×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
00:48:10 (GMT +5), seshanba, 24 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


28 - may 2019

Дар бораи мулоқоти телефонии Президенти Ӯзбекистон бо Нахустин Президенти Қазоқистон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 майи соли 2019 бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбаси Нурсултон Назарбоев ба воситаи телефон суҳбат орост.

Дар аввали суҳбат сарвари давлатамон ба Нахустин Президенти Қазоқистон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ҳиссаи шахсиаш ба рушд ва таҳкими риштаҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва ҳамкории сернақшаи Ӯзбекистону Қазоқистон миннатдории самимӣ изҳор кард.

Қайд гардид, ки ба туфайли саъю кӯшиши муштарак дар тӯли якчанд соли охир муносибатҳои қарини анъанавии байни мамлакатҳоямон ба дараҷаи сифатан нав баромада, бо мазмуни дақиқи амалӣ ғанӣ гардиданд.

Бо қаноатмандии амиқ натиҷаҳои сермаҳсули ташрифи аввалини давлатии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба Ӯзбекистон моҳи апрели соли ҷорӣ, ки бори дигар давомати самти сиёсати хориҷии Элбасиро нишон дод, таъкид гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, инчунин рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.

Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев ба татбиқи созишномаҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, пурзӯр гардондани кооператсия дар дараҷаи корхонаҳои бонуфуз ва тиҷорат дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва дигар эътибори аввалиндараҷа доданд.

Пайваста афзудани ҳаҷми савдои тарафайн ва диверсификатсия шудани таркиби он мусбат арзёбӣ гардид. Дар соли 2018 муомилоти мол аз се миллиард доллар гузашт, дар рӯзҳои наздик вазифаи камаш то панҷ миллиард доллар расондани ин нишондиҳанда гузошта шудааст.

Аҳамияти муҳим доштани идома додани алоқаҳои интенсивии байниминтақавӣ, ки ба истифодаи самарабахши имкониятҳои васеи иқтисодӣ ва иқтидори бузург дар соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ, аз он ҷумла дар доираи чорабиниҳои Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон нигаронда шудаанд, таъкид гардид.

Нақши муайянкунандаи Комиссияи муштараки байналхалқӣ оид ба ҳамкории дуҷониба қайд гардид, ки ҳоло ба он сарвазирони ду мамлакат роҳбарӣ мекунанд.

Дар хотимаи суҳбат Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев саъю кӯшиши муштарак ва пайравии қатъияшонро ба ҳамаҷониба мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ ва ҳамкории ба ҳамдигар муфиди байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон баҳри фаровонии ду халқи бародар, ба манфиати субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ бори дигар таъкид намуданд.

ӮзА



Marta o`qilgan: 752