×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
16:05:22 (GMT +5), dushanba, 21 - oktabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


1 - iyul 2019

Лаклак

(Аз «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар»)

Модар ҷавон буд. Модар наварӯс буд. Писарча хом буд. Писарча кӯдак буд. Рӯзе аз рӯзҳо очаю бача ба деҳа – назди хешовандони дур рафтанӣ шуданд. Модар қадашро мисли ғоз баланд бардошта тез-тез қадам мепартофт, писарча бошад, манзараи гирду атрофро ба майли хотир тамошокунон мерафт. Дар оғози деҳа чанори бадҳайбат қад афрохта, нисфи танаи онро раъду барқ сӯзонда буд. Бача дарахтро дида ба тааҷҷуб афтод: дар шохи баланди чанор сабад барин лонаи сияҳтоб ба назар мерасид, болои он паррандаи пояш ва нӯлаш дароз истода буд. Вай гӯё мӯъҷизаро дида бошад, дар ҷояш истод.

– Оча, ана вай чӣ? – чашм ба ҳамон сӯ дӯхта гуфт ӯ.

– Лаклак, писарҷон, лаклак – модар сари писарашро сила кард, – гард, рафтем, ҷонакам.

Бачаяк ҳеч гоҳ чунин паррандаро надида буд. Парранда дар як по меистод, ки вай ин хелашро надида буд. Ӯ боз истод.

– Вай худаш чӣ? – писарак боз ба ҳамон тараф дида дӯхт.

– Лаклак, писарам, лаклак.

– Чаро дар як по истодааст?

Модар лабханд зад:

– Як пояш дард кардааст-дия, рафтем, ҷони оча.

Бачаяк ҳеҷ гоҳ чунин паррандаро надида буд. Парранда гарданашро дароз карду нӯлашро сӯйи осмон бардошта такон дод, ки ҳамин вақт садои «тарак-тара» баромад. Бачаяк боз аз роҳаш монд.

– Оча, вай худаш чист?

Дар чашмони ӯ хурсандӣ барқ мезад. Ҳайраташ бештар афзуд. Модар саросема буд. Зеро ҳазору як ташвишу таҳлука дошт. Боз ба шаҳр баргаштан лозим.

– Лаклак гуфтам-ку, девонача, – гӯён ӯ оҳиста хам шуду аз рӯйи писараш бӯсид, – ба ту салом дода истодааст.

Модар ҷавон буд. Модар наварӯс буд… Аз байн сивупанҷ сол сипарӣ гашт. Бачаяк мардак, очааш кампир шуд. Аз чашмонаш нур, аз пояш мадор рафт.

Яке аз рӯзҳо очаю бача иттифоқо боз ба ҳамон деҳа рафта монданд. Мардак қоматашро ғоз барин баланд бардошта, тез-тез қадам мепартофту очааш бошад, пойҳои хасташудаи худро вазнин-вазнин болою паст карда, нафасгардон мерафт. Чанори нисфашро барқ рабуда ҳоло ҳам будааст. Ана бинед, ки дар шохи баланди он сабад барин лонаи сияҳтоб ба назар намуда, дар он лаклаки нӯлу пояш дароз меистод. Мардак сӯйи лаклак як нигоҳ карду қадамашро тезонд.

Модари аз дунболаш омада истода чашмони камнурашро ба чинор, лонаи сияҳтоби болои он дӯхт. Чизи дар шох овезон ба чашмони ӯ ғалатӣ намуданд.

– Ана вай чӣ, писарҷон? – аз роҳравӣ истода пурсид ӯ.

– Лаклак, очаҷон, лаклак!

Модар нағз нашунид. Се-чор қадам партофту боз истод. Дар байни сабад чизи сафедчатоб ба назар менамуд.

– Чӣ, бачаҷон? – чашмонашро пирпиркунон боз пурсид ӯ.

Писараш якбора истод. Асабаш вайрон шуд. Худаш саросема аст: ҳазору як кор дорад! Одам пир шавад, шикояту нолааш бисёр мешудааст-дия?!

– Лаклак! – садо баланд кард ӯ, – лаклак мегӯям-ку, каред магар?!

Ин гуфту қаҳролуд тез-тез қадам партофт. Чӣ илоҷ, вай ҷавон. Ташвишу таҳлукааш бисёр. Ҳоло ба шаҳр баргаштанаш лозим. Ӯро фарзандони гӯлу норасида интизоранд.

Ӯткур Ҳошимов,

Нависандаи мардумии Ӯзбекистон


Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Зоҳир ҲАСАНЗОДА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 701