×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
05:45:23 (GMT +5), dushanba, 23 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


30 - avgust 2019

Табрикоти самимӣ

Ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлат ва ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилотҳои байналхалқӣ ва арбобони ҷамъиятӣ ба муносибати бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии мамлакат номаҳои табрикӣ мерасанд.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Аълоҳазрат!

Ба ман он чиз ки ба Шумо Аълоҳазрат ва тамоми халқи Ӯзбекистон табрики самимӣ ва паёмамро ба муносибати 28-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон ирсол менамоям, қаноатмандии бузург мебахшад.

Муносибати шарикии стратегии Ҳиндустону Ӯзбекистон сол то сол мустаҳкам мегардад. Ташрифоти Шумо Аълоҳазрат ба иёлоти Гуҷарат моҳи январи соли ҷорӣ ва пештар аз он ба Ҳиндустон ҳамкории дуҷонибаро ба дараҷаи нав бардошт. Боварӣ дорам, ки ҳамкории стратегиамон минбаъд равнақ пайдо карда, дар солҳои наздик боз ҳам васеъ хоҳад гардид.

Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, Аълоҳазрат, саломатии мустаҳкам, фараҳмандӣ, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳ ва тараққиёти доимиро таманно дорам.

Аълоҳазрат, эҳтироми комили маро қабул намоед.

Нарендра МОДӢ,

Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Аълоҳазрат!

Ирсол намудани табрики самимӣ ба Шумо ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман қаноатмандии бузург мебахшад.

Покистон ва Ӯзбекистонро муносибати боварибахш ва дӯстона, ки ба дини умумӣ, муштаракоти мустаҳками таърихӣ ва маданӣ асос меёбад, ба ҳам мепайвандад. Покистон манфиатдор аст, ки минбаъд низ робитаҳои дуҷониба дар ҷанбаҳои мавриди манфиати тарафайн инкишоф ёбанд. Боварӣ дорам, ки ҳамкорӣ ба хотири мардумони мамлакатҳоямон мустаҳкам хоҳад гардид.

Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо Аълоҳазрат, сиҳатмандӣ ва бахт, ба мардуми бародари Ӯзбекистон фараҳмандӣ ва шукуфоии доимӣ таманно дорам.

Аълоҳазрат, эҳтироми комили маро қабул намоед.

Ориф АЛВӢ,

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Аълоҳазрат!

Ба ман аз номи Ҳукумат, халқи Покистон ва шахсан аз номи худам самимона табрик намудани Шумо, Аълоҳазрат, Ҳукумат ва халқи Ӯзбекистон ба муносибати 28-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қаноатмандии том мебахшад.

Дар солҳои гузашта муносибат байни мамлакатҳоямон, ки решаҳои умумии маданӣ ва таърихӣ доранд, ба риштаҳои мустаҳками бародарӣ табдил ёфтаанд. Покистон аз минбаъд васеъ гардидани домани ин риштаҳои дӯстӣ манфиатдор мебошад. Мо низ эътимод ва ҳамфикрии байни роҳбарони ду давлатро олӣ арзёбӣ менамоем.

Хушҳол мегардам, агар Шумо Аълоҳазратро вақти бароятон муносиб дар Покистон бипазирам, то ки ҳамкории байни мамлакатҳоямонро ба дараҷаи нав бардорем.

Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо Аълоҳазрат, сиҳатии мустаҳкам ва фараҳмандӣ, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам.

Аълоҳазрат, эҳтироми комили маро қабул намоед.

Имрон ХОН,

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Аълоҳазрат!

Шумо, Аълоҳазрат, Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлолияти мамлакат самимона табрик менамоям.

Робитаҳои дӯстии байни мамлакатҳоямон муттасил инкишоф меёбад ва амиқ мегардад. Боварӣ дорам, ки ин ҷараён ба манфиати ҷонибҳо, ба хотири мустаҳкамсозии бехатарӣ ва суботи минтақа идома хоҳад ёфт.

Аз фурсат истифода намуда, аз Худованд ба Шумо, Аълоҳазрат, ҳаёти фараҳнок ва ҳамчунин ба халқи дӯст ва бародар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахт ва шукуфоӣ металабам.

Ҳасан РУҲОНӢ,

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Муҳтарам Шавкат Миромонович!

Аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлолият самимона табрик мегӯям.

Моро бозсозиҳои муҳиме, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Ӯзбекистони бародар ба вуқӯъ мепайванданд, муваффақиятҳои соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиши рӯзафзуни нуфузи байналхалқии мамлакат хушҳол месозанд.

Боварӣ дорам, ки мустаҳкамсозии минбаъдаи муносибати байнидавлатӣ ва шарикии стратегии Озарбойҷону Ӯзбекистон, амиқсозии ҳамкориҳоямон дар ҷиҳати дуҷониба ва бисёрҷониба, ки ба эътимод ва дастгирии тарафайн асос меёбанд, минбаъд низ барои некуаҳволии халқҳоямон саҳм хоҳанд гузошт.

