×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
17:35:54 (GMT +5), shanba, 19 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


22 - sentabr 2019

Дар бораи таъсис додани оҷонсии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тӯли давраи сипаришуда бинобар масъалаҳои минбаъд такмил додани низоми таълими муттасил, баланд бардоштани дастёбӣ ба хидматҳои босифати таълимӣ, мувофиқи талаботи кунунии бозори меҳнат тайёр кардани кадрҳои баландихтисос чораҳои васеъмиқёс андешида шуданд.

Баробари ин бобати созмон додани кори бонизоми ягонаву самарабахш бо ҷавонони соҳибистеъдод, дастгирӣ намудани ташаббусҳои онҳо баҳри корбурди маҳорат ва иқтидори насли наврас, нашри китобҳои дарсӣ ва аёниятҳои таълимиву услубӣ, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар пояи талаботи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ҳамчунин таъмин сохтани тайёркунии мутахассисони зарурӣ, ки манфиатҳои кишвари моро дар арсаи байналхалқӣ дар сатҳи баланди касбӣ метавонанд ҷонибдорӣ намоянд, қабул кардани чораҳои иловагӣ тақозо мегардад.

Бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани кор оид ба дарёфтан, интихоб кардан, таълиму тарбия додани ҷавонони соҳибистеъдод, дастгирӣ ва рағбатноксозии минбаъдаи соҳибистеъдодҳои наврас, аз байн бардоштани мушкилот дар тайёр кардан ва чоп намудани китобҳои дарсиву аёниятҳои таълимиву услубӣ, ҳамчунин созмон додани низоми махсус доир ба идоракунӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ:

1. Оҷонсии оид ба рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсуси назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсӣ) таъсис дода шавад.

2. Инҳо ба тобеияти идоравии Оҷонсӣ дода шаванд:

мактабҳои Президентӣ;

мактабҳои эҷодии ба номҳои Абдулло Орипов, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Муҳаммад Юсуф, Иброҳим Юсупов, Эркин Воҳидов, Муҳаммад Ризо Эрниёзбек ӯғли Огаҳӣ, Ҳалима Худойбердиева ва Абдулло Қодирии назди мақомоти ҳудудии Вазорати таълими халқ, ҳамчунин мактаби эҷодии ба номи Исҳоқхон Ибрати назди Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – мактабҳои эҷодӣ), бо нигоҳ доштани ҷадвали тасдиқшудаи штатӣ ва тартиби дар амали бо маблағ таъминкунии онҳо;

Мактаби махсус бо омӯзиши амиқи фанҳое, ки ба самти технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дахл доранд, мактаби махсуси ба номи Муҳаммад ал-Хоразмии назди Вазорати оид ба рушди технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, мактаб-интернати давлатии махсуси таълими умумии ба номи Мирзо Улуғбек, ҳамчунин мактаб-интернати махсуси биолог ва химикҳои ҷавони ба номи Абу Алӣ ибни Синои назди Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Минбаъд – мактабҳои махсус).

3. Инҳо вазифаҳои асосии Оҷонсӣ муайян карда шаванд:

коркард ва самарабахш татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи дарёфтан, интихоб кардан, таълиму тарбия додани ҷавонон дар мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус;

амалӣ намудани роҳбарияти ягонаи ҳамоҳанг ва услубии фаъолияти мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус мувофиқи меъёрҳои давлатии таълимӣ;

ба ҷараёни таълиму тарбияи мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами таълим, технологияҳои таълимӣ ва навгониҳои иттилоотӣ;

дар толибилмони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус ташаккул додани эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, кушодадилӣ, муносибати боэҳтиромона ба қонунҳо, суннатҳои милливу умумиинсонӣ, минбаъд баланд бардоштани дараҷаи рушди маънавиву ахлоқӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳо;

ҷорӣ намудани механизмҳои пешқадам ва шаффофи ташкиливу ҳуқуқии интихоб кардан, тайёр намудан, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои педагогии мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус бо ҷалби ташкилот ва коршиносони байналхалқӣ;

тайёр кардани дастур оид ба такмил додан ва ҳамоҳанг сохтани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус;

мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус, баргузор намудани мониторинг ва корҳои мутобиқсозӣ оид ба истифодаи бино ва иншоот дар муассисаҳои мазкур.

