×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
05:37:14 (GMT +5), dushanba, 23 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


6 - sentabr 2019

Бозгашти генерал ба «Боғи ғалаба»

Дар яке аз гӯшаҳои шаҳри азими Тошканд, дар мавзее, ки ба номи фарзанди шарафманди ин диёр, генерал Собир Раҳимов алоқаманд аст, имрӯзҳо корҳои сохтмон дар авҷ.

То фарорасии яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳ – 75-солагии Пирӯзии бузург (1945) моҳҳои башумор боқӣ мондаанд. Истироҳатгоҳ дар ҳудуди васеъ боғи Ғалаба ном хоҳад гирифт.

Доғе, ки аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳифаҳои таърих монд, асло сутурда намешавад.

Он ба Ӯзбекистони мо низ соя андохт, аз рӯзҳои аввали сар шуданаш ба сари халқҳое, ки осуда ба сар мебурданд, балоҳои азим овард.

Якуним миллион нафар ӯзбекистониён ба сангарҳои хунин сафарбар гардиданд. Тақрибан аз се як ҳиссаи онҳо бинобар бемаҳал хазон шудан барнагаштанд. Аз ноҳияҳое, ки дар вазъи ногувор монданд, одамон (асосан бачаҳо ва солхӯрдагон) ба диёри мо эвакуатсия карда шуданд. Тошканд ним миллион аҳолӣ дошт, аз ҳисоби кӯчондашудагон аҳолии он ба як миллион расид. Корхонаҳои саноатӣ низ кӯчонида шуда, Тошканд ба аслиҳахонаи азими Иттиҳод табдил ёфт. Аҳвол вазнин. Бо вуҷуди ҳамин ӯзбекистониён ба ятиму бепарасторон, ки эвакуатсия карда шуда буданд, аз қалб ва хонаҳои худ ҷой доданд, ним бурда нонашонро баҳам диданд. Ва дур аз фронт дар ҷабҳаҳои меҳнатӣ диловариҳо нишон дода, дар таъмини Ғалаба аз болои фашизм саҳм гузоштанд.

Корномаҳои ҷангии аскар ва афсарони мо дар нуқтаҳои оташфишон, айни замон, лоиқ ба ҳар гуна таҳсин буданд. 280 нафар фиристодагони Ӯзбекистон ба гирифтани Мукофоти олӣ – ситораи тиллоӣ ва номи баланди қаҳрамонӣ сазовор гардиданд, ки дар байни онҳо Амиралӣ Саидбеков, Тешабой Одилов барин номҳои ба қалбҳои мо наздик низ ҳастанд. Бо номҳои Қӯчқор Турдиев, Топиалӣ Бобоев, Мамадалӣ Толиболдиев, Абдусаттор Раҳмонов, Солеҳ Адашев ва даҳҳо шермардони дигар, ки қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд, Ӯзбекистон ҳамеша ифтихорманд аст. Ҳайкали маънавии онҳо дар дили сокинони ин диёр, ки ҳамеша ёдашонро зинда медоранд, барқарор. Лавҳаҳои зиёди ёдгорӣ ва муҷҷассамаҳо қад афрохтаанд ба хотираи ин диловарон.

Муҷассамаи азими генерал Собир Раҳимов низ ёдгоре аз ин сарлашкари шуҷоъ дар пеши назари сокинони пойтахт қарор дошт. Вале чӣ шуду соли 2010 онро кӯчонданд. Майдон файзи пештараашро гум кард. Акнун оилавӣ шуда дар ин ҷо сайр намекарданд, дам намегирифтанд. Онҳоеро, ки аз ин ҷо гузаро шуданд, фикру хаёлҳои гуногун ноором месохт: «Чаро ин тавр карданд?»

Вале ба даҳон кушодан, боиси ин корро пурсидан касе ҷуръат надошт.

Соли 2018 бо ташаббуси Президентамон Шавкат Мирзиёев муҷассама дар ҷои пештарааш аз нав устувор гашт. Аҳолӣ, алалхусус сокинони ноҳияе, ки як вақтҳо номи Собир Раҳимовро дошт, инро чун воқеаи хурсандибахш қабул карданд. Ҳамеша дар лавҳи хотир доштани симои фидоиёне, ки барои халқ ва Ватани худ ҷони худро дареғ надоштаанд, ба ҳар яки мо ҳам қарз ва фарз, гуфтанд онҳо, аз сарвари давлатамон миннатдорем, ки дар роҳи барқарорсозии ном ва хотираи дурахшон шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон ташаббусҳо нишон медиҳад. Ҳаёт ва муборизаи аввалин генерали мо – як пора таърихи пуршаъни ин кишвар.

Инсонҳои ҳақиқӣ ҳеҷ вақт таърихро фаромӯш намекунанд. Ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳодани номи бузургмардон нишон аз манқуртист.

Ҷомеаи васеъ, ҳамин тавр, бо изҳори самимӣ ташаббуси хайрхоҳонаро дастгирӣ намуд. «Номи ман Собир Раҳимов, гуфт яке сокинони пойтахт, як вақтҳо дар мактабе таҳсил кардаам, ки номи Собир Раҳимовро дошт. Бинобар дар ҷои пештарааш барқароршавии муҷассамаи генерали дӯстдоштаи мо сарам ба осмон расид. Шаҳрванд Собир Раҳимов ба Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев таъзим мекунад!»