Муҳтарам Шавкат Миромонович, дар чунин рӯзи сурурбахш ба Шумо тансиҳатии мустаҳкам, дар кор тавфиқ, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳ ва фараҳмандии ҳамешагӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром,

Илҳом АЛИЕВ,

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Муҳтарам Шавкат Миромонович!

Аз номи халқи Беларус ва шахсан аз номи худ Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлолият самимона табрик мегӯям.

Дар Беларус аз муваффақиятҳои назарраси Ӯзбекистони дӯст дар инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ, бемайлон пурзӯр гардидани мавқеи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ самимона хушҳол мебошанд.

Дараҷаи муносибати имрӯзаи Беларусу Ӯзбекистонро, ки ба анъанаҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ асос меёбад, олӣ арзёбӣ намуда, ба мустаҳкам гардидани минбаъдаи шарикии стратегии байнидавлатӣ боварӣ дорам.

Эътимод дорам, ки ташрифи таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Беларус 31 июл – 1 августи соли 2019 барои васеъ гардидани робитаҳои байни минтақаҳо, татбиқи босамари лоиҳаҳои муштарак дар ҷанбаҳои мухталиф таҳрики назаррас бахшид.

Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, аз таҳти дил тансиҳатӣ, нерӯи адонашаванда ва фатҳи мақсадҳои гузошта, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳ ва шукуфоиро таманно дорам.

Бо эҳтиром,

Александр ЛУКАШЕНКО,

Президенти Ҷумҳурии Беларус.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҷаноби Президент!

Табрики самимии маро бо Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.

Ташрифи худро ба Ӯзбекистон, ки дар ман таассуроти амиқ гузошт ва ҳамчунин табодули афкори муфассал ва эътимоднокамонро бо қаноатмандии том ба ёд меорам.

Ин сафар, мисли ташрифи Шумо ба Олмон дар аввали соли ҷорӣ, барои ба вуҷуд овардани пойгоҳи муносиб барои рушди муваффақиятноки минбаъдаи муносибатҳоямон саҳм гузошт.

Олмон минбаъд низ Шуморо дар идома додани сиёсати шуҷоатноки ислоҳоти шумо дастгирӣ хоҳад кард.

Ба Шумо фараҳмандӣ, ба халқи Ӯзбекистон ояндаи босафоро дар шароити озодӣ, бехатарӣ ва афзоиши некаҳволӣ таманно дорам.

Франк-Валтер ШТАЙНМАЙЕР,

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҷаноби Президент!

Бинобар ҷашни миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Шумо аз номи худ ва аз номи тамоми халқи Франсия ирсол намудани табрик ва ҳамчунин таманнои бахт ва шукуфоӣ ба мардуми Ӯзбекистон хушҳол ҳастам.

Ҳарчӣ зиёд наздик гардидани Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро истиқбол намуда, ки зимни ташрифи расмии Шумо ба Франсия моҳи октябри соли 2018 ва ташрифи баъдии Котиби давлатии назди вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Франсия Жан-Батиста Лемуан моҳи апрели соли ҷорӣ ба Тошканд ва Самарқанд иброз гардиданд, хуш мепазирам.

Ташрифоти мазкур манфиатдории тарафайни ду мамлакатро дар ҷиҳати пурзӯрсозии гуфтугӯйи сиёсӣ собит менамоянд, ки дар доираи он машварати дуҷонибаи сиёсӣ қадами минбаъда хоҳад гардид, ки ба моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Париж ба нақша гирифта шудааст.

Самтҳои истиқболноки ҳамкорӣ соҳаҳои иқтисодӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, авиатсия ва рушди босубот ба шумор мераванд. Боварӣ дорам, ки риштаҳои тиҷоратии байни Франсия ва Ӯзбекистон бинобар муоҳидаҳое, ки зимни ташрифи расмии Шумо ба мамлакати мо ба даст омада буданд, амиқтар хоҳанд гардид.

Кӯшиши Шуморо дар заминаи мустаҳкамсозии бехатарии минтақавӣ ва бартарафсозии вазъият дар Афғонистон мепазирам. Франсия азми шуморо дар ин самт дастгирӣ менамояд.

Аз Шумо, ҷаноби Президент хоҳиш мекунам, эҳтироми комили маро қабул намоед.

Эммануэл МАКРОН,

Президенти Ҷумҳурии Франсия.


БА АЪЛОҲАЗРАТ ҶАНОБИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ,

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҷаноби Президент!

Ба муносибати солгарди эълони истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон иҷозат фармоед ба Шумо самимитарин табрикот ва ҳамчунин таманноҳои самимии шукуфоиро ба халқи мамлакати дӯст изҳор намоям.

Ташрифи ояндаи Шумо ба Италия барои мустаҳкамсозии дӯстии байни халқҳоямон ва инкишофи минбаъдаи алоқаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании байни Тошканд ва Рим шароити нав ба вуҷуд меорад.

Бо чунин умедҳо ва интизории мулоқотамон дар қасри Квиринал тандурустии мустаҳкам ва беҳтарин орзуҳоро ба Шумо ва мамлакати Шумо таманно дорам.

Серджо МАТТАРЕЛЛА,

Президенти Ҷумҳурии Италия.


Расидани табрикот идома дорад.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 88