×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:50:07 (GMT +5), payshanba, 14 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - oktabr 2019

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 30-солагии мақоми забони давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ

Ҳамватанони азиз!

Дӯстони муҳтарам!

Ман шодам, ки ҳамаи шуморо дар ин қасри зебо ва муҳташам, ки дар маркази пойтахтамон қад афрохта, ба наздикӣ ба баҳрабардорӣ супурда шудааст, истиқбол менамоям.

Шумо ва дар шахси шумо тамоми халқамонро бо санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми давлатӣ аз таҳти дил табрик менамоям.

Имрӯз дар тамоми шаҳру вилоятҳоямон иморат ва иншоотҳои зиёд қад афрохта, ҳусни имрӯзаи Ӯзбекистонро ба вуҷуд меоранд. Дар байни онҳо маркази корчаллонии «Tошканд-Сити» махсус ба чашм намоён аст.

Чи хеле ки мебинед, дар ҳусни меъмории «Tошканд-Сити» охирон дастовардҳо ва имконоти зиёди шаҳрсозии замонавӣ, ғояи муҳандисӣ ва санъати ороиш таҷассум ёфтааст.

Мақсади асосии бунёди ин марказ дар 80 гектар майдон, ба вуҷуд овардани шаҳри замонавии «доно», баланд бардоштани ҷолибияти мамлакат, пеш аз ҳама пойтахт, барои сохтори бонку молия ва сармоягузорони байналхалқӣ, хориҷӣ ва маҳаллӣ мебошад.

Мо Стратегияи амалиётро, ки ба мақсади ба дараҷаи нави тараққиёт бардоштани Ӯзбекистон таҳия шудааст, муттасил ба амал татбиқ менамоем. Ғояи сохтмони маркази «Tошканд-Сити» зимни ба амал татбиқ намудани он ба вуҷуд омад.

Барои ба амал татбиқ намудани чунин лоиҳаи нодири муҳташам бори нахуст дар амалиёт, мо водор гардидем, ки бисёр нуқтаи назар ва усулҳоро азхуд намоем, корҳои зиёди лоиҳавиву ҷустуҷӯиро анҷом диҳем.

Майдони умуми сохтмон 1 миллиону 600 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд, ки 30 фоизи онро иморатҳои иқоматӣ ишғол менамоянд, 30 фоизи дигар бошад, аз бинои идораҳо ва боз 30 фоизи дигар аз маҷмӯаи савдо ва ҳамагӣ 10 фоиз ба ҳиссаи меҳмонхонаҳо рост меоянд.

Ҳоло ҳозир дар ин ҳудуд корҳои бузурги бунёдкорӣ бо суръати баланд идома ёфта, мо умед дорем, ки он соли 2021 ба охир хоҳад расид.

Хулоса, ба вуҷуд овардани маркази «Tошканд-Сити» самтҳои нави рушди ҷанбаи сохтмон ва меъмории имрӯзаи Ӯзбекистон, зарфияти калони моро дар ин соҳа намоиш медиҳад.

Имрӯз Ӯзбекистон ба туфайли сиёсати шаффоф ва конструктив ба маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании минтақа табдил меёбад.

Ташкилот ва сохторҳои байналхалқии бонуфуз, институтҳои молиявӣ, доираҳои корчаллон дар Тошканд чорабиниҳои бузург, анҷуман ва мулоқотҳо анҷом медиҳанд. Табиист, ки минбаъд Ӯзбекистон боз чунин анҷуманҳои боҳашаматро қабул хоҳад кард.

Ман боварӣ дорам, ки ин маҷмӯаи аз лиҳози меъморӣ нодир ва аз ҷиҳати муҳандисӣ низ бетакрор, маҳалле хоҳад гардид, ки дар он ғоя ва ташаббусҳои нав таҳия мегарданд, ки нафақат барои мамлакатамон, балки барои ҷамъияти ҷаҳон муҳим ба шумор рафта, ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ қабул мегарданд.

