×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
23:46:22 (GMT +5), payshanba, 14 - noyabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - oktabr 2019

Манбаи беинтиҳои маънавияти миллиамон

Дар Конгресс-маркази байналхалқии Тошканд 21 октябри соли 2019 бахшида ба сисолагии ба забони ӯзбекӣ додани мақоми забони давлатӣ чорабинии идона ба амал омад.

Дар он сенаторон, депутатҳо, аъзои ҳукумат, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ, зиёиёни эҷодкор, олимони забоншинос, ҷавонон иштирок карданд.

Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Сарвари давлатамон ҷамъомадагон, тамоми халқамонро бо ин санаи таърихӣ муборакбод намуда, дар бораи рушд ва пешомади забони ӯзбекӣ нутқ эрод кард.

Забон – ин гуфтан мумкин аст, шиносномаест, ки мавҷудияти миллатро тасдиқ менамояд. Тамоми қудрат, сеҳру ҷозибаи забон, пеш аз ҳама, дар безаволии ҳамон забон, бо он офарида шудани асарҳои бадеӣ намоён мегардад. Аз ин рӯ, миллате, ки худашро мешиносад, забони модариашро эҳтиёт менамояд, тамоми қувваву иқтидорашро баҳри рушди он сафарбар менамояд.

Дар давраи сохти мустабид бинобар аз миён бурдани забонҳои миллӣ, аз он ҷумла забони ӯзбекӣ саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд. Забони ӯзбекӣ мисли зиёиёни мамлакатамон табъид карда шуда, он натанҳо дар муассисаҳои давлатӣ, балки дар ҳаёти ҳамарӯза ба сифати воситаи гуфтугӯ ба дараҷаи нестӣ расида буд.

Маҳз дар чунин давра, дар арафаи истиқлолияти миллӣ халқамон забони модарии худ– ифтихори миллиашро нигоҳ дошта тавонист. Дар натиҷаи саъю кӯшиши фидокоронаи зиёиёни ватанпарвар, арбобоне, ки ба тақдири забони ӯзбекӣ бефарқ набуданд, 21 октябри соли 1989 қонун қабул гардид, ки он ба забони ӯзбекӣ мақоми давлатӣ дод. Дар давраи режими собиқ ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми давлатӣ дар роҳи истиқлолияти Ватанамон қадами қатъӣ гардид.

Забони модарии ҳар як халқ асоси рӯҳи миллӣ ва ба худ хос, асоси ғояи миллии онро ташкил медиҳад. Мафҳумҳои забон ва халқ дар тамоми замонҳо дар робитаи мутақобила дарк карда мешуданд. Бе забон халқ ва бе халқ забон вуҷуд дошта наметавонад.

Дар солҳои истиқлолият барқарор намудани мақоми забони модарӣ, васеъ ба истеъмол ворид намудани забони ӯзбекӣ ба ядрои ислоҳоти соҳаи маънавӣ табдил ёфт. Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қонунҳо ва қарорҳо ба забони ӯзбекӣ навишта шуданд, дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзиши забони ӯзбекӣ, ба воситаи забони модарӣ ба шуури авлоди ҷавон ҷойгир намудани ҳисси ғуруру ифтихори миллӣ эътибори калон дода мешавад. Бахшида ба нақши муҳими забони ӯзбекӣ дар пешрафти халқ, ҷамъиятамон тадқиқотҳои зиёд гузаронида шуда, як қатор луғатҳои истилоҳотӣ, тарҷумонӣ, этимологӣ, тафсирӣ, энсиклопедӣ нашр шуданд.

