×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:04:07 (GMT +5), yakshanba, 8 - dekabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi Xorijdagi saylovchilarning elektron ro'yxati O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


13 - avgust 2019

Масъалаҳои содирот, сармоя ва ҳудудикунонии истеҳсолот баррасӣ шуданд

12 августи соли 2019 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои баланд бардоштан ва самарабахш истифода бурдани иқтидори содиротии соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо, ҷалб кардан ва аз худ намудани сармояҳо, пеш аз ҳама сармояҳои бевосита, вусъат додани миқёси ҳудудикунонии истеҳсоли маҳсулот машварати видеоселекторӣ баргузор шуд.

Ба масъалаҳои мазкур аз ҷониби роҳбари давлат эътибори махсус дода мешавад, онҳо мунтазам дар машваратҳо мавзӯи муҳокима қарор мегиранд. Ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул мегарданд ва шароити зарурӣ фароҳам оварда мешаванд.

Аз ҷумла, мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои пурзӯр кардани кӯмакрасонӣ ва рағбатноксозии содирот» аз 20 декабри соли 2018 Низоми миллии дастгирии содирот таъсис дода шуд. Дар назди Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ Оҷонсии пешбурди содирот ташкил гардид. Механизми сарпурсозии 50 фоизи хароҷот барои боркашонӣ ҳангоми содироти 205 номгӯйи молҳо ҷорӣ шуд.

Чораҳои воқеиву амалӣ дар самти мазкур натиҷаҳои чашмдошт медиҳанд. Миқдори содиргарон то ду ҳазор зиёд гардид, ҷуғрофияи содирот то ба 42 мамлакат вусъат пайдо кард, бори аввал содироти 59 хели маҳсулот ба роҳ монда шуд.

Тӯли ҳафт моҳи соли равон ба миқдори 7 миллиарду 331 миллион доллар молу хидматҳо содир гардиданд, ки нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад.

Дар машварат таъкид шуд, ки дар иттиҳодияи «Ӯзтӯқимачиликсаноат», ширкати «Ӯзбекозиқовқатхолдинг», ҳамчунин дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Тошканд имкониятҳои барои афзудани содирот мавҷуда пурра истифода намешаванд. Роҳбарони масъул барои ба роҳ намондани кори бонизом бинобар мушкилоти содиргарон, ки ба соҳибкорон дар бораи фароҳам оварда шудани имкониятҳои давлатӣ маълумот намедиҳанд ва ба онҳо барои ба бозорҳои хориҷӣ баромадан кӯмак намерасонанд, танқид карда шуданд.

Таъкид гардид, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротии минтақаҳо ва соҳаҳо, ки вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, бояд бо намояндагони корхона ва соҳибкорон мулоқот кунад, ба онҳо бобати баланд бардоштани донишашон оид ба содирот, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқӣ ва аз сертификат гузаштан кӯмак расонад.

– Мо барои содирот имкониятҳои бузург дорем. Яке аз нуқтаҳои пешравӣ бояд, аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар пояи коркарди нахи пахта ва маҳсулоти меваву сабзавот бошад. Мо аз тариқи ин содиротро зиёд мекунем ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоварем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Тавре ки маълум аст, маҳсулоти кишоварзие, ки дар кишвари мо парвариш карда мешаванд, дар тамоми олам қадр доранд. Ин тамғаи тайёр барои вусъат додани содирот имконияти хуб ба шумор меравад.

Қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи саноати хӯрокворӣ» аз 29 июли соли равон ба истифодаи самарабахши ин имконият ва ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ба соҳаи аграрӣ нигаронида шудааст.

Мувофиқи қарори мазкур дар солҳои 2019-2021-ум созмон додани 45 маҷмӯи агрологистикӣ, 205 иқтидори нави коркард, на камтар аз 36 ҳазор гектар боғҳои зудамал пешбинӣ шудаанд, ки барои онҳо ҷудо кардани тақрибан як миллиард доллар дар назар дошта шудааст.

Дар машварат ҷараёни кор дар ин самт баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки бояд лоиҳаҳои зикршуда дар муҳлати худ иҷро шаванд, содироти маҳсулоти меваву сабзавот дар соли 2021-ум ду баробар афзояд. Муҳимияти парвариши зироати содиротбоб, пеш аз ҳама, маҳсулоти лӯбиёӣ таъкид шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои иҷрои қарордодҳои содиротӣ, ки дар доираи сафарҳои хориҷӣ ва намоишгоҳҳои байналхалқӣ ба имзо расидаанд, дар моҳи октябр баргузор кардани намоишгоҳи байналхалқии «Сохти Ӯзбекистон» муҳокима гардиданд.

Дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии хонаҳои тиҷоратии содиргарон дар хориҷа таклифҳо пешниҳод шуданд.

Сармояҳо асоси иқтисодиёт мебошанд. Дар мамлакати мо сиёсати фаъоли сармоявӣ татбиқ мегардад, дар натиҷаи ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо бисёр лоиҳаҳои пешомаднок амалӣ мешаванд.

Чунончӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 85 триллиону 775 миллиард сӯм сармояҳо аз худ шуданд, ки нисбати то ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд мебошад. Дар сохтори сармояҳои асосӣ саҳми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ 2,5 баробар афзуда, ба 1,7 миллиард доллар расид. Вомҳои хориҷие, ки бидуни кафолати давлатӣ дода шудаанд, 3,7 баробар зиёд гардид. Тақрибан 75 фоизи сармояҳои бевоситаи азхудшудаи хориҷӣ ба лоиҳаҳои минтақавӣ рост меояд.

Дар пояи ин нишондиҳандаҳо қайд гардид, ки дар тӯли давраи боқимондаи соли равон эътибори асосӣ бояд ба пурра аз худ намудани сармояҳо нигаронида шавад.

Роҳбарони соҳаҳое, ки дар онҳо сармояҳои бевоситаи хориҷӣ суст аз худ мешаванд, дар бораи сабабҳои вазъи бамиёномада ва нақшаҳо доир ба тезонидани корҳои самти мазкур ҳисобот доданд.

Ба Девони Вазирон супурда шуд, ки сари вақт ба истифода супурда шудани иншооти саноатиро дар доираи 145 лоиҳаи арзиши умумиашон 4,2 миллиард доллар, ки дар Барномаи сармоявии соли 2019-ум пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд. Дар байни онҳо ба роҳ мондани истеҳсоли поливинилхлорид ва туршии азот дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот», вусъат додани истеҳсоли гази моеъ дар Корхонаи коркарди гази Муборак, ба истифода супурдани дастгоҳҳои нави буғу газӣ дар истгоҳҳои гармиву электрии Тӯрақӯрғон, Тахиатош ва Навоӣ, сохтмони Заводи филизоти Тошканд мавҷуданд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки тақрибан 40 корхонаи бузург, ки тӯли даҳ соли охир сохта ба истифода супурда шудаанд, бо иқтидори пурраи худ кор намекунанд.

Ба Девони Вазирон, вазоратҳои сармояҳо ва савдои хориҷӣ, иқтисодиёт ва саноат супурда шуд, ки фаъолияти корхонаҳо ва иншоотеро, ки дар доираи барномаҳои сармоявӣ ба истифода супурда шудаанд, таҳлил кунанд ва бобати бо иқтидори пурраи худ ба кор даровардани онҳо чораҳо андешанд.

Дар машварат ҳамчунин масъалаҳои ташаккул додани Барномаи сармоявӣ барои солҳои 2020-2022-ум муҳокима гардид. Таъкид шуд, ки дар барнома бояд, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои мушаххасе, ки тақрибан бинобар 650 муоҳидаи дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ баимзорасида, ҳамчунин лоиҳаҳое, ки ба коркарди амиқи маҳсулоти нафту газ, энергетикаи муқобил, мошинсозӣ, электротехника, саноати маводи сохтмон, саноати аграрӣ ва дигар соҳаҳои баландтехнологӣ тааллуқ доранд, дохил карда шаванд.

Дар машварат боз як масъалаи муҳим – вусъат додани ҳудудикунонӣ муфассал баррасӣ шуд.

Фароҳам овардани арзиши иловагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ дар пояи коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ омили муҳими пешрафти иқтисодиёт мебошанд. Вобаста ба ин дар мамлакати мо барои рушди ҳудудикунонӣ, вусъат додани кооператсияи саноатии байни корхонаҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Он чиз танқид гардид, ки дар баъзе соҳа ва минтақаҳо масъалаи ҳудудикунонӣ ба ҳоли худ гузошта шудааст.

– Имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд, технологияҳо ҷалб мегарданд, вале роҳбарон дар маҳалҳо одат кардаанд, ки бо роҳи осон раванд, барои ҳудудикунонии маҳсулот кор набаранд, балки онро харид кунанд, – гуфт Президент.

Дар кишвари мо танҳо 1,1 фоизи молибден, 12 фоизи гази табиӣ, 21 фоизи рух, 21 фоизи мис, 20 фоизи маҳсулоти меваву сабзавот, 46 фоизи калоба коркард мешаванд. Таъкид гардид, ки коркарди амиқи ин ашёи хом имкон медод арзиши иловагии маҳсулоти тайёр то панҷ баробар зиёд гардад.

Ба зиммаи Девони Вазирон бобати дар ду соли минбаъда 20 фоиз афзун кардани истеҳсоли молҳои ҳудудикунонидашуда дар тамоми минтақа ва соҳаҳо, ҳамчунин тайёр кардани барномаи ҳудудикунонии маҳсулоте, ки дар сохтори воридот саҳми баланд дорад, гузошта шуд.

Зарурати дар сохтори Палатаи ҳисоб таъсис додани шуъбаи махсус бинобар таҳлили масъалаҳои вусъат додани ҳудудикунонӣ таъкид гардид.

Дар машварат ҳисобот ва таклифи роҳбарони соҳа ва минтақаҳо шунида шуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 604