×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
15:13:13 (GMT +5), dushanba, 21 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


6 - iyul 2019

Натиҷаҳои ислоҳоти андоз таҳлил, вазифаҳои нав муайян гардиданд

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 июли соли 2019 ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба таҳлили натиҷаҳои таъмини воридот ба Буҷаи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва муайянсозии вазифаҳои нав дар ин соҳа баргузор гардид.

Қариб як сол пеш, 29 июни соли 2018 Фармони Президент «Дар бораи Консепсияи такомули сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардида буд.

Дар натиҷаи татбиқи консепсияи мазкур дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Буҷаи давлатӣ 39 триллиону 118 миллиард сӯм ё худ 1,6 баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағ ворид гардид. Аз ҳисоби пешгӯишаванда 8 фоиз бештар иҷро гардидани он дар ихтиёри ҳокимиятҳо дар маҳалҳо барилова 2,8 триллион сӯм гузошта шуд. Дар натиҷаи ба таври назаррас паст гардидани ставкаи андоз барои даромади шахсони ҷисмонӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ беш аз 570 ҳазор ҷойи кори «пинҳонӣ» легализатсия гардонда шуд.

Аммо дар маҳалҳо баъзе мушкилиҳо дар робита бо татбиқи низомноки ислоҳоти нави андоз, афзоиши воридоти андоз ва бор кардани андоз дучор мегарданд.

Барои мисол, дар васеъ намудани пойгоҳи андозпардозанда аз ҳисоби ташкили корхонаҳои нав дар пойгоҳи объект ва қитъаи заминҳои истифоданашаванда ба дӯлобкорӣ роҳ дода мешаванд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки дар натиҷаи ин ва дигар ҳодисаҳои мисли ин имконоти таъмини воридоти миллиардҳо сӯм ба буҷа аз даст рафта, ба роҳбарони вазорат ва минтақаҳои марбут дар бобати бартарафсозии камбудиҳо, назорати ҷиддии иҷрои вазифаҳои гузошташуда супоришҳо дод.

Дар мамлакатамон тафтишҳои идораҳои андоз ба муддати то 1 январи соли 2020 қатъ гардонда шудааст. Ба Кумитаи давлатии андоз то охири сол якҷоя бо институтҳои байналхалқии молия барномаи электронӣ бо имконоти баҳодиҳии хатарҳои напардохтани андоз вазифа гузошта шудааст. 27 июни соли ҷорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба минбаъд мураттабсозии вогузоштани имтиёзоти андоз ва гумрук» қабул гардида буд. Чорабиниҳое, ки дар он дар назар дошта шудаанд, марҳалаи дуюми муҳими ислоҳоти андозро ташкил менамоянд.

Бино бар фармон аз 1 октябри соли 2019 имтиёзоте, ки дар заминаи андоз барои нархи изофа ҳоло ҳозир истифода мегарданд, бекор карда мешаванд. Мақсади асосии ин чорабинӣ ба вуҷуд овардани шароити баробар барои тамоми соҳибкорон ва мустаҳкамсозии рақобати солим мебошад.

Дар ҷамъомад вазифаи фаъолсозии ҳаракати гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазир ва ниҳодҳои он дар ҳудудҳо барои ба аҳолӣ ва соҳибкорон васеъ фаҳмондани моҳият ва аҳамияти тағйироти мазкур гузошта шуд. Ногузирии ташкили кори адреснок бо воҳидҳои соҳибкорӣ ва хоҷагиҳои фермерие, ки ба пардохти АНИ мегузаранд, кӯмаки амалӣ расондан ба онҳо дар роҳандозии ҳисобу китоб таъкид гардид.

Президент инчунин таъкид кард, ки дар баробари аз соҳибкорон талаб намудани иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои андоз манфиатҳои онҳо низ ҳимоя карда шаванд.

Барои мисол, ҳоли ҳозир соҳибкорон ашёи хом харид менамоянд, ки дар нархи он аллакай АНИ ба ҳисоб гирифта шудааст. Миқдори АНИ, ки барои ашёи хом пардохта мешавад, фақат дар сурате аз ҳисоби он бароварда мешавад, ки соҳибкор маҳсулоташро тайёр намуда, ба фурӯш барорад. То он вақт вай наметавонад муваққатан аз табодули маблағи худ истифода намояд.

Аз ин рӯ, роҳбари давлат ба шахсони масъул татбиқ намудани механизми ҳисобу китоби ҳамзамони АНИ ва ба пардозандоз боз гардондани онро супориш дод.

Дар видеоселектор боз як масъалаи муҳим – оптимизатсияи нархи захираи энергетикӣ баррасӣ гардид.

Дар ду соли охир ҳаҷми зиёди кор дар бобати бетанаффус таъмин намудани аҳолӣ, объектҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бо электроэнергия ва гази табиӣ ба амал татбиқ гардонда шуд. Барои минбаъд беҳсозии нишондод дар ин самт такомули шабакаҳо, татбиқи технологияи сарфакунандаи энергия ва оптимизатсияи харҷ тақозо мегардад. Бидуни ин ноил гардидан ба ҳолати беҳсозии молиявии соҳаҳо ва фаъолона ҷалб намудани сармоя ғайриимкон аст.

Бино бар ин бо назардошти фикри мутахассисон ва намояндагони ҷамъият пениҳодот дар бобати омӯзиши нарх барои аҳолӣ то ба андозаи наздик ба дараҷаи инфлятсия таҳия гаштааст. Ҳамзамон баланд бардоштани ҳадди ақалли миқдори музди меҳнат ба нақша гирифта шудааст, то ки ислоҳоти нарх нарм гузарад.

Дар ҷамъомад таъкид ёфт, ки маълумот дар бораи ислоҳоти пешниҳодшаванда доир ба мураттабсозии нарх комилан то эътибори аҳолӣ бояд расонда шавад. Вазифаҳо дар заминаи фаҳмондани моҳият ва аҳамияти тағйирот дар нарх дар ҳар як маҳалла бо рафтани аъзои Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ ба маҳалҳо дар бобати ташвиқи ислоҳоти андоз ва ҳамчунин депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, шахсони масъули ташкилотҳои иқтисодӣ ва коммуналӣ муайян карда шуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 640