×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
21:37:14 (GMT +5), chorshanba, 17 - iyul 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - iyun 2019

Иқтидорҳои нави саноатӣ ва имконоти инфрасохторӣ барои беҳбудии халқамон хидмат мекунанд

28 июни соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо корҳои бунёдкорӣ ва лоиҳаҳои бузурге, ки дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегарданд, шинос гардид.

Роҳбари давлат даставвал ба заводи механикаи Тошканд ташриф овард.

Аз имконоти инфрасохтор, транзиту логистика, саноати Тошканд босамар истифода бурда, истеҳсоли маҳсулоти технологияи молики нархи изофа ва содиротро васеъ намудан дар рушди иҷтимоиву иқтисодии пойтахт аҳамияти муҳим касб менамояд.

Заводи механикаи Тошканд хусусан соҳиби майдони бузург, бино ва иншооти холӣ ва роҳҳои зарурӣ мебошад, барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва афзудани намудҳои истеҳсолот тамоми имконотро соҳиб аст. Имрӯз дар ҳудуди завод беш аз 10 корхона фаъолият бурда, дар онҳо беш аз дуним ҳазор одам кор мекунад. Дар технопарке, ки дар ҳудуди завод ташкил карда мешавад, дар солҳои 2019-2020 ба истифода супурдани 16 корхонаи арзиши умумиашон қариб 385 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Пешбинӣ мешавад, ки онҳо соле беш аз 1 миллион мошинҳои ҷомашӯӣ, 1 миллион плитаҳои ошхона, ҳамин миқдор яхдонҳои маишӣ, 75 ҳазор сардкунакҳои тиҷоратӣ ва яхдонҳо, 700 ҳазор обгармкунаки электрикӣ, 550 ҳазор насоси об, 80 ҳазор кондитсионери саноатӣ, 2 ҳазор лифт ва эскалатор, инчунин радиаторҳои алюминӣ ва биметаллӣ, фурнитураҳо, сэндвич-панелҳо, линолеум ва дигар маҳсулот истеҳсол хоҳанд кард. Созмон додани қариб 9 ҳазор ҷойи корӣ ва соле ба содирот баровардани 185 миллион доллар маҳсулот ба назар гирифта шудааст.

Президент таъкид намуд, ки барои кори устувори корхона харидори доимӣ лозим, бо заводҳои хориҷӣ кооператсияро ба роҳ гузошта, маҳсулоти серхаридори ба онҳо зарур ва қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол намудан мумкин. Таҳияи лоиҳаҳои нав, бо назардошти талаби аҳолӣ ба кор ва вуҷуд доштани захира, оқилона ҷойгир намудани онҳо супоришҳо дод.

Дар ду марҳала ривоҷ додани заводи механикаи Тошканд ба нақша гирифта шудааст. Бино бар нишондоди роҳбари давлат дар ин ҳудуд дар марҳалаи аввал ба он 500 миллион доллар, дар марҳалаи дуюм 500 миллион доллар, дар маҷмӯъ 1 миллиард доллари ИМА сафарбар мегардад. Дар натиҷаи ин 20-25 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд овардан ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаҳои ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба ноҳияҳои шаҳри Тошканд ва афзудани ҳаҷми содироти ҳудудҳо баргузор гардид.

Ба барномаи сармоягузории шаҳри Тошканд дар соли 2019 лоиҳаҳо ба қимати умумии 2,7 миллиард доллар дохил карда шуда, дар доираи иҷрои онҳо 1,8 миллиард доллар сармоя бевосита ҷалб мегардад. Бино бар барнома дар нимаи якуми соли ҷорӣ қариб 1 миллиард доллар маблағ азхуд карда шуда, дар саноат, хидматрасонӣ, сохтмони манзил барин соҳаҳо лоиҳаҳои калон ба амал татбиқ гардиданд.

Ба роҳбари давлат бино бар иҷрои барнома дар нисбати ноҳияҳо, инчунин лоиҳаҳои иловагии он маълумот дода шуд.