Аз фурсат истифода намуда, мехоҳам аз номи худ ва аз номи халқамон ба бунёдкорони ин қасри муҳташам, устодони кори худ – меъморон ва лоиҳакашон, коргарон ва муҳандисон, мутахассисони хориҷӣ миннатдории калон изҳор намоям.

Дӯстони муҳтарам!

Ин маҷмӯаи замонавӣ таҷассуми амалии таърихи нави мамлакат, марҳалаи нави тараққиёт, зарфияти офарандагии халқамон мебошад, ки мо бунёд менамоем. Рамзист, ки маҳз дар ин ҷо мо бори аввал бахшида ба забони модарӣ тантана ташкил менамоем.

Имрӯз ман аз он мамнунам, ки шумо – ҳамватанони азиз, депутатҳо ва сенаторон, собиқадорони муҳтарам, ходимони илм ва маданият, ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатиро дар ин қасри зебо дар ҷумлаи аввалин меҳмонони фахрӣ самимона истиқбол менамоям.

Забони ӯзбекӣ яке аз забонҳои қадимӣ ва ғании ҷаҳон буда, барои халқамон рамзи худшиносии миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, арзиши бузурги маънавӣ ба шумор меравад.

Оне, ки мехоҳад тамоми зебоӣ, ҳусн ва ғановати забонамон, имконоти бузурги онро эҳсос намояд, бигузор аллаҳои модарон, достон ва мақомҳои қадимӣ, суруди ҳофизу бахшиёнамонро шунавад.

Таърихи забони ӯзбекӣ, ки ба оилаи бузурги забонҳои туркӣ шомил аст, бо таърихи қадимӣ, кӯшиш ва ормонҳо, талхӣ ва маҳрумиҳо, дастовард ва ғалабаҳои халқамон алоқаманд аст. Маҳз забони модарӣ барои гузаштагони мо омили асосии ҳуввияти миллӣ буд. Ба ин забон онҳо бузургтарин намунаҳои маданият, кашфиётҳои илмӣ, шоҳкориҳои бадеӣ офаридаанд.

Дар гузашта қувваҳои гуногуни бадхоҳ барои тасаллути мамлакати мо кӯшиш намудаанд, пеш аз ҳама хостанд моро аз забон, таърих, маданият, эътиқоди муқаддас, шараф ва арзишамон маҳрум намоянд.

Аммо мардуми мард ва шуҷоатноки мо, сарфи назар аз ҳама гуна озмоиш, ки онҳоро аз сар гузарондаанд ва қурбониҳои бешумор, барои озодӣ ва истиқлолияти худ далерона мубориза бурдаанд. Зулм ва зӯроварӣ ба ҳар навъе, ки зуҳур нагардад, вай нафақат забони модарӣ – ғурури миллии худро эҳтиёткорона ҳифз кард, балки онро аз ҳар ҷиҳат инкишоф дода, ба насли имрӯз интиқол дод.

Имрӯз мо бо эҳтиром ва қадршиносии амиқ гузаштагони бузургамон, нависандагон ва олимон, арбобони дин, намояндагони бузурги санъатро ном мебарем, ки онҳо шуҷоати маънавии воқеӣ ва истодагариро барои ҳифз ва инкишофи забони модарӣ зоҳир намудаанд.

Санаи муҳими имрӯзро қайд намуда, мо пеш аз ҳама, 21 октябри соли 1989-ро ба ёд меорем, ки Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гаштааст.

Бояд гуфт, ки қабул гардидани қонуни мазкур, ки дар сарнавишт ва ояндаи халқамон аҳамияти ҳалкунанда дорад, дар он даврони барои мамлакат хеле мураккаб, дар шароити сохти тасаллутгар, осон ба даст наомад. Фикр мекунам, бисёр ҳамватанонамон хуб ёд доранд, ки лоиҳаи қонун ду маротиба ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд ва акси садои зиёди ҷамъиятӣ ба вуҷуд оварда, дар воситаҳои ахбори оммавӣ гарму ҷӯшон муҳокима гардид.

