×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
15:32:48 (GMT +5), yakshanba, 8 - dekabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi Xorijdagi saylovchilarning elektron ro'yxati O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


2 - avgust 2019

Суҳбати телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Беларус

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 августи соли 2019 бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ дошт.

Дар оғози суҳбат роҳбари давлат ба Александр Лукашенко ва тамоми халқи бародари Белорус барои пазироии гарм ва самимӣ, ки зимни аввалин ташрифи расмии бомуваффақият анҷомёфтаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Беларус зоҳир гардид, миннатдории самимӣ изҳор кард.

Роҳбарони ду мамлакат бо қаноатмандии том таъкид карданд, ки анҷумани Ӯзбекистону Беларус муносибати бисёрҷанбаи дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан нав бардошта, онро бо муҳтавои дақиқи амалӣ пурра сохт.

Аз он ҷумла, натиҷаи босамари Анҷумани минтақаҳо ва Намоишгоҳи миллии саноатии Ӯзбекистон дар Минск, ки дар поёни он қарордодҳои содиротиву воридотӣ дар бораи муоҳидаҳои ҳамкории корхонаҳои пешқадам ба ҳаҷми умумии қариб 300 миллион доллар ба имзо расиданд, олӣ арзёбӣ гардиданд.

Президентҳо аҳамияти идома додани табодули фаъолро дар соҳаҳои илм, таълим, маданият ва санъат таъкид карданд.

Зикр шуд, ки Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон дар Беларус дар доираи ташриф ва гузошта шудани пайкараи шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ дар пойтахти Беларус ба мустаҳкам гардидани муносибати дӯстӣ ва амиқсозии ҳамдигарфаҳмии байни халқҳоямон мусоидат намуд.

Зимни суҳбати телефонӣ чорабиниҳои аввалдараҷа муҳокима гардиданд, ки ба татбиқи амалии шартномаҳои бадастомада ва ҳуҷҷатҳои дар асоси «харитаи роҳ» қабулгардида нигаронда шудаанд.

Ба афзудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инноватсионӣ эътибори алоҳида нигаронида шуд. Аз он ҷумла сухан дар бораи пеш бурдани лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои кооператсия дар ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёт дар асоси технология ва дониши пешқадами корхонаҳои Беларус рафт.

Дар поёни суҳбат Президент Шавкат Мирзиёев Президент Александр Лукашенкоро даъват намуд, ки аз мамлакатамон дар фурсати барояш муносиб бо ташрифи расмӣ боздид ба амал оварад.

Роҳбарони давлатҳо қатъӣ будани саъю кӯшишашонро бобати рушди минбаъдаи ҳамкории фарогир ва мустаҳкамсозии муносибати дӯстона байни Ӯзбекистон ва Беларус собит намуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 724