×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
05:36:58 (GMT +5), dushanba, 23 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


1 - sentabr 2019

Суханронии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

(Шаҳри Тошканд, 31 августи соли 2019)

Меҳмонони муҳтарам!

Хонумон ва ҷанобон!

Иҷозат бидиҳед аз таҳти дил шумо ва дар шахси шумо тамоми халқи бисёрмиллати Ӯзбекистонро бо ҷашни бузург – Рӯзи истиқлолият табрик намоям.

Бистуҳашт сол қабл аз ин Нахустин Президенти мамлакат Ислом Абдуғаниевич Каримов ба халқамон ва ҷомеаи ҷаҳон аз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон намуд.

Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Ӯзбекистон роҳи мураккаб ва ҳамзамон роҳи пуршарафи тараққиёти мустақилро тай намуд.

Имрӯз низ мо барои бо ифтихори зиёд гуфтан тамоми асосро дорем: халқи шуҷоатнок ва бурдбори мо, сарфи назар аз озмоишҳои тоқатфарсо, иродаи шикастнопазир зоҳир намуд ва ба роҳи интихобнамудаи истиқлолият содиқ мемонад.

Ҳоло ҳозир Ӯзбекистон ба марҳилаи нави тараққиёти худ қадами қатъӣ гузошт. Дар ҷараёни такомули мамлакат, таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон, волоияти қонун тарҳи нави демократии Ӯзбекистон ба вуҷуд оварда мешавад. Дар ин бобат барои мо ғояи бартариноки «Аз эҳёи миллӣ – ба тараққиёти миллӣ», ки дар меҳвари Стратегияи ҳаракат ҷой гирифтааст, чун қувваи сафарбаркунанда хидмат менамояд.

Мо чунин мешуморем, ки ба даст овардани тараққиёти миллӣ ин ба дараҷаи нави боз баландтари тараққиёти мамлакат расидан, куллан баланд бардоштани сифати ҳаёти аҳолӣ мебошад.

Ба потенсиал, қувва ва иқтидори халқ ва давлат такя намуда, боигариҳои табиии заминамонро оқилона истифода намуда, мо ба мақсадҳои гузошта бо боварӣ қадам мегузорем.

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!

Мехоҳам таъкид намоям, ки мо ҳар гуна ислоҳотро имрӯз ҷорӣ накунем, ҳар гуна лоиҳаҳои навро татбиқ насозем, ҳамаи он ба ҳадафи ягона, мақсади барои ҳамаи мо асосӣ нигаронда шудааст. Он аз ин иборат аст, ки шароити муносиби ҳаёти халқи бошараф ва меҳнатдӯстамон таъмин гардида, ба боварии ҳамватанон сазовор гардида, ҳамзамон тамоми мушкилоти рӯзмарраро муттасил ҳал намоем.

Ҳамзамон ҳамаи мо медонем, ки ба даст овардани чунин марраҳои баланд фақат бо суханони баландпарвоз имконнопазир аст. Чунин вазифаҳои муҳим фақат бо меҳнати бурдборона, вазнин ва шуҷоатнок иҷро мегарданд.

Дар солҳои охир дар заминаи такомули идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, низоми суду ҳуқуқ, мустаҳкамсозии иқтидори мудофиавии мамлакат, гузаштан ба иқтисодиёти воқеии бозаргонӣ корҳои бузургмиқёс анҷом дода шуданд. Барои инкишофи соҳибкорӣ ва мулкдории хусусӣ имконоти васеъ ба вуҷуд оварда мешавад. Суботнокии макроиқтисодӣ таъмин мегардад.

Дар хоҷагии қишлоқ ислоҳоти куллӣ ба амал меояд. Соли ҷорӣ, сарфи назар аз инҷиқиҳои обу ҳаво, деҳқон ва фермерони чашмикордони мо ба натиҷаҳои ҳайратовар дар ҷанбаҳои мухталифи сектори аграрӣ муваффақ гардиданд.