Ман худам гувоҳ ва бевосита иштирокдори ин ҷараёнҳои таърихӣ будам.

Дар қабул намудани чунин ҳуҷҷати муҳими деринтизор мавқеи қатъии зиёиёнамон, ҷамъияти васеъ ва иродаи сиёсии Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич Каримов нақши муҳим доранд.

Забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ қувваи муқтадир гардид, ки қодир шуд халқро муттаҳид намуда, ҷамъиятро ба роҳи мақсадҳои бузург сафарбар намояд.

Бояд таъкид кард, ки қабул гардидани ин қонун қадами қатъии аввалини Ӯзбекистон ба истиқлолият ва мустақилии давлатӣ, зуҳури равшани азми халқамон барои худмуайянсозии сарнавишти худ буд.

Пас аз ду сол маҳз дар забони модарии мо истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон гардида буд. Ба забони ӯзбекӣ ба вуҷуд овардани Қонуни Асосӣ – Конститутсияи мамлакат нуфузи онро боз ҳам боло бурд.

Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба забони модариамон дар мамлакат ва дар арсаи байналхалқӣ садо медиҳад, дар қалбҳоямон эҳсоси Ватанро мустаҳкам месозад.

Дар солҳои гузашта барои аҳли Ӯзбекистон, намояндагони беш аз сад миллат ва халқият забони ӯзбекӣ пули маънавие гардид, ки барои таъмини сулҳ ва салоҳ дар ҷамъиятамон хидмат менамояд.

Дар мустаҳкамсозии ин пули маънавӣ панҷ аср қабл аз ин Алишер Навоии бузург бо асарҳои ҷовидонаи худ саҳми бузург гузошт.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки забони модарӣ – пойгоҳи аслии дунёи маънавии миллӣ аст.

Маърифатпарвари бузурги ӯзбек Абдулло Авлонӣ таъкид кард, ки ҳаёти ҳар гуна халқ, мисле дар оина, дар забон ва адабиёти миллии он инъикос меёбад.

Ҳар як давлат барои он ки дар ҷомеаи ҷаҳон ҷойгоҳи муносиб пайдо намояд, пеш аз ҳама, барои ҳифз ва инкишофи забон ва маданияти миллӣ азм менамояд.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар бобати татбиқи меъёри Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» кори зиёд анҷом дода шуд.

Бино бар ин эътибори шуморо ба як нукта ҷалб намудан мехоҳам. Агар ба инобат бигирем, ки дар ҷаҳон беш аз 7 ҳазор забон вуҷуд дорад ва дар байни онҳо танҳо 200 забон давлатӣ ва ё расмӣ мебошад, пас маълум мегардад, ки қонуни мазкур дар ҳаёти халқамон чӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.

Баъдан боз як қонуни муҳим – дар бораи ҷорӣ намудани алифбои ӯзбекӣ дар асоси ҳуруфи лотинӣ қабул гардида буд.

Ҳамватанони азиз!

Чи хеле ки маълум аст, имрӯз Ӯзбекистон дар давраи нави тараққиёт қарор дорад ва муттасил вазифаи бартаринок: «Аз эҳёи миллӣ – ба тараққиёти миллӣ»-ро татбиқ менамояд.

Мисли тамоми ҷанбаҳо, корҳои доманфарох дар бобати афзоиши мақом ва нуфузи забони давлатӣ дар ҷамъият анҷом дода мешавад.

Ҳоло ҳозир забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ дар ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва маънавӣ фаъол кор фармуда шуда, аз минбарҳои байналхалқӣ садо медиҳад.

Даҳҳо фармон ва қарорҳои қабулшуда дар бобати минбаъд мустаҳкамсозии маънавият дар ҷамъиятамон, аз он ҷумла дар бобати такомули кори таълиму тарбия, такомули соҳаҳои маданият, санъат ва адабиёт, баланд бардоштани маданияти мутолиа, бевосита ба рушди забони ӯзбекӣ мусоидат менамоянд.

