×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
17:10:04 (GMT +5), shanba, 19 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


28 - sentabr 2019

Табрики идона ба муаллимон ва мураббиёни Ӯзбекистон

Дӯстони муҳтарам!

Аз таҳти дил шумо, тамоми ходимони соҳаи таълим ва тарбияро бо Рӯзи муаллимон ва мураббиён табрик менамоям ва беҳтарин таманноҳои худро иброз мекунам.

Дар чунин як рӯзи хушнудкунанда мо бо эҳтиром ва миннатдории амиқ назди шумо, муаллимон ва мураббиёни меҳрубону ғамхор, устодон ва профессорон таъзим менамоем, ки бароямон дониши васеъ дода, барои ҳаёти мустақилона тайёр намудаед.

Воқеан меҳнати пурмашаққат ва ҷасорати ҳақиқии онҳое, ки тамоми ҳаёти худро ба тарбияи насли наврас бахшидаанд, ба олитарин баҳо муносиб аст.

Вақте дар ин хусус гап мезанем, беихтиёр суханони маърифатпарвари бузург Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ба ёд меорем: «Ба фарзандон донишеро биомӯзед, ки на танҳо имрӯз, балки дар оянда низ ба кор ояд».

Бешубҳа, вазифаи асосии ҷанбаи таълим, худи моҳияти меҳнати педагог, пеш аз ҳама, аз омодасозӣ барои оянда, тарбияи фарзандони солим ва баркамоли муносиб иборат аст, ки ин насл дар замони ояндаи боз ҳам мураккаб, ки рақобат дар шароити ҷаҳонишавӣ хусусияти махсусан бошиддатро касб менамояд, зиндагӣ мекунад.

Бо назардошти ин, ислоҳоти ҷанбаи таълиму тарбия бароямон аз ҳама муҳим, самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид.

Дар вақтҳои охир дар заминаи васеъ намудани шабакаҳои муассисаҳои таълими томактабӣ, гузариш ба таълими 11-солаи мактаб, оптимизатсияи фаъолияти литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар корҳои доманфарох анҷом дода шуда, барои рушди бахши хидматрасонии ғайридавлатии таълимӣ кори зиёд ба амал оварда шуд.

Имрӯз ба шарофати шумо, муаллимон ва мураббиёни азиз, дастгирии тамоми халқамон рушди таълими мактабӣ вазифаи умумимиллӣ, ҷунбиши умумихалқӣ мегардад.

Муассисаҳои замонавӣ ва инноватсионии таълимии шакли куллан нав – мактабҳои эҷодие, ки ба шарафи шоир ва нависандагони бузург номгузорӣ шудаанд, мактабҳои махсуси омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва табиӣ, ки номҳои олимони бузургро гирифтаанд, «мактабҳои темурбекҳо», Мактабҳои президентӣ маҳз ба ин мақсад хидмат мекунанд.

Ба инкишофи низоми мактабҳои таълими умумии ҳамагонӣ аҳамияти алоҳида дода мешавад. Дар ду соли охир дар ҷумҳурӣ 238 мактаби нав сохта шуд, ки ин гуфтаро собит менамояд. Барои мисол, солҳои 2010-2016 ба иллати эътибори нокифоя ба соҳа 99 мактаб баста шуда буд.

Ҳаҷми маблағҳои буҷа барои рушди таълими мактабӣ меафзояд. Ҳамин тариқ, дар соли ҷорӣ бо ин мақсадҳо ба ҳаҷми 81 фоиз бештар аз соли 2017 маблағ ҷудо карда шуд.

Дар мамлакатамон барои муносиб қадр намудани меҳнати муаллим ва мураббиён, баланд бардоштани музди меҳнат ва мақоми онҳо дар ҷамъият чорабиниҳо андешида мешаванд.

Чунин эътибор ба ин соҳаи муҳим ба сифатан беҳсозии ҷараёни таълимиву тарбиявӣ дар мактаб, мустаҳкамсозии таркиби муаллимон мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни инкишофи маҷмӯии низоми таълим ва тарбия мо инчунин ба такомули таълими томактабӣ ва олӣ эътибори калон медиҳем.

Барномаҳо дар заминаи рушди таълими томактабӣ ва олӣ бо ин мақсад қабул гардидаанд, ки дар асоси онҳо ислоҳоти куллӣ ба амал татбиқ мегардад.

Аз ҷумла, дар ду соли охир дар мамлакат 35 муассисаи таълими олии нав, аз он ҷумла, 13 мактаби олии хориҷӣ кушода шуд. Тарбияи кадррасонӣ аз рӯи беш аз сад самти нави бакалаврӣ, 94 ихтисоси магистратурӣ роҳандозӣ гардид.

Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо дараҷаи фарогирии ҷавонон дар таълимгоҳҳои олӣ аз 9 фоизи соли 2016 то 20 фоизи имрӯз афзуд. Мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки ин нишондодро дар ояндаи наздик то 25 фоиз расонем.

Ба туфайли имконоти бавуҷудоварда ҷавонони Ӯзбекистон дониш ва зарфияти худро дар ҷанбаҳои гуногун зоҳир менамоянд ва Ватанамонро дар тамоми ҷаҳон машҳур месозанд.