Қарзи худ мешуморам, ки аз фурсат истифода намуда, меҳнаткашони хоҷагии қишлоқро бо дастовардҳои бузург аз таҳти дил табрик намоям, ки барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Дӯстони азиз!

Дар мамлакатамон низоми нодири инкишофи иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Дар татбиқи чунин барномаҳо, мисли «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», «Ҷавонон – ояндаи мо», «Панҷ ташаббус» фаъолона иштирок намуда, одамони мо барои ба тариқи нав фикр ва кор кардан оғоз менамоянд. Ба туфайли ин, намуди садҳо ноҳия, шаҳр ва қишлоқ куллан тағир меёбад.

Инчунин ба шумо тағйироти мусбии бузург дар соҳаҳои илм, таълим ва тарбия, тандурустӣ, маданият ва варзиш хуб маълум аст.

Низоми таълими 11-солаи мактаб барқарор гардид. Инкишофи таълими мактабӣ барои мо вазифаи умумимиллӣ, ҳаракати умумихалқӣ мегардад.

Имрӯз дар мамлакат ҷанбаи таълими олӣ низ муттасил инкишоф меёбад. Танҳо дар се соли охир 35 муассисаи нави таълими олӣ кушода шуда, миқдори умумии онҳо ба 112-то расид. Бояд махсус таъкид кард, ки 13-тои онҳо филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷианд.

Масъалаҳои мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникӣ ва потенсиали кадррасонии соҳаи тандурустӣ дар маркази диққати мо қарор доранд. Дар мамлакат бисёр муассисаҳои нави табобатӣ, поликлиникаҳои оилавӣ, марказҳои тиббӣ, аз он ҷумла хусусӣ, ба вуҷуд оварда мешаванд.

Дар солҳои охир ҳимояи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, шахсони ногиро, ҷавонон, занон, солхӯрдагон самти бартариноки сиёсати давлатӣ гардид. Бо ин мақсад Агентии хидмати тиббиву иҷтимоӣ, Фонди дастгирии шахсони ногиро ба вуҷуд оварда шуданд.

Яке аз вазифаҳои муҳим барои мо, таъмин намудани шуғли аҳолӣ, хусусан ҷавонон ва занон ба шумор мераванд. Маҳз ҳамин вазифа дар меҳвари тамоми барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мо, лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ ва инчунин чорабиниҳои андешидашаванда дар заминаи рушди соҳаи хидматрасонӣ қарор дорад.

Муболиға нахоҳад гардид, ки дар мамлакатамон марҳилаи нави ҳалли мушкилоти бо манзил таъмин намудани аҳолӣ оғоз ёфт, ки дар тӯли солҳои зиёд барои мо хеле ҳассос боқӣ мемонд.

Тағйироти куллӣ, инчунин дар ҳаёти мадании мамлакат рух медиҳад. Дар шаҳри Шаҳрисабз якумин Анҷумани байналхалқии санъати мақом, дар Тирмиз Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшӣ бомуваффақият баргузор гардиданд. Ҷашнвораи мусиқии байналхалқии «Таронаҳои Шарқ», ки ба қарибӣ дар Самарқанд барпо шуд, ба тамоми ҷаҳон бори дигар санъати нодири классикии моро намоиш дод. Ҳамзамон моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Қӯқанд Ҷашнвораи байналхалқии санъати халқиву амалӣ бори аввал барпо мегардад.

Барои мо кор дар соҳаи маънавият ва маърифатпарварӣ бо тарбияи ватанпарастӣ зич алоқаманд буда, кори шарафнок ба шумор меравад. Касе, ки дорои маънавият ва ахлоқи баланд аст, бешубҳа, ҳамеша бо муҳаббат ба Ватан зиндагӣ мекунад. Зеро чунин сифатҳои дурахшони инсонӣ дар навбати аввал дар содиқона хизмат намудан ба мамлакат ва халқи худ зуҳур меёбад.

Аз ҷониби ҷамъияти васеъ, пеш аз ҳама ҷавонон, дастгирӣ гардидани корҳои амалии мо дар ин самт нишон медиҳад, ки тарбияи маънавӣ имрӯз то чӣ андоза аҳамияти муҳимро молик аст.