Дар дигаргунсозиҳои соҳаҳои маънавиву маърифӣ, ки тӯли солҳои охир мувофиқи Стратегияи амалиёт татбиқ мегарданд, чорабиниҳои ба рушди забони ӯзбекӣ нигаронидашуда нақши алоҳида доранд. Бо назардошти зинаи нави имрӯзаи рушди Ӯзбекистон – талаботи камолоти миллӣ – бинобар баланд бардоштани нақш ва мақоми забони модарӣ дар ҷамъият корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, ташкил кардани Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ корҳоро бинобар амиқ омӯхтани решаҳои таърихии забони ӯзбекӣ, рушди ҳамаҷонибаи он дар асоси илмӣ, васеъ гардондани соҳаи истифода, тайёр кардани кадрҳои филологӣ ба дараҷаи нав бардошт.

Дар айни ҳол дар натиҷаи дар мамлакатамон ташаккул ёфтани сиёсати адолатнок ва холисона забони ӯзбекӣ аз минбарҳои бонуфуз садо медиҳад, дар хориҷ шавқу рағбат ба омӯзиши забони ӯзбекӣ пурзӯр мегардад. Дар рӯзҳои наздик ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон ҳамроҳ гардидани Ӯзбекистон ва дар ҳамоиши навбатӣ, ки дар Боку (Озарбойҷон) баргузор гардид, ба сифати аъзои баробарҳуқуқ иштирок кардани он дар роҳи баланд бардоштани мақоми забони ӯзбекӣ боз як қадами муҳим гардид.

Қарори сарвари давлатамон «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз 4 октябри соли ҷорӣ дар гиромӣ доштани яке аз забонҳои қадимӣ ва бойи ҷаҳон – забони ӯзбекӣ, баланд бардоштани нақши он дар рушди иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавиву маърифӣ нақши беназир мебозад.

Мувофиқи қарори мазкур дар маҳалҳо ҷашни забони ӯзбекӣ, сайлҳои халқӣ, вохӯрӣ бо нависандагон, суҳбатҳои «мизи мудаввар», дар мактабҳо озмунҳои иншоҳо гузаронда шуда, дар театрҳо ва кинотеатрҳо, қасрҳои маданият дар бораи мутафаккирони барҷастаи халқ спектаклу филмҳо намоиш дода шуданд.

– Қарори мазкури Президенти мамлакат мисли ҳуҷҷати таърихие, ки 30 сол қабл қабул шуда буд – Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» аҳамияти муҳим дорад,– мегӯяд директори Донишкадаи забони ӯзбекӣ, адабиёт ва фолклори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Низомиддин Маҳмудов. – Забони ӯзбекӣ дар тӯли 30 сол роҳи ҷиддии рушдро тай намуд. Дар давраи гузашта луғати панҷҷилдаи тафсирии забони ӯзбекӣ, луғати энсиклопедии ӯзбекӣ нашр шуданд. Дар чунин қасри муҳташам, ки марвориди Ӯзбекистон гардид, баргузор намудани чорабинии мазкур маънии амиқи рамзӣ дорад. Бинои мазкур оиди аз эҳёи миллӣ ба камолоти миллӣ ҳаракат намудани мамлакати соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад. Дар чунин бинои замонавӣ ҷашн гирифтани ин сана аз эҳтироми баланд ба забонамон далолат медиҳад.

Баъд аз сӣ соли ин санаи таърихӣ боз як қадами муҳим гузошта шуд. 21 октябри соли 2019 Президент ба Фармон «Дар бораи чораҳо оид ба куллан баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ» имзо гузошт, ки мувофиқи он 21 октябр дар мамлакатамон Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ эълон гардид. Ин хушхабарро, ки дар чорабинии идона эълон гардид, тамоми халқамон бо хушнудӣ қабул намуд.

Президент дар суханрониаш зарурати минбаъд дар ҳаёти мамлакат ва ҷамъият баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ, бо назардошти талаботи имрӯз такмил додани Қонун «Дар бораи забони давлатӣ»-ро таъкид намуда, ба вазифаҳои муҳими дар ин бобат дар соҳа қарордошта эътибори алоҳида дод.

Дар хотимаи чорабинӣ бо иштироки устодони санъат барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки Ватан, халқ ва забони модариро тараннум менамоянд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 152