×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
01:22:53 (GMT +5), seshanba, 24 - sentabr 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


18 - may 2019

Мақсадамон – яксон татбиқ намудани ислоҳот дар минтақаҳо, фароҳам овардани шароити муносиби зист ба одамон

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо рафти ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, татбиқи корҳои бунёдкорӣ ва иҷрои супоришоти пештар додашуда 16-17 майи соли 2019 дар вилояти Андиҷон шуд.

Дар рафти ташрифи сарвари давлат ба вилоят 19-20 майи соли гузашта бинобар рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа вазифаҳои муҳим муайян шуда буданд. Дар давраи гузашта ба иҷрои супоришҳои мазкур эътибори алоҳида дода шуд. Дар вилоят шаҳру деҳот обод гардонда шуда, некуҳолии аҳолӣ баланд гардид. Дар рушди саноат, сохтмон, дорусозӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ, соҳаи иҷтимоӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Бинобар тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ болоравӣ мушоҳида мегардад.

Дар соли 2018 дар доираи Барномаи сармоягузорӣ 411 лоиҳаи арзиши умумиашон 1,8 триллион сӯм татбиқ гардида, беш аз 12 ҳазор ҷойи корӣ созмон дода шуданд. Аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳо бо иштироки сармояҳои хориҷӣ бинобар истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ба маблағи 20,7 миллион доллари ИМА корхонаҳои бузург ба истифода супурда шуданд. 211,2 миллион долларина маҳсулот содир карда шуд.

Дар 50 маҳаллаи вилоят дар доираи барномаи «Деҳаи обод» корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ ва ободонӣ амалӣ гардонда шуданд. Мувофиқи Барномаи сармоягузорӣ дар 40 муассисаи таълими томактабӣ 97 миллиард сӯмина, дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар 30 муассиса 47,5 миллиард сӯмина корҳои сохтмониву таъмирӣ иҷро шуданд. Ба ғайр аз ин, аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ дар 178 муассисаи таълими томактабӣ таъмири ҷорӣ, асосӣ ва корҳои таҷдидӣ гузаронда шуданд. 168 муассисаи хусусии таълими томактабӣ созмон дода шуд.

Сафари сарвари давлатамон аз шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Xon tex city» дар шаҳри Хонобод оғоз ёфт.

Тӯли солҳои зиёд Хонобод ҳудуди пӯшидаи саноаташ ривоҷнаёфта ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо объектҳои зиёд бесоҳибу хароб шуда буд. Президент 2 июни соли 2019 ба шаҳр ташриф оварда, бо шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ошно гардида, бинобар куллан беҳтар гардондани вазъият чораҳо муайян намуда буд. Дар ин асос барномаи рушди маҷмӯии шаҳр дар солҳои 2017-2019 коркард шуд. Ба он беш аз 3,2 ҳазор лоиҳа, ки барои татбиқи онҳо 500 миллиард сӯм ҷудо шуда буд, дохил гардиданд. Дар натиҷа корхонаҳои зиёд ба истифода супурда шуда, одамон бо кор таъмин гардиданд.

Объектҳои корхонаи нақлиёти автомобилии рақами чоруми маҳаллаи Анҳор солҳои зиёд бекор мехобид. Бино ва ҳудуди он ба соҳибкорон бинобар арзиши «сифрӣ» дода шуда, ба онҳо дастгирии ташкиливу молиявӣ расонда шуд. Ҳоло дар ин ҷо 13 корхона фаъолият нишон дода, дар онҳо ҷамъ 685 нафар кор мекунанд.

Яке аз онҳо ҶММ «Xon tex city» мебошад. Корхона соли гузашта ба истифода супурда шуда, дар ин ҷо беш аз 300 модели 50 намуди либосворӣ тайёр карда мешавад. Соле ба содирот баровардани 500 ҳазор долларина маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳама муҳимаш, қариб 300 нафар занон бо кор таъмин гардиданд.

– Ба туфайли ба истифода супурда шудани корхонаи мазкур бисёр занони бекор бо кор таъмин шуданд, – мегӯяд Мухлиса Шарофиддинова. – Дар ин ҷо барои меҳнати самарабахши хидматчиён ва коргарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ду маҳал хӯроки гарм, хидматрасонии нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлатамон бо шароити корхона шинос шуда, бо коргарон сӯҳбат орост.

Дар замири тамоми мақсадҳоямон, фармону қарорҳои қабулшуда мақсади беҳтар гардондани зиндагии халқамон, фароҳам овардани таҳкурсӣ барои фардои бачаҳоямон ниҳон аст. Тағйиротҳое, ки дар ин ҷо ба амал омаданд, аз зиндагии худ розӣ будани шумо ба кас мамнунӣ мебахшад. Мақсади сафари имрӯзаи мо ба вилояти Андиҷон аз тартиб додани нақшаҳо бо назардошти дархостҳои воқеии одамон, андешидани чораҳо бинобар татбиқи онҳо иборат аст, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президент инчунин бо корҳое, ки дар сиҳатгоҳи «Хонобод» амалӣ шуданд, шинос шуд.

