×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:53:58 (GMT +5), payshanba, 14 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


23 - oktabr 2019

Президенти Ӯзбекистон ҳайати иёлати Гуҷарати Ҳиндустонро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 октябри соли 2019 ҳайати иёлати Гуҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустонро таҳти сарварии вазири кулли иёлат Виҷай Рупани, ки аз мамлакатамон боздид менамояд, қабул кард.

Президентамон меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, рушди муназзами ҳамкории бисёрҷониба, таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустонро алоҳида таъкид намуд.

Қайд гардид, ки мулоқотҳои мунтазами олидараҷа, аз он ҷумла ташрифҳо ба Деҳлӣ моҳи октябри соли 2018 ва Гандинагар (маркази маъмурии иёлати Гуҷарат) моҳи январи соли ҷорӣ имкони ба зинаи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷонибаи бисёрҷанбаро фароҳам овард.

Дар навбати худ меҳмон таъкид намуд, ки вохӯрӣ ва музокирот дар доираи ташрифи мазкури ҳайати иёлати Гуҷарат, ки дар Андиҷон, Самарқанд, Бухоро ва Тошканд баргузор гардиданд, пеш аз ҳама ба кӯмак ба татбиқи васеъмиқёси созишномаҳои дар дараҷаи олӣ бадастомада нигаронда шудаанд.

Пешомади рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва маданиву инсонпарварии байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баррасӣ гардиданд.

Ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чунин соҳаҳо мисли биотехнология ва агрокластерҳо, саноати бофандагӣ, дорусозӣ, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобил ва маҳсулоти пардоздиҳанда, сохтмон ва идораи инфрасохтори меҳмонхона, инчунин дигар самтҳо эътибори алоҳида дода шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва тайёр кардани кадрҳо оид ба ихтисосҳои серталаби муҳандисиву техникӣ дар мактабҳои олии муштараки соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон кушодашуда ва дар пойгоҳи муассисаҳои таълими олии бонуфузи Ҳиндустон яке аз самтҳои устувори ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар бораи коркарди ҳарчи зудтари «харитаи роҳ»-и муштарак оид ба пеш бурдани шарикии самарабахши Ӯзбекистон бо ширкатҳои бонуфуз ва ташкилотҳои иёлати Гуҷарат аҳду паймон шуд.

Дар хотимаи вохӯрӣ Виҷай Рупани собит намуд, ки омода аст ба васеъ гардондани ҳамкории муфиди байни ду мамлакат ва таҳкими дӯстии халқҳоямон ҳамаҷониба кӯмак расонад.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 141