Ба ивази ин лоиҳаҳое, ки дар маҷмӯъ 35 миллион долларро ташкил менамоянд, дар ноҳияи Сергелӣ корхонаҳои меъёркунандаи полимер ва пластификатор, кошии нақшин ва нигораҳо, дар ноҳияи Бектемир фурузонакҳои сарфакор, колои бофандагӣ, дар ноҳияи Мирзо Улуғбек масолеҳи сохтмон, дар ноҳияҳои Яшнобод ва Олмазор маҳсулоти қандолот, дар ноҳияи Яккасарой қолиҳои варзишӣ, порчаҳои сахти резинӣ ташкил мегарданд. Чунин лоиҳаҳои истиқболнок дар ноҳияҳои дигар низ ба кор мепардозанд.

Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки барномаи сармоягузории соли 2020-ро аз ҳозир ташаккул додан, дар он аз ҳисоби ворид намудани технологияи замонавӣ афзудани маҳсулоти қобили содирот ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор алоҳида эътибор додан зарур аст.

Бо ташаббуси Президент бинобар талаб ва эҳтиёҷи аҳолӣ, бо назардошти равнақи минбаъдаи пойтахт дар атрофи шаҳри Тошканд хати метрои ҳалқагини рӯизаминӣ ва дар буриши кӯчаҳои Махтумқулӣ ва Оҳангарон кӯпруки замонавии сеошёна сохта мешавад.

Таъкид намудан ҷоиз аст, ки то ҳанӯз дар диёрамон пули сеошёна бунёд нагаштааст. Бино бар фикри мутахассисон, ин пул, ки дар яке аз чорраҳаҳои серодами пойтахт сохта мешавад, тирбандии нақлиётро хеле кам мегардонад. Дар айни ҳол пайвандгоҳи роҳи нави нақлиёт, ки аз шаҳри Тошканд то Чорбоғ мебарад, 22 километр кӯтоҳ мегардад ва ҳамин тариқ ҳудудҳои Чорбоғ ва Чимёнро барои ривоҷ додан замина фароҳам меорад.

Лоиҳаи пулро мутахассисони ҷамъияти саҳҳомии «Боштранслойиҳа» таҳия намудаанд. Корҳои сохтмонро корхонаи воҳиди «Кӯприк қурилиш трести», ки марбути ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» мебошад, анҷом медиҳад.

Бино бар лоиҳа, дар марҳалаи аввал дар ҷодае, ки ба шоҳроҳи Паркент ва Оҳангарон мегузарад, нақби дарозиаш 502 метр ва бараш 26,7 метр сохта мешавад. Баландии нақб бо усули ба стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ 5,5 метр буда, дар ду самт мошин дар се қатор ҳаракат менамояд.

Дар доираи марҳалаи дуюми сохтмон аз мавзеи Қарасув роҳе, ки ба кӯчаи Махтумқулӣ мебарояд – дар қисме, ки аз болои нақби мазкур мегузарад, сохтмони пули камарбанд бо авҷ давом дорад. Аз тариқи ин пул дар чор қатор ҳаракатро роҳандозӣ намудан мумкин аст.

Дар марҳалаи баъдӣ ошёнаи сеюм барпо гардида, кӯчаҳои Махтумқулӣ ва Темур Маликро ба ҳам мепайвандад. Имрӯз пойдевори он сохта мешавад. Дарозии умумии гузаргоҳ 593 ва фарохии он 30 метрро ташкил менамояд ва дар он мошин дар шаш қатор ҳаракат мекунад.

Инчунин, барои ба аэропорти соҳибкорон расондани ҳавопаймоҳое, ки дар корхонаи механикаи Тошканд таъмир мегарданд, гузаргоҳ сохта мешавад.

Барои корҳои созандагӣ беш аз 190 воҳид техникаи махсус ва воситаи нақлиёт, беш аз 220 нафар коргар сафарбар гардидааст. То охири соли 2019 ба анҷом расондани иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҷо ба Президент дар хусуси ҷараёни сохтмони хати рӯизаминии метрои ҳалқагии Тошканд, хати Юнусободи метрополитени Тошканд ва самти Сергелӣ маълумот дода шуд.