Сиҳатгоҳ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 850 метр ҷойгир шудааст, бо ҳавои аз кислород ғанӣ ва ионигардондашудааш барои табобати бемориҳои роҳҳои нафаси болоӣ ва поёнӣ, низоми асаб ва дилу раги хун махсусонида шудааст. Дар ин ҷо беморон асосан бо оби ҳарораташ баланд даво мегиранд. Дар сиҳатгоҳ аз табобати иқлимӣ, терапияи парафинӣ, электро-шуъо, фитотерапия ва режими санаториву курортӣ васеъ истифода менамоянд. Шуъба ва утоқҳои ваннаҳои маъданӣ, физиотерапия, электрофарез, галванизатсия, сӯзанзанӣ, стоматология, косметология, галотерапия (шахтаи намак), ҳавзи шиноварӣ, фитнес-зал, фитобар фаъолият нишон медиҳад.

Лабораторияҳои замонавии клиникӣ ва биокимёвии сиҳатгоҳ, аппаратҳои УЗИ ва ЭКГ дар ташхиси дақиқ гузоштан нақши муҳим мебозанд.

Дар Хонобод, ки бо табиати хушманзарааш маъруф мебошад, як вақтҳо сохтмони сиҳатгоҳ оғоз ёфта буд. Аммо кор ба охир расонда нашуд. Президент Шавкат Мирзиёев ба ин ҷо 2 июни соли 2017 ташриф оварда супориш дод, ки ҳудуди маскани шифо обод гардонда, дар ин ҷо шароити зарурии истироҳат фароҳам оварда шавад.

Сиҳатгоҳи замонавӣ барои 180 нафар пешбинӣ шуда, барои бунёди он беш аз 90 миллиард сӯм харҷ шуд. Дар корпусҳои табобатӣ, хонаҳои тоифаи «стандарт», «полулюкс» ва «люкс», инчунин 6 апартамент барои истироҳаткунандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудаанд.

Сарвари давлатамон бо шароити сиҳатгоҳ шинос шуд. Таъкид намуд, ки бояд аз конструксияҳои сабук хонаҳои меҳмон ташкил кард. Ин имконияти коҳиш додани нарх ва баланд бардоштани дастрасии хидмат, бо кор таъмин намудани одамони зиёдро фароҳам меорад. Бинобар созмон додани табобатгоҳ барои 3 ҳазор нафар ба воситаи ба соҳибкорон додани қитъаҳои замини ҳудуди сиҳатгоҳ супориш дода шуд.

Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳо бино бар рушди сайёҳӣ дар вилояти Андиҷон ба амал омад. Дар бораи корҳое, ки дар шаҳри Хонобод тӯли солҳои 2017-2019 татбиқ гардиданд, лоиҳаҳои ташкил кардани минтақаҳои истироҳати ҶММ «Lnimpeks Alliance» дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Камирравот», созмон додани корхонаи хориҷии «Lu Yang Agroculture» бинобар рӯёндани мева, маҳсулоти полизӣ, ситрусӣ ва бодом маълумот дода шуд.

Татбиқи лоиҳа бинобар рушди сайёҳӣ дар ҳудуди объекти мероси археологии «Мингтепа»-и ноҳияи Марҳамат барои боз ҳам амиқ дарк намудани таърих ва худшиносӣ мусоидат менамояд. Ба ин ҷо мактаббачагонро бояд ба сайёҳат овард. Авлоди ҳозира на танҳо мероси маданиамонро хуб донанд, балки бо он ифтихор намоянд, гуфт Президент.

Дар рафти суҳбат бо фаъолон ба масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи Хонобод, баланд бардоштани шуғл ва некӯҳолии аҳолӣ эътибори алоҳида дода шуд. Зарурати минбаъд такмил додани корҳо бинобар рушди сайёҳӣ, ҷалб намудани сармояҳо, ҷорӣ намудани муносибати инноватсионӣ, дастгирӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таъкид гардид.

Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти кластери пахтаву бофандагӣ, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Khantex Group»-и маҳаллаи Учқуни ноҳияи Қурғонтепа ташкил шудааст, шинос шуд.

ҶММ «Khantex Group» ду сол қабл ташкил шуда буд. Он бо фермерон бинобар рӯёндани пахта дар қариб 9 ҳазор гектар ҳамкорӣ мекунад.

Дар рафти сафари сарвари давлатамон ба вилояти Андиҷон моҳи майи соли гузашта ҷамъият оид ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ лоиҳа тақдим намуда буд. Нақшаҳои пешбинишуда пурра иҷро гардиданд. Сехи калони ресандагӣ қад афрохта, ба он таҷҳизоти замонавии ширкати шветсарии «Rieter» васл карда шуд. Қариб 400 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кор гардиданд.

