×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
15:09:27 (GMT +5), dushanba, 21 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


5 - iyul 2019

Аксуламал ба савдои одам дар оинаи афкори умум

Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар мавзӯи мазкур пурсиши иҷтимоӣ баргузор кард.

Мақсад аз он ошкор сохтани сабаб ва оқибатҳои савдои одам, огоҳ кардани шаҳрвандон аз самаранокии чораҳое буд, ки дар кишвари мо бино бар аксуламал ба чунин ҷиноятҳо татбиқ мешаванд.

Тавре ки омӯзиши афкори умум нишон дод, 59,6 фоизи пурсидашудагон аз ин намуди ҷиноят хуб огоҳӣ доранд, сеяки онҳо дар ин бобат дорои маълумоти умумӣ мебошанд. Шаҳрвандоне, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат зисту зиндагӣ мекунанд, сокинони шаҳр ва деҳот, мардон ва занон, ҷавонон ва куҳансолон ба ташаббусҳои роҳбари давлат, ки ба бозгардонӣ ва эҳёи ҳамватанони мо, ки қурбони савдои одам дар хориҷа гардидаанд, фаъолтар кардани дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон, қаробати онҳо ба ҷомеа, аз ҷумла аз тариқи бо манзил ва кор таъмин кардани онҳо нигаронда шудаанд, баҳои мусбат медиҳанд.

Пурсиш нишон дод, ки барои аксари мутлақи шаҳрвандон (90 фоиз) телевизион манбаи асосии маълумот дар бораи ҷиноятҳои вобаста ба савдои одам ба шумор меравад, дар ин маврид миқдори пурсидашудагоне, ки интернетро манбаи асосии ба даст овардани маълумот дар бораи аксуламал ба савдои одам меҳисобанд, аз 4,7 фоизи соли 2017-ум то 28,4 фоиз дар соли 2019-ум афзудааст. Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки веб-сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бобати баланд бардоштани сатҳи маълумоти аҳолӣ оид ба восита ва усулҳое, ки аъзои дастаҳои ҷинояткории машғул бо савдои одам истифода мебаранд, воситаи муҳим ба шумор мераванд.

Бино бар ақидаи 88,7 фоизи иштирокдорони пурсиш «савдои одам ин яке аз шаклҳои мураккаби ҷинояти байналхалқӣ ба шумор рафта, ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад». Шаҳрвандон эътимод доранд, ки барои аксуламал бо савдои одам, пурзӯр кардани таъқиботи қонунвайронкунандагон ва кӯмакрасонӣ ба ҷабрдидагон бояд саъю кӯшишҳои давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, расонаҳои ахбори оммавӣ муттаҳид карда шаванд.

65 фоизи пурсидашудагон посух доданд, ки «нисбат ба ҷинояткорон-савдогарони одам нафрат ва қаҳру ғазаб доранд», 47,5 фоиз «нисбат ба қурбониёни савдои одам меҳру мурувват эҳсос мекунанд, хоҳиши кӯмакрасонӣ ва дастгирӣ кардани онҳоеро доранд, ки ба вазъияти душвори зиндагӣ афтодаанд». 41,8 фоизи пурсидашудагон мехоҳанд, ки «ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва барои кирдорҳои ношоистаи худ ба ҷазо маҳкум шаванд».

Маълумоти тадқиқот аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар байни омилҳои шаҳрвандонро барои дарёфти кор ба хориҷа рафтан маҷбуркарда дар ҷойи зисти худ имконияти пайдо карда натавонистани кори доимӣ мебошад. Бино бар ақидаи 23,7 фоизи пурсидашудагон ба паҳншавии ҷиноятҳои вобаста ба савдои одам сифатҳои шахсии аксари ҷабрдидагон, аз ҷумла сабукфикрӣ, сустӣ, нобоварӣ ба худ нақши манфӣ мебозанд. 62,3 фоизи пурсидашудагон бар онанд, ки дараҷаи пасти маълумот сабабгори ин мебошад, тақрибан нисфи онҳо қайд кардаанд, ки аз савдои одам онҳое ҷабр мебинанд, ки ба дарёфти музди баланди кор моиланд, ҳар шахси сеюм, ки ба тӯри савдогарони одам меафтанд, шаҳрвандоне мебошанд, ки касбу ҳунар, кори доимӣ надоранд, бо дарёфти музди кори муваққатӣ зисту зиндагӣ мекунанд.

