×

Ishonch telefoni:

(+998 71) 233-28-28


Kotibiyat

(+998 71) 239-14-27

Faks: +(998 71) 239-15-17


Elektron-pochta: info@tiv.uz


Konsullik boshqarmasi

(+998 71) 233-73-40, 236-27-07 (viza masalalari)

(+998 71) 232-17-30, 233-36-03 (fuqarolik, legalizatsiya va huquqiy yordam masalalari)

(+998 71) 236-37-54 (pasport bo‘limi)

(+998 71) 233-35-58 (konsullik muassasalalari bilan ishlash)


Elektron pochta: consul@mfa.uz


Kontaktlar

Konsullik xizmati
O‘zbekistonga kirish vizasi – E-visa
19:43:01 (GMT +5), chorshanba, 22 Маy 2019
Ovoz berishni yoqish Saytning mobil versiyasi Ko'zi ojizlar uchun

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi

O‘zbekiston Respublikasi Tashqi ishlar vazirligi
O'zbekiston Respublikasi Prezidenti virtual qabulxonasi O‘zbekiston Respublikasi vizasi Xorijga chiqayotgan O‘zbekiston Respublikasi fuqarolari uchun eslatma va takliflar O‘zbekistonning xorijdagi konsullik muassasalari

Dolzarb masalalar


11 - may 2019

Нутқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр

Ҳамватанони азиз!

Собиқадорони муҳтарам!

Дӯстони азиз!

Аз самими қалб шумо ва тамоми халқи бисёрмиллатаи Ӯзбекистонро бо 74-солагии Ғалаба дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ муборакбод менамоям.

Имрӯз мо пеш аз ҳама дар назди хотираи падарон ва бобоёнамон, ки ба Ғалабаи Бузург ҳиссаи арзанда гузоштаанд ва ба ин рӯзҳои дурахшон расида наомадаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Бо ҳисси ифтихор барои корномаи ҷовидонаи халқ, эҳтиром ва қадр намудани тамоми собиқадорон мо барои диловарӣ ва шуҷоати дар майдонҳои ҷанг ва ҷабҳаи меҳнат нишон додашуда миннатдории бузург изҳор менамоем.

Шаъну шараф ба шумо, собиқадорони муҳтарам!

Хотираи абадӣ ба онҳое, ки ҳаёташонро барои Ғалабаи Бузург нисор намудаанд!

Бешубҳа, аз байн чанд солҳо, замонҳо нагузаранд ҳам, арзиш ва аҳамияти ин Ғалаба торафт баланд хоҳад гардид.

Ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон якҷоя бо намояндагони халқҳои дигар дар ҷанги даҳшатнок қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон доданд. Дар тӯли 74 сол қаҳрамонии бузурги онҳо барои ҳамаи мо мактаби маҳорат, манбаи ифтихор мегардад ва ҳамеша ҳамин хел хоҳад буд.

9 май – Рӯзи Ғалаба, айёми пуршӯҳратест, ки фарзандони асили кишварамон дар тӯли панҷ сол мардона ҷанг карда, душмани ғаддорро торумор намуда, бар ивази талафоти бемисл ба он муваффақ гардидааст.

Ин таърихи бузурги умумии мост, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, ин боигарии бузурги маънавии мост, ки ҳеҷ кас аз мо онро кашида гирифта наметавонад.

Ин таърихи пуршараф ба мо қувваву ғайрат бахшида, ба корнамоиҳои нав раҳнамун месозад. Он даъват менамояд, ки ба қадри сулҳ расида, онро ҳимоя кунем, бо тамоми халқ дӯстона ва дар ризоият умр ба сар барем, ояндаи умумиро якҷоя бунёд намоем.

Дар ин рӯзҳои идона ва дар айни замон рӯзҳои ғамгинона мо гаштаю баргашта солҳои ҷангро ба ёд меорем, то ки аз гузашта хулосаҳои зарурӣ барорем.

Дар ҷанги дар таърихи инсоният даҳшатнок беш аз 1,5 миллион шаҳрвандони Ӯзбекистон иштирок карданд. Беш аз ним миллион нафари онҳо ҳалок шуданд, қариб 133 ҳазор нафар бе ному нишон гум шуд, зиёда аз 60 ҳазор нафар аз ҷанг ногиро шуда баргаштанд.

Беш аз 120 ҳазор нафар аскару афсарони ӯзбекистонӣ барои қаҳрамониашон дар майдонҳои муҳориба бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки 280 нафари онҳо ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор гардида, 82 нафар бо орденҳои «Слава»-и тамоми дараҷаҳо мукофотонида шуданд.