Ин танҳо оғози кор аст. Дар давраҳои минбаъдаи лоиҳа тайёр ва ранг кардани матоъ, истеҳсоли сарулибоси тайёр ва дастпоккунҳо ба роҳ монда мешаванд. Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 58 миллион евро мебошад. Баъди бо иқтидори пурра ба кор даромадани корхона соле беш аз нуҳ ҳазор тонна калоба, анқариб шаш миллион метри тӯлонӣ матоъ, зиёда аз даҳ миллион адад маснуоти дӯзандагиву бофандагӣ истеҳсол хоҳанд шуд. 1,5 ҳазор ҷойҳои корӣ ташил мегарданд. Пешбинӣ шудааст, ки содирот то ба 40 миллион доллар расонида шавад.

Ғайр аз ин, бинобар дар ҳайати кластер ташкил намудани корхонаи замонавии равғану равғанкашӣ, ки иқтидори солонаи он ду ҳазор тонна равған, 7,5 ҳазор тонна кунҷола ва 5,4 ҳазор тонна пӯчоқ, ҳамчунин маҷмӯи чорвопарварӣ мебошад, оғоз ёфт.

Президент бо кори сехи ресандагии кластер шинос шуд.

То имрӯз мо барои дар маҳалҳо ташкил кардани корхонаҳои гуногун кор бурдем. Минбаъд бояд ба сифат эътибор дода, барои афзун кардани даромад шароит фароҳам оварда шаванд, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар кластер барои корҳои агротехникӣ аз ҳисоби 19,7 миллон доллар маблағ 13 намуди 331 адад техникаҳои кишоварзии «John Deere» ва «Case»-и истеҳсоли ширкатҳои Амрико харид шуданд.

Ташаббуси роҳбари давлат бобати васеъ ҷорӣ намудани усули кластер дар хоҷагии қишлоқи ноҳияи Қӯрғонтепа пурра татбиқ мегардад. Яъне, дар ин ҷо низоме ба роҳ монда шудааст, ки тамоми ҷараёни аз парвариши пахта то гирифтани маҳсулоти тайёрро дарбар мегирад. Кор бинобар парвариши пахта куллан аз тариқи техника татбиқ мешавад, аз ин рӯ ҳосилнокӣ ба дараҷаи назаррас афзуд. Сокинони маҳаллӣ ба кори ба кластер табдил додани корхонаҳои замонавӣ ҷалб гардиданд.

Дар ҳамин ҷо дурнамоҳо бобати рушди хоҷагии қишлоқ дар вилояти Андиҷон барои солҳои 2019-2020, истифодаи сарфакоронаи заминҳои наздиҳавлигӣ – инкишоф додани паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, кирмакпарварӣ, ҳамчунин лоиҳаҳое, ки аз ҷониби сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Белорус андешида шудаанд, баррасӣ гардиданд. Муаррифии лоиҳаҳо оид ба кушодани филиали андиҷонии факултаи муштараки ӯзбекистониву белорусии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Гродно, дар вилоят беҳтар намудани низоми ирригатсия ва мелиоратсия баргузор шуд.

Президент ба шахсони масъул бинобар таъмин кардани татбиқи саривақтӣ ва босифати онҳо супоришҳо дод.

Мавзеи Хидиршо дар ноҳияи Хӯҷаобод чанд моҳ муқаддам пуштаи оддӣ буд. Дар муҳлати кӯтоҳ – чаҳор моҳ дар ин ҷо нуқтаи замонавии аҳолинишин бо тамоми иншооти инфрасохтори зарурӣ бунёд гардид.

Шаҳри Андиҷон ҳудуди аз ҳама сераҳолии мамлакат ба шумор меравад. То ба қарибӣ дар ҳар кадом хонаҳои намунаи кӯҳнаи маҳаллаи Мустақиллики шаҳр чандин оила зисту зиндагӣ мекарданд.

Дар ҷараёни сафарҳои пешинааш ба вилоят роҳбари давлат супориш дода буд, ки барои аҳолӣ шароити мусоиди ҳаёт фароҳам оварда шаванд, мувофиқи дурнамои асосӣ дар ҷойи маҳаллаҳои кӯҳна хонаҳои истиқоматии бисёрошёна сохта шаванд. Ба ин муносибат барои аҳолии маҳаллаҳо дар мавзеи Хидиршо 54 гектар замин ҷудо ва ба ҳудуди шаҳр ҳамроҳ карда шуд.

Соли равон дар доираи барномаи «Обод маҳалла» дар ин ҳудуд 220 хона бо ду сотих замин, поликлиникаи оилавӣ, кӯдакистон, Майдони хотира, маркази маҳалла, китобхона, ҳаммом, солуни зебоӣ ва дигар нуқтаҳои хидматрасонии маишиву савдо, корхонаи дӯзандагӣ, маркази маданӣ сохта шуданд. Ба маҳалла номи «27-солагии истиқлолият» дода шуд.