4. Муқаррар карда шавад, ки:

Оҷонсӣ мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ ба шумор меравад;

қарорҳои Оҷонсӣ, ки дар ҳудуди мақоми ӯ қабул шудаанд, барои иҷро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ ба шумор мераванд;

маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, сарчашмаҳои бо маблағтаъминкунии фаъолияти Оҷонсӣ ба шумор мераванд;

меъёрҳои давлатии таълимӣ, ки ба мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус пешниҳод мешаванд, аз ҷониби Оҷонсӣ тасдиқ мегарданд;

маркази илмиву услубии ноширии «O`gituvchi»-и Оҷонсии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Марказ) корҳои мувофиқсозии вобаста ба тайёр кардан ва нашр намудани китобҳои дарсӣ ва аёниятҳои таълимиву услубиро барои мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус татбиқ менамояд;

Марказ дар пояи супоришоти Оҷонсӣ мувофиқи қонунгузорӣ дар бораи харидҳои давлатӣ тайёр кардан ва нашр намудани китобҳои дарсӣ, аёниятҳои таълимиву услубӣ, аз ҷумла дар шакли электрониро бо минбаъд тасдиқ гардидани онҳо аз ҷониби Оҷонсӣ таъмин менамояд.

5. Инҳо нишондиҳандаҳои муҳими кори самарабахши Оҷонсӣ муқаррар карда шаванд:

баланд бардоштани сифати ҷараёни таълимиву тарбиявӣ дар мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус, ки аз ҷумла дар толибилмон ташаккул додани эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва муҳаббати беҳудуду садоқат ба Ватан, муносибати боэҳтиромона ба суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ;

озодона аз худ кардани забонҳои давлатӣ ва хориҷии хатмкунандагони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус;

ба мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус ҷалб кардани омӯзгорони соҳибихтисос ва ботаҷрибаеро, ки донишҳои амиқ доранд, донандагони забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, технологияҳои замонавии педагогӣ ва услубии таълими инноватсионӣ мебошанд;

фароҳам овардани шароитҳои сазовор барои идома додани таълими хатмкардагони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус дар муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла аз тариқи низоми амали махсуси таълими олӣ;

дохил шудани на камтар аз 20 фоизи хатмкардагони мактабҳои Президентӣ ба муассисаҳои пешқадами таълими олии хориҷӣ, ки дар байни муассисаҳои таълими олӣ бинобар рейтинги созмонҳои эътирофшудаи байналхалқӣ 1000 мавқеи аввалинро ишғол мекунанд;

кӯмакрасонӣ ба корёбии хатмкардагони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус дар мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, дигар ташкилоти таъиноти ҷумҳуриявӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, ширкатҳо ва иттиҳодияҳои бузург;

зиёд кардани миқдори мактабҳои эҷодӣ ва махсус бино бар талаботи самтҳои таълим бо дар онҳо ҷорӣ намудани шаклҳо ва усулҳои инноватсионии таълим;

дар тамоми мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус амал кардани китобхонаҳои замонавӣ бо асарҳои адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ, мусиқа, кино, ҳайкалтарошӣ, санъати тасвирӣ ва самтҳои дигари эҷодӣ;

таъмин сохтани автоматиконии ҷараёни таълимиву услубӣ дар мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус, ба шабакаҳои баландсуръати интернет пайваст кардани онҳо;

ба роҳ мондани ҳамкории наздик бо ташкилотҳои хориҷии таълимӣ бо мақсади ба ҷараёни таълимии мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами таълим, технологияҳои педагогӣ ва навгониҳои иттилоотӣ;

таъмин намудани мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус бо толорҳои замонавии варзишӣ, инвентарҳо, таҷҳизот ва воситаҳои дигар.

Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор бобати сари вақт иҷро кардан ва муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсадноке, ки боби мазкур пешбинӣ менамояд, чораҳо андешад.

6. Дар назди Оҷонсӣ Бунёди рушди мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус (минбаъд – Бунёд) таъсис дода шавад, инҳо манбаъҳои ташаккулдиҳии онҳо муайян карда шаванд:

хайрияҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла манбаъҳои хайрияи ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

грантҳо ва маблағҳои кӯмаки техникии созмонҳои байналхалқии молиявӣ ва давлатҳои хориҷӣ;

даромадҳо аз тақсимкунии маблағҳои муваққатан озоди Бунёд;

даромадҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ намекунад.