Чанде пеш дар Екатеринбурги Русия чемпионати ҷаҳон оид ба бокс анҷом ёфт, ки дар он қариб аз 80 мамлакат варзишгарони машҳур ширкат намуданд. Намояндагони ҷамоаи миллии мо дар ин талошҳо истеъдод, мардонагӣ ва шуҷоат зоҳир намуда, дар ҳисоби ҷамоавӣ ҳам ҷойи аввалро ишғол намуданд. Ин, бешубҳа, ҳамаи моро шод месозад, қалбҳоямонро аз ҳисси ифтихор лабрез менамояд.

Чунин дастовардҳои бузургро мо чун натиҷаи меҳнати пурмашаққати муаллимон ва мураббиёни мамлакатамон мепазирем.

Дӯстони азиз!

Бешубҳа, ҳамаи мо хуб медонем, ки замони имрӯзаи зудтағйирёбанда дар наздамон вазифаҳои фавқулодда муҳим ва зарурро дар бобати инкишофи тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла, таълим ва тарбия мегузорад.

Табиист, ки тамоми шароитро барои таълими ҷавонон ба вуҷуд овардан мумкин, биноҳои таълимии замонавӣ сохта, онҳоро бино бар талаботи имрӯз муҷаҳҳаз намудан мумкин. Аммо вазифаи мураккаб, ки меҳнат ва масъулияти зиёд тақозо менамояд – тарбия намудани муаллимон ва мураббиёне, ки тафаккури инноватсионӣ ва эҷодкорона касб намудаанд ва шогирдони худро дар асоси маҳакҳои хеле баланд таълим медиҳанд, мебошад.

Аз ин лиҳоз, муаллими имрӯз бояд мутахассиси ҳамаҷониба бошад, на фақат омӯзонад, балки худаш низ омӯзад, яъне ҳамеша аз болои худ кор кунад ва донишашро афзояд.

Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад. Фақат муаллиме, ки дар қалбаш муҳаббат ба Ватан, садоқат ба касб маъво гирифтааст, метавонад ватанпарварҳои ҳақиқиро тарбия намояд.

Имрӯз тамоми корҳои амалӣ ва кӯшишамон ба он нигаронда шудааст, ки касби муаллим дар Ӯзбекистон аз ҳама бонуфуз ва бошараф гардад. Дар дастёбӣ ба ин мақсади бошараф давлатамон ва ҷамъиятамон тамоми восита ва захираҳои ногузирро сафарбар менамоянд.

Чорабиниҳое, ки дар бобати такомули омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ислоҳоти идораи низоми таълими олӣ ва миёнаи махсус, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва дастгирии ташаббусҳои онҳо аз ҷониби мо андешида шудааст, бояд босамар ба амал татбиқ гарданд.

Дар соҳаи таълими касбӣ гузаришро ба низоми нав, ки ҷавобгӯи пурраи талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналхалқӣ мебошад, бояд тезонд.

Татбиқи барномаи давлатии «Мактаби замонавӣ», ки ба мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҳамчунин дониш ва таҷрибаи кадрҳои педагогӣ нигаронда шудааст, ба таври ҳамешагӣ дар маркази диққати мо бояд қарор гирад.

Барои ҳамаи мо хуб маълум аст, ки имрӯз дар ҷаҳон таҳдиди қувваҳои сиёҳ меафзояд, ки мехоҳанд шуури ҷавононро ба даст оварда, онро ба ифроткор табдил диҳанд. Барои муқовимат бар зидди чунин ситеза ва таҳдидҳо, ҳамаи мо бо ҳам, ба ғояи миллии худ такя намуда, ҳамдастии оила, мактаб ва маҳалларо дар ҷиҳати тарбияи насли наврас мустаҳкам бояд намоем.

Ин вазифа кори бошарафи роҳбарони ҳама гуна дараҷаҳо, ташкилоти ҷавонон, занон, собиқадорон, намояндагони зиёиёни эҷодкор, арбобони дин, ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот ва, умуман, тамоми ҷамъиятамон бояд гардад.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар соҳаи таълим ва тарбия, дар ҳаёти фарзандонамон давраи нав фаро мерасад. Онро бо маъно ва муҳтавои боз ҳам амиқтари нав пурра сохтан, ба даст овардани тараққиёти миллӣ фақат аз худи мо, аз ваҳдат ва ҳамбастагии халқамон, аз меҳнати шуҷоатнок ва матини мо вобаста аст.

Мо ба шумо, муаллимон ва мураббиёни муҳтарам, гавҳари аз ҳама гарони худ – сарнавишти миллионҳо нафар фарзандон, писарон ва духтарони азиз, ояндаи Ӯзбекистонро бовар кардаем. Ва шумо, бунёдкорони оянда, ки бо шараф ва масъулият ин вазифаи муҳимтаринро ба сомон мерасонед, бешубҳа, шоистаи эътирофи хеле баланд ҳастед.

Бори дигар шуморо бо Рӯзи муаллимон ва мураббиён табрик менамоям, барои ҳамаатон тансиҳҳатӣ, дар фаъолияти вазнин ва бошараф муваффақияти бузург, дар хонаводаатон бахт ва фараҳмандиро таманно дорам.

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон



Marta o`qilgan: 101