Президент бо корҳои бунёдкорие, ки дар маҳалла анҷом ёфтаанд, ошно гардид. Ҳангоми бунёди маҳалла ба фароҳам овардани шароит барои ҳаёти фаровони аҳолӣ эътибор дода шуд. Фарзандони соҳибони хонаҳои нав метавонанд дар мактаби нав таҳсил гиранд, ба кӯдакистон раванд, занон имкон доранд дар корхонаи дӯзандагӣ ва нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ кор кунанд.

Шавкат Мирзиёев ба хонаи нави Дилфуза Хоҷиметова рафта, бо шароити ҳаёти оилаи ӯ шинос шуд.

Роҳбари давлат таъкид сохт, ки мақсади сафар ба вилоят баланд бардоштани сифати ҳаёти одамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои оилаҳо мебошад.

Саъю кӯшиш ва меҳнати хастанопазири мо аллакай натиҷа медиҳанд, муносибат ва нуқтаи назари мардум ба ҳаёт тағйир ёфт. Оилаҳо дар ин хонаҳои нав бо қаноатмандиву хушнудӣ зисту зиндагӣ мекунанд. Акнун мо бояд ба онҳо тарзи худтаъминкуниро омӯзонем. Агар одамон дар ҳавлиҳои худ бо занбӯриасалпарварӣ, паррандапарварӣ машғул шаванд, аз туфайлихурӣ раҳоӣ меёбанд, саъю кӯшишҳояшон ба ҳаёти хуб бештар мегардад, гуфт Президент.

Дилфуза Хоҷиматова дар хонаи нав бо духтаронаш Фотимаю Зуҳро зиндагӣ мекунад. Президент ваъда дод, ки боздиди ӯ ба ҳаёти ин оила боз бо як санади хурсандибахш хотирмон хоҳад шуд, дугоникҳо имкон доранд ба мактабҳои олии интихобкардаашон бо шартҳои имтиёзнок дохил шаванд. Бешубҳа, ин ваъда бо қаноатмандии бузург қабул гардид.

Вақт тезгузар аст. Ба мардум бояд имрӯз шароити муътадил фароҳам оварда шаванд. Агар барои ҳаёт шароити зарурӣ мавҷуд бошанд, дар оилаҳо оромӣ, тартибу интизом ва фаровонӣ ҳукмфармо мегарданд. Ин бояд мазмуни асосии ҳар кадом ислоҳот бошад. Президент барои мансабдорон дар ин самт вазифаҳои навбатиро мушаххас намуд. Вай қайд кард, ки дар давраи дувуми сохтмони маҳалла бояд 612 хона бо ду сотихӣ замин, хонаҳои арзони 7 ошёнаи дорои 168 ҳуҷра, мактаб барои 615 хонанда, боғчаи бачагон барои 160 нафар мувофиқи тағйироте, ки дар Андиҷон ба вуқӯъ мепайванданд, сохта шаванд. Дар маҳаллаи нави шаҳри Андиҷон корхонаи дӯзандагӣ дар шакли ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ферӯзбек текс» ба кор сар кард. Дар ин ҷо 500 нафар занон кор мекунанд, истеҳсоли беш аз 60 намуди сарулибос барои калонсолон ва бачагон ба роҳ монда шудааст.

Дар корхонае, ки соле барои истеҳсоли 1,5 миллион адад маҳсулоти тайёр ва дар ҳаҷми 950 ҳазор доллар ба содирот баровардани он имконият фароҳам оварда шудааст, кормандон бо хӯроки гарму хидмати нақлиёти бепул таъмин карда шудаанд. Ба занон дар корхона кор кардан ва буҷаи оиларо сарпур сохтан маъқул мебошад. Шавкат Мирзиёев бо намунаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда, ҷараёни кор дар сехи дӯзандагӣ шинос гардид.

Мо корҳои азимро ба ҷо меоварем ва ин ҳанӯз ибтидои онҳост. Агар мо корҳои оғозёфтаро дастгирӣ кунем, имрӯз нисбат ба дирӯза бештар кор кунем, дар омӯхтани навгониҳо хастанопазир бошем, натиҷаҳои хуби корамонро, албатта, хоҳем дид. Кор барои фаровонҳолии халқ ба як мақсад – ба мақсади ба ҳаёт татбиқ намудани орзуву ормонҳои мардум хидмат мекунад. Мо бояд бо фикру андешаи он зиндагонӣ кунем, ки ҳама чиз бо меҳнат ба даст меояд, фарзандони ман фардо нисбат ба ман беҳтар зиндагӣ мекунанд, аз самараи кори ман насли фардоина истифода мебарад, бояд маҳаки кор бошанд, гуфт роҳбари давлат.