Аз ин хусус ҳарф зада, бояд таъкид кард, ки дар солҳои охир ба забони модарӣ садҳо кӯдакистон, мактаб ва муассисаҳои таълими олӣ, рӯзнома ва маҷалла, шабакаҳои телерадио, нашриёт, муассисаҳои маданиву равшаннамоӣ, китобхона кушода мешаванд.

Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишери Навоӣ таъсис гардид, ки дар он тарбияи мутахассисон аз рӯи чунин самтҳо мисли фолклор, шевашиносӣ, туркшиносӣ, матншиносӣ ва ғайра ташкил гаштааст. Табиист, ки ҳамаи ин дар инкишофи забони адабии ӯзбек нақши муҳим дорад.

Инчунин барномаҳои нави таълимӣ татбиқ гардида, китобҳои дарсӣ ва аёниятҳо, адабиёти илмиву оммавӣ, луғот, асарҳои илмӣ ва монографияҳо нашр гардида, дар анҷуманҳои илмӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ пешниҳодоти амалӣ дар бораи инкишофи минбаъдаи забони ӯзбекӣ пешниҳод мегарданд.

Тавре ки медонед, дар ҳудуди Боғи миллӣ, дар маркази пойтахт Хиёбони адибон ба вуҷуд оварда мешавад. Дар ин ҷо ёдгориҳои намояндагони маъруфи адабиётамон гузошта шудаанд, ки ба ғанисозии забони ӯзбекӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Барои омӯзиши ҳамаҷониба ва амиқи забони модарӣ, бархурдории насли ҷавон аз ғановат ва зебоии он мо дар мамлакат мактабҳои эҷодӣ ташкил намудем, ки ба ифтихори шоир ва нависандагони маъруф номгузорӣ шудаанд.

Имрӯз дар минтақаҳои гуногун мактабҳои эҷодии ба номи Муҳаммад Ризо Огаҳӣ, Исҳоқхон Ибрат, Абдулло Қодирӣ, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Иброҳим Юсупов, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Ҳалима Худойбердиева, Муҳаммад Юсуф фаъолият доранд.

Он нукта, ки дар ҷаҳон ба забони ӯзбекӣ қариб 50 миллион ҳарф мезанад, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки вай яке аз забонҳои паҳнгардидаи ҷаҳон мегардад.

Ҳоли ҳозир нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ бемайлон баланд мегардад ва дар ин нақши забони модариамон бузург аст.

Имрӯз забони ӯзбекиро қариб дар 60 донишгоҳ ва беш аз сад мактаб дар чунин мамлакатҳо мисли ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Шветсия, Русия, Украина, Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Туркия, Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон меомӯзанд. Сол то сол теъдоди олимон ва муҳаққиқони хориҷие, ки дар ҷанбаи забон ва адабиёти ӯзбек пажӯҳиш мебаранд, меафзояд.

Мо дар назди сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии мамлакатамон дар хориҷи кишвар ба вуҷуд овардани клубҳои «Дӯстони забони ӯзбекӣ»-ро дастгирӣ менамоем.

Аз фурсат истифода намуда, ба иштирокдорони тантанаи имрӯз – сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ миннатдорӣ изҳор менамоям, ки дар мамлакатҳои онҳо эҳтиром ва эътибор ба забони ӯзбекӣ зоҳир гаштааст. Мехостам ба он дипломатҳои хориҷӣ эҳтироми алоҳида изҳор кунам, ки забони ӯзбекиро меомӯзанд ва дар кори худ дар Ӯзбекистон аз он фаъолона истифода мебаранд.

Тавре ки маълум аст, ба қарибӣ Ӯзбекистон узви баробарҳуқуқи Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон гардид. Ин нафақат барои васеъ намудани ҳамкории иқтисодӣ, балки барои баланд бардоштани мақоми забонҳои туркӣ, аз он ҷумла забони ӯзбекӣ, дар дараҷаи байналхалқӣ хидмат менамояд.

