×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
00:47:53 (GMT +5), seshanba, 24 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


28 - may 2019

Дар бораи такмил додани тартиби муайян кардани миқдори музди меҳнат, нафақа ва пардохтҳои дигар

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади такмил додани тартиби муайянкунии миқдори музди меҳнат, аз байн бардоштани вобастагии шартҳои байни пардохти меҳнат, таъин кардани нафақаҳо ва ситондани андозҳо, боҷу хироҷҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари давлатӣ:

1. Аз 1 сентябри соли 2019-ум ба ҷойи миқдори камтарини музди меҳнат:

миқдори камтарини музди меҳнат дар ҳаҷми 577 170 сӯм;

миқдори пойгоҳии ҳисобу китоб дар ҳаҷми 202 730 сӯм;

миқдори пули пойгоҳии нафақа дар ҳаҷми 202 730 сӯм ҷорӣ ва муқаррар карда шавад.

2. Муайян карда шавад, ки:

а) миқдори камтарини музди меҳнат:

ифодаи пулии миқдори тарифии моҳона оид ба разряди аввали миқдори ягонаи тарифӣ бино бар пардохти меҳнат бо коэффитсиенти тарифии 1,0 ба шумор меравад;

вай дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ барои муайян кардани миқдори маоши вазифавӣ, иловапулиҳо, изофапулӣ, ҳаққи қалам, пардохтҳои ҷуброн барои корҳои иловагӣ ва хелҳои дигари пардохт, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ доранд, ҳамчунин пулҳои аз маош нигоҳдошташуда, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст ва пардохтҳои дигаре, ки пештар дар муносибат бо миқдори камтарини музди меҳнат муқаррар шудаанд, ҳамчунин мушаххас кардани эҳтиёҷмандии оила ба дастгирии иҷтимоӣ ва миқдори кӯмакпулӣ бино бар бекорӣ истифода мешавад;

он барои тамоми кордиҳандагон, новобаста аз шакли ташкилот ва муносибатҳои меҳнатӣ, ба сифати ҳадди поёнии пардохти меҳнати кормандон, ки меъёрҳои муқарраршудаи меҳнатиро пурра иҷро кардаанд, ҳатмӣ ба шумор меравад;

б) миқдори ҳисобу китоби пойгоҳӣ ҳангоми мушаххас кардани:

миқдори андозҳо, боҷу хироҷҳо, ҷаримаҳо, боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигар барои пешниҳоди хидматҳои давлатӣ;

арзиши патент, рухсатномаҳо ва пардохтҳои дигар барои машғул шудан бо хелҳои муайяни фаъолияти соҳибкорӣ, миқдори оинномавӣ ва бунёдҳои дигар (сармоя)-и ташкилот, арзиши саҳмияҳое, ки на бо маблағҳои пулӣ пардохта мешаванд, дигар коғазҳои қиматбаҳо, арзиши эътидоли пулҳои шахсони ҳуқуқӣ, миқдори ниҳоии вомҳои кӯчак ва лизингҳо, ҳамчунин нишондиҳандаҳои дигари молиявиву иқтисодӣ истифода мешавад;

в) миқдори пули пойгоҳии нафақа барои пули нафақаҳо, иловапулиҳо, изофапулӣ ва ҷубронпулиҳо, ки дар соҳаи таъминоти нафақа истифода мешаванд, ҳамчунин сарпур сохтани зараре, ки боиси иллат ёфтани кормандон, касалии касбӣ ё худ иллатҳои дигари саломатӣ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатии онҳо шудаанд, истифода мегардад.

3. Муқаррар карда шавад, ки:

тамоми хелҳои иловапулиҳо, изофапулӣ, мукофотҳо ва пардохтҳои дигари ҷубронпулиҳо ва дорои характери ҳавасмандгардонӣ, ки нисбат ба миқдори камтарини музди меҳнат муқаррар шудаанд, бо нигоҳ доштани миқдори умумии дарамали пардохтҳои мазкур (дар мавридҳои зарурӣ бо ҷамъбаст ва зиёдтар кардани онҳо) ҳисобу китоб карда мешавад;

мувофиқи қонунгузорӣ мумкин аст тартиби дигари муайянкунии миқдори музди меҳнат, нафақаҳо ва пардохтҳои дигар, ки боби 2-юми Фармони мазкур пешбинӣ кардааст, муқаррар карда шавад.

4. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молия ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ:

ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати таҷдиди назар кардани Миқдори ягонаи тарифӣ бино бар пардохти меҳнат ва муқаррар кардани миқдори хелҳои алоҳидаи иловапулиҳо, ҷубронпулӣ ва пардохтҳо дар ҳаҷми мутлақ таклиф пешниҳод кунад;

бино бар истифодаи Миқдори ягонаи тарифӣ оид ба пардохти меҳнат ва дар ташкилотҳо муқаррар намудани низоми пардохти соатбайи меҳнатӣ бо назардошти талаботи Фармони мазкур тавсияҳои услубиро кор карда барояд ва тасдиқ намояд.

5. Ба Вазорати молия супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.

Ба вазорату идораҳо супурда шавад, ки дар зарфи се моҳ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулкардаи худро ба Фармони мазкур мувофиқ созанд.

6. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.А.Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,

21 майи соли 2019



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 735