×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
01:02:48 (GMT +5), seshanba, 24 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


29 - may 2019

Низоми нави баррасии муроҷиатҳои соҳибкорон ва сармоягузорон ҷорӣ карда мешавад

27 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба масъалаҳои ба роҳ мондани қабулхонаҳо бобати баррасии муроҷиати соҳибкорон машварат баргузор кард.

Инкишоф додани соҳибкорӣ дар кишвари мо ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ муайян шудааст.

Солҳои охир бобати беҳтар намудани муҳити корӣ, васеъ ҷалб сохтани аҳолӣ ба тиҷорат як қатор фармон ва қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Тартиботи ба даст овардани ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳӣ хеле соддатар карда шуданд, санҷишҳои молиявиву хоҷагидории фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ихтисор гардиданд. Барномаҳои «Ҳар як оила – соҳибкор», «Yoshlar – kelajagimiz» омили муҳими дастгирии онҳое гардиданд, ки мехоҳанд бо соҳибкорӣ машғул бошанд. Дар натиҷаи ин миқдори субъектҳои нави тиҷорат 2,3 баробар афзуд.

Вале дар маҳалҳо ҳанӯз ҳодисаҳои бюрократизм, тамаъгарӣ ва монеагузорӣ ба фаъолияти соҳибкорон мушоҳида мегарданд. Чунончи, дар чоряки аввали соли равон ба қабулгоҳҳои халқии Президент 16 ҳазор муроҷиати соҳибкорон ворид шудаанд. Онҳо асосан ба масъалаҳои ҷудо кардани замин, таъминоти газ, барқ ва об, ба роҳ мондани кишоварзӣ, вомгирӣ ва андозсупорӣ вобаста мебошанд. Тақрибан ду ҳазор муроҷиат шикоят аз болои мансабдорон мебошанд.

Барои ҳаллу фасли муназзами чунин мушкилот, кӯмакрасонии муассир ба соҳибкорон 14 майи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми дастгирӣ ва ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ» қабул гардид.

Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур бобати баррасии муроҷиати соҳибкорон қабулгоҳҳои Сарвазир таъсис меёбанд.

Дар машварат чораҳо бинобар ба роҳ мондани фаъолияти қабулгоҳҳои мазкур муҳокима гардид.

Президент зарурияти таъсис додани Гурӯҳи кории ҷумҳуриявиро бо сарварии вазири адлия ва раиси Палатаи савдову саноат, дар маҳалҳо баргузор намудани мулоқоти кушоду конструктивиро бо соҳибкорон таъкид намуд. Зикр шуд, ки бо мушкилоти ошкоршудаи аҳамияти минтақавӣ ҳокимони вилоятҳо, бо масъалаҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бошад, Сарвазир машғул мешаванд.

Таъкид гардид, ки қабулгоҳҳо дар се давра кор мебаранд. Пеш аз ҳама дар пояи ҷадвали ҳаррӯзаи қабулшудаи қабулгоҳҳо намояндагони ҳокимиятҳо, Палатаи савдову саноат, бонкҳо, мақомоти прокуратура, адлия, хидмати андоз, сохторҳои масъули сармоягузорӣ, сохтмон, кадастр ва ташкилоти дигар қабули соҳибкоронро ба роҳ мемонанд.

Муроҷиатҳое, ки бинобар онҳо дарёфти қароре имконпазир нашуд, ба қабулгоҳҳои вилоятӣ фиристода мешаванд. Агар боз натиҷае ба даст наояд, муроҷиатҳо дар котибияти Девони Вазирон бо иштироки омбудсмани тиҷоратӣ, Палатаи савдову саноат ва идораҳои ваколатдор баррасӣ карда мешаванд.

Агар ҳаллу фасли мушкилот дар ин давра ҳам имконпазир нагардад, соҳибкоронро шахсан Сарвазир қабул мекунад. Қабулгоҳҳо муроҷиатҳоро таҳлил мекунанд ва дар асоси он фаъолияти вазорату идораҳоро ҳамоҳанг месозанд, ба Маъмурияти Президент ва Олий Маҷлис бобати минбаъд беҳтар кардани шароит барои соҳибкорон таклиф пешниҳод менамоянд.

Яке аз вазифаҳои асосии қабулгоҳҳои Сарвазир кӯмакрасонӣ ба сармоягузорони хориҷӣ ба шумор меравад. Бинобар ҳамин ҳам онҳо бо мутахассисоне, ки забонҳои хориҷиро медонанд ва барои кор бо сармоягузорон таҷрибаи зарурӣ доранд, таъмин карда мешаванд.

Вазифаҳо оид ба мониторинги мушкилоте, ки ба ҷалби сармояҳо монеа мегарданд, ба ҳаллу фасли мушкилоте, ки сармоягузорон дар идораҳои гуногун бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, халал мерасонанд, мушаххас карда шуданд.

Дар машварат зарурияти кӯмакрасонии ҳамаҷониба ба соҳибкорон аз ҷониби роҳбарони секторҳо ва мақомоти давлатӣ, дар маҷлисҳои Шӯроҳои депутатҳои халқӣ муҳокима кардани фаъолияти онҳо дар самти мазкур таъкид гардид.

Ба масъалаҳои шаффофият ва зудамалии муҳокимаи муроҷиатҳо низ эътибор дода шуд. Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо супурда шуд, ки портали ягонаи электрониро, ки ҷараёни муроҷиатҳоро муоина мекунад, ба роҳ монад.

Тавсия дода шуд, ки аҳамият ва моҳияти низоми нав ба соҳибкорон фаҳмонда дода, фаъолияти қабулгоҳҳо дар расонаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан карда шаванд.

Дар машварат маърӯзаҳои шахсони мансабдор бинобар масъалаҳои мавриди муҳокима шунида шуданд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 756