Дар асоси ақидаи пурсидашудагон симои тақрибии иҷтимоиву рӯҳии ҷабрдидагони асосии савдои одам тартиб дода шуд. Ин ҷавони синну солаш 21-30-солаи дорои маълумоти паст, хоҳишманди дарёфти музди ҳарчи зудтар, содда ва зудбовар, гирифтори таъсири бегона, инсони сатҳи дониши ҳуқуқиаш поин ва таҷрибаи ҳаётиаш маҳдуд, аз ҳама муҳимаш соҳиби касби мушаххас набуда ва бино бар ҳамин ҳам ба иҷрои ҳама гуна кор розӣ мебошад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ аксар вақт дар бораи амнияти худ фикр намекунанд, бисёриҳо бошанд, дар бораи хатарҳое, ки метавонанд бо онҳо дар мамлакати бегона дар мавриди бидуни рухсатномаи дахлдор ё худ шартнома кор кардан рӯ ба рӯ шаванд, огоҳӣ надоранд. Соҳаҳое, ки шаҳрвандони кишвари мо ба кори иҷборӣ ҷалб мешаванд, ин асосан сохтмон ва хоҷагии қишлоқ мебошанд.

Тадқиқот собит сохт, ки анъанаи коҳиш ёфтани шаҳрвандоне, ки бино бар ҷустуҷӯи кор дар хориҷа ба шахси ношинос – сокини шаҳри худ ё худ бегонае, ки аз ҷумлаи хоҳишмандони музди меҳнат дар кишвари дигар гурӯҳ тартиб додааст, муроҷиат кардан қурбони савдои одам мешаванд, эҳсос мегардад. Ин аз натиҷабахшии чораҳое, ки дар мамлакат бино бар маълумотдиҳӣ дар бораи хатарҳои чунин тарзи муҳоҷирати меҳнатӣ қабул мешаванд, шаҳодат медиҳад. Шаҳрвандоне, ки ба хидмати давлатии шуғл ва созмонҳои ғайридавлатии бақайдгирифташуда муроҷиат кардаанд, бино бар натиҷаи пурсиш дар давраи тадқиқгардида ба савдои одам гирифтор нашудаанд.

Хешовандони ҷабрдидагони савдои одам ба мақсади озод кардани онҳо дар ҳар кадом чаҳор ҳодиса саъю ҳаракат мекунанд. Онҳо асосан ба мақомоти ҳуқуқу тартибот ва камтар ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. Дар аксар маврид саъю ҳаракатҳои сохторе, ки хешу табори қурбониёни савдои одам ба онҳо муроҷиат кардаанд, самарабахш буданд.

Дар пешгирии ҳодисаҳои савдои одам пурсидашудагон ба баргузор кардани корҳои тайёрӣ бо муҳоҷирони аниқ пеш аз сафари онҳо ба кишвари дигар, ки омӯзондани забон ва қонунгузории мамлакатеро, ки онҳо ба он ҷо роҳсипоранд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷиронро меомӯзонанд, муҳим мешуморанд.

Аксарияти иштирокдорони пурсиш ба он муътақиданд, ки аксуламал ба савдои одам танҳо дар мавриди ҳамкории қарини давлат ва идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин ҳангоми ёрии фаъоли худи шаҳрвандон самарабахш хоҳад буд.

Умуман натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, ки ӯзбекистониён чораҳоеро, ки аз ҷониби роҳбари давлат ба роҳ монда шуда, ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, беҳтар кардани кор бинобар кӯмакрасонӣ ба ҷабрдидагони савдои одам, ташкил кардани чорабиниҳои маънидодкунӣ барои аҳолӣ дар бораи аксуламал ба савдои одам нигаронда шудаанд, куллан дастгирӣ мекунанд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 629