Лоиҳаи хати метрои ҳалқагини рӯизаминии Тошканд, ки дарозии он 52,1 километрро ташкил намуда, аз 35 истгоҳ иборат хоҳад буд, ба қимати 422,3 миллион доллар баробар аст.

Лоиҳа дар панҷ марҳала ба амал татбиқ мегардад. Даставвал қисми аз истгоҳи «Дӯстлик» то бозори Қуйлиқ бунёд мегардад. Дар назар дошта шудааст, ки дар масофаи 11 километр 8 истгоҳ сохта мешавад. Дар марҳалаи дуюм бозори Қуйлиқ бо истгоҳи «Олмазор» пайваст карда мешавад. Пас аз он ба истгоҳи «Берунӣ» ҳаракат ба роҳ андохта мешавад. Сипас, то истгоҳи «Бодомзор» қисми боқимонда сохта мешавад. Дар марҳалаи охир хати камарбанди метро боз бо истгоҳи «Дӯстлик» пайванд карда мешавад.

Дар соли ҷорӣ дар доираи Барномаи сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағи буҷаи давлат 317,3 миллиард сӯм аз худ намудани пардохтҳои сармоя, аз он ҷумла ба анҷом расондани корҳои сохтмону монтаж ба миқдори 257,5 миллиард сӯм ба нақша гирифта шудааст.

Имрӯз дар самти «Дӯстлик» – Қуйлиқ сохтмон бо суръати баланд идома дорад. Дар байни истгоҳи «Дӯстлик» ва роҳи камарбанди «Роҳат» 91 хандақ кофта шуда, 191 қолиби бетонӣ омода карда шудааст. 190-то қишри аввал ва 189-то қишри дуюми пойдевори оҳану бетонӣ сохта шуда, 173 сутуни такягоҳӣ, 57 ригели оҳанубетонӣ, 191 болор гузошта шудааст. Барои ба депои «Ӯзбекистон» гузаштани электропоездҳо 158 метри роҳи зеризаминии 850 метрӣ сохта шудааст, корҳои монтажи девори такягоҳии 223 метрӣ пурра анҷом ёфтааст.

Ҳамзамон аз роҳи камарбанди «Роҳат» то истгоҳи «Қуйлиқ» 150 хандақ кофта шуда, 150 қолиби бетонӣ омода гаштааст. 150-то қишри якум ва 150-то қишри дуюми пойдевори оҳанубетонӣ сохта шудааст. Корҳои монтажи 150 сутуни такягоҳӣ, 104 ригели оҳанубетонӣ, 104 болор, ба масоҳати 157 метр девори такягоҳӣ ба охир расонда шудааст.

Самти «Дӯстлик» - Қуйлиқро моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода супурдан ба нақша даромадааст.

Бо корҳои сохтмон ҳазор нафар муҳандис ва коргар, беш аз 300 воҳид воситаи техника ҷалб гаштааст. Сохтмони метро аз ҷониби корхонаи воҳиди «Кӯприк қурилиш трести»-и марбути ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» сохта мешавад.

Вақтҳои охир биноҳои зиёд сохта шуда, шаҳр инкишоф меёбад. Ҳаминро ба инобат гирифта, нақлиёти ҷамъиятиро ба аҳолӣ боз ҳам қулай, арзон, бехавф гардонем, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Роҳбари давлатамон доир ба бо самти автобусҳо пайвастани ин хати рӯизаминӣ супоришот дод.

Президентамон маркази тиббиеро, ки бо дастовардҳои охирини тиббиёти имрӯз ва илму фан муҷаҳҳаз мебошаду дар кӯчаи Махтумқулии ноҳияи Яшнобод барпо мегардад, аз назар гузаронд. Дар ин муассисаи дорои 280 ҷой шуъбаҳои кардиохирургия, нейрохирургия, ортопедия ва ҷарроҳии пластик, гемодиализ, ҷарроҳии умумӣ, онкология, офталмология, педиатрия ва реаниматсия фаъолият доранд.

