×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
17:08:47 (GMT +5), shanba, 19 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


28 - sentabr 2019

Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар доираи Консепсияи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар коҳиш додани сарбории андоз ва кам кардани номутаносибӣ дар андозситонӣ аз субъектҳои соҳибкорӣ чораҳо татбиқ шуданд.

Бо мақсади таъмин кардани устувории бозори истеъмолӣ, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолгарони ватанӣ, инчунин ташаккул додани «занҷир»-и пайвастаи андози арзиши иловагӣ:

1. Аз 1 октябри соли 2019 ставкаи андози арзиши иловагӣ аз 20 то 15 фоиз кам карда шавад.

2. Тартиби дарамали аз ҷониби мақомоти хидмати давлатии андоз боздоштани амалиёт бинобар ҳисобҳои андоздиҳандагон дар бонкҳои тиҷоратӣ бекор карда шавад.

Вазорати молия якҷоя бо Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиби аз ҷониби мақомоти хидмати давлатии андоз боздоштани амалиётро бинобар ҳисобҳои андоздиҳандагон дар бонкҳои тиҷоратӣ ба муҳлати на зиёд аз 30 рӯз дар асоси натиҷаҳои «таваккал-таҳлил» ва гузарондани чораҳои пешгирикунанда ба назар гирад.

3. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми тайёр намудани лоиҳаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2020-ум инҳоро ба назар гирад:

аз 25 то 12 фоиз кам кардани ставкаи пардохти ягонаи иҷтимоӣ барои корхонаҳои давлатӣ, шахсони юридикӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавӣ) ҳиссаи давлат то 50 фоиз ва беш аз он мебошад, инчунин барои шахсони юридикӣ, ки дар фонди оинномавиашон (сармояи оинномавиашон) 50 фоиз ва аз он бештараш ба шахси юридикии ҳиссаи давлатиаш то 50 фоиз ва аз он беш ва зершуъбаҳои сохтории он тааллуқ доранд;

муқаррар намудани ставкаи базавии андози даромади шахсони юридикӣ ба миқдори 15 фоиз бо нигоҳ доштани ставкаи андози даромад, ки дар намуди дивидент дода мешавад;

бекор кардани тартиби соддаи ҳисоб кардан ва пардохтани андози арзиши иловагӣ.

4. Муайян карда шавад, ки аз 1 октябри соли 2019 ҳосили ҷамъи пардохти ягонаи андоз, ки пештар ба ҳисоби Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронда мешуд, ба буҷаҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузаронда мешаванд.

5. Кумитаи давлатии андоз, Кумитаи давлатии гумрук, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дигари манфиатдор васеъ фаҳмондани моҳият ва мазмуни Фармони мазкурро, аз он ҷумла дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаи Интернет ташкил намоянд.

6. Аз 1 октябри соли 2019 ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд.

7. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. А. Ғуломов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

26 сентябри соли 2019



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 100