Бобати ду-се баробар зиёд кардани чунин корхонаҳо, дарёфти бозорҳои фурӯши онҳо тавсияҳо дода шуданд. Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳое, ки дар шаҳри Андиҷон мувофиқи дурнамои асосӣ татбиқ мегарданд, баргузор шуд. Солҳои 2019-2020 ба мақсади қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба манзил 150 хонаҳои бисёрошёна сохта хоҳанд шуд. Дар ҳудудҳои аз хонаҳои кӯҳна холишудаи маҳаллаи «Мустақиллик» 70 хонаи 9 ошёна бунёд карда мешаванд. Ба роҳбари давлат дар бораи лоиҳаи сохтмони «Andijon city» маълумот пешниҳод гардид. Дар ин шаҳрак, ки тақрибан 70 гектар заминро ишғол мекунад, меҳмонхонаи 5 ситорадор, толори маҷлисҳо, театри лухтак, бонк ва бинои идора, марказҳои солимгардонӣ ва истироҳат, қаҳвахона-тарабхона, хонаҳои истиқоматии 7, 9 ва 12 ошёна сохта мешаванд.

Лоиҳаҳои сохтмони 41 хонаи 7 ошёна, хонаҳои намунаи таунхаус, ки дар шаҳри Андиҷон бори аввал бунёд карда мешаванд, таҷдиди маркази бисёрсоҳавии тиббии бачагона, ки кори он дар ноҳияи Марҳамат дар пояи барномаи «Обод туман маркази» татбиқ карда мешавад, беҳтар намудани низоми нақли об ва обҳои ҷорӣ дар вилоят пешниҳод гардиданд.

Президент зарурияти дар тамоми лоиҳаҳо ба назар гирифтани талаботи аҳолӣ ва рушди пешомадноки ҳудудҳо, ҳангоми сохтмон истифода бурдани мавод ва технологияҳои сарфакунандаи энергияро таъкид намуд.

Муассисаи таълими томактабии «Келажак болажонлари», ки дар маҳалла бунёд гардидааст, ба омӯзонидани забонҳои русӣ ва англисӣ ихтисос дорад, дар ин ҷо бори аввал дар мамлакат ният доранд дар шуури кӯдакон панҷ ташаббуси пешниҳоднамудаи Шавкат Мирзиёевро ҷорӣ намоянд. Дар муассисаи дуошёнаи дорои 165 ҷой барои хурдтаракон кори маҳфилҳои расмкашӣ, мусиқӣ, дӯзандагӣ, сексияи варзиш ба роҳ монда шудаанд. Дар хонаи машғулиятҳо компутерҳои хурд устувор карда шудаанд, ки ба афзудани рағбати кӯдакон ба технологияҳои иттилоотӣ мусоидат мекунанд.

Роҳбари давлат кӯдакистонро тамошо карда, қайд намуд, ки ба бачагон аз хурдсолӣ бояд маънавиятро омӯхт, корро дар ин самт бояд мунтазам ва мувофиқи қарори махсус ба роҳ монд.

Дар маркази маданӣ масъалаҳои баланд бардоштани рағбати ҷавонон ба мусиқа, сураткашӣ, адабиёт, театр, хелҳои дигари санъат дар пояи панҷ ташаббуси муҳим, кашфи истеъдодҳои ҷавон, фароҳам овардани шароит барои татбиқсозии иқтидори ҷавонон дар соҳаи варзиш, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши онҳо аз технологияҳои компутерӣ ва интернет, тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб, бо шуғл таъмин кардани занон баррасӣ шуданд.

Шавкат Мирзиёев зикр сохт, ки мақсади панҷ ташаббус ин дар шуури ҷавонон пурзӯр кардани эҳсоси ифтихори миллӣ мебошад, ва бояд корҳое, ки бинобар ҳар кадом самт татбиқ мегарданд, ба ин мусоидат намоянд. Ӯ ба шахсони масъул бобати коркарди лоиҳаи қарори дахлдор бинобар ҳар кадом ташаббус супориш дод.

Президент бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Makro Farm Andijan» дар ноҳияи Андиҷон шинос шуд. Соли гузашта ҳангоми сафари Президент ба вилояти Андиҷон муаррифии лоиҳаи корхонаи мазкур ба амал омада буд.

Лоиҳаи корхонаи «Makro Farm Andijan» бояд дар се давра татбиқ гардад. Давраи аввалин моҳи августи соли 2018-ум амалӣ шуд. Дар доираи он истеҳсоли иловаҳои фаъоли биологӣ аз ашёи хоми рустаниҳои доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 2,5 миллиард сӯм ба роҳ монда шуд. Барои ин се миллион доллар равона гардид, 25 нафар бо кор таъмин шуданд.

Дар давраи дуюм аз ҳисоби панҷ миллион доллар истеҳсоли соле 136 миллион адад шпритсҳо ва низомҳо барои инфузия ташкил гардид. Лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2018-ум ба кор сар кард. 110 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд.