Дӯстони муҳтарам!

Ӯзбекистон сиёсатро дар таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон муттасил идома медиҳад ва ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф мегардад.

Дар мамлакат институти авфи шахсоне, ки ҷазоро аз сар мегузаронанд, ҷорӣ гаштааст. Дар се соли охир ин амал ҳафт бор истифода гардид. Аз ҷойҳои иҷрои ҷазо қариб 4 ҳазор маҳбус озод гардид, ки аз кирдори худ сидқидилона пушаймон гардида, қатъиян ислоҳ гардида, ба роҳи дуруст дохил шуданд.

Ба қарибӣ ман боз ба як фармон имзо гузоштам, ки бинобар он 65 нафар шаҳрванде, ки муҳлати ҷазоро аз сар мегузаронд, авф гардид.

Ҳар касе, ки хурсандии ин одамонро, ки ба хонаи худ, ба назди қарибон баргаштаанд, ашки шодии падару модар ва фарзандони онҳоро аз тариқи телевизор тамошо мекард, бори дигар эътимод ҳосил мекард, ки ин воқеан кори хайр ва бошараф аст.

Дар арафаи Рӯзи истиқлолият пӯшида шудани маҳбаси махсуси иҷрои ҷазо дар шаҳраки Жаслики Ҷумҳурии Қароқалпоқистон боз як зуҳури инсонпарварӣ гардид.

Ин қадами муҳим аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон дар мамлакатамон иқдоми муваққатӣ нест, балки сиёсати давлатии муттасили ҷорӣ мебошад.

Имрӯз Ӯзбекистон ин мамлакатест, ки қодир аст ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони худро новобаста аз он ки он дар кадом гӯшаи ҷаҳон қарор дорад, ҳимоя намояд.

Алоқаҳо бо ҳамватаноне, ки дар хориҷа таҳсил ва ё кор мекунанд, мустаҳкам гардида, дастгирии ҳуқуқии онҳо таъмин карда мешавад. Шароити ногузир барои онҳое, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон баргарданд ва дар ин ҷо кор ва таҳсили худро идома диҳанд, ба вуҷуд оварда мешавад.

Соли ҷорӣ 156 нафар ҳамватанонамон – асосан занон ва кӯдакон – ба Ватан аз минтақаҳои муноқишаҳои яроқнок дар Сурия баргардонда шуданд, ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳо барқарор гардиданд.

Бешубҳа, чунин сифатҳои бошараф, мисли некӣ ва шафқат, ба хости Офаридгор тавъам аст ва халқи меҳрубони моро мушарраф месозад.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳоли ҳозир Ӯзбекистон сиёсати хориҷии фаъол ва босамарро пиёда месозад. Ҳар чи бештар ҳамкории мо бо давлатҳои хориҷии наздик ва дур, ташкилотҳои байналхалқӣ мустаҳкам ва васеъ мегардад.

Пеш аз ҳама, муносибати некҳамсоягӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барқарор гардида, алоқаҳои муфиди тарафайн роҳандозӣ мегардад. Барои ҳазорҳо шаҳрвандони оддӣ тамоми шароит ба вуҷуд оварда шудааст, ки онҳо озодона аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузашта, дар минтақа осуда равуо кунанд ва аз қарибони худ хабар гиранд.

Ӯзбекистон дар татбиқи чорабиниҳо дар заминаи таъмини бехатарии минтақа, аз он ҷумла ташкили мулоқот бо мақсади истиқрори сулҳ дар Афғонистон фаъолона иштирок менамояд.

Ҳамаи ин ба афзудани нуфузи байналхалқии мамлакат, теъдоди дӯст ва шарикони мо мусоидат менамояд.

Аз фурсат истифода намуда, эҳтиром ва эътирофи самимии худро ба иштирокдорони тантанаи имрӯз – сафирони давлатҳои хориҷӣ, вакилони ташкилотҳои байналхалқӣ, шарикони хориҷиамон, тамоми дӯстони Ӯзбекистон, ки ба мо дар ҷорӣ намудани ислоҳоти демократӣ мадад мерасонанд, иброз намоям.

