×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
20:49:39 (GMT +5), dushanba, 23 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - may 2019

Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавиву маърифатӣ

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар мамлакат ба ташкили кори мунтазами маънавиву маърифатӣ, баланд бардоштани самаранокии чораҳо дар самти мазкур, боло бурдани иқтидори зеҳнӣ, шуур, афкор ва ҷаҳонбинӣ, мустаҳкам намудани иммунитет ва ҷаҳонбинии мафкуравии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, тарбия кардани насли навраси комил дар рӯҳи ватандӯстӣ, муҳаббат ва садоқат ба халқ эътибори махсус дода мешавад.

Баробари ин ҳоли ҳозир, ҳангоме ки дар олам муборизаҳои шадиди идеологӣ идома доранд ва таҳдид ба маънавият пурзӯр мегардад, ҳанӯз ҳодисаҳои муносибати хунукназаронаи ҷавонон ба суннатҳои миллӣ, таҳти асорати ғояҳои бегона мондану бино бар нофаҳмӣ ба роҳи ҷиноят ва экстремизм дохил шудани онҳо дучор меоянд.

Ба мақсади баланд бардоштани таъсирнокии корҳои маънавиву маърифатӣ, самаранокии мубориза ба муқобили таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ, таъсир дар соҳаи маънавият, дар ҷомеа пурзӯр гардидани иммунитети мафкуравӣ, ҳамкории қарини созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти мазкур:

1. Инҳо самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба маънавият ва маърифат (минбаъд – Шӯрои ҷумҳуриявӣ) муайян карда шаванд:

дар байни аҳолӣ ташаккул додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, дар ҷомеа истиқрор ёфтани равандҳои демократӣ, ки ба суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ такя мекунанд;

ба ҷомеаи васеъ самарабахш расонда додани моҳият ва аҳамияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавиву маърифатие, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки қабул мегарданд;

иштирок дар фаъолият оид ба омӯхтан ва солимгардонидани иқлими иҷтимоиву маънавӣ дар оила, маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаҳои меҳнатӣ, дар қисмати минтақаҳо ташаккул додани харитаи иқлими иҷтимоиву маънавӣ дар пояи раванди «маҳалла – ноҳия –вилоят – ҷумҳурӣ», дар ҷараёни мазкур васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ;

коркарди самтҳои стратегӣ, усулҳои муассир, ҳозирҷавоб ва инноватсионии дар ҷомеа ба роҳ мондани тарбияи муттасили маънавиву маърифатӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар пояи ғояҳои «Маърифат бар муқобили ҷаҳолат»;

баргузор намудани корҳои самарабахши тарғиботӣ бино бар аксуламал ба таъқиботи гуногуни дохилӣ ва хориҷӣ, ки ба сулҳу салоҳ ва осоиш, рушди устувори мамлакат, суннатҳо ва анъанаҳои миллӣ, ғояҳои инсонпарварӣ таҳдид мекунанд;

минбаъд пурзӯр кардани ғояҳои созандагӣ дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии аҳолӣ, мустаҳкам намудани муҳити кушодадилии динӣ ва ҳамдилии байнимиллӣ.

2. Барномаи чораҳо бобати минбаъд баланд бардоштани самаранокии корҳои маънавиву маърифатӣ, рушди иқтидори зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, мустаҳкам намудани иммунитети мафкуравии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Барномаи чораҳо) мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

3. Ҳайати Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба маънавият ва маърифат мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

4. Ба Раиси Жӯқорғи Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд ва ҳокимони ноҳияҳо (шаҳрҳо) – раисони шӯроҳои оид ба маънавият ва маърифати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд ва ноҳияҳо (шаҳрҳо) (минбаъд – шӯроҳои ҳудудӣ) супурда шавад, ки дар муҳлати даҳ рӯз ҳайати шӯроҳои ҳудудиро тасдиқ намоянд.

5. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:

ҷамъомади Шӯрои ҷумҳуриявӣ таҳти сарварии раиси Шӯрои ҷумҳуриявӣ соле як бор, дигар вақт бино бар зарурият – аз ҷониби муовинони раиси Шӯрои ҷумҳуриявӣ;

ҷамъомади шӯроҳои ҳудудӣ аз ҷониби раисони шӯроҳои ҳудудӣ дар ҳар ним сол як бор гузаронида мешаванд;

Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат (минбаъд – Марказ) мақомоти кории Шӯрои ҷумҳуриявӣ, шуъба ва бахшҳои ҳудудии он – мақомоти кории шӯроҳои дахлдори ҳудудӣ ба шумор мераванд.

Ба Марказ супурда шавад, ки:

а) якҷо бо Вазорати таълими томактабӣ, Вазорати таълими халқ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази тадқиқоти илмиву амалии «Оила» дар зарфи се моҳ лоиҳаи Консепсияи тарбияи муттасили маънавиро кор карда бароянд ва ба Девони Вазирон пешниҳод кунанд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:

индикаторҳои илман асосноки баҳодиҳӣ ба тарбияи маънавӣ;

шаклҳои истифодаи самараноки усулҳои миллии тарбияи кӯдак ва дастовардҳои пешқадами педагогикаи кунунӣ;

механизмҳои муқаррар кардани ҳамкории самарабахши оила, муассисаҳои таълимӣ, маҳаллаҳо, расонаҳои ахбори оммавӣ ва сохторҳои дигари ҷамъиятӣ дар ташаккулдиҳии тарбияи маънавӣ;

низоми тарбияи муттасили маънавӣ, ки мунтазам баланд бардоштани дониш ва ихтисоси тарбиятгарону мураббиёнро пешбинӣ менамояд;