Дар давраи сеюм, ки бояд дар соли 2020-ум татбиқ гардад, истеҳсоли ҳашт миллион адад воситаҳои доруворӣ дар шакли ҳаб ва капсулҳо барои табобати бемориҳои дилу рагҳо пешбинӣ мегардад. 40 нафар бо кор таъмин мешаванд.

Корхонаи оид ба истеҳсоли шпритсҳои 1, 2, 5, 10 миллиграмӣ ва низомҳо барои инфузия дар водӣ ягона ба шумор меравад.

Ҳоли ҳозир дар даҳ гектар майдони корхона гиёҳҳои доруворӣ, аз ҷумла настаран, бобуна, зирк, пудина, календула, чилбуғуми саҳроӣ, алоэ, пол-пола, валериана, гиёҳи лиму ва ғайра парвариш карда мешаванд.

Роҳбари давлат воситаҳои дорувориеро, ки дар ин корхона истеҳсол мешаванд, тамошо кард. Қайд намуд, ки бояд ба талаботи байналхалқии сифат пурра ҷавобгӯ будани воситаҳои доруворӣ эътибори махсус дода шавад.

Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Avto Tekstil»-и дар шаҳри Андиҷон оид ба истеҳсоли газвор барои болопӯши автомобилҳо ва автобусҳо баргузор шуд.

Ба роҳбари давлат дар бораи лоиҳаҳои сармоявие, ки дар вилоят аз ҷониби сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Олмон ва Ҳиндустон татбиқ мешаванд, маълумот пешниҳод гардид. Мувофиқи онҳо аз ҷониби ширкати «Cadila Pharmaceuticals LTD»-и Ҳиндустон дар минтақаи озоди иқтисодии «Андиҷон – фарм» истеҳсоли ҳабҳо, капсулаҳо ва инэксияҳо ба роҳ монда мешавад. Баъди татбиқ шудани лоиҳаи арзишаш 50 миллион долларӣ зиёда аз 400 ҷойҳои корӣ таъсис меёбанд. Соле ба маблағи се миллион доллар маҳсулот содир карда мешавад. Лоиҳаи мазкур дар се давра – тӯли солҳои 2019-2023 татбиқ карда хоҳад шуд.

Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Олмон ният дорад дар солҳои 2019-2021 ҳафт лоиҳаи арзиши умумиашон 39 миллион евроро татбиқ намояд. Дар натиҷаи ин 700 ҷойи корӣ ташкил ёфта, маркази нақлиётиву логистикӣ корхонаи оид ба коркарди маҳсулоти меваву сабзавот, борбандии чой, кластери чорвопарварӣ ташкил карда, истеҳсоли гази моеъ ба роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин, муаррифии лоиҳаҳо бобати дар ҷамъияти саҳҳомии «GM Uzbekistan» дар пояи платформаи ягона аз худ кардани навъҳои автомобилҳои нав ба вуқӯъ омад. Баъди татбиқ шудани лоиҳаи мазкур даҳ ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён меоянд.

***

Дар ҳокимияти вилояти Андиҷон таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев ҷамъомади фаъолон ба амал омад.

Дар вилояти Андиҷон низ чун дар дигар минтақаҳои мамлакат тағйиротҳои васеъмиқёс ба амал меоянд. Аз ҷумла, соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоят 12 фоиз, ҳаҷми сармояҳои ҷалбшуда 19 фоиз афзуд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ низ суръати баланд ба назар расид.

Таъкид гардид, ки ба ин нигоҳ накарда, то ҳол дар вилоят имкониятҳои ба кор андохтанашуда зиёд мебошанд, иқтисодиёт тибқи талаби замон диверсификатсия нашудааст. Аз ҷумла, 80 фоизи саноати минтақа ба ҳиссаи ноҳияи Асака ва шаҳри Андиҷон рост меояд. Дар ноҳияҳои дигар саноат амалан ривоҷ наёфтааст.

Бо назардошти ин, дар вилояти Андиҷон барномаи сармоягузории иборат аз 908 лоиҳаи арзишаш 25 триллиону 181 миллиард сӯм, ки дар солҳои 2019-2020 татбиқ хоҳанд шуд, коркард гардид. Дар доираи лоиҳаҳои мазкур азхуд намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба маблағи 1,7 миллиард доллар ва созмон додани беш аз 35 ҳазор ҷойҳои корӣ пешбинӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин, вазифаи муайян намудани оилаҳое, ки бо соҳибкорӣ шуғл варзидан мехоҳанд ва ба онҳо ҷудо намудани 420 миллиард сӯм вомҳои имтиёзнок дар доираи барномаи «Ҳар як оила - соҳибкор» гузошта шуд.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои рушди соҳаи иҷтимоӣ эътибори алоҳида дода шуд. Хабар дода шуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Андиҷон 14 манзили бисёрошёнаи арзон ва манзилҳои зиёди тиҷоратӣ, дар деҳот 224 манзили намунавӣ ва 56 манзили арзони бисёрошёна сохта хоҳанд шуд.

