×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
17:55:57 (GMT +5), shanba, 19 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - sentabr 2019

Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани фаъолияти Агентии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 сентябри соли 2019 № ФП-5815 «Дар бораи таъсис додани Агентии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон»:

1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:

сохтори ташкилии Агентии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи иловаи № 1;

сохтори дастгоҳи марказии Агентии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 57 адад шумораи ҳадди аксари кормандони идора мувофиқи иловаи № 2.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

ба Агентии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд –Агентӣ) директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар тақдимномаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифа таъин ва аз он озод карда мешавад;

директори Агентӣ дорои се муовин, аз он ҷумла, як муовини аввал мебошад, ки аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар тақдимномаи директори Агентӣ ба вазифа таъин ва аз он озод карда мешаванд;

директори Агентӣ бинобар шароити пардохтани музди меҳнат, таъминоти тиббӣ ва нақлиётӣ ба вазир, муовини аввали вай – ба муовини аввали вазир ва муовинон – мутаносибан ба муовинони вазир баробар карда мешаванд;

теъдоди штатҳои Агентӣ аз ҳисоби мувофиқсозии 57 воҳиди штатии кормандони истеҳсолии мақомоти ҳудудии Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъ оварда мешавад.

3. Ба директори Агентӣ ҳуқуқи:

ҳангоми зарурат ба сохтори Агентӣ дар доираи шумораи умумии штати муқарраргардида ворид намудани тағйирот;

ворид намудани воҳидҳои иловагии штати кормандони Агентӣ аз ҳисоби маблағи Фонди рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Агентӣ;

ба тариқи истисно қабул намудани қарор дар бораи ташкил кардан ва барҳам додани ташкилотҳои зеридоравӣ;

дар асоси шартнома барои кор кардан дар Агентӣ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар, муассисаҳои илмиву таълимӣ, созмонҳои байналхалқӣ, инчунин корбастҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағи Фонди рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Агентӣ;

тасдиқ кардани ҷадвали штати мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус, инчунин хобгоҳҳо бо розигии Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шавад.

Директори Агентӣ дар муҳлати як моҳ барои иҷрои самарабахши вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда бо мутахассисони баландихтисоси дорои донишҳои зарурӣ ва малакаҳои амалӣ сарпур гардондани Агентиро таъмин намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

дар соли 2019-ум дар доираи параметрҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таъминоти Агентӣ маблағ ҷудо кунад, аз соли 2020-ум сар карда ҳар сол ҷудо кардани маблағи зарурии буҷаро ба назар гирад;

барои таъминоти нақлиёти автомобилии сабукрави хидматӣ ба миқдори 4 воҳид лимит муқаррар кунад, инчунин ба Агентӣ барои хариди онҳо ҷудо кардани маблағи зарурии пулиро таъмин намояд;

ба Агентӣ бинобар ҳисобу китоби асоснок дар соли 2019-ум ҷудо кардани маблағро дар ҳаҷми 3 миллиард сӯм, дар соли 2020-ум бошад, то 7 миллиард сӯм ба харид кардани таҷҳизоти зарурӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ барои ташаккул додани пойгоҳи моддиву техникӣ ва таъмири биноҳои маъмурӣ бо назардошти хароҷоти амалӣ таъмин намояд.

5. Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агентиро бо воситаҳои зарурии алоқа, аз он ҷумла ҳукуматӣ таъмин намояд.

6. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ:

ҷойгузинии Агентиро таъмин кунад;

низом дар бораи Агентиро тасдиқ намояд;

Барномаи бо технологияҳои замонавии ахбору коммуникатсионӣ, таҷҳизоти навтарини таълимиву лабораторӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва варзишӣ, асбобу анҷом ва воситаҳои дигари зарурӣ муҷаҳҳаз гардонданро тасдиқ намояд;

Консепсияи такмил додани фаъолияти мактабҳои эҷодиро дар солҳои 2020-2025 барои баррасӣ тақдим намояд.

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Агентӣ ҳар сол бинобар ташкил кардани:

иштироки хонандагони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус дар олимпиадаҳои байналхалқӣ бинобар фанҳои гуногуни таълим;

сафарҳои маданиву таълимии хонандагони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус дар хориҷ;

такмили ихтисос ва коромӯзии кормандони педагогии мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус дар муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ ва илмӣ таклиф тақдим намояд.

8. Вазорати таълими халқ дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.

9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

9 сентябри соли 2019



Marta o`qilgan: 152