Ташаббусе, ки Ӯзбекистон дар анҷумани Шӯрои туркӣ пешбарӣ намуд, аз он ҷумла пешниҳоди нашри силсилаи китобҳои «Хазинаи адабиёти туркӣ» дар мамлакатҳои аъзо ба забони модарӣ дар 100 ҷилд, ки ба он беҳтарин намунаҳои адабиёти халқҳои бародар шомил мегарданд, акси садои мусбӣ пайдо намуд.

Дӯстони азиз!

Имрӯз дар мамлактамон ба сифати давоми мантиқии корҳоямон доир ба рушди забони давлатӣ иқдоми наве ниҳодем. Ман имрӯз Фармонеро «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан афзун гардондани нуфузу мавқеи забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ» ба тасвиб расондам.

Бинобар он, бо назардошти аҳамияти калони таърихӣ доштани рӯзи қабул гардидани Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» санаи 21 октябр дар кишварамон чун «Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ» муайян карда шуд.

Ман бар онам, ки васеъ таҷлил намудани ҷашни забони ӯзбекӣ дар миқёси мамлакатамон ва арсаи байналхалқӣ, дар баробари баланд бардоштани ғуруру ифтихор ва рӯҳи миллии халқамон, ба комилан татбиқ гардидани забони давлатӣ дар рӯзгорамон хидмат мекунад.

Ба шумо маълум карданиям, ки тибқи Фармони мазкур, дар баробари масоили зиёди марбут ба забони модариамон дар Девони Вазирон сохтори алоҳидае низ доир ба рушди забони давлатӣ созмон дода шуд.

Сохтори мазкур риоя кардан ба асноди қонуни давлатӣ, таҳлили мушкилиҳои марбути соҳа ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар ин бахш таъмин менамояд.

Ҳоло дар дунё илму технологияҳо бо суръат ривоҷ ёфта, робитаҳои ҳамкории байналхалқии мамлакатамон густариш меёбад. Ин аст, ки аз хориҷа истилоҳу вожа ва ибораҳои зиёде ба рӯзгорамон ворид мегарданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ пок нигоҳ доштани забони миллӣ, афзудан ба дороии луғавии он, пайдо кардани муқобили ӯзбекии истилоҳҳои замонавӣ дар ҳама соҳаҳо, таъмини корбурди яксони онҳо вазифаи басе муҳим мебошад.

Бояд рӯйирост гӯям, дар ин масъала низ мелангем. Ба ин муносибат, ҳамчунин, дар фармон масъалаи ташкили Комиссияи истилоҳҳое, ки корҳоро доир ба ворид кардани вожа ва истилоҳҳои нав ба истеъмоли расмӣ мураттаб месозад, пешбинӣ шуд.

Забони модариамон чашмаи адонашавандаи маънавияти миллиамон мебошад. Пас, ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он натанҳо вазифаи ҳама, балки қарзи муқаддаси инсонии мост.

Дар мамлакатамон ғамхорӣ ва эътибор ба забони давлатӣ минбаъд низ пайгирона идома меёбад.

Ҳамватанони азиз!

Пайдост, ки кишварамон тӯли қарнҳо яке аз марказҳои фарҳангу тамаддун буд. Дар диёрамон аз замонҳои қадим бо халқамон намояндагони миллатҳои гуногун канори якдигар, муттафиқ ва аҳл дар фазои сулҳу оштӣ умр ба сар мебаранд.

Халқи соҳибмаърифате, ки забони худро эҳтиром менамояд, ба забони модарии дигарон низ арҷ мегузорад. Ба туфайли сиёсати ҳамзистии осоиштаи Ӯзбекистон, барои рушди забони модарӣ, суннат ва арзишҳои беш аз 130 миллату халқияте, ки дар кишварамон мисли як оила зиндагӣ доранд, шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Қариб 140 маркази миллии фарҳангие, ки дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳо кору фаъолият доранд, ба ҳамин мақсад хидмат мекунанд.

Дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва расонаҳои ахбори оммавии мамлакатамон, дар баробари забони ӯзбекӣ, таълим ва кору фаъолият ба забонҳои қароқалпоқӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва туркманӣ низ роҳандозӣ гардидааст, ки ин ҳодиса аз ҷониби аҳли ҷомеаи байналхалқӣ мусбат арзёбӣ мегардад.

Халқи доноямон фармудааст: «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ». Бобоёни бузургамон дар ин бобат намунаи ибрат будаанд. Хусусан, ниёгони бузурги мо Мӯсои Хоразмӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Имом Бухорӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Маҳмуди Замахшарӣ, Алишери Навоӣ ва дигарон аз он ки даҳҳо забонро хеле пухта медонистанд, қуллаҳои баланди илму донишро фатҳ намудаанд.

Имрӯз дар таълимгоҳҳои кишварамон забонҳои англисӣ, русӣ, немисӣ, франсузӣ, испанӣ, итолиёӣ, арабӣ, форсӣ, туркӣ, хитоӣ, ҷопонӣ, кореягӣ, ҳиндӣ ва урду амиқ омӯзонда мешавад, ки идомаи анъанаи пешинагон аст.

Мо майл ва саъю кӯшиши ҷавононамонро бобати аз худ кардани забонҳои ҷаҳон ҳамеша дастгирӣ мекунем.

Ман имрӯз ба бачаҳои азизамон рӯ оварда, суханони ҳикматноки зерини аллома Исҳоқхон Ибратро, ки дар ибитои садаи ХХ фарҳанги шашзабонаро – ба забонҳои ӯзбекӣ, арабӣ, форсӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва русӣ тартиб додааст, ёдрас намуданиям: «Ҷавонони мо бояд барои донистани дигар забонҳо саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд, аммо аввал бояд ба забони худ арҷ гузоранд. Зеро садоқат ба забони худ кори ватанист».

Фикр мекунам, ки ин суханон эзоҳталаб нестанд.

Муҳтарам, иштирокдорони анҷуман!

Барои дар ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ беш аз пеш афзудани таъсиру мавқеи забони модариамон дар пешамон вазифаҳои басе муҳиму рӯзмарра истодаанд.

Қабл аз ҳама, зарурати аз нуқтаи назари имрӯз ҳамаҷониба таҳил ва такмил додани Қонун «Дар бораи забон», ки сӣ сол қабл ба тасвиб расида буд, эҳсос мегардад.

Вазифаи дигари муҳим татбиқи бояду шояди забони далатӣ ба тадқиқотҳои фундаменталӣ, технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи муосир, саноат, низоми бонку молия, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, кори ҳарбӣ, тиб ва дигар соҳаҳо иртибот дорад.

Доираи корбурди забони давлатиро густариш додан, баҳри омӯхтани забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овардан барои ҳамватаноне, ки ба миллатҳои гуногун мансубанд, афзун гардондани марказҳои омӯхтани забони ӯзбекӣ дар кишварамон ва берун аз он аз заруратҳои дигаранд.

Пайи ин мақсад бояд китобҳои дарсии нав, фарҳангҳои гуногуни қиёсиву соҳавӣ, дастурҳои корбарию гуфтугӯйӣ нашр карда шаванд, алифбои лотиниасоси ӯзбекӣ такмил дода шавад, барои пурра гузаштан ба ин низом корҳои зиёдеро анҷом доданамон зарур.

Биноан, самараи тадқиқотҳои илмиеро, ки ба хусусиятҳои ба худ хоси забони ӯзбекӣ, шеваҳо, рушди таърихӣ ва истиқболи он иртибот доранд, бояд афзун гардонд, ҳамчунин ба куллан беҳ гардидани сифати омода кардани кадрҳо ноил гардем. Барои ин корҳо бояд маблағ ва захираҳои молиявиро дареғ надорем.