Дар ҳамон солҳои оташин тамоми халқи Ӯзбекистон аз хурд то бузург бо мақсади ягона: «Ҳамааш – барои ҷанг, ҳамааш – барои ғалаба!» зиндагӣ ва пайваста меҳнат мекард.

Дар солҳои ҷанг аз Ӯзбекистон беш аз 2 ҳазор самолёт, поездҳои ҳарбиву санитарӣ, миқдори зиёди тирҳо, ошхонаҳои саҳроӣ, палаткаҳо, хурокворӣ, либосворӣ ва маҳсулоти дигар расонда дода шуд.

Халқи Ӯзбекистон қариб 1 миллион нафарро аз ноҳияҳои наздиҷангӣ қабул намуда, ба онҳо сарпаноҳ дода, як бурда нони охирини худро баҳам дид. Ҳамватанони мо 200 ҳазор нафар бачаҳои кӯчондашуда, аз падару модар ва наздикон маҳрум мондаро бо суханони «Ту ятим нести!» ба тарбияи оила гирифта, меҳру муҳаббат нишон доданд.

Албатта, ин рақамҳо маълумоти оддии оморӣ намебошанд. Онҳо моро даъват менамоянд, ки оқибатҳои ҳамон ҷанги даҳшатнокро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ба қадри ҳаёти осоиштаву зебои имрӯза расем, ҳушёр бошем, ҷавононро дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан тарбия намоем.

Ҳамватанони муҳтарам!

Чи хеле, ки шумо медонед, дар Ӯзбекистон эътибори алоҳида додан ва ғамхорӣ зоҳир намудан ба собиқадорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ҷабҳаи меҳнатӣ самти устувори сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Мо дар назди онҳо барои ҳаёти имрӯзаи осудаву озод, барои хушбахтӣ ва некӯҳолии фарзандонамон қарздор ҳастем. Гиромӣ доштан ва ғамхорӣ зоҳир намудан ба ин одамони бароямон азиз, фароҳам овардани тамоми шароит барои таъмин кардани сиҳатӣ, ҳаёти хушбахт ва муносиб қарзи муқаддаси ҳар яки мо, пеш аз ҳама роҳбарони тамоми дараҷаҳо ба ҳисоб меравад.

Мо маҷмӯи корҳои дар ин самт оғознамудаамонро бо сафарбар намудани тамоми қувва ва имкониятҳои давлату ҷамъиятамон идома медиҳем.

Дӯстони азиз!

Соли оянда дар миқёси байналхалқӣ 75-умин солгарди Ғалабаи Бузург васеъ ҷашн гирифта мешавад. Якҷоя бо мамлакатҳои ИДМ мо, то ки ин санаи таърихиро муносиб ва дар дараҷаи баланд ҷашн гирем, омодагии бузург мебинем.

Дар айни ҳол бахшида ба ҳиссаи халқи Ӯзбекистон дар Ғалаба бар фашизм, ки дар он фактҳои муҳими таърихӣ пешниҳод мегарданд, китоб-албом тайёр карда мешавад.

Инчунин маълум кардан мехостам, ки дар яке аз ҷойҳои хушманзараи Тошканд ба санаи ҷашнӣ боғи зебои Ғалаба сохта хоҳад шуд. Корҳои лоиҳавиву сохтмонӣ оғоз ёфтанд. Боғи мазкур боз як таҷассуми амалии таъзим намудани мо дар назди ҷасорати халқамон дар ҷанги даҳшатнок мебошад.

Албатта, дар боғ дар асоси лоиҳаи замонавии меъморӣ Музейи шараф бунёд карда хоҳад шуд. Дар ташаккул додани ин маҷмӯи боҳашами ёдгорӣ, аз он ҷумла экспозитсияи музей мо ба пешниҳод ва тавсияҳои собиқадорони мӯҳтарам, олимон-таърихчиён, зиёиёни эҷодкор ва ҷомеаи васеъ такя мекунем.

Ба ин муносибат, ба фикрам мо бояд роҳи ғайриоддии ҳаётии он ҳамватаноне, ки ба Ғалабаи Бузург ҳиссаи муносиб гузоштаанд, ҷасорат ва қаҳрамонии онҳоро амиқ омӯзем, бинобар ин мавзӯъ тадқиқотҳои нави илмӣ гузаронем, асарҳои дурахшони бадеӣ, кинофилмҳо, спектаклҳо офарем. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ба туфайли кӣ дар тӯли қариб 75 сол мо дар сулҳу осоиштагӣ, чӣ будани ҷангро надониста умр ба сар мебарем.

