×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:26:19 (GMT +5), payshanba, 14 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


30 - oktabr 2019

Низоми нави бо манзил таъмин кардани аҳолӣ ҷорӣ карда мешавад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 октябр бинобар масъалаҳои бо манзил таъмин кардани аҳолӣ ва рушди бозори ипотекӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Хотиррасон кардан ҷоиз аст, ки 21 октябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарорро “Дар бораи Барномаи сохтмони манзилҳои арзони истиқоматӣ бинобар лоиҳаҳои навшудаи намунавӣ дар деҳот дар солҳои 2017-2021”, баъд аз як моҳ, яъне 22 ноябр “Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи Барномаи сохтмон ва таҷдиди манзилҳои арзони бисёрхонагӣ дар шаҳрҳо дар солҳои 2017-2020” қабул кард.

Дар соли 2016 дар деҳот дар доираи барномаи давлатӣ 13 ҳазор манзили истиқоматӣ, аз ҷониби сектори хусусӣ манзилҳои бисёрошёнаи 13 ҳазору 189 ҳуҷрадор сохта шуданд. Ба ин мақсадҳо 4 триллиону 330 миллиард сӯм харҷ гардид. Дар соли 2017-ум бошад, дар доираи барномаи давлатӣ 28 ҳазору 746 адад, аз он ҷумла, дар деҳот қариб 20,3 ҳазор ва дар шаҳрҳо 8,5 ҳазор манзилҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Баробари ин, аз ҷониби соҳибкорон манзилҳои истиқоматии беш аз 16 ҳазор ҳуҷрадор қад афрохтанд. Ҷамъулҷамъ ба маблағи 6,2 триллион сӯм қариб 45 ҳазор хонаву ҷой сохта шуданд.

Соли гузашта миқёси бунёдкориҳо вусъат ёфтанд. Дар доираи барномаи давлатӣ 42,2 ҳазор адад манзил, аз он ҷумла дар деҳот 25,3 ҳазор ва дар шаҳрҳо қариб 17 ҳазор манзилҳои истиқоматӣ сохта шуда, аз ҷониби сектори хусусӣ манзилҳои бисёрошёнаи дорои 19 ҳазору 741 хона қад афрохтанд. Барои сохтмони ҷамъулҷамъ қариб 62 ҳазор манзил 12 триллиону 130 миллиард сӯм маблағ равона гардид.

Дар давраи гузаштаи соли 2019 дар доираи барномаи давлатӣ қариб 30 ҳазор, аз он ҷумла, дар деҳот 15 ҳазору 10 ва дар шаҳр 14 ҳазору 957 манзилу хонаҳо қад афрохтанд, аз ҷониби соҳибкорон манзилҳои истиқоматии дорои 19 ҳазору 481 хона сохта шуданд. Барои сохтмони ҷамъулҷамъ 49 ҳазору 458 хонаву ҷо 12 триллиону 24 миллиард сӯм равона гардид.

Бинобар ҳисобу китоб, барои пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ба манзил доштаи аҳолӣ бояд ҳар сол 145 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ сохта шаванд. Барои ин қариб 30 триллион сӯм тақозо мегардад, ки беш аз 23 фоизи Буҷаи давлатиро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки ба як соҳаи манзил ҷудо намудани қисми зиёди Буҷаи давлатӣ мувофиқи мақсад намебошад. Бар замми ин, барои давлат бидуни иштироки сектори хусусӣ пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ба манзил доштаи аҳолӣ мушкил аст. Ба ин муносибат дар ҷамъомад масъалаҳои зина ба зина ба низоми вомдиҳии ипотекӣ ҷорӣ кардани механизмҳои бозаргонӣ, баланд бардоштани нақши сектори хусусӣ дар сохтмони манзил муҳокима гардиданд.

Мувофиқи низоми нав сохтмони манзилҳои бисёрошёна аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ амалӣ гардонда мешавад. Аз ҷониби давлат барои замин ва воми ипотекӣ ба бонкҳо маблағ ҷудо карда мешавад.

Бинобар роҳ надодан ба баланд шудани нархи манзил ва таъмин кардани арзонии он чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд, Хусусан, аз соли 2020-ум сар карда ба 16 ҳазор оила аз буҷа барои пардохтани бунаки ибтидоӣ ва додани фоизҳои бонк ёрии пулӣ ҷудо карда хоҳанд шуд. Ба воситаи ёрии пулии мазкур 10 фоизи бунаки ибтидоии манзилҳо, инчунин барои шаҳри Тошканд 12 фоиз, дигар шаҳрҳо фоизҳои воми беш аз 10 фоиза пӯшонда мешаванд. Низоми нави мазкур аз соли оянда ба сифати таҷриба дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Фарғона, Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва шаҳри Тошанд ҷорӣ карда мешаванд. Дар минтақаҳои боқимонда низоми дарамал нигоҳ дошта шуда, низоми нав бо он рақобат мекунад.

Дар ҷамъомад мавҷуд набудани меъёрҳои амиқи интихоб кардани оилаҳои ба манзил эҳтиёҷманд, вуҷуд доштани ҳолатҳои сӯиистеъмолӣ дар ин тартибот зери танқид гирифта шуд.

Ба шахсони масъул коркард намудани меъёрҳои шаффофи интихоб намудани оилаҳои камтаъмин, ташаккул додани комиссияҳои кории доимӣ дар шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и шуъбаҳои Вазорати иқтисодиёт ва саноат супориш дода шуд. Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар таркиби комиссия бояд намояндагони бонкҳо, идораҳои молиявӣ, андоз, маҳалла ва дигарҳо иштирок карда, масъалаи ҷудо намудани манзилҳо бо роҳи муҳокимаи васеи ҷомеа ҳаллу фасл карда шаванд.

Ба ислоҳсозии сохтмони манзил дар деҳот эътибори алоҳида дода шуд. Барои он, ки дар ин бобат ҳам рақобат ва ҳам сифат бошад, вазифаи фармоишгар зина ба зина аз ширкати инжинирингии «Қишлоқ қурилиш инвест» ба сектори хусусӣ дода хоҳад шуд. Дар соли 2020-ум аз 12 ҳазор манзил 8 ҳазораш бинобар тартиби дарамал сохта шуда, боқимонда 4 ҳазорашон аз ҷониби сектори хусусӣ бунёд хоҳанд гардид. Ба ин муносибат ба Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва саноат супурда шуд, ки тартиби нави аз ҷониби сектори хусусӣ сохтани манзилро таҳия кунанд.

Барои коҳиш додани нарх ва баланд бардоштани сифати манзил зарурати васеъ истифода бурдан аз масолеҳи инноватсионии сохтмон таъкид гардид. Масалан, ба ҷойи хишт аз газобетон ва пенобетон истифода бурда шавад, имкони 8 баробар коҳиш додани харҷи газ дар истеҳсолот ва 5 баробар афзун гардондани гарминигаҳдориро фароҳам меорад.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои такмил додани меъёрҳои шаҳрсозӣ, ба коммуникатсияҳои муҳандисӣ пайваст намудани манзилҳое, ки дар деҳот бунёд меёбанд, пешгирӣ намудани сохтмонҳои худсаронаи манзил дар майдонҳои кишт, пурзӯр гардондани ҳифзи чунин қитъаҳо баррасӣ шуда, вазифаҳои дахлдор гузошта шуданд.

Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбори шахсони масъул шунида шуданд ва барои пешомад вазифаҳои устувор муайян гардиданд.


ӮзА.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 32