Президент таъкид намуд, ки афзудани аҳолии вилоят васеъ гардондани сохтмони манзил ва созмон додани ҷойҳои зиёди корӣ, ташкил намудани хидматҳои иловагии иҷтимоӣ ва коммуналиро тақозо менамояд, ки барои ин роҳбарони вазоратҳо ва вилоят бояд бо ҳадафи пешомади дур бо ҷидду ҷаҳд кор кунанд.

Чӣ гуна машаққатнок набошад, ислоҳотро дар тамоми ҷойҳо як хел бурдан мушкил аст. Дар бораи маҳалҳои дур ҳоҷати гап нест, ҳатто дар марказҳои вилоятҳо низ то ҳанӯз манзараҳои хоси маҳаллаҳои давраи шӯравиро дучор шудан мумкин аст.

Маҳаллаи Мустақиллики шаҳри Андиҷонро низ ба номи худ муносиб номидан намешавад. Дар ин ҷо барои оилаҳое, ки дар вазъи ногувор зиндагӣ мекунанд, аз мавзеи Хидиршои ноҳияи Хӯҷаобод 54 гектар замин ҷудо карда шуда, дар бораи барпо гардидани маҳаллаи 27-солагии Мустақиллик хабар дода шуда буд.

Роҳбари давлат 16 май аз ин маҳалла боздид намуда, бо шароите, ки барои дар ин ҷо истиқомат ихтиёрнамудаҳо ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардида буд ва дар заминаи васеъ гардондани ҳаҷми корҳои бунёдкорӣ супоришҳо дода буд.

Шавкат Мирзиёев 17 май ба маҳаллаи Мустақиллики шаҳри Андиҷон рафта, бо аҳволи воқеии ин ҷо шинос шуд.

Дар ин маҳалла, ки беш аз 5 ҳазору 600 нафар зиндагӣ мекунанд, ба туфайли вуҷуд надоштани ягон шароит, ба яке аз нуқтаҳои вазнини шаҳр табдил ёфта буд. Дар кӯчаҳои он мошин намеғунҷид, ба ҳар ҷое, ки нигоҳатон меафтод, тангу торик буда, пастиву баландӣ, ба заҳу бадбӯиҳо тоқат карда намешавад. Одамоне, ки дер боз барои аз ин ҷо кӯч бастан тараддуд медиданд, ҳатто ҳавсала накардаанд, ки девору дарвозаҳои худро ранг кунанд, ба ҳавлиҳои бенури худ эътибор надодаанд.

Президент бо одамоне, ки дар кулбаҳои сохти кӯҳна зиндагӣ мекунанд, суҳбат намуд.

Дар чунин шароит рӯзгузаронӣ хеле мушкил аст. Хусусан, таассуфовар аст, ки дар чунин шароит кӯдакон низ зиндагӣ мекунанд. Дар Андиҷон масъалаи замин мураккаб аст. Мақсад аз омадан ба ин маҳал шиносоӣ бо зиндагии одамон, барои тамоми оилаҳо шароити муносиб ба вуҷуд овардан мебошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Намояндагони маҳалла аз он ки аз адири боҳаво ҷой ҷудо намуда, бо шароити хуб сохта шудани иморатҳои муносиб ва ба он ҷо кӯч бастани хонаводаҳо мамнунияти худро баён намуданд.

Тавре ки маълум карда шуда буд, дар ҷойи маҳаллаи Мустақиллик, дар буриши шоҳкӯчаҳои Бобуршоҳ, Амир Темур ва Навоӣ маркази соҳибкории «Andijon city» барпо мегардад.

Президент аз ҳар як ваҷаб замини ин сохтмон истифода намудан, ба кабудизоркунӣ эътибори алоҳида доданро таъкид намуд.

Мисли «Toshkent city» дар ин ҷо низ барои савдои хонаву идораҳо намоишгоҳи махсус бояд ташкил намуд. Одамон бубинанд, дар ҳамон сурат таваҷҷӯҳи онҳо зиёд мегардад. Ин шаҳрак пас аз ду сол ҷойи дидании Андиҷон мегардад, гуфт роҳбари давлат.

Дар мамлакатамон лоиҳаҳои сохтмони мавзеъҳо бо услуби «таунҳаус» таҳия гаштааст. Аз сабаби он ки бинобар пешниҳоди Президент дар вилояти Андиҷон беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, аввал дар ин ҳудуд барпо намудани чунин иморатҳо ба нақша гирифта мешавад.

Бинобар лоиҳае, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Qorako’l stroy engineering» таҳия намудааст, дар 7,5 гектар замин 108 бино ба услуби таунҳавс, 9-то коттеҷи панҷҳуҷрагӣ ва боз ҳамин қадар коттеҷҳои сехонагӣ, кӯдакистон, шохобчаҳои савдо ва хидмати маишӣ бунёд мегарданд.