Мутаассифона, дар байни мо онҳое, ки дар ҷангҳои хунин бевосита иштирок кардаанд, торафт кам мемонанд, ин гуна одамон, ҳар як сухани онҳо ба тилло баробар мегардад.

Мо бояд тамоми маълумотномаҳои шоҳидони ҷанг, маълумот дар бораи қаҳрамонҳоро ҷамъ оварда, онҳоро то ба аҳолӣ расонем. Дар маҳалҳо, муассисаҳои таълимӣ экспозитсияҳои доимоамалкунандаи «Қаҳрамонони маҳаллаи мо», «Муҳофизони Ватан»-ро ташкил намоем, мувофиқи мақсад мебуд.

Дар ин бобат дар ин ҷо бояд маълумотҳои ҳақиқии на танҳо дар бораи иштирокдорони Ҷанги дувуми ҷаҳон, инчунин дар бораи сарбоз ва афсарҳое, ки ҳангоми ҳифзи ҳаёти осоиштаву фаровони мо дар солҳои истиқлолият мардонагӣ нишон додаанд, инъикос дода шаванд.

Маҳз бо ин роҳ мо метавонем то гузаштагон таърихи бузурги худро расонда, ба онҳо анъанаҳои пуршарафи мардонагӣ ва ҷасоратро мерос гузорем. Агар ин корро имрӯз оғоз нанамоем, фардо дер хоҳад шуд.

Аз имконият истифода бурда, ман ҳамаи шуморо даъват менамоям, ки таърихро амиқ омӯхта, ҳушёр ва фаъол бошед. Танҳо ҳамон инсоне, ки аз дарсҳои таърих хулоса мебарорад, бо даъвату таҳдидҳои гуногуни дунёи замонавӣ самарабахш мубориза бурда метавонад. Вай қодир аст ба вазъияти ҳозира, ҷараёнҳои оянда холисона ва аз рӯйи адолат баҳо диҳад. Дар давраи ғайриоддӣ ва тез тағйирёбанда ин шарти муҳими таъмин кардани сулҳ, устуворӣ ва пешрафт мебошад.

Дӯстони азиз!

Вақте ки мо дар бораи корномаи халқ дар солҳои ҷанг ҳарф мезанем, пеши назарамон пеш аз ҳама образи Модар падидор мегардад. Чунки вай симои бузургест, ки фарзандони далеру ҷасурро тарбия намудааст, ки онҳо ҳифзи Ватан ва халқро шараф мешуморанд. Инсоне, ки тамоми азобу уқубатҳои ҷангро бештар кашидааст, модарони мушфиқамон мебошанд.

Дар мамлакатамон чунин занони матинирода ва босабру таҳаммул, ки иродаи қатъӣ доранд, кам нестанд. Дар солҳои ҷанг маҳз онҳо таҷассумгари образи муқаддаси Ватан-модар гардиданд.

Мехостам як мисол оварам. То давраи ҷанг дар шаҳраки Хонободи ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд оилаи Холмат ва Зулфия Зокировҳо зиндагӣ кардааст. Баъд аз вафоти шавҳараш Зулфия панҷ писар ва як духтарро тарбия намудааст.

Дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ вай аз фарзандонаш – Исоқҷон, Аҳмадҷон, Мамадҷон, Ваҳобҷон, Юсуфҷон ҷудо шуд.

Бешубҳа, на ҳар кас ба чунин зарбаи қатъии тақдир тоб оварда метавонад. Ҳамаамон хуб медонем, ки барои модар аз доғи фарзандро дидан гаронтарин талафот нест.

Вале Зулфия Зокирова барин зани матонатнок, қаҳрамон ин озмоишҳои ниҳоят сахтро паси сар карда тавонист. Ба ин гуна тақдири фоҷиабор панҷ маротиба синаашро сипар намуда, панҷ маротиба ҳам мардонавор ба по истод. Барои ин инсон бояд то чӣ андоза иродаи мустаҳкам, сабру таҳаммули матин дошта бошад.

Дар ин ҷанги хунин чор нафар арӯсаш бева монда, панҷ нафар наберааш ятим гардид. Худаш бошад, тамоми ҳаёти боқимондаашро дар мотам гузаронд. Аммо, ҳеҷ гоҳ ноумед нашуд, бо хотираи хомӯшнашавандаи фарзандонаш, бо ёди рӯзҳои равшан, орзуву омоли арӯсон ва наберагон зист.

