×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:53:20 (GMT +5), payshanba, 14 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


2 - noyabr 2019

Интихобот-2019: тартиби ташаккул додани таркиби комиссияҳои қитъавии интихобот чӣ гуна аст?

Интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯрои депутатҳои халқи маҳаллӣ торафт наздик мегардад.

Дар асоси тамоюлҳои рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ, мувофиқи талаботи қонунгузории миллии интихоботӣ, бо назардошти таҷрибаи миллии ғанигардидаи баргузор намудани интихоботи демократӣ ва талаботи умумэътирофнамудаи меъёру андозаҳои байналхалқии ҳуқуқӣ ташкил кардани интихобот, аз ҳама муҳимаш, дар ҷараёни интихобот фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо барои изҳори хоҳишу иродаи озоди ҳар як шаҳрванд, интихобкунанда аҳамияти муҳим дорад.

Дар бораи нақши комиссияҳои интихобот, ки звенои муҳими низоми интихоботи миллӣ ба ҳисоб мераванд, тартиби ташаккул додани таркиби онҳо ба хабарнигори ӮзА муовини раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маҳмуд ИСТАМОВ нақл кард:

– Мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихобот аз 11 сентябри соли ҷорӣ бинобар ташаккул додани таркиби комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъавии интихобот дастуруламал тасдиқ шудааст. Дар он қоидаҳои тавсия ва тасдиқ кардани узви комиссияҳои қитъавии интихобот дақиқ нишон дода шудаанд.

Қоидаҳои мазкур мувофиқи моддаҳои 23 ва 25-уми Кодекси интихобот муқаррар шудаанд. Мувофиқи қоидаҳо комиссияи қитъавии интихобот аз ҷониби комиссияи ҳавзавии интихобот камаш то 40 рӯзи интихобот, бинобар ҳисобу китоби мо – 12 ноябр, дар таркиби 5-19 аъзо таъсис дода мешавад.

Дар бораи талабот, ки ба узви комиссия гузошта мешаванд, сухан ронда, инҳоро қайд кардан ҷоиз аст. Аъзои комиссияи қитъавии интихобот шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба синни 21 расидаанд, маълумоти миёна ва олӣ, таҷрибаи кор дар тайёрӣ ва баргузор намудани интихобот доранд, дар байни аҳолӣ соҳибобрӯ мебошанд, метавонанд бошанд.

Аъзои комиссияи интихобот наметавонад узви комиссияи дигари интихобот, аъзои ҳизби сиёсӣ, ҳокими вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо, шахсони мансабдори мақомоти прокуратура, судҳо, хешони наздик ва шахсони боэътимоди номзадҳо, инчунин шахсоне, ки дар тобеъияти бевоситаи номзадҳо қарор доранд, бошанд.

Аз як ташкилот тавсия шудани беш аз ними аъзои комиссияи қитъавии интихобот мумкин нест. Ба таркиби аъзои комиссияи қитъавии интихобот ворид намудани шаҳрвандоне тавсия дода мешавад, ки бинобар тайёрӣ ва баргузор намудани интихобот таҷрибаи корӣ доранд ва дар байни аҳолӣ соҳибобрӯ мебошанд, шаҳрвандони бекоре, ки дар марказҳои кӯмак ба шуғли аҳолии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ба қайд гирифта шудаанд, намояндагони Кумитаи занон, Палатаи савдову саноат, Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ, фонди «Нуронӣ», Иттифоқи ҷавонон, Ҷамъияти ногироҳо, СҒҒ-ҳои дигар, шахсоне, ки соҳиби дониши ҳуқуқӣ ва ихтисос (машваратчиёни ҳуқуқӣ, адвокатҳо, мутахассисони забонҳои хориҷӣ) мебошанд, тавсия карда мешаванд.

Барои кор кардан бо низоми иттилоотии идоракунии ҷараёни интихоботӣ ва рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон ба таркиби ҳар як комиссияи ҳавзавӣ ва қитъавии интихобот ворид намудани камаш ду нафар (асосӣ ва захира), ки соҳиби донишу малака дар соҳаи технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ мебошанд, тавсия дода мешаванд.

Ҳангоми ташаккул додани таркиби комиссияҳои интихобот, аз он ҷумла вазифаҳои роҳбарикунанда ба таъмин кардани намояндагии баробари мард ва зан эътибор дода мешавад.

Баъд аз таъсис додани қитъаҳои интихобот аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳрвандон ё ки ҷамъомадҳои намояндагони шаҳрвандон, маҷлисҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷамоаҳои меҳнатии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо захираи номзадҳо ба узви комиссияи қитъавии интихобот мавриди муҳокима қарор мегирад, инчунин он камаш то 50 рӯзи интихобот барои баррасӣ ба Шӯроҳои намояндагони халқи ноҳиявӣ, шаҳрӣ тақдим карда мешавад.

