×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
05:59:02 (GMT +5), dushanba, 23 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


1 - sentabr 2019

Ҷашни бузурги халқи пуршараф ва олиҳиммат

Дар Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» бахшида ба 28-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон тантанаҳои идона ба амал омаданд.

Истиқлолият – неъмати аз ҳама бузург. Падару бобоёнамон дар роҳи озодӣ озмоишҳои мураккабро паси сар намуда, ҷони худро нисор намудаанд.

1 сентябри соли 1991 истиқлолиятро ба даст овардани Ватанамон барои халқамон воқеаи таърихӣ гардид. Ба туфайли истиқлолият мо ба сифати халқи озоди давлати мустақил бузургии Ӯзбекистонро ба ҷаҳон намоиш додем. Ба туфайли меҳнати фидокоронаи халқамон, ғайрату азму шуҷоати ҷавонон шуҳрати Ӯзбекистон ба тамоми ҷаҳон паҳн мегардад. Бо сухан ифода намоем, истиқлолият барои бо дастони худ бунёд намудани ояндаи ободу фаровон дари имкониятҳои беназирро боз намуд. Ба ҳарчӣ муваффақ шуда бошем, ҳамааш ба шарофати мустақилист.

Имрӯз халқамон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев таърихи нави Ӯзбекистонро меофарад. Дигаргуниҳои дар ҳар ҷабҳа, ҳар як ҳудуд амалигардида нуфузи байналхалқии сиёсии мамлакатамонро баланд бардошта, иқтисодиётро вусъат медиҳад, боварии халқамонро ба фардо мустаҳкам менамояд.

Ҳар сол ҷашни истиқлолият дар ҳамоҳангӣ бо зинаи нави роҳи тараққиётамон бо марраҳои нав ба нав истиқбол гирифта мешавад. Соли ҷорӣ миқёси ин марраҳо васеъ аст. Мувофиқи қарори Президент, ба ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон тайёрии ҷиддӣ дида шуд. Чорабиниҳо бахшида ба санаи бузург ғояи асосии «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман»-ро таҷассум намудааст, ки ҳар як ҳамкишварамонро ба накӯкорӣ раҳнамун месозад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, деҳаву овулҳо барои муносиб ҷашн гирифтани иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз эътибори алоҳида дода шуд.

31 август. Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон». Аъзои парлумон ва ҳукумат, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамватанонамон, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият нишон медиҳанд, роҳбарони ваколатхонаҳои корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ ба тантанаи ҷашнӣ бахшида ба 28-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон ҷамъ омадаанд.

Ба қаср Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ворид мегардад. Сухан ба сарвари давлатамон дода мешавад. Президентамон халқамонро бо ҷашни истиқлолият муборакбод намуда, ниятҳои нек изҳор кард.

Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо медиҳад. Ҷамъомадагон як забону як дил шуда суруди истиқлолиятро иҷро менамоянд. Таҳти садои мадҳия манзараҳои нотакрори Ватан, таърихи истиқлол дар лавҳаҳо инъикос меёбанд.

Ҷашни мазкурро ҳар сол мо бо шоду хуррамии калон истиқбол мегирем. Ӯзбекистон дар навсозии сиёсӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои бузург муваффақ мегардад, ба давлати замонавӣ табдил меёбад, ислоҳот бинобар таъмин кардани некӯҳолии халқ ҳаёти одамонро беҳтар мегардонад, дар онҳо бовариро ба фардо мустаҳкам менамояд, натиҷаҳои ба дастовардашуда ба сифати намуна аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегардад, ки ҳамаи ин, бешубҳа, ба мо хушнудӣ мебахшанд.

Алоҳида таъкид кардан ҷоиз аст, ки мувофиқи ғояи «Аз эҳёи миллӣ – ба камолоти миллӣ», ки дар асоси Стратегияи ҳаракати бо ташаббуси роҳбари давлатамон қабулгардида қабул шудааст, тамоми соҳаҳо нав мегарданд.

Дар тӯли солҳои охир дар раванди дигаргунсозиҳо бинобар таъмин кардани устувории қонун, ба рӯи об баровардани орзуву мақсадҳои шаҳрвандон ба фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як инсон эътибори алоҳида дода мешавад.

Фармони Президент «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан гузашта, аз кирдори худ сидқидилона пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳот даромадаанд», ки дар арафаи 28-умин солгарди истиқлолияти Ватанамон имзо шуд, тасдиқи амалии сиёсати инсонпарваронаи давлат гардид. Мувофиқи фармон шаҳрвандоне, ки муҳлати ҷазоро барои ҷинояти содир кардаашон гузашта, аз кирдори худ сидқидилона пушаймон шудаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳ даромадаанд, афв карда шуданд. Ин дар рӯзҳои ҷашн ба бисёр оилаҳо хушнудиҳои зиёд овард.

Соли 2019 дар мамлакатамон Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ эълон гардид. Соли ҷорӣ вазифаи азхуд намудани сармоя дар ҳаҷми 138 триллион сӯм, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 16 фоиз зиёд мебошад, гузошта шуд. Зеро, сармояҳо устувории иқтисодиётро мустаҳкам намуда, рушди соҳаҳои пешбарро аз ҳисоби ба истифода супурдани иқтидорҳои нав таъмин мекунад.

Дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис роҳбари давлатамон бино бар самтҳои асосии вазифаҳои соли ҷорӣ истода гузашта, таъкид кард, ки бояд сиёсати фаъоли сармоягузориро бояд пайваста идома дод. Чунки фаъол ҷалб намудани сармоя роҳро ба даромади воқеӣ, рушди соҳибкорӣ, созмон додани ҷойҳои нави корӣ, афзун гардондани ҳаҷми содирот ва ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ мекушояд.

Дар натиҷаи чораҳои низомноки андешидашуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ 5,8 фоиз афзуд. Беш аз 86 триллион сӯм азхуд карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,6 фоиз зиёд мебошад. Бори аввал дар мамлакат ҳиссаи сармоя дар маҳсулоти умумии дохилӣ 38 фоиз афзуд.

Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд ва натиҷаҳои онҳо аз ҷониби оҷонсиҳои рейтинги байналхалқӣ эътироф мегарданд. Хусусан, оҷонсиҳои «Fitch Ratings» ва «Standart & Poor’s» бори нахуст рейтинги вомии суверени байналхалқии мамлакатамонро муайян намуд. Баҳои ин рейтинг, ки пешгӯии «барқарор»-ро молик аст, зинае, ки Ӯзбекистон ишғол кардааст, назар ба бисёр давлатҳои рушдёфта баланд буданашро нишон медиҳад.

Беҳтар сохтани сифати ҳаёти халқи мо, обод сохтани деҳот муттасил давом мекунад.

Барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» ба ҳудудҳои дурдаст низ нафаси навигарӣ, рӯҳи бунёдкориро ворид сохт. Дар одамон иштиёқ ба боз ҳам хубтар зистан, маданияти зиндагӣ дар деҳот зиёд шуд.

Дастгирии занону духтарон ва ҷавонон ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Панҷ ташаббуси муҳиме, ки аз ҷониби Президентамон пеш гузошта шудааст, баҳри таъмини манфиати онҳо хидмат менамояд. Дар ҳар ноҳия барои занону духтарон ҷойҳои корӣ ташкил карда мешавад, барои рӯйи об баровардани истеъдоди ҷавонон ва обутоби ҷисмонии онҳо шароит, баҳри ғанӣ гардондани маънавияташон имкониятҳо офарида мешаванд.

Ин ҷиҳатҳо - афзудани аз ҳаёт мамнунии занону духтарон ва ҷавонон тавассути бо забонҳои гуногун садодиҳии сурудҳо дар тамошоҳои ҷашнӣ, дар баромадҳои гурӯҳҳои миллӣ-этнографӣ низ равшан ба зуҳур меоянд.

Сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, ки дар асоси тамоюлҳои кушодӣ, ҳамкории ба ҷонибҳо баробар манфиатбахш гузаронда мешавад, сафи ҳамкоронамонро васеъ месозад. Давлатҳои рушдёфта, бонк ва ширкатҳои дар ҷаҳон овозадор ба ҳамкорӣ намудан бо мамлакати мо саъй мекунанд. Муносибатҳои нави сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ вазъияти сиёсиро солим мегардонад.

Аз ҳама муҳимаш, ин гуна комёбӣ ва моҳияти натиҷаҳое, ки ба туфайли истиқлолият ба даст оварда шудаанд, ба қалб ва шуури ҳар як сокини диёр рафта расида, рӯҳияти мардумро боло бардошта, баҳри марраҳои нав ва боз ҳам баланд илҳом мебахшанд.

Нақши беқиёси истиқлолро дар ҳаёти халқ ва мамлакатамон, барои ҳар яки мо чӣ қадар қадрнок будани онро дигарбора намоён мекунанд, ба иди аз ҳама бузург, аз ҳама азизамон мазмуни боз ҳам амиқтар мебахшанд.

Дар солҳои истиқлолият аз нав барқарор шудани мероси бойи таърихию маданиамон, дину диёнатамон, урфу одат ва анъанаҳои қадимиамон, ҳамҷиҳатии байниконфессия ва байнимиллӣ, меҳру оқибати тарафайн, кушодадилӣ, ҳамгароӣ барин фазилатҳои накӯ бо арзишҳои миллию умумибашарӣ ҳамоҳанг гашта, ба қоидаи ҳаётамон табдил меёбад, ки ин ба ҳар кадомамон ғурур ва ифтихори буҳудуд мебахшад.

Дар тантанаи идона суруду оҳанг, шеърҳое садо доданд, ки истиқлол, Ватани озод ва ободро тараннум месозанд.

Баромадҳои шӯхи бачагон ба ҳама хушҳолӣ бахшид. Овози мардонавори ҳарбиёнамон ба дилҳо кӯчид. Намунаҳои мусиқии классикии дунё як олам завқ бахшид.

Оҳангу сурудҳои садодода аз дилҳо ба дилҳо мекӯчанд, ба дуриҳо паҳн шуда, акси садо медиҳанд — дар ҳар вилоят, ноҳия, шаҳр, деҳа ва овул истиқлолро ҷашн менамоянд. Дар тамоми ҳудудҳои мамлакатамон тантанаҳои шукӯҳноки идона, сайрҳои мардумӣ давом мекунанд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 123