оғози ташаккулдиҳии тарбияи маънавӣ аз замони ҳомила ва махсусиятҳои ба худ хоси тарбия дар ҳар кадом давр;

ба равандҳои рушди муттасил ва ҳамешагӣ асоснок кардани тарбияи маънавӣ;

б) якҷо бо Шӯрои ҷумҳуриявӣ бино бар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандон, Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо, Маркази тадқиқотии илмиву амалии «Оила» дар зарфи ду моҳ лоиҳаи Усули муайян кардан ва солимгардонии нишонадори ҳолати иқлими иҷтимоиву маънавиро дар ҷомеа кор карда барояд ва ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд, ки инҳоро пешбинӣ мекунанд:

усулҳои муайян кардани иқлими иҷтимоиву маънавӣ дар минтақаҳо аз тариқи санҷиши ҳавлигӣ, шаклҳои истифодаи воситаҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ дар баргузор намудани мониторинг ва таҳлилҳои мунтазам;

тартиби инъикоси натиҷаҳои таҳлил дар харитаи иқлими иҷтимоиву маънавӣ дар қисмати минтақаҳо дар пояи раванди «маҳалла – ноҳия – вилоят – ҷумҳурӣ»;

тавсияҳо бино бар татбиқ намудани корҳои мақсаднок ва нишонадори тарғиботиву ташвиқотӣ, ки ба аз байн бардоштани мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва психологӣ нигаронида шудаанд;

механизми ба роҳ мондани усулҳои инноватсионӣ, ки ба таҳкими иммунитети мафкуравии аҳолӣ ва ба амал ҷорӣ намудани барномаҳои илмиву амалӣ нигаронида шудаанд;

в) якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд дар зарфи се моҳ ба амал ҷорӣ намудани таълими мунтазами шуъба ва бахшҳои ҳудудии Марказ, ҳамчунин кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар, ки ба корҳои маънавиву маърифатӣ масъул мебошанд, дар муассисаи таълимии «Маънавият тарғиботчиси»-и назди Марказ.

7. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки:

шабакаи телевизионии «Mada-niyat va ma’rifat» ба сифати шарики асосии иттилоотии Шӯрои ҷумҳуриявӣ бино бар масъалаҳои равшан кардани фаъолияти Марказ, шуъба ва бахшҳои ҳудудии он муайян карда шавад;

якҷо бо Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи миллии воситаҳои электронии ахбори умуми Ӯзбекистон, Клуби матбуоти байналхалқӣ ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ ба роҳ мондани мақолаҳо, ток-шоуҳо, наворҳои иҷтимоӣ, барномаҳо, баромадҳои публитсистӣ, ки ба баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, таҳкими иммунитети мафкуравии аҳолӣ, тарбияи насли навраси комил нигаронида шудаанд, ташкил намояд.

8. Таклифи Марказ, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Иттифоқи эҷодии журналистон дар бораи таъсис додани нишони сарисинагии «Маънавият фидоийси», ки ба кормандони мақомот ва ташкилоти давлатӣ барои меҳнати самарабахш ва кори фидокорона дар соҳаи маънавияту маърифат, ташаккул додани иқлими баланди иҷтимоиву маънавӣ супурда мешаванд, маъқул дониста шавад.

Ба Марказ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Девони Вазирон лоиҳаи қарор дар бораи чораҳои таъсис додани нишони сарисинагии «Маънавият фидоийси»-ро пешниҳод кунад.

9. Ба маълумот гирифта шавад, ки дар назди Марказ ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат» дар шакли созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Ба Комиссияи парлумонӣ оид ба идораи маблағҳои Бунёди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки ҷамъияти тарғибгарони «Маърифат»-ро дар шакли субсидияҳои давлатӣ дастгирӣ кунанд.

10. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 июни соли 2019, ҳангоми муқаррар намудани маоши вазифавии кормандони Марказ, шуъба ва бахшҳои ҳудудии он мувофиқи разряди тасдиқшудаи пардохти меҳнат бино бар ҷадвали ягонаи тарифии коэффисиентҳои тарифӣ бо 1,7 баробар зиёд кардан қабул карда мешавад.

11. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар доираи параметрҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019-ум баҳри хароҷоти вобаста бо зиёд кардани миқдори музди меҳнати кормандони Марказ, шуъба ва бахшҳои ҳудудии он маблағ ҷудо кунад.

12. Марказ ба Номгӯйи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, дигар ташкилоти идораи давлатӣ дохил карда шавад, ки роҳбарони онҳо метавонанд оиди қайди доимии ходимонашон дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд, ки мувофиқи қарори Девони Вазирон аз 7 октябри соли 2016-ум №336 тасдиқ шудааст, дахолат кунанд.

13. Ба зиммаи инҳо масъулият гузошта шавад:

ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов – барои муқаррар намудани мониторинги мунтазам бино бар ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои дигар бобати сари вақт ва самарабахш татбиқ гардидани Барномаи чорабиниҳо;

ба муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ф.Ш.Маҳмудов – барои ба роҳ мондани татбиқи пурраи вазифаҳое, ки дар Барномаи чораҳо пешбинӣ шудаанд, коркарди сари вақт ва босифати барномаи чораҳо барои солҳои минбаъда;

ба роҳбарони вазорату идораҳо, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва ҳокими шаҳри Тошканд – барои дуруст ба роҳ мондани иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи чораҳо пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин сари вақт ва пурра татбиқ намудани чорабиниҳо.

14. Ба Марказ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.

15. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуваҳитов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

3 майи соли 2019



Marta o`qilgan: 748