Тавсиянома бояд бо мактуб ё ки баённомаи мақомоти дахлдор тасдиқ шуда, ба шӯрои маҳаллӣ тақдим гардад. Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ, шаҳрӣ дар муҳлати панҷ рӯз дар тартиби регламент дар ҷамъомадҳои худ пешниҳоди мақомоти худидораи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳоро баррасӣ менамоянд.

Бинобар натиҷаҳои муҳокима дар бораи тавсияи номзадҳо ба узви комиссияи қитъавии интихобот қарор қабул карда шуда, худи ҳамон рӯз қарор барои тасдиқ ба комиссияи интихоботии дахлдори ҳавза ворид карда мешавад.

Ба ин муносибат соли ҷорӣ дар як вақт гузаронда шудани интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯрои депутатҳои халқи маҳаллӣ қарор дар бораи тавсияи номзадҳо ба узви комиссияи қитъавии интихобот барои тасдиқ ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ворид карда мешаванд.

Дар қисмҳои ҳарбӣ, инчунин маҳалҳои буду боши шаҳрвандон, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар воқе гардидаанд, ҷойҳои нигоҳдорӣ дар маҳбас ва аз озодӣ маҳрум намудан қитъаҳои интихобот камаш ҳафт рӯз то инихобот (то 15 декабр) таъсис дода мешаванд. Дар дастурҳо инчунин меъёрҳои нисбат ба миқдори интихобкунандагон муайян намудани адади узви комиссияҳои қитъавии интихобот пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи он меъёрҳои зерин муайян шудаанд: агар шумораи интихобкунандагон то 200 нафар бошанд, миқдори аъзои комиссия 5-7 нафар, то 500 нафар бошанд – 7-9, то 1000 нафар бошанд – 9-11 нафарро ташкил медиҳанд. Аммо ин меъёрҳои қатъӣ намебошанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ шумораи аъзои комиссияҳои қитъа вобаста ба ҷойгир шудани интихобкунандагон ё ки сабабҳои дигар бо ризоияти комиссияи интихоботии болоӣ ва дар асоси қарори комиссияи дахлдор метавонад зиёд ё ки кам карда шаванд.

Таркиби комиссияи қитъавии интихобот бо қарори комиссияи ҳавзавии интихобот тасдиқ карда мешавад. Қарори мазкур дар матбуоти маҳаллӣ эълон мегардад.

Аъзои комиссияи қитъавии интихобот аз таркиби он мувофиқи аризаи шахсӣ ё ки қарори комиссия, ки ӯро узви комиссияи интихоботи қитъа тасдиқ намудааст, дар ҳолати интихоб гардидан ба комиссияи интихоботи дигар, аъзо шудан ба ҳизби сиёсӣ, ҳокими вилоят, ноҳия ё ки шаҳр, ба вазифаи масъули прокуратура ё ки суд таъин шудан, агар хешу ақрабои наздики узви комиссия ё ки шахси бевосита ба узви комиссия тобеъ бошад, ба сифати номзад ба президентӣ, депутатӣ ё ки намояндагони боэътимоди номзадҳо интихоб шудан аз таркиби комиссия бароварда мешавад.

Узви комиссияи интихобот, ки депутат ё ки намояндаи боэътимоди номзад ба қайд гирифта шудааст, аз таркиби комиссия хориҷшуда пиндошта мешавад. Узви комиссия, ки талаботи Кодекси интихоботиро вайрон кардааст ё ки ӯҳдадории ба зиммааш гузошташударо иҷро накардааст, метавонад бинобар қарори комиссия, ки вайро узви комиссияи интихобот тасдиқ намудааст, аз ваколатҳояш маҳрум карда шавад.

Дар ин бобат ҳолати аз ҷониби аъзои комиссия вайрон карда шудани талаботи Кодекси интихоботӣ ё ки ба таври мунтазам беэътиборӣ зоҳир намудан ба вазифаи ба зиммааш гузошташуда бо далолатномаи комиссияи интихобот расмӣ гардонда мешавад.

Ҳангоми афзун гардондани шумораи узви комиссияи интихоботӣ аъзои нави комиссия дар тартибе, ки дастур муайян намудааст, интихоб карда мешавад.

Депутатҳое, ки аз ҳавзаҳои интихоботи дахлдор, комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи депутатҳо ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва комиссияҳои қитъавии интихобот интихоб шудаанд, баъди аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ба қайд гирифта шудан фаъолияташонро ба охир мерасонанд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 116