Чанде пеш сардори давлати мо ба майдоне ташриф овард, ки «Боғи Ғалаба» номгузорӣ мешавад. Мазмун ва моҳияти сохтмон бояд ба номи майдон созгор ояд, гуфт Президент.

Консепсияи боғ бо ғояҳои некпарваронаи интеллектуалӣ асос ёфта ва абадияти фазилатҳои умумиинсониро дар худ таҷассум месозанд.

Ин боғ чун боғҳои муқаррарӣ танҳо як «ҳудуди сабз» шуда намонда, бояд ба «манзили фалсафӣ» табдил ёбад, водор созад одамон фикр кунанд, аз фактҳои таърихие, ки дар арки воқеъ дар воридгоҳ сабтанд, хулосаҳои даркорӣ бароранд. Чӣ будани ҷанг ва оқибатҳои онро дигарбора аз ғалбери андеша гузаронанд ва ба қадри рӯзҳои осуда бирасанд. Ва боз донанд, ки он солҳои барои башарият вазнин мардуми шарифи Ӯзбекистон то чӣ андоза одамият зоҳир намуд: нахӯрду хӯронд, напӯшиду пӯшонд...

Ш. Мирзиёев номи қаҳрамонписари риштонӣ Мамадалӣ Топиболдиевро алоҳида зикр карда гузашт, ки зимни ҳаракатҳои партизанӣ дар Беларус ҳаёти чӣ қадар одамони ба ҳимоя мӯҳтоҷи маҳаллиро аз ҳуҷумҳои барқасдонаи душман ҳифз намуд. Беҳуда номи яке аз деҳаҳои он сарзамин Топиволдиевка ном нагирифтааст, зикр намуд Президент.

Яке аз қисмҳои марказии Боғи Ғалаба, ки музейи ба худ хос аст, «Модарони қаҳрамонҳо» ном дорад. «Эҳтиром ба оилаи ватанпарвар» ном гӯша низ эътибори ба зиёрати боғ омадаҳоро ба худ мекашад.

Зулфия Солиева панҷ нафар писарони худро ба фронт гуселонд ва умраш дар интизории онҳо гузашт.

Ранҷ, изтироб, армонҳои ногуфтаи ин гуна модарони чашминтизорро чӣ тавр ҳис накардан мумкин. Шоири тоҷик Лоиқ гуфта буд: «Модарон то ҳол мепоянд роҳи аскарон...»

Як-ду сухан дар бораи генерал Раҳимов, ки ном ва корномааш бароямон ибрат, вале бо сабабҳои номаълум ҳайкалашро кӯчонданд, номашро ба забон наоварданд. Ҳол он ки чунин шахсиятҳо дар давраи муосир башумор...

Дар оғози ҷанг вай рутбаи майорӣ дошт. Дар ҷангҳои атрофи Смоленск ва Елня чун фармондеҳ ва ҷанговар худро нишон дод. Ярадор шуд, вале майдонро тарк нанамуд.

Дар торумор сохтани душман аснои бархӯрдҳо дар атрофи Ростов-Дон Раҳимов санъати ба худ хоси размандагӣ ва пешоҳангӣ номоиш кард. 19 марти соли 1943 бо фармони Сарфармондеҳи олӣ ба вай унвони генерал-майор дода шуд.

Дар таърихи халқи ӯзбек вай чун аввалин генерал номи худро сабт намуд. Командирии дивизияеро супурданд, ки ливои ҷанговаронаи он ду ордени Байрақи Сурх, орденҳои Суворов ва Кутузовро соҳиб буд.

Дар штурми қалъа ва шаҳри Гдански Полша, хусусан, собирраҳимовчиён ба таҳсини зиёд сазовор шуданд.

Барои хидматҳои шоёни ҷанговарона генерал Раҳимов бо ордени Суворов, чаҳор ордени Байрақи Сурх, ордени «Ситораи Сурх» ва як қатор медалҳо мукофотонида шуда буд. Баъди 20 соли қаҳрамонона дар сангарҳои хунин ҳалок шуданаш ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.

Дар таъзияаш изҳор гашт: «Халқи ӯзбек генерали худ, ватанпарвари оташини диёрро асло фаромӯш намекунад».

24-25 майи соли 1945 маросими дафни генерал-майори гвардия Собир Раҳимов дар Тошканд баргузор гардид. 24 май аз соати 3-и рӯз то 8, 25 май аз 11-и рӯз то 4-уним халқҳои Ӯзбекистон бо генерали номӣ видоъ карданд. Генерал-майори гвардия Собир Раҳимов (1902-1945) дар Қабристони Бародарӣ дафн карда шуд.

Чӣ хуш, ки мо дар бораи ин марди шуҷоъ боз бо ҳарорат сухан меронем, назди хотираи ӯ ва ҳама диловарони солҳои ҷанг сари таъзим фуруд меорем. Дар Боғи Ғалаба симфонияи ба қалбҳои мо ҳамоҳанг садо медиҳад – мадҳияи ҷасорат ва матонат, муҳаббат ва садоқат.

Муҷассамаи генерал ба манзили қадрдони худ баргашт ва фикр мекунем аволоди бар арзишҳои миллию маънавӣ содиқ вазифаи худро адо мекунад.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 180