Зулфияая ғами тақдири ояндаи онҳоро хӯрда, ба арӯсонаш мегуфт: «Ман ба шумо зид нестам, шумо метавонед ҳаёти шахсиатонро ба роҳ монед».

Аммо онҳо бошанд, ҳаёти Зулфияаяро намуна карда, ӯро дастгирӣ намуданд, ба шавҳарону оилаи худ содиқ монданд.

Ба фикрам, мардонагии ҳақиқӣ ва матонати занони ӯзбек, халқи ӯзбек дар ин ниҳон аст.

Ин аст мадҳияи муҳаббат ва садоқат, қувваву қудрати мағлубнопазири он!

Ҷавонон бояд аз ин ибрат гиранд!

Авлоди ҷавон бо мушкилиҳои мухталифи ҳаёт рӯ ба рӯ гардида, набояд умедашро гум кунад, танҳо ба пеш қадам гузорад, танҳо ҳамин тариқ вай метавонад ҳар гуна озмоишро паси сар намояд. Дар ин бобат, бешубҳа корномаи ҳаётии оилаи Зокировҳо метавонад мактаби тарбияи авлоди наврас гардад.

«Ёди гузаштагон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад», мегӯяд халқамон. Боварӣ дорам, ки ҷомеаи мо таклифро бобати дар боғи ғалабаи дар Тошканд созмон додашаванда ба шарафи зани оддии ӯзбек Зулфия Зокирова, фарзандони қаҳрамони ӯ ва арӯсонаш ёдгории боҳашам гузошта, ба он номи «Мадҳияи матонат» додан дастгирӣ менамояд.

Мӯҳтарам иштирокдорони вохӯрӣ!

Дигаргунсозиҳои беқиёсе, ки дар мамлакат имрӯз ба амал меоянд, нав гардидани ҳаёт аз ҳамаи мо сафарбар намудани қувваву имкониятҳоямонро тақозо менамояд. Нигоҳ доштани сулҳ, рушди ҳамкорӣ, алоқаҳои муфид ва дӯстона бо тамоми давлатҳои хориҷи наздик ва дур, пеш аз ҳама бо мамлакатҳои ҳамсоя вазифаи асосии мо боқӣ мемонад. Ин дар оянда низ яке аз самтҳои устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мегардад.

Дар айни замон мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунем, ки дар ҷаҳон чун пештара қувваҳое ҳастанд, кӯшиш менамоянд, ки боигарии бебаҳо – сулҳро халалдор созанд, байни халқҳои гуногун оташи ҷангро афрӯзанд, низоъҳои миллӣ ва диниро пурзӯр гардонанд. Дар мубориза бар зидди ин қувваҳои вайронкор ҳушёрии доимӣ ва эътибор, муттаҳидӣ ва якдилии халқҳоямон нақши ҳалкунанда мебозад.

Ба ин муносибат мо оид ба минбаъд баланд бардоштани иқтидори ҷангӣ ва салоҳияти Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон – муҳофизи боэътимоди ҳаёти озоду осоишамон, истиқлолиятамон, мустаҳкам кардани ягонагии армия ва халқ корҳои бузургро амалӣ менамоем.

Дар давраи фавқулодда мураккаб ва ноором тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ, аз таъсири ғояҳои гуногуни бароямон бегона ҳимоя намудани онҳо аҳамияти муҳим дорад.

Мардонагӣ ва қаҳрамонӣ, анъанаҳои пуршарафи собиқадорони муҳтарами мо, бешубҳа барои мо дар татбиқи бомуваффақияти чунин вазифаҳои муҳим ҳамеша ибрат хоҳад гардид.

Мо маслиҳатҳои оқилона ва дастуруламал, дастгирии амалӣ ва ахлоқии шуморо дар гузарондани ислоҳот, ки мақсади онҳо – ба халқамон таъмин кардани ҳаёти муносиб мебошад, қадр менамоем. Мо ба ин баҳои баланд медиҳем ва бо шумо ифтихор дорем!

Аз фурсат истифода бурда, бори дигар аз номи халқи Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам барои ҳаёти имрӯзаи озоду осоишта, осмони софи Ватанамон ба шумо миннатдории амиқ изҳор менамоям.

Ба ҳамаи шумо сиҳҳатии мустаҳкам, хушбахтӣ ва некӯҳолӣ, ба оилаҳоятон сулҳу фаровонӣ таманно менамоям.

Ҳамаи шуморо бо ҷашни Ғалабаи Бузург муборакбод менамоям!



Muallif: Рўзномаи “Овози тоҷик”
Marta o`qilgan: 140