Дар ин маврид аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таъминоти ташкилотҳое, ки ба Оҷонсӣ, бинобар боби 2-юми Фармони мазкур дода мешаванд, маблағҳо ҷудо карда мешаванд.

Муайян карда шавад, ки маблағҳои Бунёд барои инҳо сафарбар мегарданд:

корҳои бо маблағтаъминкунӣ бинобар сохтмон, таҷдид ва таъмири умумии мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус, аз ҷумла дар зарурат вусъат додани биноҳои таълимӣ бо ташкил кардани устохона ва лабораторияҳои таълимӣ, бунёди толорҳои варзишӣ, майдончаҳо ва дигар иншооти инфрасохтор;

муҷаҳҳазсозӣ (азнавмуҷаҳҳазсозӣ)-и мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус бо назардошти талаботи замонавӣ ва бо назардошти меъёрҳои тасдиқшудаи таҷҳизоти навтарини таълимиву лабораторӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва варзишӣ, асбобҳои мусиқӣ, техникаҳои компутерӣ, мебел ва инвентарҳо;

дар мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ ва маҳсулоти барномавӣ;

пардохти хидмати созмонҳои махсуси хориҷӣ оид ба таъмин кардани роҳбарияти илмиву услубӣ, ҷорӣ намудани ҷараёни таълим дар мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус;

барои кор ба Оҷонсӣ дар асоси қарордоди шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб намудани мутахассисони баландихтисос, аз ҷумла коршиносони хориҷӣ ва ҳамватаноне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд;

чорабиниҳои дигаре, ки ба такмил додани фаъолияти Оҷонсӣ нигаронида шудаанд.

7. Муқаррар карда шавад, ки Оҷонсӣ тақсимкунандаи маблағҳое ба шумор меравад, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои бо маблағтаъминкунии фаъолияти мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус ҷудо карда мешаванд.

8. Таклифи Оҷонсӣ, Вазорати таълими халқ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар бораи муқаррар намудани тартибе, ки мувофиқи он аз соли хониши 2020/2021:

дар мактабҳои эҷодӣ миқдори хонандагон дар ҳар кадом синф 20 нафарро ташкил медиҳад, қабул ба синфи 7-ум дар пояи озмуни эҷодӣ, санҷишҳои тестӣ ва ғайра татбиқ мегардад;

дар мактабҳои эҷодӣ 1 вазифаи ягонаи штатии китобхонадор новобаста аз миқдори хонандагон ҷорӣ карда мешавад;

аъзои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон мунтазам дар мактабҳои эҷодӣ бахшида ба рушди истеъдоди эҷодии толибилмон машғулият мегузаронанд;

пардохти меҳнати аъзои Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ дар мактабҳои эҷодӣ машғул мешаванд, мувофиқи пардохти соатбайи меҳнати омӯзгорони мактабҳои таълими умумӣ татбиқ карда мешавад, маъқул дониста шавад.

Ба Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки дар муҳлати як моҳ мактабҳои эҷодиро бо 100 адад асарҳои беҳтарини адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ, мусиқӣ, кино, ҳайкалтарошӣ, санъати тасвирӣ ва самтҳои дигари эҷодӣ (бестселлерҳо) таъмин кунад.

9. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати оид ба рушди технология ва коммуникатсияҳои иттилоотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 январи соли 2020-ум ба пойгоҳи захираҳои ахбори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ пайваст кардани китобхонаҳои мактабҳои эҷодиро таъмин кунад.

10. Ба ҳокимияти шаҳри Тошканд ва корхонаи давлатии унитарии «Идораи минтақаи озоди сайёҳии «Чорвоқ» супурда шавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро бинобар ҷудо кардани қитъаи замин бо шароитҳои мусоиди табиӣ барои сохтмони лагери тобистонаи варзишиву солимгардонии бачагона баҳри хонандагони мактабҳои Президентӣ, эҷодӣ ва махсус, ҳамчунин минтақаи истироҳат барои кормандони Оҷонсӣ ва Марказро пешниҳод кунанд.

11. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар зарфи як ҳафта лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти Оҷонсиро пешниҳод намояд.

Ба Вазорати таълими халқ супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.

12. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

9 сентябри соли 2019



Marta o`qilgan: 142