×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
21:34:18 (GMT +5), chorshanba, 17 - iyul 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


5 - iyul 2019

Марказҳои замонавии агрологистикӣ кооператсияро дар хоҷагии қишлоқ вусъат медиҳанд

4 июли соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сифати молҳои озуқаворӣ машварат баргузор кард.

Дар мамлакати мо соле 20 миллион тонна маҳсулоти меваю сабзавот парвариш карда мешавад. Вале дар сатҳи саноатӣ танҳо 15 фоизи ин ҳаҷм коркард шуда, 7-8 фоизи он ба содирот мебарояд. Бинобар сатҳи нокифояи рушди инфрасохтор талафи маҳсулот дар ҷараёни ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ то ба 30 фоиз мерасад.

Ба рушди минбаъдаи саноати хӯрокворӣ ва афзудани ҳаҷми содирот метавон аз ҳисоби истифодаи сарфакоронаи имкониятҳои мавҷуда ва вусъат додани коркарди амиқи маҳсулот муваффақ шуд.

Роҳбари давлат қайд намуд, ки барои ин, пеш аз ҳама, бояд миқдори марказҳои замонавии агрологистикӣ, ки ҷараёни ҷамъоварӣ, кашондан, нигоҳ доштан, коркард, борбандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзиро дарбар мегиранд, зиёд карда шаванд.

Алҳол дар мамлакат 31 адад марказҳои агрологистикӣ ва 1,5 ҳазор яхчолҳо амал мекунанд. Гунҷоиши ин анборҳо имкон медиҳанд танҳо 4,5 фоизи тамоми ҳаҷми меваву сабзавоти парваришшуда нигаҳдорӣ шаванд. Ин, бешубҳа, хеле кам аст.

Шавкат Мирзиёев зарурияти таъмин сохтани нархи муттасил барои маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори васеъро барои мунтазам пур кардани бозорҳо таъкид намуд.

Вазифа гузошта шуд, ки миқдори яхчолҳо 4,5 ҳазор, марказҳои агрологистикӣ то соли 2025-ум 140 адад зиёд карда шаванд. Супурда шуд, ки чунин марказҳо дар вилоятҳои Андиҷон, Самарқанд ва Тошканд бо истифода аз вомҳои имтиёзноки Бонки рушди осиёӣ ташкил карда шаванд, чунин корҳо дар вилоятҳои Ҷиззах, Сурхондарё ва Фарғона низ оғоз ёбанд.

Дар машварат вуҷуд надоштани робитаҳои кооператсионии байни тайёркунандагони маҳсулот ва корхонаҳои коркардабарорӣ зикр гардид.

Чунончи, 65 фоизи меваву сабзавот, 93-95 фоизи маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ омода карда мешаванд. Вале иқтидори корхонаҳои коркард ҳамагӣ 50-60 фоиз истифода мегарданд. Соли гузашта танҳо 19 фоизи меваву сабзавот ва 16 фоизи маҳсулоти гӯшту шир аз ҷиҳати саноатӣ коркард шуданд.

Кооператсия воситаи аз ҳама самарабахши ҷалби маҳсулоти кишоварзии аҳолӣ барои коркарди саноатӣ ба шумор меравад. Аз ин ҳисоб, аввалан, даромади аҳолӣ зиёд мегардад, дуюм, таъминоти муттасили ашёи саноатӣ таъмин мешавад, гуфт Президент.

Боз як мисол. Дар мамлакати мо чун анъана тухми ангур, харбуза, тарбуз, каду ва анор истифода намешавад. Дар хориҷа бошад, онҳоро коркард карда, маҳсулоти нодир истеҳсол менамоянд. Аз ҷумла, як кило равғани тухми тарбуз 28 доллар қимат дорад, як кило равғани тухми анор бошад, 350 доллар мебошад. Агар дар кишвари мо низ ҷамъоварӣ ва коркарди тухмиҳо ба роҳ монда шавад, соле истеҳсоли 250 миллион долларина маҳсулоти содиротӣ имконпазир мегардад.

Дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқ, Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорводорӣ, Вазорати иқтисодиёт ва саноат вазифа гузошта шуд, ки дар ҳар кадом ноҳия на камтар аз панҷ кооперативҳои кишоварзӣ ташкил карда, ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ расонида шавад.

Гузаштани корхонаҳои кишоварзӣ ба пардохти андоз аз арзиши иловагӣ ба рушди истеҳсолот ва савдои яклухт, ҳамчунин вусъатёбии кооператсия мусоидат хоҳад кард, қайд гардид дар машварат.

Сифати молҳои хӯрокворӣ ва рақобатбардории онҳо дар бозорҳои хориҷӣ низ аз санҷишҳои тахассусии лабораторӣ вобаста мебошад. Дар машварат таъкид гардид, ки дар ин соҳа низ бояд корҳои зиёде анҷом ёбанд. Он санад зери тозиёнаи танқид гирифта шуд, ки дар мамлакат аз 775 меъёрҳои байналхалқӣ бинобар санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо мувофиқат кунанд, танҳо 100 адад ҷорӣ карда шудааст, ҳамчунин беш аз 100 лабораторияҳои мавҷуда фақат 10-тояшон аккредитатсияи байналхалқӣ доранд. Ҳамаи ин ба содироти самарабахши маҳсулоти корхонаҳо, ҳамчунин санҷиши сифати молҳои воридотӣ монеа мешавад.

Вобаста ба ин ба оҷонсии «Ӯзстандарт», Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва инспексияҳои дахлдор супурда шуд, ки миқдори меъёрҳои ҷоришударо бинобар сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба 500 адад расонанд ва лабораторияҳоеро созмон диҳанд, ки тамоми ҷиҳатҳои санҷишро татбиқ карда метавонанд.

Зарурияти рушди ҳарчи зудтари саноати аграрӣ, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ коркарди лоиҳаҳои бузург, ки ба таҳкими амнияти хӯрокворӣ мусоидат мекунанд, таъкид шуд.

Бинобар масъалаҳои дар машварат баррасигардида, фикру ақида ва пешниҳодоти ашхоси масъул шунида шуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 163