Аз ҳама муҳимаш, мавзеи мазкур бо полоиши оби махсуси худ, иншооти канализатсия, дегхона, нерӯгоҳи хурди барқ, нерӯгоҳи офтоб соҳиб мегардад. Яъне, иморатҳои таунҳаус худро бо оби тозаи ошомиданӣ, электр, гармӣ таъмин менамояд. Ҳангоми сохтмони онҳо аз масолеҳи сарфакунандаи энергия истифода мегардад.

Зимни тақдимот таъкид гардид, ки иморатҳои услуби таунҳаус дар беҳсозии шароити иҷтимоии аҳолӣ ва сарфаи захираҳо нақши муҳим хоҳад дошт.

Инҳо иморатҳои ояндаанд. Новобаста аз он ки иморатҳои қишлоқ дар куҷо сохта мешаванд, онҳо хеле арзон гардида, дар баробари он барои одамон шароите ба вуҷуд оварда мешавад, ки аз шароити шаҳр ҳеҷ камие надорад. Аз ҳисоби ин арзиши ин иморатҳо бо нархи иморатҳои имрӯза баробар мегардад, аммо онҳо молики маҷмӯи шароит мегарданд, гуфт Президент.

Зимни сафар Шавкат Мирзиёев инчунин аз хиёбон ва мактаби ба номи Шоири халқии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф боздид намуд.

Муҳаммад Юсуф шоири нодире буд, ки бо забони оддӣ ва ҳамзамон зебо дар асарҳои ҷовидонии худ ормони мардум, шодии қалби худ, муҳаббат, садоқат ба Ватанро тараннум намудааст. Асарҳои ӯ ба қалбҳои мо шодӣ, самимият, зебоии маънавӣ мебахшад. Ба омӯзиш ва ташвиқи васеи эҷоди шоир эътибори алоҳида нигаронда мешавад.

Роҳбари давлат зимни сафар ба вилояти Андиҷон 2-3 июни соли 2017 дар маркази вилоят мактаби ба номи Муҳаммад Юсуфро бо омӯзиши амиқи забон ва адабиёти ӯзбек пешниҳод намуда буд, ки дар он ҷо ҷавонони соҳибистеъдод тарбия хоҳанд ёфт. Дар асоси ин 25 июли соли 2017 қарори Девони Вазирон «Дар бораи ба вуҷуд овардани боғ бо нимпайкараи Муҳаммад Юсуф ва мактаби махсуси омӯзиши амиқи забони модарӣ ва адабиёти ба номи Муҳаммад Юсуф дар шаҳри Андиҷон» қабул гардида буд.

Дар кӯчаи Амир Темури Андиҷон мактаби махсуси омӯзиши амиқи забони модарӣ ва адабиёти ба номи шоир ва боғ бо нимпайкараи ӯ бунёд гардида буд. Имрӯз дар мактаб 150 нафар бачаҳои соҳибистеъдод таълим мегиранд.

Дар боғ нимпайкарае, ки онро узви Академияи бадеии Ӯзбекистон, пайкарасоз Шоҳрухбек Ӯрозов сохтааст, гузошта шудааст, инчунин ду фаввора бунёд гардида, дарахт ва гулҳои ороишӣ шинонда шудаанд, ки ҳамаи ин намуди шаҳри Андиҷонро зебо гардонда, ба маркази бадеию эҷодӣ табдил додааст.

Президент бо муаллимон ва хонандагони мактаб-интернат суҳбат намуд. Шавкат Мирзиёев аз музейе, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Муҳаммад Юсф бахшида шудааст, боздид намуд. Хонандагони мактаб аз шеърҳои шоир ва намунаҳои эҷоди худ шеърҳо қироат намуданд.

Муҳаммад Юсуф дӯстдори мардум, шоири самимӣ, ватанпарасти ҳақиқӣ буд, ки мероси бой аз худ гузошт. Шумо идомадиҳандагони муносиби кори ӯ бояд бошед. Маънавият – боигарии аз ҳама бузург. Аз ин рӯ ҷавонони мо бояд хонанд, бо худ ҳамеша кор кунанд. Дар ин ҳаёт ҳама чиз мегузарад. Аммо дониш ҳеҷ гоҳ арзиши худро аз даст намедиҳад. Инсони донишманд дар ҳаёт ҳамеша ҷойи муносиби худро меёбад, гуфт Шавкат Мирзиёев.

Роҳбари давлат ба шахсони масъул барои хонандагони мактаб-интернат ҷудо намудани автобус, ташкил намудани сафари онҳо ба мактабҳои эҷодии дигар вилоятҳо барои мулоқот бо ҳамсолони худ, дар телевизиони вилоят ташкил намудани барномаҳо бо иштироки хонандагон супоришҳо дод.

Бо ҳамин сафари Президент ба вилояти Андиҷон ба поён расид.

ӮзА



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 759