×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
17:48:44 (GMT +5), shanba, 17 - avgust 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


10 - avgust 2019

Муборакбодии Иди қурбон ба халқи Ўзбекистон

Ҳамватанони муҳтарам!

Шуморо бо Иди қурбон, ки халқи мо онро якҷо бо тамоми уммати мусалмон бо шодиву хурсандии зиёд истиқбол мегиранд, кулли муъмину мусалмонони диёри зебоямонро аз таҳти дил табрику муборакбод карда, беҳтарин орзуҳои худро изҳор менамоям.

Ин иди муқаддас, ки тўли асрҳо дар ҳаёти маънавии халқу диёрамон мавқеи беқиёс дошта, барои дар ҷамъиятамон беш аз пеш мустаҳкам шудани суннатҳои эҳтироми тарафайн, меҳру оқибат ва кушодадилӣ хидмат карда меояд, барои ҳамаамон муборак бошад!

Дар чунин як айёми пуршукўҳу саодатманд табиист, ки ҳамаамон, пеш аз ҳама, ба Аллоҳи таборака ва таолло беадад шукрона мегўем.

Ба шумо, азизон, хуб маълум аст, ки солҳои охир ба эҳё намудан ва инкишоф додани ҳувиятҳои милливу динӣ, таъмин сохтани озодии эътиқод эътибор зоҳир карда мешавад, дар байни халқу миллатҳои гуногун муҳити тифоқиву аҳлӣ ва ҳамчиҳатӣ торафт мустаҳкам мегардад.

Бахусус, корҳои хайри оғознамудаи мо барои ба ҷомеаи мамлакат ва ҳамҷамъияти олам расонда додани саҳми бузурги халқамон ба тамаддун ва маданияти исломӣ, обод кардани оромгоҳҳои муқаддас, ба зиёратгоҳ табдил додани онҳо, амиқ омўхтан ва тарғибу ташвиқ кардани мероси илмиву маънавии ниёгони бузургамон аз ҷониби халқу кишвари қадршиноси илму маърифат ва ҷомеаи байналхалқӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд.

Ба шарофати имконият ва шароитҳои наве, ки барои шаҳрвандонамон фароҳам оварда шудаанд, дар ин рўзҳои мубораку муътабар беш аз 7 ҳазор ҳамватанонамон дар Маккаи мукаррама амалҳои муқаддаси ҳаҷро адо намуда, барои ҳаёти орому осуда ва озоди кунунӣ ба Парвардигори олам ҳамду сано гуфта, бо орзуи пешрафти кишварамон ва хайру баракаи рўзгори халқамон дуои фотиҳа мекунанд.

Кулли ҳоҷиёнамонро самимона муборакбод карда, сиҳҳату саломат ба диёрамон баргаштани онҳоро умедворем. Бовар дорем, ки онҳо бо фазилатҳои ибратбахши худ, бо иштироки фаъолашон дар ҳаёти ҷамъият барои тарбияи насли ба халқу кишвар содику фидоӣ, инсонҳои ҳалолу поки poҳи ҳидоят гардидани онҳо саҳми муносиби худро мегузоранд.

Дар ин айёме, ки неъматҳои Худованд зиёда мешаванд ва эҳсоси шукр қалбҳоямонро нурафшон месозанд, халқҳои тамоми кишварҳои мусалмони ҳудудҳои дуру наздик, дўстону ҳамкорони хориҷиамонро муборакбод намуда, ба онҳо сулҳу салоҳ, пешрафти бардавом ва фаровонии ҳамешагиро орзу мекунем.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар арафаи ҷашни истиқлоли мамлакатамон васеъ таҷлил гардидани Иди қурбон рўҳ ва кайфияти халқи моро дучанд баланд мебардорад.

Дар ин рўзҳо эҳсоси ба халқу кишвари мо хос, аз ҷумла меҳру мурувват, шафқату саховат равшан падидор шуда, ҳамаамонро барои аз ҳолу аҳволи оилаҳои ниёзманд, камтаъмин ва саробони худро гумкарда, ногироҳо, пирони танҳо хабар гирифтан, ба онҳо ёрии моддиву маънавӣ расо-нидан, обод кардани зиёратгоҳ, оромгоҳ ва қабристонҳо барин корҳои савоб даъват мекунанд.

Ин амалҳои хайр ба ислоҳоте, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтимоии мамлакат амалӣ мешаванду барои азизу мукаррам донистани инсон, пойдории қонун ва адолат дар ҷамъият хидмат мекунанд, ҳаматарафа ҷавобгў ва ҳамоҳанг мебошанд.

Мо дар замири онҳо моҳият ва иқтидори инсонпарваронаи дини исломро мебинем ва аз ворисони мероси беназири маънавӣ будани худ барҳак, ифтихор мекунем.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳамаи шуморо бо Иди қурбон бори дигар аз таҳти дил муборакбод менамоям.

Халқи мо, ки бо эътиқоди олиҷаноби «Дил ба Ёру даст ба кор» зисту зиндагӣ мекунад, ҳамеша амон бошад!

Аз Ватани азиз, хонаводаҳоямон хотирҷамъи, аҳлӣ, файзу барака ҳаргиз дур набошад!

Офаридгор ба кору амалҳои некамон ҳамеша мададгор бодо!

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 205