Дӯстони азиз!

Дар ҷамъиятамон сулҳ ва оромӣ, дӯстии байнимиллӣ ва мусолиҳаи байнидинӣ ҳарчӣ бештар мустаҳкам мегардад. Ин натиҷаи бевоситаи тамоми ислоҳоти мо ба шумор меравад ва ҳамзамон кафолати муҳими идомати он мебошад.

Бозсозиҳои доманфарохи ҷории имрӯз, пеш аз ҳама он ки мо мулоқотро бо халқ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардоштем, барои ҳарчи бештари таъминсозии шаффофият ва озодӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Шаҳрвандонамон ташаббусро фаъолтар зоҳир менамоянд ва якҷоя бо мақомоти давлатӣ нафақат мушкилоти хоси шахсӣ, балки молики хусусияти ҷамъиятиро низ ҳаллу фасл менамоянд.

Тавре ки маълум аст, ман зиёд ба минтақаҳои мамлакат меравам. Аз ноҳия ва деҳоти дурдаст боздид намуда, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро меомӯзам, кӯшиш мекунам то ки бо чӣ ва кадом кайфият зиндагӣ намудани одамонро бидонам ва дар масъалаҳои гиреҳхӯрдаашон кӯмак кунам.

Дар натиҷаи чунин суҳбатҳои ошкоро ва самимӣ мо якҷоя бисёр мушкилоти муҳимро ҳал мекунем, ки ин боварии одамонро ба фардо пурзӯр менамояд, ба онҳо барои фатҳи қуллаҳои нав илҳом мебахшад. Маҳз ҳамин дастоварди асосии мо ба шумор меравад.

Имрӯз, дар ин рӯзи ҷашн, ман дар назди халқи рӯҳан муқтадиру шуҷоатмандамон чуқур таъзим менамоям, ки он новобаста ба ҳама гуна озмоиш ва машаққат, ба ғояи истиқлолият содиқ монда, қудрат ва салоҳияти мамлакати азизро мустаҳкам намуда, тараққиёти босуботи онро таъмин месозад.

Ҳамватанони муҳтарам!

Бешубҳа, то ки ҳаёт дар Замин вуҷуд дорад, он ҳамеша дар назди мо талаботи ҷиддӣ ва ҳам мушкилоти шадид хоҳад гузошт.

Барои босамар ҳаллу фасл намудани онҳо пеш аз ҳама ягонагӣ ва ҳамбастагии ҷамъият зарур аст. Аз роҳбарон ва шахсони масъул потенсиали калони интеллектуалӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ тақозо мегардад.

Аз ин лиҳоз принсипи маъруфи мо: «Маърифат – зидди ҷоҳилият» маънии махсусро молик мегардад. Он нафақат дар коре, ки вобаста бо тарбияи динӣ аст, молики аҳамияти муҳим мебошад, балки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт зарур аст.

Мо, роҳбарони ҳама дараҷаҳо, набояд дар фаъолиятамон ба ҷоҳилӣ, бепарвоӣ, бюрократизм роҳ диҳем ва ба ҳалли ҳар як масъала, новобаста аз мураккабии он, бояд боандеша, бо эҳтироми махсуси одамон ва фикри онҳо, бо такя ба принсипҳои қонунмандӣ ва адолат муомила намоем.

Имрӯз ҳаёт куллан тағир меёбад. Ҳамаи мо бояд дар шароити нав кор карданро омӯзем, ки ин шароити озодӣ, ошкороӣ ва шаффофӣ аст. Тамоми мамлакатҳои мутараққӣ, ҷомеаи ҷаҳон ҳамин хел зиндагӣ мекунанд.

Барои он ки ҳамқадами замон бошем, ҳамаи мо бояд бо худ кор кунем, дониши худро ҳамеша ғанӣ гардонда, дараҷаи касбиро баланд бардорем.

Мо ворисони гузаштагони бузург ҳастем, пас мо бояд пайравон ва идомадиҳандагони муносиби корҳои нек ва анъанаҳои бошарафи онҳо бошем.