Қимати умумии ин лоиҳа 130,58 миллион долларро ташкил менамояд, ки якҷоя бо Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Куриё (EDCF) сохта мешавад.Лоиҳаи марказ дар асоси андозаҳои ноёби тибби ҷаҳон коркард шудааст. Ҳоло бинои корпуси асосии муолиҷаи чорошёна ва 3 бинои ёрирасони хоҷагӣ сохта мешавад. Дар ошёнаҳои 1 ва 2-юми биноҳои асосӣ корҳои пардоз, электр, сантехника, вентилятсия, дар биноҳои ёрирасони хоҷагӣ корҳои пардоздиҳии дохилӣ ва берунӣ анҷом дода мешаванд.

Дар муассисаи нави тиббӣ соле беш аз 1500 ҷарроҳии мураккаб ва ноёбро анҷом додан мумкин мегардад.Ба маркази бисёрсоҳаи тиббии бачагона овардани 381 намуди дастгоҳи замонавии тиббӣ ба қимати 42,3 миллион доллар дар назар дошта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ба бемориҳои бачагона сад фоиз ташхис гузошта шавад.

Ба туфайли хатогиҳои ташхис, паст будани малакаи духтурон бачаҳои бемор, падару модарони онҳо азоб мекашиданд, агар беморӣ сахттар бошад, кӯдакон нуқсондор ҳам мемонданд. Ҷиҳати хеле муҳими ин марказ дар ҳамин аст, ки он барои тамоми муассисаҳои мамлакатамон пойгоҳ хоҳад гардид. Аз тариқи телемедитсина ба бачаҳои ҳудудҳои дурдасти мамлакатамон низ ёрдам медиҳад, гуфт Президент.

Дар айни ҳол дар баробари сохтмон ва ҷиҳозонии маркази тиббӣ дар бобати такмили малакаи кадрҳои кормандони марказ низ лоиҳаҳои муштарак ба амал татбиқ мегарданд. То ҳанӯз дар Донишгоҳи Пусани Куриёи Ҷанубӣ 19 нафар духтур малакаи худро такмил дод. Моҳи ноябри соли ҷорӣ боз 21 нафар шифокор, моҳи август 30 нафар ҳамшира, моҳи сентябр 24 нафар мутахассиси техникаи тиббӣ ва технологияи ахбор барои бозомӯзӣ фиристода мешаванд.

Инчунин дар шафати муассисаи мазкур якҷоя бо Фонди инкишофи иқтисодӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Куриё бунёди маркази тиббии бисёрсоҳаи дараҷаи IV барои калонсолон ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари давлат бо ин лоиҳа низ шинос гардид.

Дар маркази дорои 300 ҷойи арзишаш 150 миллион доллар ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳои кардиохирургия, нейрохирургия, ҷарроҳии рентгеноэндовоскуляр, ангионеврология ва ортопедия муайян шудааст. Дар ин ҷо имконияти соле 8,5 ҳазор ҷарроҳии аз лиҳози технологӣ баланд анҷом додан фароҳам оварда мешавад. 764 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд меояд.

Шавкат Мирзиёев аэропортеро, ки дар заминаи аэродроми «Тошкент-Шарқӣ» барпо мегардад, аз назар гузаронд.

Роҳбари давлат соли гузашта бо лоиҳаи мазкур шинос гардида, дар бобати такомули низоми авиатсияи шаҳрвандӣ супоришҳо дода, зарурияти ҷоннок гардондани авиатсияи соҳибкориро дар мамлакатамон таъкид намуда буд.

Имрӯз дар ҳудуди аэропорт дар масофаи 4 километр ду тасмаи парвозу фурудоӣ, барои 20 ҳавопаймо перрон бунёд мегардад.

