×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
15:25:10 (GMT +5), yakshanba, 8 - dekabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi Xorijdagi saylovchilarning elektron ro'yxati O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


10 - avgust 2019

Сармоягузорон ба Фарғона бештар меоянд

7 августи соли 2019 дар посгоҳҳои марзӣ, ки вилояти Фарғонаро бо Тоҷикистон ва Қирғизистон васл менамояд, садои карнаю сурнай ва дафу доира баланд танинандоз гашт.

Мизбонон вакилони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилоятҳои Боткент, Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистонро бо шукӯҳ ва тантанаи хос истиқбол гирифтанд. Меҳмонон барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории Фарғона-2019 даъват шуда буданд.

Ҳамчунин дар ин форум аз кишварҳои сармоягузори Хитой, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Беларус, Латвия, Уммон, Миср, Ҳиндустон, Исроил ва амсоли он як гурӯҳи 100 нафарӣ ба ҳайси намоянда ҳузур доштанд. Дар толори барҳавои Маркази соҳибкорони вилоят маросими ифтитоҳи форум баргузор гардид.

Шӯҳрат Ғаниев, ҳокими вилояти Фарғона дар ин маросим меҳмононро хайрамақдам гуфт ва сипосгузорӣ кард, ки даъвати онҳоро пазируфтанд ва барои ширкат дар ин форум ба Фарғона омаданд. Вай афзуд, ки дар вилоят барои ба роҳ мондани ҳама гуна ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак шароити созгор фароҳам оварда шудааст.

— Фарғона гавҳари Осиёи Марказӣ унвон гирифтааст ва аз марказҳои калони индустриалӣ ва фарҳангӣ низ шумурда мешавад. Бо эътимоди қавӣ гуфта метавонам, ки 136 ёдгории меъморӣ, 113 ёдгории бостоншиносӣ, 38 ёдгории фарҳангӣ, даҳҳо ҷойҳои таърихиву диданӣ таваҷҷӯҳи сайёҳони тамоми дунёро ба Фарғона ҷалб менамоянд. Баргузор гардидани Форуми байналмилалии сармоягузории Фарғона-2019 маҳз барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт. Гузашта аз ин, якчанд корхонаҳои муштараки саноатӣ дар вилояти мо арзи вуҷуд намудаанд, ки маҳз бар асоси ҷалби сармояҳои хориҷӣ бунёд ёфтаанд,-зикр намуд Шӯҳрат Ғаниев.

Ҳокими вилоят боз тазаккур дод, ки ин форум барои ҷалби сармояҳои бештари хориҷӣ ва афзоиши салоҳияти сайёҳӣ хеле мусоидат хоҳад кард.

– Ҷалби сармояҳо аз омиле маҳсуб меёбад, ки Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ намуд ва ин раванд муваффақона пеш меравад. Ба таври мисол, озод шудани табдили асъор, коҳиш додани боҷи гумрукии молу мавод, либерализатсияи ашёи хом, кафолат барои зери ҳимояи давлат қарор гирифтани сармояҳои хориҷӣ ва коҳиш додани миқдори андоз барои сармоягузорон аз шумори ҳамин омилҳо метавон муаррифӣ кард, – афзуд Шӯҳрат Ғаниев.

Аз суханронии вай бармеояд, ки дар вилояти Фарғона ҳаҷми ҷалби сармояҳои хориҷии мустақим дар ду соли охир панҷ маротиба афзудааст. Гуфта мешавад, дар ин вилоят аз моҳи май то муддати як соли баъд ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ривоҷ додани саноат «Соли зарбдор» эълон шудааст.

Дар маърӯзаҳои нотиқон қайд гардид, ки фазои амну озод, барқарории вазъияти сиёсиву иқтисодӣ эътимоду боварии сармоягузорони хориҷиро нисбати Ӯзбекистон ҳарчи бештар афзоиш медиҳад. Имкон надорад, ки ягон корхона бидуни ширкату саҳми сармояҳои хориҷӣ арзи вуҷуд кунад ва фаъолият намояд. Ин нуктаро ҷонишини вазири Инвеститсияҳо ва савдои берунаи ҷумҳурӣ Фурқат Раҳимов ба забон овард. Вай афзуд, ки сол аз сол баланд рафтани салоҳияти иқтисодии Ӯзбекистон дар мисоли вилояти Фарғона аз он шаҳодат медиҳад, ки сармоягузорони хориҷӣ аз ширкати худ дар барпо шудани корхонаҳои бузурги саноатии он ва ба даст овардани даромаду манфиатҳо хеле розӣ ҳастанд.

Ногуфта намонад, ки дар соли равон 46 корхона тавассути сармояҳои хориҷиён бунёд гардида, шумораи корхонаҳоро ба 329 адад расонидааст. Дар ин корхонаҳо саҳми сармоягузорони Хитой, Куриёи Ҷанубӣ, Амрико, Британия, Россия, Туркия, Исроил ва мамолики дигар хеле калон мебошад. Ё дар маҷмӯъ аз 20 кишвари хориҷӣ 150 нафар сармоягузорон маблағҳои худро дар корбасту ташкили корхонаҳои саноатии муштарак сарф намудаанд.

Намояндагони «Ӯзчармсаноат», идораву иттиҳодияҳои истихроҷи нафту газ, ҳунармандӣ зимни суханронӣ таъкид варзиданд, ки ин соҳаҳо ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ хеле ниёзманд мебошанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки вилояти Фарғона ба маркази татбиқи лоиҳаҳо табдил ёфтааст ва аз захираҳои табиӣ низ хеле бой мебошад. Барои ҳамин ҳар як сармоягузор метавонад дар ин самтҳо ҳамкорӣ кунад.

Баъд иштирокчиёни форум намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоятро тамошо карданд. Ҳамчунин аз якчанд корхонаҳои саноатии муштарак, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фулузии «Олтин водий», «UzSungwo», «Кварс» боздид намуданд ва бо ҷараёни кори он ошно шуданд. Дар ҷараёни диду боздидҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ шаш меморандум ба имзо расид.

Дар нишасти хабарӣ ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона оид ба инвеститсияҳо Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов гуфт, ки мақсади асосии онҳо баланд бардоштани салоҳияти инвеститсионии вилоят, боло бурдани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, аз байн бардоштани ҳамаи маҳдудиятҳои сунъӣ мебошад, ки тӯли солҳои дароз ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва татбиқу корбаст кардани лоиҳаҳои муштарак монеаҳо эҷод кардаанд.

– Мо тӯли солҳои зиёд сармоягузоронро аз худ дур кардем. Салоҳияти иқтисодии мо хеле зарар дид. Акнун вақти он расидааст, ки робитаҳоро барқарор кунем ва сармоягузоронро дубора ба Ӯзбекистон баргардонем. Ба ин васила сайёҳони зиёд низ ба Фарғона хоҳанд омад, – гуфт Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов.

Ба гуфтаи ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона сармоягузорони чинои ҷиҳати ворид кардани сармояҳо дар ҷои аввали ҷадвал қарор доранд. Русия дар ин маврид ҷои дувумро ишғол мекунад ва барои татбиқи 64 лоиҳа сармоягузорони рус ҳиссаи худро гузоштаанд.

Форуми байналмилалии сармоягузории Фарғона-2019, ки ду рӯз давом кард, воқеан ба иди дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, барқароршавии ҳамкориҳо табдил ёфт. Он 8 август ба кори худ хотима бахшид ва меҳмонон дар зери садои карнаю сурнай ва дафу доира Фарғонаро тарк карданд.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 615