Муҳаббат ва садоқат ба Ватан, тамоми халқ аз мо тақозо менамояд, ки чолоку мардонавор, бо меҳнати шуҷоатнок ба хотири шукуфоии мамлакати азиз ба насли наврас намуна бошем.

Дар ин рӯзҳо дар пойтахт ва дар маҳалҳо маросимҳои мутантани супурдани мукофотҳои олии давлатӣ ба ҳамватаноне, ки бо меҳнати бунёдкоронаи худ ба тараққиёти Ӯзбекистон саҳми муносиб мегузоранд ва дар ҷамъият соҳиби обрӯи калон ҳастанд, барпо мегардад.

Иҷозат диҳед онҳоро аз номи шумо ва шахсан аз номи худ самимона табрик намоям.

Дӯстони азиз!

Таъкид кардан мехоҳам, ки имрӯз ҷараёнҳои демократӣ дар Ӯзбекистон дорои хусусияти бемайлон гардиданд.

Қатъиян таъкид карданро зарур мешуморам: ба хотираи гузаштагонамон, ки ҳаёти худро дар мубориза барои имрӯзи равшани мо, ба хотири халқи 33-миллионнафараамон, фарзанд ва наберагонамон нисор намудаанд, мо ҳеҷ гоҳ аз роҳи истиқлолият намегардем!

Мо албатта, ба мақсади худ мерасем – ҳама якҷоя ояндаи бузурги Ӯзбекистони азизро бунёд мекунем!

Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!

Тавре ки маълум аст, имсол дар мамлакатамон рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Моҳи декабр интихобот ба парлумон ва шуроҳои маҳаллии депутатҳои халқ баргузор мегардад, ки дар роҳи мустаҳкамсозии минбаъдаи истиқлолияти миллӣ, ба сафи мамлакатҳои тараққиёфтаи демократии ҷаҳон дохил гардидани Ӯзбекистон боз як қадами амалӣ хоҳад гардид.

Боварӣ дорам, ки интихоботи оянда умед ва азми халқамон, хусусан ҷавононро инъикос намуда, барои онҳо уфуқҳои навро мекушояд.

Имрӯз ба ҳаёт ҳазорон ҷавонон қадам мегузоранд, ки молики дониши баланд, хатмкардагони беҳтарин донишгоҳҳои хориҷӣ, касбкардагони забонҳои хориҷӣ ва усулҳои замонавии идора ҳастанд. Онҳо умед ва ояндаи моянд.

Аз ин рӯ дар маркази диққати давлат ва ҷамъият минбаъд низ масъалаҳои ба ҷавонон вогузоштани имконоти васеъ, таъмини ниёз ва манфиат, татбиқи иқтидор ва истеъдоди онҳо, ҳамдастӣ дар бобати дарёфти ҷойгоҳи худ дар ҳаёт, пешбарӣ ба вазифаҳои масъулиятнок қарор хоҳад гирифт.

Боварӣ дорам, ки фарзандони азизи мо ба чунин эътибор ва ғамхории халқ муносиб хоҳанд гардид. Ба салоҳият, неру ва қувваи интеллектуалӣ, моилӣ ба ғояи миллии худ такя карда, онҳо Ватани моро шуҳратёр мегардонанд ва ман ба онҳо дар ин роҳ бахт ва тавфиқ мехоҳам.

Ҳамватанони муҳтарам!

Бори дигар аз таҳти дил шуморо ба муносибати бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон табрик менамоям.

Барои ҳамаи шумо тансиҳатии мустаҳкам, муваффақияти нав ба нав, ба хонаводаҳоятон фараҳмандӣ орзумандам!

Бигзор ҳаёти фарзанд ва наберагонамон хуш бошад!

Бигзор дар мамлакатамон ҳамеша сулҳ ва осудагӣ ҳукмрон бошад, осмони Ватанамон – Ӯзбекистон мусаффо бошад!

Бигзор истиқлолиятамон ҷовидон бошад!



Marta o`qilgan: 167