Аэропорт аз ду терминал иборат хоҳад гардид. Дар терминали якум бино ва иншоотҳои барои роҳбарони давлат ва ҳайатҳои ҳукуматӣ, дар терминали дуюм соате барои ҳазор нафар мусофири VIP хизматрасонанда барпо мегардад. Имконияти рӯзе сад тонна борро барои аз нав кор кардан, хидмати техникӣ расондан ба ҳавопаймоҳои «Боинг-787» ва «А-320» ва вертолёти «МИ-8» ба вуҷуд оварда мешавад.

Сохтмон бино бар супориши ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» аз ҷониби ҶММ «Транс йӯл қурилиш махсус пудрат», корхонаҳои воҳиди «Қурилиш-монтаж трести» ва «Тошкент кӯприклардан фойдаланиш» ба амал оварда мешавад. Барои ба анҷом расондани маҷмӯи корҳо дар заминаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба баҳрабардорӣ супурдан бо ширкатҳои «Б and Contractors S.A.» ва «IT Engineering S.A.»-и Шветсария шартнома ба имзо расидааст.

Ба анҷом расондани марҳалаи якуми лоиҳа соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Президент бо ҷараёни сохтмон дар ин ҷо шинос гардида, бо мутахассисони хориҷӣ суҳбат орост. Таъкид кард, ки аэропортро дурандешона, босифат ва бехатар сохтан зарур аст.

Роҳбари давлат роҳи нави автомобилгарде, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Қибрай ва Юқори Чирчиқи вилояти Тошканд сохта мешавад, рафта шинос гардид. Бо пуле, ки дар рӯйи дарёи Чирчиқ сохта мешавад, шинос гардид.

Роҳи автомобилгарде, ки дар масофаи 19,2 километр бунёд мегардад, дар асоси супориши корхонаи воҳиди давлатии «Умумий фойдаланишдаги автомобил йӯлларини қуриш ва реконструксия қилиш дирексияси» аз ҷониби корхонаи воҳиди истифода аз пулҳои Тошканд барпо мегардад.

Корҳои сохтмон дар се марҳала иҷро гардиданаш муайян гаштааст. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағи буҷаи давлат таъмин мегардад. Дар марҳалаҳои 1-2 маблағ дар ҳаҷми 306 миллиард сӯм равона гаштааст.

Дар марҳалаи якум дар масофаи 12,1 километри роҳи автомобил корҳои замин, пойгоҳи бетонӣ аз омехтаи регу шағал ва бетони тамғаи М-75, сохтмони иншооти сунъӣ ва дар ду ҷой корҳои сохтмони пул ба анҷом расидааст. Дар руйи роҳи автомобилгард дар ғафсии 9 сантиметр асфалтбетони дурушти донагӣ ва дар ғафсии 6 сантиметр омехтаи асфалтбетони реза хобондан, низоми равшанидиҳии роҳи автомобил ва ҳам сохтмони роҳи пиёдагардӣ давом менамояд.

Роҳ шаш тасмагӣ гардида, пул дар асоси андозаҳои замонавӣ сохта шудааст. Дар ду тарафаш барои пиёдагардҳо роҳгарди махсус сохта шудааст.

Дар марҳалаи дуюми лоиҳа ба дарозии 6,5 километр роҳи автомобилгардро сохтан ба нақша гирифта шуда, ҳоло корҳои заминӣ, сохтмони иншооти сунъӣ ва асосҳои омехтаи регу шағал анҷом дода мешавад.

Коҳое, ки барои марҳалаҳои якум ва дуюм муқаррар гаштаанд, дар чоряки чоруми соли ҷорӣ ба анҷом расида, ба баҳрабардорӣ супурданаш ба нақша даромадааст.

Президент муттасил давом додани сохтмони роҳ, зарурати барои ин соҳа таъмин намудани сифати кор тарбия намудани кадрҳои бомалакаро таъкид намуд. Дар Институти лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард, сохтмон ва истифодабарии Тошканд ҷорӣ намудани тарзи таълими Олмон, дар бобати дар ин соҳа тарбия намудани мутахассисони миёна ташкил намудани коллеҷи минтақавӣ тавсияҳо дод.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 164