×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
19:12:04 (GMT +5), dushanba, 19 - avgust 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


13 - iyul 2019

ДАР БОРАИ ЗИЁД КАРДАНИ МИҚДОРИ МУЗДИ МЕҲНАТ, НАФАҚА, СТИПЕНДИЯ ВА КӮМАКПУЛИҲО

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба мақсади минбаъд бемайлон баланд бардоштани даромад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии минбаъдаи иҷтимоии табақаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, аз он ҷумла шахсони ногиро, инчунин пурзӯр гардондани дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ:

1. Аз 1 августи соли 2019 миқдори музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва ташкилотҳо, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳо ба ҳисоби миёна 1,1 баробар зиёд карда шавад.

2. Аз 1 августи соли 2019 дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон миқдори камтарини:

музди меҳнат – моҳе 223 000 сӯм;

нафақа бино бар синну сол – моҳе 436 150 сӯм;

кӯмакпулиҳо ба ногироҳои модарзод – моҳе 436 150 сӯм;

кӯмакпулиҳо ба куҳансолон ва шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат, ки собиқаи ногузири корӣ надоранд, – моҳе 267 650 сӯм муқаррар карда шавад.

3. Муайян карда шавад, ки аз 1 августи соли 2019:

миқдори камтарини нафақа бинобар ногироӣ ба шахсони ногирои гурӯҳи дувум аз 50 фоиз то 75 фоизи нафақаи камтарин бинобар синну сол зиёд карда мешавад;

миқдори иловапулӣ ба нафақаҳои нафақахӯрон – шахсони танҳои ногирои гурӯҳи дувум аз 50 фоиз то 75 фоизи миқдори камтарини музди меҳнат зиёд карда мешавад;

миқдори кӯмакпулӣ бинобар ҳолати гум кардани саробон бо назардошти миқдори камтарини нафақа бинобар синну сол бо нигоҳ доштани таносуби ҷории фоизӣ ба миқдори аъзои ғайри қобили меҳнати оила муқаррар карда мешавад.

4. Аз 1 августи соли 2019 ба онҳое, ки кӯмакпулии гурӯҳи якуми ногироӣ, аз он ҷумла кӯмакпулии гурӯҳи якуми ногироии модарзодии синну солаш аз 16 болоро мегиранд, ба миқдори 25 фоизи миқдори камтарини музди меҳнат иловапулии ҳармоҳа ҷорӣ карда шавад.

5. Вазорати молия якҷоя бо Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, вазорату идораҳои манфиатдори дигар, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ташкилоту муассисаҳое, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд, ҳисобу китоби саривақтии миқдори музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷавӣ ва ташкилотҳо, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳоро бо назардошти қоидаҳои Фармони мазкур таъмин намоянд.

6. Хароҷоти вобаста ба зиёд кардани миқдори музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳои буҷавӣ, нафақа, кӯмакпулӣ ва стипендияҳо аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба амал бароварда шавад.

Ба кордиҳандагон тавсия дода шавад, ки миқдори музди меҳнатро мувофиқи музди камтарини меҳнат зиёд гардонанд, додани музди меҳнатро на кам аз миқдори камтарини музди меҳнат, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, таъмин намоянд.

7. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 майи соли 2019 №ФП-5723 «Дар бораи такмил додани тартиби муайян намудани миқдори музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои дигар» аз 1 сентябри соли 2019 бар ивази миқдори камтарини музди меҳнат миқдори камтарини пардохти меҳнат, андозаи базавии ҳисобу китоб ва андозаи базавии ҳисобкунии нафақа ҷорӣ карда мешавад.

8. Дар банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 майи соли 2019 №ФП-5723 «Дар бораи такмил додани тартиби муайян намудани миқдори музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои дигар»:

дар сархати дуюм рақами «577 170» бо рақами «634 880» иваз карда шавад;

дар сархати сеюм рақами «202 730» бо рақами «223 000» иваз карда шавад;

дар сархати чорум рақами «202 730» бо рақами «223 000» иваз карда шавад.

9. Аз 1 августи соли 2019 ба ғайр аз банди 4 ва 8, Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 октябри соли 2018 №ФП-5553 «Дар бораи такмил додани тартиби муайян намудани миқдори музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои дигар» беэътибор дониста шавад.

10. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.

11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

12 июли соли 2019.



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 314