дар чунин самтҳо мисли рушди инфрасохтор, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ қайд гардид.

Ба мустаҳкам намудани равобити маданиву инсонпарварӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи илм, таълим, инноватсия ва сайёҳӣ низ эътибори алоҳида дода шуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вусъат додани ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, рӯзмаррагии татбиқ намудани лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои иқтисодиёт, сармоя ва коммуникатсияҳои нақлиёт, ки мавриди таваҷҷӯҳи тамоми давлатҳои созмон мебошанд, таъкид гардид.

Бинобар масъалаҳои рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад.

Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ омодагии ҷониби Чинро бобати ҳамаҷониба кӯмак расондан ба рушди минбаъда ва амиқ гардондани муносибатҳои шарикии сернақша ба манфиатҳои ду давлат ва халқ тасдиқ намуд.

Дар вохӯрӣ бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев рушди муназзами муносибатҳои Ӯзбекистону Русияро, ки аз анъанаҳои дӯстии бисёрасрина, боварӣ, эҳтироми тарафайн ва дастгирӣ асос ёфтаанд, бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид.

Дмитрий Медведев барои пазироии самимӣ ва эътибор ба ҳамаҷониба вусъат додани муносибатҳои фарогири ду давлат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намуда, таманноҳои неки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки алоқаҳои пуршиддат ва мулоқоти конструктивӣ, пеш аз ҳама, олидараҷа бобати ба дараҷаи бемисл баровардани ҳамкории дуҷониба ва бо мазмуни нави амалӣ ғанӣ гардондани он мусоидат намуданд.

Пайваста ривоҷ ёфтани алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва кооператсионӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид. Дар соҳаҳои нафту газ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар лоиҳаҳои пешомаднок татбиқ мегарданд. Мубодилаҳои байниминтақавӣ ва маданиву инсонпарварӣ, аз он ҷумла дар соҳаи илм, таълим ва сайёҳӣ васеъ мегарданд.

Бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор ба амал омад. Саъю кӯшиши тарафайн ба амиқ гардондани ҳамкорӣ дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва сохторҳои бисёрҷонибаи дигар таъкид гардид.

Масъалаҳои тайёрӣ ба чорабиниҳои оянда дар дараҷаи олӣ баррасӣ гардиданд.

Қатъияти саъю кӯшиш ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии байни Ӯзбекистон ва Русия тасдиқ гардид.

Дар вохӯрӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Асқар Мамин бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки вохӯриҳои мунтазами эътимодноки сарварони ду мамлакати бародар ва созишномаҳои дар натиҷаи онҳо бадастомада ба таҳкими риштаҳои қадимаи дӯстии Ӯзбекистону Қазоқистон ва некҳамсоягӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ хидмат мекунанд.

Асқар Мамин ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пазироии самимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, салом ва таманноҳои беҳтарини Нахустин Президенти Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев ва Президент Қасим-Жомарт Тоқаевро расонд.

Дар рафти вохӯрӣ ба роҳ монда шудани мулоқоти сиёсии конструктивӣ, афзудани ҳаҷми савдои тарафайн, васеъ гардидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, бонку молия, нақлиёту коммуникатсионӣ алоҳида таъкид ёфтанд. Дар доираи Соли Қазоқистон, ки дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, равобити байниминтақавӣ ва мубодилаи маданиву инсонпарварӣ фаъол гардиданд.

Масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, инчунин сиёсати байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммадқалий Абилғазиев бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки мулоқоти мунтазами олидараҷа имкони ба дараҷаи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷониба ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардондани онро фароҳам овард.

Муҳаммадқалий Абилғазиев ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон салом ва беҳтарин таманнои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро расонда, барои пазироии самимӣ миннатдорӣ изҳор кард.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими дар рӯҳи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ мустаҳкам намудани муносибатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Муҳим будани минбаъд вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, нақлиёт, агросаноат, маданиву инсонпарварӣ, инчунин дар соҳаи ҳамкории наздисарҳадӣ қайд гардид.

Бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад.

Дар рафти мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягии Ӯзбекистону Тоҷикистон бо қаноатмандии бузург таъкид гардид, ки онҳо ба туфайли саъю кӯшиши муштараки роҳбарони ду мамлакат ба дараҷаи шарикии стратегӣ расиданд.

Қоҳир Расулзода ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии анъанавии меҳрубонона миннатдории бузург изҳор намуд ва салому таманноҳои самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд.

Дар рафти вохӯрӣ муҳим будани татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳо дар дараҷаи баланди самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, маданиву инсонпарварӣ ва устувори дигар қайд гардид.

Ба масъалаҳои амиқ гардондани ҳамкорӣ байни минтақаҳои наздисарҳадӣ эътибори алоҳида дода шуд.

Масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румасро, ки ба ҷамъомади Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба сифати намояндаи мамлакати нозир омадааст, қабул кард.

Сарвари давлатамон меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ба туфайли мулоқоти эътимодноки дар тӯли солҳои охир дар дараҷаи баланд барқароргардида муносибатҳои Ӯзбекистону Беларус ва ҳамкории бисёрнақша ба дараҷаи комилан нав баромад.

Сергей Румас ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии меҳрубонона миннатдорӣ изҳор карда, салом ва таманнои самимии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро расонд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки аз вусъат додани ҳамкории ба ҳамдигар муфид ва пеш бурдани лоиҳаҳои пешомадноки кооператсия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, инчунин васеъ гардондани алоқаҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи маданиву инсонпарварӣ ҳар ду ҷониб ҳам манфиатдор мебошанд.

Муҳим будани татбиқи васеъмиқёси қарордод ва созишномаҳои бинобар ҷамъбасти ташрифи расмии олидараҷа ба Беларус моҳи августи соли ҷорӣ бадастомада қайд гардид.

Дар суҳбат бо муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, ки ба сифати меҳмон дар ҷамъомади Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ иштирок дорад, бо қаноатмандии том гуфтугӯи эътимодбахш ва шаффофи дар дараҷаи олӣ роҳандозишуда таъкид гардид, ки муносибати шарикии стратегии байни Ӯзбекистону Туркманистонро ба дараҷаи нав бардошт.

Рашид Мередов ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пазироии гарм миннатдории самимӣ изҳор намуд ва паёму беҳтарин таманноҳои Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедовро расонд.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки барои минбаъд афзудани ҳамкории муфиди тарафайн дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва дигар ҷанбаҳои иқтисодиёт потенсиали калон вуҷуд дорад.

Аҳамиятнокии амиқсозии алоқаҳои байниминтақавӣ ва табодули маданиву гуманитарӣ зикр гардид.

Инчунин масъалаҳои молики аҳамияти минтақавӣ, аз он ҷумла дар партави чорабиниҳои оянда дар дараҷаи олӣ дар андозаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 113