Офаридани энсиклопедияи мукаммали зиндагинома ва эҷодиёти ниёи мутафаккири бузургамон – Алишери Навоӣ, ки бо асарҳои пурарзиши худ қадру қадди забони модариамонро рост кардааст, аз вазифаҳои муҳими навбатиест, ки дар пешамон истодааст.

Дар айни ҳол аҳолӣ, хусусан ҷавононамон, маълумоти гуногунро асосан аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд. Бинобарин, барои пешниҳоди рангину ҷолиби забони модариамон бояд барномаҳои компутерии забони ӯзбекӣ, китобҳои дарсии онлайн ва луғатҳои электронӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Бояд бо истифода аз имкониятҳои Интернет, корҳоямонро доир ба тарғиби ҳамаҷонибаи забони ӯзбекӣ пурзӯр гардонем.

Масъалаи забони давлатӣ бояд яке аз тамоюлҳои асосии ғояи миллиамонро ташкил диҳад. Ба мақсади ҷо кардани забони модариамон дар дили насли ҷавон, дар ҳамаи зинаҳои таълим бояд ба мукаммал омӯзондани забони ӯзбекӣ дар асоси технологияҳои замонавӣ ва инноватсионӣ рӯйи эътибор гардонд. Ин ҳама ба равон хондану навиштани бачаҳоямон бо забони ӯзбекӣ ва возеҳу равшан фикр рондани онҳо мусоидат менамояд.

Агар гӯем, дар ҷамъиятамон мавзӯе, ки бештар мавриди муҳокима қарор мегирад ва сабаби эътирозҳои ҳаққонӣ мегардад, ин масъалаи муайян намудани номи ҷойҳо мебошад, муболиға нахоҳад шуд.

Таассуфангез аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаҳо, пештоқи биноҳо аломатҳои топономикӣ, эълон ва лавҳаҳои гуногун аксар вақт бо забонҳои хориҷӣ ва шаклу мазмунҳои ба маънавиятамон бегона ифода карда мешванд. Ин далели писанд накардани талабҳои забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва арзишҳоямон ва паст рафтани сатҳи саводнокӣ мебошад.

Бинобар ин, Девони Вазирон якҷоя бо Комиссияи истилоҳот бо иштироки васеи ҷамъият масъалаи мазкурро бояд дақиқ омӯзад ва ба тартиб андозад.

Зеро номгузории объектҳои ҷамъиятӣ ин кори ягон шахси алоҳида нест, балки, пеш аз ҳама, маҳаки дараҷаи ватанпарварӣ, маънавият ва маданияти ҷамъиятамон мебошад. Ҳеҷ гоҳ мо инро набояд фаромӯш кунем.

Ғами тақдир, ояндаи халқамонро хӯрда, мо дар навбати аввал бояд мисли гавҳараки чашм арзишҳои миллӣ ва таомулу санъату адабиёт ва, албатта, забони модарии худро эҳтиёт намоем.

Хулоса, муносибати худро мо ба забони давлатӣ бояд чун муносибат ба истиқлолият, садоқат ва эҳтиром ба онро чун садоқат ва эҳтиром ба Ватан баррасӣ намоем. Ин ба қоидаи ҳаёти мо бояд табдил ёбад.

Ҳар яки мо ин кори некро аз худ, оила ва ҷамоаи худ бояд шурӯъ кунад.

Ҳамватанони муҳтарам!

Бори дигар аз таҳти дил шумо, тамоми халқамонро бо Ҷашни забони ӯзбекӣ табрик менамоям.

Ба ҳамаатон тансиҳатӣ, бахт ва фараҳмандӣ таманно дорам.

Бигузор, шуҳрат ва нуфузи забони модарии ӯзбекии мо, халқамон, ки ин давлати беназирро ба вуҷуд овардааст, афзун гардад!

Ба эътиборатон ташаккур.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 141