×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
21:05:23 (GMT +5), dushanba, 23 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


18 - may 2019

Президенти Ӯзбекистон директор-маъмури ФБА-ро пазируфт

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 майи соли 2019 директор-маъмури Фонди байналхалқии асъор Кристин Лагардро, ки ба мамлакатамон бо боздиди расмӣ омадааст, қабул кард.

Сарвари давлатамон меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, рушди муназзами мулоқоти конструктивӣ ва ҳамкории муфиди байни Ӯзбекистон ва ФБА-ро бо қаноатмандии амиқ таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки музокироти дуҷониба, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ню-Йорк ва моҳи апрели соли ҷорӣ дар Пекин гузаштанд, ба роҳандозӣ ва минбаъд васеъ гардондани ҳамкории самарабахш мусоидат намуданд.

Алоҳида қайд шуд, ки имрӯз фонд яке аз шарикони асосии мамлакатамон ҳангоми тайёрӣ ва татбиқи ислоҳоти васеъмиқёс ва дигаргунсозиҳо дар асоси таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ ва дониш ба ҳисоб меравад.

Дар тӯли ду соли охир ҳаҷми кӯмаки техникии фонд ба дараҷаи назаррас афзуд: ба Ӯзбекистон 14 ҳайати ФБА ташриф оварда, ба соҳаҳои андоз ва молия маслиҳатчиёни байналхалқӣ ва корбастҳо ҷалб карда шуданд.

Бо кӯмаки фонд Ӯзбекистон ба Низоми умумии паҳн кардани маълумотҳои омори ФБА ҳамроҳ шуда, оиди Бонки марказӣ ва танзими асъор дар таҳрири нав лоиҳаи қонун таҳия гардида, Консепсияи нави сиёсати андоз, маъмуриятдорӣ ва дигарҳо ҷорӣ карда шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ пешомади ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди байналхалқии асъор муфассал баррасӣ гардида, самтҳои устувор муайян шуданд.

Ба идома додани ҳамкории фаъол дар соҳаи такмил додани сиёсати пулу вом ва андозу буҷа, ҷорӣ намудани василаҳои самарабахши сиёсати монетарӣ, беҳтар гардондани муҳити корӣ ва иқлими сармоягузорӣ дар мамлакат ва дигар самтҳо эътибори алоҳида дода шуданд.

Дар навбати худ Кристин Лагард ба Президенти мамлакатамон барои даъват ба Ӯзбекистон ва пазироии самимӣ миннатдорӣ изҳор кард. Директор-маъмури ФБА алоҳида таъкид намуд, ки фонд ба самарабахшии ислоҳоти фаъол дар ҷумҳурӣ бо фаро гирифтани тамоми соҳаву самтҳо баҳои баланд медиҳад.

Саъю кӯшиши Ӯзбекистон бинобар мустаҳкам намудани некҳамсоягӣ ва баланд бардоштани эътимод дар Осиёи Марказӣ, васеъ гардондани ҳамкории минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ ва инсонпарварӣ алоҳида таъкид гардиданд.

Дар хотима Кристин Лагард омодагии Фонди байналхалқии асъорро бобати идома додани кӯмаки ҳамаҷониба ва дастгирии Ӯзбекистон дар пеш бурдани ислоҳоти самарабахш ва таъмин кардани рушди устувори иқтисодиёти миллӣ собит намуд.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 746